
Талаби Австралия аз Тоҷикистон: зиндониёни сиёсӣ озод шаванд
Австралия дар нишасти СММ дар Женева аз Тоҷикистон хост, зиндониёни сиёсиро, ки барои истифодаи осоиштаи ҳуқуқҳои худ боздошт шудаанд, озод кунад. Украина, Эстония ва Канада низ дар тавсияҳои алоҳида масъалаҳои боздоштҳои худсарона, ҳифзи рӯзноманигорону вакилон ва кафолатҳои мурофиаи одилонаро матраҳ карданд.
Ин тавсияҳо дар чаҳорумин Баррасии даврии универсалӣ махсуси Тоҷикистон рӯзи 5 ноябри соли 2026 ироа шуданд.
Австралия талаб кардааст, шахсоне ки барои истифодаи осоиштаи озодии баён, гирдиҳамоӣ, иттиҳодия ва дин ё эътиқод боздошт шудаанд бояд озод шаванд. Ин кишвар ҳамчунин қатъи таъқибҳои дорои ангезаи сиёсӣ ва боздоштҳои худсарона, истиқлоли судҳо ва риояи меъёрҳои мурофиаи одилонаро ба Тоҷикистон тавсия додааст.
Дар ҳамин нишаст Украина аз Душанбе хостааст, кафолатҳои ҳимояи мухолифон, рӯзноманигорон, вакилон ва ҳомиёни ҳуқуқро тақвият дода, парвандаҳои боздоштҳои худсарона барои истифодаи ҳуқуқҳои асосиро бозбинӣ кунад. Дар тавсияи дигари Украина истиқлоли додгоҳ ва мутобиқ кардани қонунҳои зидди терроризму ифротгароӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъкид шудааст.
дар ин нишаст Эстония низ ҳифзи озодии баён ва расонаҳоро дар интернет ва берун аз он талаб кардааст. Тибқи тавсияи ин кишвар, қонунгузории марбут ба ифротгароӣ бояд ҳуқуқи рӯзноманигорон, блогерҳо, вакилон ва ҳомиёни ҳуқуқро ҳифз кунад ва афроди дар ҳамин замина боздоштшуда озод шаванд.
Кишвари Канада ба дастрасии фаврии ҳамаи боздоштшудагон ба кумаки вакил, кафолатҳои мурофиаи одилона ва тақвияти ҳимоя аз боздоштҳои худсарона таъкид кардааст. Ин кишвар ҳамчунин хостааст, қонунҳои марбут ба расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти динӣ ва озодиҳои асосӣ дар Тоҷикистон риоя шаванд.
Заминаи тавсияҳо: муҳокимаҳои пӯшида
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон — CPJ дар гузориши 17 апрели соли 2026 мегӯяд, аз соли 2022 нӯҳ рӯзноманигор ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Ба иттилои созмон, муҳокимаи ҳамаи онҳо пӯшида гузашта, дар ҳашт парванда иттиҳомҳои марбут ба терроризм ё ифротгароӣ истифода шудаанд, ки CPJ асоснокии онҳоро зери суол мебарад.
Созмон ҳамчунин аз иддаоҳои шиканҷа барои гирифтани эътироф ва гирифтани уҳдадории фош накардани маълумот аз вакилон хабар медиҳад. Human Rights Watch дар гузориши апрели соли 2026 ба СММ парвандаҳои ҳуқуқшиносон Фаромуз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаровро низ зикр мекунад. Ба иттилои созмон, Иргашев ба 30 сол ва Холиқназаров аввал ба 15 сол, баъдан ба 16 соли зиндон маҳкум шудаанд. HRW мурофиаҳои онҳоро пӯшида ва мухолифи меъёрҳои додгоҳи одилона арзёбӣ мекунад.
Душанбе таъқиби сиёсиро рад мекунад
Тибқи гузориши Маркази байналмилалии адолати Женева — GICJ аз ҳамин нишаст, ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашӯриён иддаоҳои таъқиби дорои ангезаи сиёсиро рад карда, гуфтааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи қонун озодона фаъолият мекунад. Ҳайат ҳамчунин ваъдаи посухҳои хаттӣ ба саволҳои беҷавобмондаро додааст.
