
Рушди қоғазин ва «глюкоза»-и иқтисодиёти Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ 30 июл хабар дод, ки иқтисоди Тоҷикистон соли 2023 бо 8.4% ва дар семоҳаи аввали 2024 бо 8.2% рушд кардааст. Аз рӯи гузориш омилҳои асосӣ, саноат, хадамоти умумӣ ва пулҳои муҳоҷирон будааст.
Бино ба тахмини Бонки ҷаҳонӣ, соли 2025 иқтисоди Тоҷикистон 7% рушд мекунад, вале соли 2026–2027 суръат то 4,5–5% коҳиш меёбад. Сабабро Бонки Ҷаҳонӣ ба маҳдудиятҳои Русия нисбат ба муҳоҷирон, ноустувории тиҷорати ҷаҳонӣ ва коҳиши маблағҳои интиқолӣ рабт додааст.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, идомаи рушди қавӣ аз ислоҳоти ҷиддии ҳукумат дар ҷалби сармояи хусусӣ, рақобат, рақамисозӣ ва беҳтар кардани хизматрасониҳои давлатӣ вобаста аст.
Пойгоҳи Паём барои рӯшанӣ андохтан ба ин гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ба мутахассиси соҳа бо якчанд савол ба мисли чаро бо вуҷуди дар ин ҳоли табоҳи иқтисодӣ будани Тоҷикистон, институтҳои иқтисодии ҷаҳонӣ пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ мекунанд. Чаро дар ҳоле, ки саҳми пули муҳоҷирони кории тоҷик, ки соли 2024, 49 дар сади ММД-ро ташкил додааст аст, вобастагии ҷиддии иқтисодиёти Тоҷикистон ба пули муҳоҷирон пешрафти иқтисодӣ дониста мешавад? муроҷиат кард. Ин мутахассис, ки худ дар дохили Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва нахост номи аслияш ифшо шавад, ба саволҳои мо дар умум ҷавоб гуфт, ки дар зер, пешкаши Шумо мегардад:
Тоҷикистон имрӯз дар ҳолате қарор дорад, ки иқтисодаш ба назар рушдёбанда нишон дода мешавад, аммо воқеият комилан дигар аст. Ҳисоботи созмонҳои байналмилалӣ ба мисли ХБА, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёӣ бештар ба рақамҳои умумӣ такя мекунанд, на ба воқеияти ҳаёти иқтисодӣ. Онҳо суръати афзоиши ММД, суботи нисбии қурби асъор, назорати таваррум ва ҳаҷми захираҳои асъориро нишондиҳандаҳои асосӣ мешуморанд ва вақте ММД расман 6–7 фоиз боло меравад, ҳатто агар ин афзоиш танҳо ба шарофати пулҳои муҳоҷирон бошад, онро ҳамчун пешрафт ба қайд мегиранд. Аммо чунин афзоиш, ки дар коғаз аст, ба зиндагии мардум таъсири воқеӣ надорад. Чун аз ин афзоиш, ки асосан пули муҳоҷирон аст, ҷойҳои корӣ эҷод намешаванд, даромади воқеии аҳолӣ боло намеравад ва истеҳсолоти дохилӣ рушд намекунад. Ин маблағ танҳо характери истеъмолӣ дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир баҳогузориҳои ин созмонҳо на танҳо иқтисодӣ, балки сиёсӣ низ ҳастанд. Онҳо мехоҳанд суботи нисбӣ ва пешгирии фурӯпошии иҷтимоиро таъмин кунанд ва аз ин рӯ чунин арзёбӣ қобили дарк аст. Он чи дар Тоҷикистон ба ҳайси пояи устувории иқтисодӣ нишон дода мешавад, чуноне, ки гуфтам дар асл вобастагӣ аз пулҳои муҳоҷирон аст, ки он ба як асоси сунъӣ табдил ёфтааст.
Тавре аз гузориши Бонки Ҷаҳонӣ бармеояд, соли 2024 тақрибан 49 дарсади ММД Тоҷикистонро пулҳое ташкил медиҳанд, ки муҳоҷирони корӣ аз хориҷа мефиристанд. Ин танҳо ҳамон пулҳое ҳаст, ки бо роҳи расмӣ вориди Тоҷикистон шудаанд. Агар маблағҳои бо роҳи ғайрирасмӣ аз ҷониби муҳоҷирон ба Тоҷикистон воридшуда, ба мисли “перекидка”-ро ба ҳисоб гирем, шояд то 55-60% шавад. Ин вобастагӣ, ки зиёда аз нисфи иқтисодро ташкил медиҳад, на нишондиҳандаи сиёсати муваффақ, балки нишонаи нокомӣ ва фалаҷ будани низоми иқтисодист. Бештари ин маблағҳо барои истеъмоли ҳаррӯза, ба мисли ғизо, либос, доруворӣ, таълим ва ғайра сарф мешаванд ва ба рушди истеҳсолот, эҷоди корхонаҳои нав ва сармоягузории дарозмуддат равона намегарданд. Маҳз ҳамин раванд иқтисоди Тоҷикистонро ба иқтисоди истеъмолӣ табдил додааст. Ҳар қадар ин раванд идома ёбад, ҳамон қадар ҷавонҳо роҳи зинда мондан, ба қавли русҳо «борьба за выживание»-ро дар муҳоҷират мебинанд, на дар дохили кишвар. Ҳукумат бошад, масъулияти эҷоди ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодро ба дӯши муҳоҷирон мегузорад ва бо ҳамин сиёсат иқтисодро боз ҳам осебпазиртар мекунад.
Иқтисоди кишваре, ки зиёда аз нисфи ҳаҷми маҳсулоти дохилии он аз як манбаи беруна вобаста аст, зери хатар қарор дорад ва як тағйироти сиёсӣ ё иқтисодӣ дар Русия метавонад дар як муддати кӯтоҳ тамоми системаро фалаҷ кунад.
Аммо чаро чунин вазъиятро “пешрафт” меноманд? Ҷавоб содда аст, усули ҳисоботи байналмилалӣ ҷараёни пулро ҳисоб мекунад, на манбаи онро. Пулҳое, ки муҳоҷирон мефиристанд, вақте дар дохили кишвар масраф мешаванд, ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта мешаванд ва ҳаҷми тиҷоратро баланд нишон медиҳанд. Ин пул қуввати харидории мардумро зиёд мекунад, вале ба афзоиши истеҳсолот ва барои эҷоди манбаи нави даромад дар дохил кӯмак намекунад. Бо ҳамин роҳ иқтисод ба як иқтисоди интиқоли пул табдил ёфтааст, на иқтисоди тавлидӣ.
Аз ин рӯ, дониста мешавад созмонҳои байналмилалӣ ба зоҳири гардиши иқтисодӣ баҳо медиҳанд ва онро қавӣ нишон медиҳанд. Аз ҷиҳати дигар нигарем, чуноне, ки зикраш дар боло рафт, ин гузоришҳо сиёсӣ ҳам ҳастанд ва гузоришгарон манфиатҳои худро низ ба ҳисоб мегиранд. Аз он ҷумла, пешгирии ноустувории сиёсӣ, ҳифзи як кишвари марзӣ байни Афғонистон, Чин ва Русия ва намоиши рақамҳои “нишондиҳандаи рушд” барои сармоягузорон ва ғайра. Аммо пушти ин рақамҳо ин воқеият, ки иқтисоди кишвар ба истеҳсолот, саноат ва технология такя надорад, балки ба маблағи интиқолии муҳоҷирон вобаста аст, пинҳон мемонад.
Ҳамин тавр рушди иқтисодӣ танҳо дар коғаз аст. То вақте ки давлат натавонад захираҳои дохилиро ба кор андозад, ҷойҳои корӣ офарад ва манбаъи иқтисодро бисёрҷониба (диверсификатсия) кунад, вобастагӣ аз муҳоҷират иқтисодро ноком мегузорад. Афзоиши ММД, ки зиёда аз нисфаш аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирон таъмин мешавад, на пешрафти воқеист, балки иллюзияест, ки ба ҳукумат имкон медиҳад бо рӯи қоғаз симои як иқтисоди пешрафтаро нишон диҳад. Аммо воқеият дигар аст ва ин як иқтисоди сунъӣ, заиф ва осебпазир аст, ки дар сурати кам шудани интиқоли пул метавонад дар муддати кӯтоҳ ба буҳрони амиқ ғарқ шавад. Роҳи ягонаи наҷот сармоягузорӣ ба истеҳсолот, рушди бахшҳои дохилӣ, коҳиши вобастагӣ аз муҳоҷират ва сиёсати иқтисодии воқеан созанда мебошад.
Агар ба воқеият рӯ оварем, имрӯз иқтисоди Тоҷикистон мисли ҷисми бемору бемадоре аст, ки қувваташро мисли “глюкоза” аз берун бо роҳи сунъӣ мегирад. Манбаи асосии ҳаёташ пулҳои муҳоҷиронанд ва агар ин “глюкоза” қатъ шавад, тамоми системаи иқтисодӣ фалаҷ мешавад. Зиёда аз нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ маҳз аз ҳисоби интиқоли пулҳои муҳоҷирон будан, ин на танҳо нишондиҳандаи вобастагии комил ба берун, балки чуноне, ки гуфтам нишонаи он аст, ки тамоми давлат дар ҳоли дастнигарӣ қарор дорад.
Муҳоҷирон на танҳо нерӯи корӣ, балки ба маънои аслӣ “калиди сиёсии кишвар” дар дасти онҳост. Сода карда гуем, лаҷоми иқтисоди Тоҷикистон дар дасти онҳо аст, на дар дасти ҳукумат. Ҳар тағйирот дар кишвар вобаста ба хостаҳо ва иродаи муҳоҷирон аст. Ҳар эътироз, ҳар қатъи интиқоли пул метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон зарбаи бевосита расонад. Ин нишонгари онаст, ки агар муҳоҷирон андешаи муттаҳид ва ягона дошта бошанд, метавонанд дар як вақти кӯтоҳ дар Тоҷикистон дигаргунии сиёсӣ ба миён оваранд.
Ин ҳам ногуфта намонам, ки вобастагӣ ба Русия ва бозори меҳнатии он ба як абзори фишори геополитикӣ табдил ёфтааст ва ҳар вақте ки муносибатҳо бо Русия сард мешаванд, ҳукумат маҷбур мешавад ба ҳассосияти бештари сиёсӣ роҳ диҳад, зеро хуб медонад, ки баста шудани сарчашмаи пулҳои муҳоҷирон ба фалаҷшавии иқтисод ва нооромиҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ин аст, ки ҳар зулме, ки муҳоҷирон аз ҷониби мақомоти Русия мебинанд, ҳукумати Тоҷикистон “лом” гуфта наметавонад. Чун медонад, ки ба камтарин вокунишаш бо “нархи гарон” ҷавоб мегирад.
Барои ҳамин ин нишондиҳандаҳо, ки Бонки Ҷаҳонӣ рушд номидааст, дар асл як вобастагӣ ва дастнигар будан аст на тараққиёт ва на рушд.
Ҳар як интиқоли пул, ки барои як оила дар Тоҷикистон наҷот мебахшад, дар маҷмӯъ барои давлат як василаи ба таъхир андохтани ислоҳоти воқеӣ буда, аз ин ҳисоб ба бақои қудрат умри бештар додан аст. Ҳукумат бо такя ба пулҳои муҳоҷирон на иқтисод месозад, на ҷойи кор, балки мардумро водор ба он мекунад, ки “мурда-мурда” зиндагь кунанд.
Ҳамин аст, ки имрӯз иқтисоди Тоҷикистон на танҳо осебпазир аст, балки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар низ ба ин вобастагӣ бастагӣ дорад. Агар рӯзе муҳоҷирон аз фиристодани пул худдорӣ кунанд ё бо як иқдоми ҳамоҳангшуда ба сиёсати Тоҷикистон фишор оваранд, давлат бо буҳроне рӯ ба рӯ мешавад, ки аз он роҳи гурез надорад.
Average Rating