Шавкати Муҳаммад: “Мутаассифона, то ба ҳол ҳеҷ маълумоте дар бораи макони додарам пайдо накардаем”
Мусоҳиба бо Шавкати Муҳаммад дар бораи истирдоди бародараш ба Тоҷикистон ва нопадид шудани ӯ.
Зиндониён: Дуруд бар Шумо! Сараввал мехостам дар бораи бародаратон маълумот медодед. Оё ӯ узви ягон ҳизбу ҳаракати сиёсӣ буд ё не?
Шавкати Муҳаммад: Додарам, Шарипов Аслиддин, санаи таваллудаш 25 ноябр соли 1987, зодаи деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт буда, ҳеҷ гоҳ бо сиёсат сару кор надошт. Узви ягон ҳизб ё ҳаракати сиёсӣ набуд. Илова бар ин сиёсатро хеле бад медид ва худашро ҳамеша аз сиёсат дур мегирифт.
Зиндониён: Чанд сол буд дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт?
Шавкати Муҳаммад: Аз соли 2016 то рузи боздошташ 21 сентябри соли 2022, дар шаҳри Нижний Тагили Федератсияи Русия дар сохтмон кор мекард. Зану фарзандонаш низ ҳамроҳаш дар Русия буданд. Айни ҳол низ аҳли хонаводааш дар Русия ҳастанд. Ҳама аҳли оилааш иҷозатномаи муваққат (ВНЖ) доранд. Дар ин муддати 7 соли охир боре ҳам Тоҷикистон нарафта буд.
Зиндониён: Кай ва бо кадом ҷурм дастгир шуд? Оё то ин дам органҳои маъмурии Тоҷикистон ягон бор ӯро ҷустуҷӯ карда буданд?
Шавкати Муҳаммад: Аз ин ки дар ҷустуҷӯ қарор доштааст, мо танҳо баъди боздошташ бохабар шудем. Аммо, ман худам, аз ин, ки фаъолияти сиёсӣ дорам ва ҳам ба рангу руи сиёсати Тоҷикистон шинос ҳастам, тавассути дигар дӯстон барояш хабар фиристода, тавсия дода будам, ки аз Русия берун шавад. То қасди калла аз салла гирифта нашавад. Вале, додарам ба ин бовар буд, ки касоне, ки ба сиёсат кордор нестанд, касе кордорашон намешавад ва озодона кору фаъолият карда мегарданд. Бечора, намедонист, ҳамин ҷурмаш, ки бародари ман аст, барои режим кофист, ки ӯро бо ҳар ҷурми сохтаю бофта пушти панҷараи зиндон кунанд ва ба ман фишори равонӣ оранд. Аз ҳамдигар, ки дур будем ва мутаассифона дар тамос ҳам, ки набудем, дигар натавонистам ӯро мутақоид созам, ки аз сиёсат дурбуданҳояш фоида надорад.
Зиндониён: Дар бораи боздошт ва нигаҳдории ӯ дар Русия чӣ маълумот доред?
Шавкати Муҳаммад: Дар Русия муддати як сол бештар дар боздоштгоҳ буд. Дар аввалҳо ҳама даву тозҳо ва ҳамкорӣ бо вакили дифоъ ва ҳуҷҷатбозиҳоро як бародарам, ки шаҳрванди Русия аст, ба уҳда дошт. Худаш ҳам ниҳоят дар ҳолати шок буд. Аслан намехост ман дар тамос бошам. Баъд боз ба ду вакили дифоъи дигар муроҷиат кардем. Се вакили дифоъ кор мебурданд. Ман асосан маълумотро аз вакилони дифоъ мегирифтам. Дар ин миён чаҳор мурофиаи судӣ гузашт. Додарам талаби паноҳандагӣ аз Русия кард. Дар ҳама мурофиаҳо ин талабаш рад шуд. Инчунин Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, ки мақарраш дар Женева аст, ба мақомоти интизомии Русия тавсиянома ирсол карда буд, ки шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Аслиддинро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Бо вуҷуди ин истирдод кард. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҷониби Русияро бовар кунонида буданд, ки дар Тоҷикистон Аслиддин мавриди шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ қарор намегирад. Аммо савол инаст, ки 16 руз аст аз ӯ ҳеҷ маълумот ё хабаре намедиҳанд, на зинда буданаш маълум аст на кушта шуданаш. Магар ин муносибати ғайриинсонӣ ва шиканҷаи равонӣ нест? Мақомоти Русия тарзе ба шароити сиёсии Тоҷикистон беэътиноӣ карданд, ки гуё дар бораи Тоҷикистон ҳеҷ маълумоте надоранд. Чун ҳеҷ як кишваре, ки худашро эҳтиром мекунад, ба ин пастӣ намерафт. Мушкили дигар ин буд, ки дар мурофиаҳо гунаҳкор ё бегуноҳии додарам баррасӣ намешуд. Танҳо масъалаи фиристода шуданаш ба Тоҷикистон баррасӣ мешуд. Барои ҳамин ба даъвоҳои мо аҳамият намедоданд.
Зиндониён: Ҳоло ягон маълумоте дар бораи макони боздошти бародаратон пайдо шуд?
Шавкати Муҳаммад: Мутаассифона, то ба ҳол ҳеҷ маълумоте пайдо накардем. Бино ба маълумоте, ки ба ман расидааст, ду се нафар хешу таборони модарам ба чанд мақомоти интизомӣ сар зада пурсидаанд, аммо ягон маълумот пайдо накардаанд.
Ҳоло худам ба чанд созмонҳои байналмилалӣ нома фиристодам. Хушбахтона, аз баъзеи онҳо ҷавоб гирифтам, ки аз паи баррасии номаи ман шудаанд.
Илова бар ин Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон низ дархости маро дар бораи кумак ҷиҳати пайдо кардани додарам ва муроҷиат ба созмонҳои байналмилалиро қабул кард ва аллакай як тими ҳирфаӣ иборат аз шахсони кордону пуртаҷриба даст ба кор шудаанд.
Зиндониён: Ба шумо барои мусоҳиба ташаккур мегӯем. Умедворем ҳама дасти ба даст кӯшиш ба харҷ бидиҳем то боз аз як зулми дигар нисбати як нафари бегуноҳ пешгирӣ шавад.
Манбаъ: Зиндониён
Average Rating