Интиқоли мусофирони тоҷик ба ҷойи амн дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон 15 шаҳрванди Тоҷикистонро аз автобуси вайроншуда ба ҷойи амн бурданд

Ба дигарон фиристед

Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон 15 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла чаҳор кӯдакро аз автобуси вайроншуда ба ҷойи амн интиқол доданд. Автобус, ки аз Тоҷикистон ба Русия мерафт, шаби 6 ноябр дар шоҳроҳи Самара–Шимкент аз ҳаракат мондааст.

Тибқи хабари ВКД Қазоқистон, пулиси роҳ автобуси тамғаи Van Hool-ро дар километри 1214-уми шоҳроҳ, наздики марзи вилояти Қизилорда, мушоҳида кардааст. Сабаби таваққуф нуқси техникӣ будааст.

Дар автобус ду ронанда ва 15 мусофир — шаш зан, чаҳор кӯдак ва панҷ мард — қарор доштаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Кормандони пулис ва наҷотдиҳандагони ноҳияи Иргиз мусофиронро ба масҷиде дар километри 1153-уми ҳамин шоҳроҳ бурдаанд. Ба иттилои ВКД, онҳо ба ёрии тиббӣ ниёз надоштанд ва ба ҷону саломатиашон хатаре таҳдид намекард.

Акс: кадр аз видеои ВКД Қазоқистон / POLISIA.KZ.


Ба дигарон фиристед

Шарҳ нависед

Нишонии почтаи электронии шумо нашр нахоҳад шуд. Майдонҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора шудаанд.