Ба заҳролуд шуда фавтидани сокинони пойтахт кӣ гунаҳкор? Назари коршиносон

Фиристед

Бо қатъи интиқоли барқ дар шаҳри Душанбе сокинон хонаҳои худро бо ҳезуму таппак ва ангишт гарм мекунанд, ки дар баъзе холатҳо сабаби аз дуд заҳролуд шуда фавтидани сокинон мегардад.  На фақат дар хонаҳои истиқоматӣ, балки ҳатто дар биноҳои баландошёна ҳам сокинони пойтахт маҷбур мешаванд, илоҷе ёфта хонаи сарди худро гарм кунанд, то аҳли хонаводаро сармо назанад ва ё аз хунукӣ нафавтанд.  Ҳодисае, ки нав рух дод, шаш нафар аъзои як хонавода аз дуди ангишт заҳролуд шуда ба ҳалокат расиданд. 

Паём тв аз коршиносон пурсид, ки ба рух додани чунин ҳодисаҳо ки гунаҳкор аст ва барои пешгирии он чи бояд кард?

Инак назари коршиносон пешкаши Шумо корбарони гиромӣ мешавад. Шумо низ дар зери матлаб луфтан назари худро нависед.

 

Зафари Суфӣ, рӯзноманигор, шоир:

Зафари Суфӣ

Таъмини маош ва рузгори як гурӯҳ одамон, аз раисиҷумҳур то корманди идораҳо дар ҳукумати иҷроия, аз ҳисоби мардум аст. Онҳоро барои танзими умури ҷомеа ва таъмини рифоҳи он кироя кардаанд ва бояд вазифа ва рисолати худро анҷом диҳанд.

Дар ҳама норасоии умури идорӣ ва барномарезиву таъмини рифоҳи мардум сад дар сад ҳукумат гунаҳкор аст.

Чи бояд кард? Мардум бояд истеъфои ҳукумати нокоромадро талаб кунанд. Охир вақте як коргарро кироя кунеду аз уҳдаи кор барнаояд, уро ё ба хубӣ ҷавобаш медиҳед ва ё, агар хеле мутакаббиру қаллоб бошад, аз гиребонаш мегиреду аз дари хона берун меандозед.

Мардум бояд раиси ҳукуматро ҳамроҳи дастааш, аз ҷумла писараш, ки раиси пойтахт аст, бояд ба хубӣ ба истеъфо фиристанд ва агар нарафтанд, аз гиребонашон бигиранду берун андозанд.

 

Илҳомҷон Ёқубов, сиёсатмадор:

Илҳомҷон Ёқубов

Аввалан ҳамдардии худро ба хонавода ва наздикони ҳалокшудагон мерасонам. Баъдан, ин ҳодиса, яъне заҳролуд шудан бо дуди ангишт дар зимистони қаҳратуну бебарқӣ бори аввал нест ва шакке надорам, ки ингуна ҳодиса зуд-зуд руй медиҳад, аммо пеши роҳи расонаӣ шудани ин ҳодисаҳо гирифта мешаванд. Аз инки аз як оила ҳама узви он фавтиданд, дигар мақомот натавонистанд аз расонаӣ шудани ин ҳодиса пешгирӣ кунанд. Ростӣ, дар даме, ки дар сари қудрат режими Рахмонуф боқист, ин ҳодисаҳо пешгирӣ нахоҳад шуд. Аз ин ҷиҳат ман ягона гунаҳкорро нафси бади режими Рахмонуф медонам. Бояд лимити барқ сар то сари кишвар бардошта шавад ва ҳаққи ҳалоли мардуми тоҷик ба соҳибонаш дода шавад. Ҳамагӣ медонем,ки барқи мардум ба ҳукумати Толибон фурӯхта мешавад ва сар аз соли 2024 боз ҳам тақрибан  аз солҳои гузашта 20% фуруши барқ ба Толибон зиёд шуд ва дар натиҷа лимити  барқ ба пойтахти кишвар ҳам  ҷорӣ шуд. 

Мардуми тоҷик ба хотири наҷот аз хунукиву сармо ба ҳама гуна шакли гарм кардани хонаҳои худ даст мезанад. Зеро мушоҳидаи аз хунук ларзида истодани аҳлу аёл хеле  дардовар ва сангин аст.

 

 

Мавҷуда Соҳибназарова, коршиноси умури иҷтимоъӣ:

Мавҷуда Соҳибназарова

 

Албатта, дар заҳролуд шудан ва фавтидани сокинони Тоҷикистон пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъулини бемасъулияти ҳукумати Тоҷикистон гунаҳкоранд. Бубинед, ҳукумат ҳар сол аз ҳисоби масъулин як гуруҳи корӣ доир ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон созмон медиҳад, ки ба он сарвазир роҳбарӣ мекунад. 

Ин гурӯҳ чӣ кор мекунад? Ба ҷойи то фарорасии сармо бартараф намудани камбудиҳо ва омода намудани тамоми соҳаҳо ба сардиҳо, инҳо ҳисоботи бардурӯғ пешниҳод мекунанд, ки фалон корҳоро ба анҷом расонданд. Илова бар ин маблағҳои зиёдеро дар ин самт обу лой мекунанд. Камбудӣ фақат он вақт ошкор мешавад, ки барфи зиёде меборад ва садамаҳо рух медиҳанд. Агар ин гурӯҳ корашро хуб барад ва мутахассисони воқеъӣ ба он ҷалб шаванд, метавонанд дар асоси таҳлил муайян кунанд, ки чӣ қадар барқ лозим аст ва чӣ қадар ангишт барои фаъолияти шабакаҳои гармиддиҳӣ. 

Афсӯс,ки фаъолияти ин гурӯҳ ҳам мисли фаъолияти тамоми сохторҳои ҳукумати хонаводагӣ шаффоф нест. Барои ҳамин гунаҳкор ҳамин ҳукумат аст, ки бо пули миллат нерӯгоҳ месозад, вале миллат чун дигар захоири табии худаш ба он дастрасӣ надорад ва рӯзе ҷавоб хоҳад гуфт.

 

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор:

Амруллоҳи Низом
  1.  Дар хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе насб кардани бухориҳои суннатӣ  (печка), ки тавассути ҳезум, тапак, ангишт ва ғайра хонаҳоро гарм мекунанд, манъ аст. Аммо агар ҳам касе аз маҷбурӣ насб карда бошад, хилофи қоидаҳои ҷории сукунат дар биноҳои баландошёна аст. 
  2. Марги ин 6 нафар бар асари дуди ғализи ангишт  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри душанбе ва дар яке аз ҳавлиҳо сурат гирифта аст, на хонаҳои баландошёна. 
  3. То замоне, ки мардум барои гарм кардани хонаҳои худ аз ангишт истифода мекунанд, ва қоидаҳои бехатарии онро риоя намекунанд, ба вуқӯъ пайвастани чунин ҳодисаҳо идома хоҳад ёфт. 
  4. Ҳукумати Тоҷикистон ва дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон вазифадор аст, ки шароити бехатари зисти мардумро таъмин кунанд. Аммо вақте ба мисли вазъияти кунунӣ дониста нерӯи барқи мардумро дар шаҳру ноҳияҳо ва бахусус дар пойтахти кишвар қатъ мекунанд ва бархе сокинон аз бетаҷрибагӣ ва нодориву нодонӣ ба чунин ҳодисаҳои ғамангез дучор мегарданд, фикр мекунам, агар мардуми огоҳ озода ва мақомоти мустақил дошта бошем, онҳоро маҷбур ба истеъфо мефиристанд ва ё мустақим ба зиндон, чун роҳи сеюм надоранд.

 

Муаззама Қодирова

Муаззама Қодирова, ҳуқуқшинос:

Аҳли ин хонаводаро Худованд илоҳо раҳмату мағфираташон кунад. 

Ба фикри ман дар ин ҳодиса ва ба монанди ин дигар ҳодисаҳое, ки аз заҳродлудшавӣ аз  газ ё ангишт шаҳрвандон дар Тоҷикистон фавтидаанд ва фавтида истодаанд, мо як нафар ё як ниҳодро гунаҳгор карда наметавонем. 

Мисол, дар як оила мард (шавҳар), ҳамеша маст меояд ва қариб ҳар рӯз зану фарзандонашро таи лату куб қарор медиҳад ва таҳкиру дашном мекунад. Мард бо рафтани умраш ҳеҷ ислоҳ намешавад, баръакс бадтар мешавад. Зан солҳои тулонӣ ба  азобу шиканҷа ва лату куби шавҳар тоқат мекунад.

Лекин ягон чорае намеандешад, (ҷудо намешавад ва ё ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунад в.ғ ). Ҳамин тавр аз сабаби лату куби бисёр зан бемор мешаваду вафот мекунад. Дар натиҷа фарзандон тарбияи дуруст намегиранду  сарсону саргардон мешаванд.

Пас ки гунаҳкор аст?!

Ҳамин тавр дар ин ҳодиса низ ягон нафарро наметавон гунаҳкор донист. 

Аммо, аз ҷониби дигар нигарем, дар Тоҷикистон ангиштро коркард намекунанд ва бидуни коркард барои фурӯш ва истифода иҷоза медиҳанд, ки ин хатарнок аст. Барқро бошад ба кишварҳои ҳамсоя  мефурушанд ва ҳаққи мардумро ба тиҷорат табдил додаанд. Мақомҳои баланду поён авлодӣ гаштааст.

Ҳукумат фарсуда ва режими диктатурӣ пурқуватар шудааст. Мардум бесаводтару тарсу гашта, ҳисси миллатдустӣ ва нангу номус қариб, ки барҳам хурдааст.

Ин аст  яке аз  сабабҳои асосӣ, ки ба чунин ҳолат расидаем.

 

Маҳмудҷон Файзраҳмон

Маҳмудҷон Файзраҳмон, коршиноси масоили сиёсӣ

Ҳукумати Тоҷикистон ноуҳдабароиҳо ва заъфҳои зиёде дорад ва саъй мекунад, ки бо ҳар роҳе — чӣ машруъ ва чӣ ғайри машруъ – ҳаҷми онҳоро хурд нишон диҳад ва худро сафед кунад, аммо масъалаи барқ фарқ мекунад, зеро ин ноуҳдабароиро мардум хуб мебинанд ва бо хуну пусташон эҳсос мекунанд.

Бовар кунед, ҳукумат воқеан мехоҳад ин мушкилро бартараф кунад ва имтиёзи сиёсӣ ба даст оварад, аммо ба ҳадде заифу нотавон ва ба фасод ғуттавар аст, ки қодир ба ҳалли ин мушкил дар се даҳа нашудааст. Худашон низ хуб медонанд, ки то вақте онҳо дар сари қудрат ҳастанд, мушкили барқ ҳечгоҳ ба афсона табдил нахоҳад шуд.

Ҳамон тавре ки нокомии артиши Фаронса дар Русия барои Наполеон ба як кобус табдил шуда буд ва ҳар вақте зикре аз онро мешунавид, нороҳату асабонӣ мешуд, масъалаи барқ барои ҳукумат низ ба як кобус табдил шудааст, ки мисли як тифл дар рубарӯи он заифу нотавон аст.

То вақте мардум мушкили барқ доранд, ҳама гуна мусибатҳо, аз ҷумла вафоти 6 узви як хонавода аз дуди ангишт, ворид аст ва масъули ин мусибатҳо онҳое ҳастанд, ки дар се даҳа аз ҳалли мушкили таъмини мардум ба барқ ноком мондаанд.

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *