Нафс ва истиқлол. Сиёсат дар сояи нафси бетарбият
Аҷиб ин фарҳанг танҳо дар Тоҷикистон аст, ки аз дарахтҳои шаҳр барои насб кардани шиор ва радиоҳо истифода карда, синаи дарахтонро мехкорӣ мекунанд. Ин шиорҳо ва ин сурудҳо ба воқеияти мардум чи муносибате доранд, барои дастандаркорон фарқе надорад. Воқеан барои чизе ва касе фазои будан ва истиқлол қоил нестанд ва ё ҳамаро якхел ва ҳамчун худ, соҳиби гӯшҳои бесоҳиб мебинанд ва мепиндоранд. Як таъбири равонковии амиқи қуръонӣ ҳаст ба номи “тасвили нафс” (Юсуф: 83), ки гоҳо инсон худро худ фиреб медиҳад ва ин ҳолат дар зиёиҳои “берӯҳ” ва рӯҳафтода зиёдтар рӯй медиҳад. Ин “зиёӣ – сиёсатмадорон” сабабгоранд, ки худӣ ва идеулужии дурӯғин, ки болои рамзҳои холӣ пайдо шуда, дар вуҷуди мо шакл мегирад ва ҳатто дар дарахтҳои мо шабу рӯз садо медиҳад. …
Сиёсат дар сояи нафси бетарбият
Чи гунае, ки аз гуфтугӯи боло бармеояд, зиёии тоҷик дар муддати садсолаҳо бо будани нафси аммора ё бетарбият дар қудрат сару кор дорад ва дар ин муддат бо тарси ҷон ва бо васфи ин нафси бетарбият одат кардааст. Яъне аз тарс ва инчунин ба хотири тамаъ ин нафси аммораро он чунон тавсиф мекунад, ки худ ин нафс ба фаришта будани худ бовар мекунад. Албатта забони пурқудрати тоҷикӣ дар ҷоду кардани ин деву аждаҳо ва дар Сулаймонсозии онҳо нақше бориз дорад. Дигар чизи муҳим, ки дар ин муддат зиёии тоҷик гум кардааст боварӣ ба роҳҳои субъектсозӣ ва сиёсати созанда аст. Ҳамеша дастнигари бо гуфти худаш “боло” — ст ва дар ин муддати садсолаҳо ин гуна фазоро бо номи боло, ҳам худи зиёии тоҷик шакл додааст. Ин ҳама нишондиҳандаи он аст, ки муддатҳо боз тоҷик ҳастии сиёсӣ надоштааст. Воқеан тоҷик қариб аз рӯзгори пури Сино чи будани сиёсати назариявӣ ва амалиро фаромӯш кардааст ва дар ин муддатҳо дар сиёсат нақши дуюмро бозидааст ва боз дар дасти касоне, ки аз сиёсат хабар надоштанд, ки чист.
Гузашта аз ин худ бозингари аслии зиндагӣ ва таърихи худ нестанд ва таҷрибаи ҳастӣ, вуҷуд ва воқеиятро надоранд. Воқеан тоҷикон одамияти олишонеро дар сухан бунёд гузоштанд, ки буржуазияи каммағзи тоҷик онро кам дарк мекунанд ва аслан гузаштагони мо таҷриба ва донишеро, ки дар сатҳи руҳонӣ — маънавӣ доштанд бояст, ки дар зиндагии воқеӣ ҳам медоштанд. Шояд ин одамият бунёди амалӣ ва воқеъӣ доштааст, вале имрӯз таҳқиқоти бунёдӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти гузаштагони худро кам дорем ва ё қариб, ки надорем. Доштани таҷрибаи вуҷуд ва ҳастии худро Ясперс, Марсел, Сартр, Ҳайдеггер ва дигарон асли одамият донистаанд. Ва ин ҷо хуб мешуд, як таҳқиқоти мустақил ва муқоисавӣ баёни одамияти исломӣ ва инчунин ҳуманизми ғарбии асри гузашта анҷом дода шавад. Дар ҳар сурат субъективият, шинохти табиати инсон ва инчунин масъалаи ҳайвоният дар вуҷуди инсон баҳси марказии ҳар ду ҷараёни фикрист. Мутассифона, зиёии тоҷик аз шинохти суннатии табиати инсон, ки дар назарияи нафс дар фалсафа ва ирфони исломӣ инкишоф дода шудааст, дур мондааст. Ҳанӯз дарк накардаанд, ки як зиёӣ масъул ва ҷавобгар барои ҳама мардум аст. Шояд имрӯз зиёии тоҷик аз роҳҳои суннатии шинохт дур аст вале чаро ҳастии худро, ки ба гуфти Ҳайдеггер “ҳастӣ ҳеҷ гоҳ гузашта нест, балки ҳама вақт рӯ ба рӯи инсон аст”, рӯ ба рӯ намешаванд. Ҳастӣ ва воқеияти худро рӯ ба рӯ шудан сарчашмаи зуҳури маъниҳо ва идеяҳои нав ва асли одамият аст.
Мутассифона, зиёии тоҷик манбаи илҳомро танҳо дар устухони партофта аз “боло” мебинад ва маълум аст, ки чунин илҳом чи гуна осоре ба бор меорад. Воқеан зиёӣ агар зиёист, ин гуфтаи сатрро хуб дарк мекунад, ки “инсон маҳкум ба озодист.” …
Бешак вазифаи зиёии тоҷик буд, ки аз ин назарияи нафси классикиии тоҷик назарияи нави субъектро бо ҳама тарафҳои онтологӣ, эпистемологӣ ва ахлоқӣ — сиёсиаш инкишоф медод, вале ҳанӯз ҳам аз нусхабардорӣ ва такрори ҳарфи дигарон халос нашудааст. Ба хусус барои шинохт ва истифодаи маъниҳои нав ва дигаргунӣ овардан дар таркибҳои вуҷудии инсон ва ҷомеа тоҷик ба таҷрибаҳои аслии ҳастишиносӣ ва фикри нав зарурат дорад. Зеро будани субъекти фаъол ба дигаргунии маъниҳои созанда дар ҳаёт ва ба худи ҳастӣ имкони будан медиҳад. Гуфтан мумкин аст, ки назарияи нафс, ки дар фарҳанги тоҷикон инкишоф дода шудааст бо вуҷуди таъсири калидии тарҳи қуръонии нафс, боз ҳам фарогири назарияи нафси юнонӣ ҳам буд, ки фикри класикии юнонӣ дар фалсафаи имрӯзаи ғарб сахт таъсиргузор аст. Ин назарияи нафси Арастуи имрӯз бунёди шинохти сиёсат ва одамият аз Ҳайдеггер то Агамбен дар фалсафаи Ғарб аст. Он чи барои баҳси мо зарур аст, ин аст, ки воқеан масъалаи ҳайвоният ва истиқлол имрӯз яке аз мавзӯъҳои калидии фалсафа дар ва дигар фаннҳои улуми иҷтимоӣ гаштааст ва мавзӯъи калидии он ҳамин назарияи нафс ё чи тавре, ки дар Ғарб мегӯянд, табиати инсонист. Дар тамаддуни исломӣ ин ҳама мавзӯъҳоро дар сатҳи назария нафс ҳал ва баррасӣ карда буданд ва чи гунае, ки зикр кардем, ин масъалаи шаклгирии субъект, масъалаи ташаккули системаи дониш ва маънавиёт, доштани таҷрубаҳои илмӣ, фалсафӣ ва динӣ, масъалаи муносибат бо қонун (шариат), ҷомеа ва сиёсат буд. Ба хусус масъалаи сиёсат ва нафси инсонӣ мавзӯи калидии ҳама давру замонҳо буд, ки дар ғарб имрӯз бо ишора ба Арасту сиёсатро як санъати инкишофи табиати инсонӣ ва инчунин ҷомеаи инсонӣ шинохтаанд. Мутассифона, дар фарҳанги мо баъди ҳукумраво шудани сулолаҳои туркӣ — муғулии минтақа то имрӯз сиёсат дар сояи шахсиятҳо ва ё нафси бетарбият монда буд ва ҳаст. На фақат сиёсат балки илм ва фикр ҳам дар чунин соя шах шудаанд. Он чи аз сиёсат ном мебурданд, ба истилоҳи Лотард ҷуз бозӣ бо сиёсат (playing politics) набуд ва нест. Дигар ин ки дар Шӯравии собиқ зиёии тоҷик фаҳмиши ғалати сиёсатро, ки “сиёсат ифлос” аст инкишоф дода буд ва мо шоҳидем, ки чанд насли ба сиёсат машғул будаи тоҷик ва ҳатто касоне, ки дар сиёсат муваффақ буданд, бо ҳарфи “сиёсат ифлос” аст аз сиёсат даст кашиданд.
Албатта Тоҷикистон, ки ба мамлакати истеҳсолкунандаи ашёи хом, ба хусус маҳсулоти хоҷагии қишлоқ табдил дода шуда буд ва кадрҳои хоҷагии қишлоқ, ки мамлакатро идора мекарданд, ҳамеша гушу ҳуш дар тасмимгирандагони Маскав доштанд ва чи будани сиёсат ва истиқлолро аслан дарк накарда буданд. Баъди аз байн рафтани Шӯравӣ ҳам дарк накарданд. Инчунин дар дохили мамлакат баъди фишорҳои солҳои сиюм ситемаи нобоварӣ ва тарс нисбат ба якдигар байни мардуми минтақа ва музофотҳои гуногуни Тоҷикистон инкишоф дода шуда буд, ки ин ҳам пеши роҳи тарбия ва мустаҳкамшавии кадрҳои сиёсии воқеан миллиро мегирифт….
Вале дар умум, воқеан коммунистҳои марказ зери таъсири назарияи морксистӣ тавонистанд бунёди моддӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ — сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи навро гузоранд. Дар як гӯшаи шахшудаи аморати Бухоро, тавонистанд зиндагиро дигар кунанд, ҷаҳоне нав созанд ва мардумро ба торих ворид кунанд. Баъди пош хурдани Шӯравӣ ва рафтани русу яҳудӣ ва намояндагони дигар миллату халқҳо гӯё рӯҳи прогресс (тарақиёт ва инкишоф) ин сарзаминро тарк кард. Албатта ин гуна нест, зеро ин мардум он гуна ки зикр кардем аз қадим боз аз чи будани ҳикмати назарӣ ва амалӣ огоҳанд. Масалан он чи Боурдие (Bourdieu) дар рузҳои мо дар бораи ҳикмати илм (philosophy of science) ва ҳикмати амалӣ (philosophy of action) менависад, Ҳаким Тӯсӣ дар сарсухани Ахлоқи Носирӣ бисёр равшан мегӯяд, ки “Пас гӯем, ҳикмат дар урфи аҳли маърифат иборат бувад аз донистани чизҳо, чунон ки бошад ва қиём намудан ба корҳо чунон ки бояд, ба қадри иститоат (қувват, тавоноӣ), то нафси инсонӣ ба камоле, ки мутаваҷҷеҳи он аст, бирасад. Ва чун чунин бувад, ҳикмат мунқасим бувад ба ду қисм: яке илму яке амал.”
Ин ҷо рӯҳи илм ва прогресс вуҷуд дорад, вале рӯҳи сиёсат ва роҳбарӣ нест. Дар солҳои шӯравӣ ҳам ба таври мустақил кадрҳое буданд, ки қобилияти роҳбарӣ ва ташкилотчигии худро ба пуррагӣ исбот карданд. Масалан, профессор Моёншо Назаршоев дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта воқеан тавонист сатҳи илмро, ба хусус илми табиатшиносиро дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба сатҳи баланд бардошта, Донишгоҳи Давлатиро ба яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи Шӯравӣ табдил диҳад. Олимони тоҷик дар донишгоҳ ба масъалаҳои бунёдии илм сару кор доштанд ва донишгоҳ дар суратҳисоби худ сармояи калоне дошт.
…Боз гардем ба гуфтаи Деррида, ки гуфта буд ҳар ки дар сиёсат пурқудрат аст “ҳамеша дар мавқеи муайянкунанда (signifier) аст”. Ин ҷо ҳаминро гуфтан метавон, ки дар сиёсат вақте пурқудрат мешаванд, ки дар фикр дигаргунӣ ба вуҷуд оварда шавад, яъне муайянкунанда холӣ набошад, балки тавонад ҳастӣ ва воқеияти худро рӯ ба рӯ шудан ва ба фикр ва маъниҳои нав имкони будан додан. Ин фикри нав аст, ки метавонад бунёди сиёсати созанда бошад ва роҳбарони сиёсиро дар ин сарзамин пеш аз ҳама зарур аст ду корро ба анҷом расонанд, якум гирифташуда аз мардумро ба онҳо баргардонанд, яъне мақсад баргардонидани Самарқанду Бухоро нест, балки моликияти давлат ва моликияти ин мардумро, ки ба ноҳақ аз онҳо гирифта шудааст ба онҳо баргардонанд, дуввум шароит ташкил намоянд, ки ин мардум гумшудаи худро тавонанд пайдо кунанд, ки он роҳҳои худсозии суннатӣ ва барқарор кардани технологияҳои навини инсонсозӣ ва ҷомеасозист. …
Албатта, “сиёсатмадорон” аз ӯҳдаи ин кор, ки он асли сиёсатмадор будани онҳо ва оғози иҷрои ваъдаҳоест, ки ҳар сол медиҳанд, намебароянд. Онҳо аз ӯҳдаи ин кор намебароянд, зеро бунёди ҳастии худро, ки бо фасод ва маризиҳои дигар огандаанд барҳам зада наметавонанд. Хештанро он чунон, ки ҳастанд тоқат ва зарфияти шинохтан ва дидан надоранд. Ин дев дар ҷомеа бо идеология ва рамзҳои олӣ парпеч карда шудааст ва худ муайянкунандаи асосии маъниҳо дар ҳаёти мардум аст. Акнун ин дев, ки онро Жижек, Алтуссер ва Лакан дар ҷомеа бо равоншиносии муосир бо номи master — signifier “муайянкунандаи асосӣ” ва ё “хоҷа – муаянкунанда” ном бурдаанд, худ воқеиятро шакл медиҳад, ки он ҳақиқатест бе хамирмоя (Zizek, 1995; Zizek 2008; Lacan 2002). Ин ҳолатро дар ҷомеаҳое мисли ҷомеаи Куреяи Шимолӣ дидан мумкин аст, ки чи тавр ҳазорҳо мардум дар саҳнаҳо ҷамъ оварда мешаванд то садоқати худро ба Ҷуче ( унвони диктатури Куреяи Шимолӣ, ки маънияш ‘худкифо’ –cт (self-reliance)) бо рақсу суруд ва ҳиссиётҳои амиқ нишон диҳанд. Ин як намуди идеулужист, ки файласуфи словениягӣ Жижек, онро ҳамчун шуури дуруғин (false consciousness) ном мегирад, ки аз нофаҳмиҳои муносибатҳои воқеии ҷомеа бофта шуда аст. Ба фикри Жижек идеулужи бунёди равонковӣ пайдо мекунад вақте, ки шуури дуруғин аз мушкилоти хашин ва дуруғини дар ҷомеа ҳукумрон ба дунёи субъектҳо (шахсиятҳо) кӯчонида мешавад. Дар вуҷуди шахсиятҳост, ки шуури дуруғин воқеан зинда мешавад ва “воқеият” пайдо мекунад. Он чи барои гуфтугӯи мо дар ин баҳси Жижек ва идеулужӣ зарур аст, ин аст, ки чи тавр пардаи пиндор ё иллюзия воқеияти моро шакл медиҳад. Барои шарҳ додани ин масъала Жижек ба мафҳуми эҷод кардаи равоншинос Лакан jouissance, муроҷиат мекунад. Ин калимаи Фаронсавист, ки Лакан онро тарҷума намекунад ва аслан маънии лаззатро дорад. Лакан байни jouissance ва pleasure фараҳ, ва enjoyment лаззат бурдан, фарқ мегузорад ва ба фикри ӯ ин ҳолатест, ки болотар аз ҳар гуна лаззат ва фараҳ аст ва мо аз донистани он манъ карда шудаем ва ин ҳолати jouissance аз рӯи моҳият ба дард наздик аст. Ҳамин тариқ jouissance ин майлест, ки мо бояд ҷустуҷу накунем вале ҳанӯз ҳам моро ба сӯи ёфтани лаззат роҳнамоӣ мекунад. Ин механизмест, ки дар бисёр ҷомеаҳо механизми аслии идеулужиро ташкил медиҳад, ки мақсад ба гуфти Жижек мардумро дур нигоҳ доштан аз дониши ҳақиқист, ки донистанаш барои мардум вазнин аст. Воқеияти мардум бо шиорҳо, ки воқеан заруранд чунон пушонида мешавад, ки мардум асли воқеиятро, амалро фаромуш мекунанд ва ин ба гуфтаи Мавлоно монанд аст, “Об кам ҷӯ ташнагӣ овар ба даст”. …
Вақте дар ҷомеа ин гуна фаҳмишҳо ғолиб мешаванд сиёсат ва ҳама гуна ҳаёти иҷтимоӣ ба фантасмагорияи намоишӣ табдил меёбад. Ин натиҷаи кори муайянкунандаи холӣ дар ҷомеа ҳаст, ки онро бояд дарк кард. Ин нуқтаи охирини зери соя мондани сиёсати асл дар ҷомеа ҳаст. Намунаи ин фантасмагорияи намоишӣ ин амали нави ҳукуматдорони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аст, ки ба амали “созандаи” дигар даст задаанд, ки шояд дар Куреяи Шимолӣ ҳам набошад. Дар чанорҳои шаҳр ва ноҳияҳо, новобаста ба ин ки ҷоест умумӣ ё ба истилоҳе ‘ҷамъиятист’, бозораст ё макону маҳалли истиқоматии мардум аст, радио мех задаанд ва шабу рӯз сурудҳои аҷибу ғариб садо медиҳанд. Аҷиб ин фарҳанг танҳо дар Тоҷикистон аст, ки аз дарахтҳои шаҳр барои насб кардани шиор ва радиоҳо истифода карда синаи дарахтонро мехкорӣ мекунанд. Ин шиорҳо ва ин сурудҳо ба воқеияти мардум чи муносибате доранд, барои дастандаркорон фарқе надорад. Воқеан барои чизе ва касе фазои будан ва истиқлол қоил нестанд ва ё ҳамаро якхел ва ҳамчун худ, соҳиби гӯшҳои бесоҳиб мебинанд ва мепиндоранд. Як таъбири равонковии амиқи қуръонӣ ҳаст ба номи “тасвили нафс” (Юсуф: 83), ки гоҳо инсон худро худ фиреб медиҳад ва ин ҳолат дар зиёиҳои “берӯҳ” ва рӯҳафтода зиёдтар рӯй медиҳад. Ин “зиёӣ – сиёсатмадорон” сабабгоранд, ки худӣ ва идеулужии дурӯғин, ки болои рамзҳои холӣ пайдо шуда, дар вуҷуди мо шакл мегирад ва ҳатто дар дарахтҳои мо шабу рӯз садо медиҳад. …
Диққат: Аввали ин матлаб дар нашрҳои гузашта аст. Метавонед онҳоро аз вебсойти payom.tv дарёб ва мутолеа кунед.
Меҳмоншо Шарифзода
Файласуф, ҷомеашинос
Average Rating