
Кабирӣ: “Ба амнияти марзии Тоҷикистон аз Толибон дида, Қирғизистон таҳдиди бештар дорад”
СААД ва Тоҷикистон
Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар дод.
Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Саммити навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ имрӯз 28 ноябр дар Остона ҷараён дорад. Дар ин нишаст сарони панҷ кишвари узви СААД — Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Беларус — барои баррасии масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаӣ ҷамъ шудаанд.
Арманистон, ки шашумин кишвари узви ин созмон аст, қаблан эълон кард, ки иштироки худро дар СААД мутаваққиф намуда, нияти тарк кардани ин созмонро дорад. Сарвазири Арманистон, Никол Пашинян гуфта буд, ки «СААД барои амнияти Арманистон, ояндаи мавҷудият ва соҳибихтиёрии он таҳдид эҷод мекунад.» Ӯ иддао дорад, ки ду кишвари узви созмон дар ҷанги соли 2020 дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба Озарбойҷон алайҳи Арманистон кӯмак расонидаанд.
Тибқи маълумоти котиботи СААД, дар ҷаласаи имсола мубодилаи назарҳо дар бораи вазъияти сиёсиву низомии минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ, баррасии натиҷаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмон ва дурнамои рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад.
Яке аз масъалаҳои калидии рӯзномаи ин нишаст қабули барнома оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мебошад.
Аммо аҳамияти саммити СААД-ро на танҳо сарвазири Арманистон манфӣ арзёбӣ мекунад, балки аксари коршиносону таҳлилгарон ба фаъолияти ин созмон бо шубҳа менигаранд. Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар ин созмон Русия мавқеи доминантӣ дорад ва дигар кишварҳои узв ба як миқдор кумак ва дастгирии Русия махсусан дар масъалаҳои амниятӣ вобаста ҳастанд ва баробарҳуқуқӣ дар ин саммит таъмин нест. Бо дарназардошти манфиатҳои геополитикӣ, ин вобастагӣ на ҳамеша бо манфиатҳои дарозмуддати кишварҳои узв мувофиқат мекунад.
Дар ҳамин ҳол саволи матраҳ ин аст, ки оё иштирок дар СААД воқеан манфиатҳои кишварҳои узвро таъмин мекунад, ё, ки ин танҳо роҳи тақвияти мавқеи як бозигари асосӣ аст, ки мустақилии дигар аъзоро дар арсаи байналмилалӣ маҳдуд мекунад?
Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор ва роҳбари ПМТ дар ҷавоб ба ин савол ба Паём гуфт: “Мо бояд ду масъаларо аз ҳам ҷудо кунем: яке ҳадафҳои асосии таъсиси ин созмони амнияти дастаҷамъӣ ва дигаре ҳадафҳои эълоншуда, ки дар санадҳо сабт шудаанд. Он чӣ дар санадҳо сабт шудааст, хеле возеҳ ва равшан аст. Бар асоси ин санадҳо, ҳар як таҳдиде, ки ба узви ин созмон вуҷуд дошта бошад, таҳдид ба тамоми созмон шуморида мешавад. Ҳамаи кишварҳои узв вазифадоранд, ки аз узви ин созмон ҳимоят кунанд ва ин таҳдидҳоро бартараф созанд. Ин чиз дар ҳуҷҷатҳо қайд шудааст.”
Аммо, ба назари роҳбари ПМТ воқеият тамоман чизе дигар аст. Кабирӣ барои тақвияти назари худ ҷанги Арманистон ва Озарбойҷонрро мисол оварда гуфт, “ин ҷанг нишон дод, ки вақте узви ин созмон — Арманистон, дар ҷанг бо Озарбойҷон таҳдид дид, новобаста аз дархостҳои мукаррари Арманистон, на созмони СААД ва на Русия, ҳамчун шарики стратегии он ва қавитарин кишвари ин созмон, ҳеҷ иқдоме накарданд. Балки бо овардани чандин баҳонаҳои ғайримантиқӣ аз кӯмак ба узви ин созмон сарпечӣ намуданд.”
Муҳиддин Кабирӣ афзуд, “ҳодисаҳои Қазоқистон, ки ду ё се сол пеш рӯй доданд, нишон доданд: вақте як тазоҳуроти дохилӣ дар дохили Қазоқистон сар зад, аввалин тарафе, ки ба Қазоқистон барои кӯмак шитофт ва нерӯ фиристод (ҳатто Тоҷикистон низ 200 сарбоз фиристоданӣ буд), ин СААД буд. Ин дар ҳолест, ки тибқи оинномааш, СААД танҳо дар сурати таҳдидҳои хориҷӣ бояд амал кунад. На ин ки дар натиҷаи тазоҳуроти дохилӣ, ки хатар аз дохил аст. Ин берун аз салоҳиятҳои СААД аст. Аммо ҳодисаҳо нишон доданд, ки ҳадафи аслии таъсиси ин созмон муҳофизати кишварҳо ва миллатҳо аз таҳдидҳои хориҷӣ нест. Балки ҳадаф аз он ҳимояти ҳукуматҳои диктаторӣ аз тазоҳуроти дохилии мардум аст.”
Бо ин далелҳо роҳбари ПМТ таъкид мекунад, ки СААД ҳадафи сохтае дорад ва чизе, ки дар оинномааш навишта шудааст, ҳеҷ гоҳ риоя нашудааст. Ҳадафи аслии он ҳимояи диктаторҳои минтақа аз эътирозҳо ва тазоҳуроти шаҳрвандони дохилии худ аст.
Гуфтанист, Тоҷикистон яке аз узви ин созмон аст, ки дар ҳама саммитҳояш фаъолона ширкат мекунад ва як мавзуъи дустдошта дорад, ки доим ба ҳар саммити ин созмон ин мавзуъ дар бағал меояд. Он ҳам инаст, ки хатари таҳдиди амният аз ҷониби Афғонистон ба минтақаро обу ранг дода, дигар мушкилоти асосиро дар сояи ин мавзуъ мегузорад. Ҳамчунин масъалаҳое чун терроризм ва қочоқи маводи мухаддир низ барои Эмомалӣ Раҳмон ва тимаш ҳамчун чодар хидмат мекунанд ва масоили ҳаётан муҳим, мисли ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини иҷтимоъӣ зери ин чодар пушида боқӣ мемонанд.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ мегӯяд, “Тоҷикистон солҳо боз на танҳо дар чаҳорчӯби СААД, балки дар Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид, САҲА ва ҳар як созмони байналмилалие, ки дар он узв аст, хатари ифротгароӣ ва тундгароиро пурранг мекунад. Ин як сиёсати пешгирифтаи тӯлонимуддати роҳбари ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мехоҳад бо пӯшиши ин мавзуъ ва пурранг кардани ин таҳдиду хатарҳо тамоми мушкилоти дигарро, аз ҷумла мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро нодида бигирад ва диққатро ба самти дигар бикашонад.”
Роҳбари ПМТ тахмин мезанад, “он чизе, ки дар чаҳорчӯби ҳамин созмонҳо Тоҷикистон мехоҳад анҷом диҳад, боз ҳам метавонад, масъалаи амнияти марзҳоро ба миён гузоштан бошад. Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, ки инро ҳамчун як таҳдид ба тамоми кишварҳо вонамуд кунад. Дар ҳоле ки худи Тоҷикистон ва ҳатто Русия робитаашонро бо Толибон беҳтар карда истодаанд ва Толибон ҳам исбот карданд, ки аз ҷониби онҳо ҳеҷ таҳдиде ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа нахоҳад буд.
Ин сиёсатмадори тоҷик таъкид бар ин мекунад, ки ба амнияти марзии Тоҷикистон кишвари дигари узви ҳамин созмон – Қирғизистон – аз Толибон дида таҳдиди бештар дорад.
Кабирӣ мегӯяд, “Мо мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон дорем, ки ҳатто чанд маротиба задухӯрд ва ҷангҳои мусаллаҳона ҳам шуданд ва талафоти зиёд додем. Вале аҷиб он аст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар чаҳорчӯби СААД ин мушкилотро ҳамчун таҳдид муаррифӣ намекунад.”
“Бо ин ҳол, Толибон, ки то имрӯз ҳеҷ иқдоме алайҳи Тоҷикистон накардаанд, ҳамеша як таҳдиди билқувваи доимӣ муаррифӣ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки воқеиятҳо чизҳои дигарро нишон медиҳанд”, -афзуд Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ПМТ.
Аз гуфтаи сиёсатмадори тоҷик бармеояд, ки ҳарчанд иштирок дар саммити СААД метавонад барои таҳкими амният ва мавқеи байналмилалии Тоҷикистон манфиатовар ҷилва дода мешавад, тағйироти аслӣ ва натиҷаҳои воқеӣ аз сиёсати дохилии кишвар ва қодир будани ҳукумат барои ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум вобаста аст.
Муҳиддин Кабирӣ ба ин саволи Паём, ки чӣ интизориҳое аз натиҷаи ин саммит дорад, дар ҷавоб гуфт: “Саммити навбатӣ дар Қазоқистон, мисли ҳар саммити гузашта, мутмаинам, ки ҳеҷ дастоварди сиёсӣ ва амалӣ нахоҳад дошт. Танҳо як маротибаи дигар ҷамъ мешаванд ва такрори ҳарфҳои гузаштаро хоҳанд кард. Вонамуд мекунанд, ки гӯё таҳдиди бузурге ба кишварҳои узв аз хориҷ вуҷуд дорад — аз Ғарб оғоз карда, то Украина, Афғонистон ва кишварҳои дигар. Онҳо нишон медиҳанд, ки гӯё танҳо ҳамин саммити СААД ва раҳбарони кишварҳои узв ҳастанд, ки ин хатарҳоро бартараф карда метавонанд. Дар сурате, ки ҳама медонанд, бузургтарин таҳдид ба амният ва суботи минтақа, ҳамин ҳукуматҳои диктотурӣ, коррупсия ва набудани озодиҳоянд.”
Барои маълумот: Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) созмони байналмилалӣ-минтақавӣ буда, соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 майи соли 1992) таъсис дода шудааст. Кишварҳои узви СААД Ҷумҳурии Арманистон (ҳоло узвияташро боздоштааст), Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзогии худро дубора 16 августи соли 2006 барқарор кард, вале соли 2012 маротибаи дуюм фаъолияти худро дар ин Созмон боздошт.
СААД тибқи оинномааш созмони ҳарбӣ-сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошанд, дараш кушодааст. Дар маълумот дар бораи ин созмон гуфта мешавад, ки ин созмон дар асоси эҳтироми истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои узв, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои узв вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Аммо дар воқеъият ин созмон дар тули таърихи фаолияташ амалҳои муғойир ба оинномаашро нишон додааст.
Average Rating