
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникиро баррасӣ карданд
23 июл дар доираи сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус, ҷаласаи ҳошиявии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ‑техникӣ баргузор гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар дод.
Ба иттилои манбаъ ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии саноати ҳарбии Беларус Дмитрий Пантус ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир роҳбарӣ карданд.
Тибқи иттилоъ, ҷонибҳо масоили асосии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи ҳарбӣ‑техникӣ баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, иҷрои лоиҳаҳои амалкунанда, самтҳои ҳамкорӣ, мубодилаи таҷҳизот ва технологияҳо, инчунин имкониятҳои таҳияи муштараки таҷҳизот мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми музокирот, ду ҷониб протоколи ҷаласаро ба имзо расониданд, ки дар он тавофуқот ва қадамҳои минбаъда барои тавсеаи шарикии ду кишвар сабт шудаанд.
Average Rating