
МУКОЛАМАИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ Ё МУСОИДАТ БА САРКУБҲО?
Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон нахустин Муколамаи зидди ваҳшатафканӣ (терроризм) байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷамъ омада, масъалаҳои мубориза бо ваҳшатафканӣ, арзёбии таҳдидҳои ваҳшатафканӣ, роҳҳои муқобила бо тундгароӣ, таъқиби судӣ, мутобиқсозии бозгаштагон ва инчунин мубориза бо таблиғоти хашини интернетиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар изҳороти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар ин мулоқот инчунин ҳамкорӣ бо кишварҳои севум ва эҳтимоли муколамаҳои дигари бисёрҷониба низ баррасӣ шудааст. Иттиҳоди Аврупо бар зарурати пайванди тадбирҳои зидди ваҳшатафканӣ бо эҳтироми ҳуқуқи инсонро таъкид намудааст ва «муколамаи созандаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ» истиқбол кардааст. Қарор аст даври ояндаи ин муколама дар Брюссел баргузор шавад.
Аммо, агар аз чорчӯбаи гузориши расмӣ берун бароем ва ба ин рӯйдод бо назари сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳ кунем, ин муколама на он қадар хушоянд менамояд. Дар аввал, шояд барои шунаванда ё хонандаи аврупоӣ баргузории чунин нишаст, ки мақсадаш мубориза бо ваҳшатафканӣ ва тундгароӣ аст, як амри табиӣ буда, ҳатто сазовори таҳсин аст. Зеро ваҳшатафканӣ (терроризм) воқеан як таҳдиди ҷаҳонӣ аст ва ҳамоҳангии минтақаҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар ин замина дорои аҳамият мебошад.
Вале воқеиятҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар аксари давлатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон, нишон медиҳанд, ки мафҳумҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм беш аз ҳама ба сифати як абзори сиёсӣ ва василаи фишор, таъқиб ва саркӯб кардани одамон аз тарафи ҳукумат истифода мешаванд.
Дар Тоҷикистон солҳост, ки бо баҳонаи муқобила бо ваҳшатафканӣ (терроризм) ва тундгароӣ (экстремизм) ҳазорон нафар ба зиндонҳо андохта шудаанд. Қонунгузории кишварҳои минтақа, аз ҷумла қонунҳои зиддитеррористии Тоҷикистон, ба андозае печида ва норавшан ҳастанд, ки бо он ҳар гуна интиқоди сиёсат ё фаъолиятҳои мусолиматомезро метавон зери тамғаи «экстремизм» қарор дод. Намунаҳои зинда ба мисли баста шудани даҳҳо расонаҳои мустақил, фирорӣ ё зиндонӣ шудани рӯзноманигорон ва фаъолон, парокандасозии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба сифр фаровардани нуфузу эътибори адвокатура ва ғайра, ин ҳама зери ниқоби мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ сурат гирифтааст.
Агар Иттиҳоди Аврупо дар ин муколамаҳо воқеан ба пойбанди ҳуқуқи инсон будани сиёсатҳои зиддитеррористӣ таъкид кунад, суоли муҳим ин аст, ки оё метавонад дар баробари ҳамкориҳои худ аз режимҳои худкома посухталабӣ кунад?
Иттиҳоди Аврупо борҳо нишон додааст, ки дар заминаи муносибатҳо, масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар муқобили манфиатҳои стратегии амниятӣ ва иқтисодӣ камранг мешаванд. Сиёсатмадорон ва коршиносони ҳуқуқи инсон ба хубӣ медонанд, ки ҳамкорӣ бо давлатҳои худкома дар сатҳи амниятӣ бидуни назорати сахт, на танҳо замонати ҳуқуқи инсонро таъмин намекунад, балки метавонад ин режимҳоро бештар қавӣ созад, чун онҳо дар паси чунин ҳамкориҳои байналмилалӣ, зулму истибдоди худро легитимӣ мекунанд.
Ин ҳамоиши Душанбе низ аз ҳамин найрангҳо берун нест. Дар изҳороти расмӣ сухан аз «таблиғоти хашини интернетӣ» рафт, аммо чизе гуфта нашуд, ки ин интернет дар кишварҳое мисли Тоҷикистон чи гуна маҳдуд ва зери назорати шадиди хадамоти амниятӣ қарор дорад.
Замоне, ки сухан аз «тундгароӣ» меравад, оё ҳеҷ як иштирокчии аврупоӣ ба вазъи дохилии сиёсӣ, чигуна ба вуҷуд омадани муҳити саркӯбгароёна, фишор ба афкор ва мазҳабҳои мухталиф, ба омилҳои авҷи бекорӣ ва фақр, ки ҳамаи инҳо заминаи аслии тундгароӣ мебошанд, ишора кард? Ё тамоми гуфтугӯ боз ҳам ба ҳамон масоили техникии «мониторинг», «мушкилоти таблиғотӣ» ва «идоракунӣ ва реинтегратсияи бозгаштагон» маҳдуд шуд?
Ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, ки метавонистанд дар чунин ҷаласаҳо назарҳои мустақил ва танқидиро ворид кунанд, дар ин кишварҳо, хусусан дар Тоҷикистон ё баставу пароканда шудаанд, ё зери таҳдиду назорат қарор доранд.
Аз ин рӯ, муколамаҳои сатҳи ҳукуматӣ, агар бе иштироки муҳими ташкилотҳои мустақил ва журналистони озод сурат гиранд, бештар ба «нимоишнома»-ҳои дипломатӣ мемонанд, ки ҳар тараф барои дар ҳисоботҳояшон зикр кардану нишон додани «ҳамкорӣ» истифода мебаранд.
Бо ин ҳама, муҳим аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар чунин раванди ҳамкорӣ танҳо ба таҳкими иқтидорҳои ниҳодҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ қонеъ нашавад. Баръакс, бояд ба шароити воқеии додгоҳӣ, ба нуфузи вакилони дифоъи ҳуқуқ, озодии матбуот ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳад. Зеро таҷриба собит кардааст, ки саркӯб ва поймолкунии ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ ба ҷойи паст кардани хатари тундгароӣ, бештар онро афзун мекунад, чун пинҳонкориҳоро зиёд мекунад ва ба шаклҳои хатарноктаре табдил меёбад.
Аз ин рӯ, муколамаҳои зиддитеррористӣ бо кишварҳое, ки худ ба қонуншиканӣ, саркӯби озодиҳо ва даҳшатафканӣ машҳуранд, бояд на танҳо майдони баҳсҳои техникии амниятӣ, балки пеш аз ҳама фурсати фишори сиёсӣ барои талаб кардани ислоҳоти амиқи ҳуқуқӣ ва демократӣ бошанд. Дар акси ҳол, мубориза бо терроризм метавонад танҳо баҳонае шавад барои тақвияти давлатҳои худкома ва идомаи сензура, таъқибу маҳдудиятҳои шаҳрвандон, ҳамон чизҳое, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳуҷҷатҳои худ бо забони расмӣ муқобили он аст.
Имрӯз Иттиҳоди Аврупоро зарур аст, дар муносибат бо кишварҳои диктотурӣ шаффофона аз худ дарак диҳад, ки дар баробари манфиатҳояш, ҳуқуқу озодӣ, шаъну шарафи инсон ва рушди ҷомеаи демократӣ аҳамият доранд ё хайр.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating