Макрон: Фаронса давлати Фаластинро эътироф мекунад

Ба дигарон фиристед

Президенти Фаронса Эмануэл Макрон эълон кард, ки кишвараш расман давлати мустақили Фаластинро эътироф хоҳад кард.

Дар бораи ин қарор ӯ рӯзи панҷшанбе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (Twitter-и пешин) хабар дод.«Бо вафодорӣ ба ӯҳдадории таърихии худ барои таъмини сулҳи одилона ва пойдор дар Ховари Миёна, ман қарор қабул кардам, ки Фаронса давлати Фаластинро эътироф кунад», — навишт президенти Фаронса.

Ба гуфтаи ӯ, эълони расмӣ дар бораи ин иқдом моҳи сентябр дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ садо хоҳад дод. Макрон таъкид намуд, ки ин иқдоми Фаронса ба қатъи ҳарчи зудтари ҷанг дар навори Ғазза ва сабук намудани бӯҳрони башардӯстона равона шудааст.

«Имрӯз зарур аст, ки ҷанг дар Ғаззаро хотима диҳем ва ба аҳолии осоишта кӯмак расонем. Фаронсавиҳо дар Ховари Миёна сулҳ мехоҳанд», — илова кард ӯ.

Бо ин эълон, Фаронса нахустин кишвари бузурги Иттиҳоди Аврупо мешавад, ки дар соли ҷорӣ нияти эътирофи Фаластинро эълон кардааст.

Қаблан, дар моҳи майи соли 2024 чунин иқдомро Норвегия, Испания ва Ирландия анҷом дода буданд, ки боиси вокуниши шадиди Исроил гардид.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад, ҳамоно зидди эътирофи яктарафаи Фаластин баромад карда, бар зарурати музокироти мустақим миёни ҷонибҳо таъкид мекунад.


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *