
Изҳороти ИА нисбати беэҳтиромии Русия ба муҳоҷирони корӣ
Баёнияи Иттиҳоди Аврупо дар бораи беэҳтиромии Русия нисбат ба муҳоҷирон, ки рӯзи 24 июл пахш шуд, дар он аз афзоиши фишору муносибати таҳқиромез нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ шудааст ва аз мақомоти Маскав талаб шудааст, ки ҳуқуқи инсон, озодиҳои бунёдӣ ва каромати инсонии муҳоҷиронро эҳтиром кунанд.
Дар чанд соли охир Русия барои садҳо ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойи кор ва умеди зиндагӣ буд, вале ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ, фазои муносибат бо онҳо ҳарчи бештар ба фазои тарс ва таҳқир табдил мешавад. Баёнияи ахири Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 24 июл нашр шуд, маҳз ба ҳамин вазъ таъкид мекунад. Дар изҳороти расмӣ омадааст, ки мақомоти Русия бояд ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷирон эҳтиром гузоранд ва ба истифодаи маҷбурии онҳо дар ҷанги зидди Украина хотима диҳанд.
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки гузоришҳо дар бораи табъиз, латукӯб, беэҳтиромӣ ва ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирон, бахусус тоҷикон, дар давоми як соли охир ба як мушкили доимӣ табдил ёфтааст.
«Дар ин замина, мо ҳамчунон аз гузоришҳои марбут ба табъиз ва муносибати бераҳмона нисбат ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия, ки бисёре аз онҳо тоҷиконанд ва чунин ҳолатҳо дар тӯли соли ҷорӣ идома доранд, сахт нигаронем. Русия муваззаф аст, ки ба ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва каромати онҳо эҳтиром гузорад. Мо ҳар гуна кӯшиши Русияро барои истифодаи шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷанги таҷовузкоронаи худ алайҳи Украина маҳкум мекунем.» — омадааст дар баёния.
Манбаъҳои гуногун, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи башар, мегӯянд, ки фишор ба муҳоҷирон пас аз рӯйдодҳои хунини Маскав дар «Крокус» дар баҳори гузашта бештар шуд ва ҷомеаи муҳоҷирон ба як қишри осебпазир табдил ёфт, ки ҳам қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти ҳуқуқӣ афзуд ва ҳам кирдорҳои нозии мардуми таҳҷоӣ нисбати муҳоҷирон бештар шуд.
Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи худ ҳамзамон бо ишора ба сукут ва беамалии давлатҳои аслии фиристандаи муҳоҷирон баён мекунад, ки масъулияти ҳимояи шаҳрвандон пеш аз ҳама бар дӯши ин давлатҳост.
Бояд гуфт, мавзӯи муҳоҷирон дар солҳои охир аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ пайваста матраҳ мешуд. Аз ҷумла, Паймони Миллии Тоҷикистон, ҳам бо муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам тавассути як қатор муроҷиатҳо ба созмонҳои байналмилалӣ ва худи Иттиҳоди Аврупо, аз афзоиши боздоштҳо ва шиканҷаҳои муҳоҷирон дар Русия изҳори нигаронӣ карда буд.

Илҳомҷон Ёқубов: Мо талаб мекардем, ки Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи байналмилал нисбати ин қазия бетараф набошанд.
Дар робита ба ҳамин мавзуъ, Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо, ба Паём гуфт:
«Хусусан дар як соли охир вазъият дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик хеле сангин шудааст. Мо пайваста масъалаҳоро ба созмонҳои ҳуқуқи башар мерасонидем, аз ҷумла дар мавриди гирифтани изи ангушт ва ДНК, боздоштҳои беасос ва фишорҳои дигар. Мо талаб мекардем, ки Иттиҳоди Аврупо ва ҷомеаи байналмилал нисбати ин қазия бетараф набошанд. Фикр мекунам, маҷмӯи ҳамингуна муроҷиатҳо ва мушоҳидаҳои мустақими созмонҳои аврупоӣ сабаби он гардид, ки Иттиҳоди Аврупо бо чунин изҳорот вокуниш нишон диҳад».
Дар ин баёнияи худ, Иттиҳоди Аврупо инчунин ба паҳлуҳои дигари ҳолати нигаронкунандаи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷиикистон низ ишора кардааст. Аз ҷумла, аз радди иҷозаи нозирони байналмилалӣ барои мушоҳидаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон ва ҳам аз танг шудани фазои матбуот дар ин баёния изҳори нигаронӣ шудааст.
Ин мавзеъгирии Иттиҳоди Аврупо баёнгари он аст, ки масъалаи муҳоҷирон дигар танҳо як мушкили иҷтимоӣ нест. Вақте ҳазорон муҳоҷир, ки ба Русия барои кору зиндагӣ мераванд, ба ҷои ҳимоят шудан аз ҷониби мақомоти зидахл ва кишварҳои муҳоҷирфирист, баръакс таҳқир мебинанд, ин масъала ба сатҳи умумибашарӣ мебарояд. Ҳоло бояд дид, ки оё ин огоҳии Аврупо метавонад боиси тағйир дар сиёсати Маскав ва кишварҳои муҳоҷирфирист гардад ё боз ҳам ноадолатиҳо идома хоҳанд ёфт.
Average Rating