ПМТ даргузашти Шодмон Юсуфро талафоти ҷуброннопазир хонд

Ба дигарон фиристед

23 июли соли 2025 Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот навишт, ки даргузашти Шодмон Юсуф талафоти ҷуброн нопазир аст. ПМТ дар изҳороти худ марҳумро шахсияти барҷастаи сиёсӣ, маорифпарвар ва яке аз чеҳраҳои таърихии ҳаракати демократии Тоҷикистон номид.

Дар изҳороти расмии ПМТ зикр шудааст, ки Шодмон Юсуф дар марҳилаи сарнавиштсози кишвар бо матонат, тафаккури озодандешона ва эҳсоси баланди масъулият барои адолат ва ислоҳоти сиёсӣ саҳми муҳим гузоштааст. Ба таъкиди ПМТ, ӯ аз поягузорони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз чеҳраҳои рӯшанфикри замони худ маҳсуб меёфт, ки тамоми умрашро ба ҳимояи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ бахшида буд.

«Мо ин зиёнро талафоти ҷуброннопазири миллӣ арзёбӣ мекунем» – омадааст дар паёми таслият.

Ин эътилофи мухолиф ба аҳли хонавода, наздикон, ҳамсафону дӯстони марҳум, инчунин ба тамоми равшанфикрон ва аҳли сиёсат изҳори ҳамдардӣ ва таслият баён намудааст.

Паймони Миллӣ ҳамзамон бо эҳтироми амиқ хотираи Шодмон Юсуфро гиромӣ дошта, изҳор доштааст, ки номи ӯ дар таърихи давлатсозии муосири тоҷикон, мубориза барои озодӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ ҷовидон хоҳад монд.

Рӯҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *