Мансабдор дар Суғд бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд

Ба дигарон фиристед

Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд, Абдуллозода А., бо гумони даст доштан дар азхудкунии беш аз 4 миллиону 386 ҳазор сомонӣ маблағи будҷа, аз сӯи Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Оҷонсӣ иттилоъ дода навиштааст, ки тибқи тафтиши пешакӣ Абдуллозода дар ҳамдастӣ бо як мутахассиси раёсат, як сокини маҳаллӣ ва панҷ раҳбари ширкатҳои хусусӣ, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, маблағҳои ҷудошуда барои беҳсозии заминҳои кишоварзӣ ва таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Мастчоҳи вилояти Суғдро ба манфиати шахсӣ масраф кардаанд.

Ин маблағҳо, ки барои иҷрои тарҳҳои муҳими солҳои 2023–2024 пешбинӣ шуда буданд, ба гуфтаи манбаъ, аллакай пурра ба хазинаи давлат баргардонида шудаанд. Бо анҷоми таҳқиқоти ибтидоӣ, парвандаи ҷиноятии муттаҳамон барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки фасод дар сохторҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мавзуи баҳсу интиқод будааст. Худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бархе аз суханрониҳои худ ошкоро ба вуҷуди чунин қонуншиканиҳо ишора карда, ҳатто гуфта буд: «Медонам, ки мақомот ба чӣ корҳо машғуланд», аммо бо вуҷуди ин ҳеҷ кушиши назаррасе дар мубориза алайҳи фасодкорон дида намешаванд. Бештари вақт наҳангфасодкорон дар як масъулият агар фасодкорияшон ошкор шавад, ба масъулияти дигар мегузаранд. Мисли Қосим Роҳбар, собиқ раиси ҳукумати вилояти Суғд, ки ҳангоми дар ин симмат буданаш ба фасоди бузург даст зад, ҳарчанд аз ин симаташ барканор шуд, вале баъдтар ба ҷои он ки ба ҷавобгарӣ кашида шавад, вазири кишоварзӣ таъин шуд. Тибқи хабарҳое, ки дар бораи Қосим роҳбар расонаӣ шуд, ин нафар ҳеҷгоҳ аз фасодкорӣ даст накашидааст.

OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, як созмони таҳқиқотие, ки масоили фасод дар зинаҳои болоии давлатӣ дар кишварҳои дунёро таҳқиқ мекунад, дар як гузоришаш бо номи Suisse-secrets (Асрори Credit Suisse) хабар дода буд, ки Қосим Раҳбар (Қосим Қосимов), аз соли 2004 то 2011 дар ҳисоби бонкиаш дар бонки Credit Suisse дар Швейтсария 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки Швейтсария дошт. Ин маблағ бо қурби ҳамонрӯза ҳудудан 9 миллиону 650 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин маълумот ҳамагӣ чанд рӯз баъди раиси шаҳри Ҳисор таъйин шудани Қосим Раҳбар расонаӣ шуд. Вале бо як нақли афсонаи «мадҳушӣ» ҷонашро халос карда буд.

Замин тавр мисли ин ҳодисаҳо, ки як мансабдор бо ҷасорати тамом моликияти давлатӣ ва маблағи буҷаро медуздад, кам нестанд. Боиси нигаронӣ онаст, ки «наҳангони калон» дар озодӣ мемонанд ва танҳо «моҳичаҳои рӯи об» шикор мешаванд.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *