
Даргузашти Шодмон Юсуф, нахустин раиси ҲДТ
Шодмон Юсуф, бунёдгузор ва нахустин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Венаи Австрия даргузашт. Дар бораи марги ин сиёсатмадори шинохта вебсайти «Ойина» иттилоъ дод.
Шодмон Юсуф, хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Саратов, солҳои тӯлонӣ дар донишгоҳҳои омӯзгории Кӯлоб ва Душанбе ва баъдан дар Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ раҳбарии кумитаи Ҳизби коммунист дар Академияи илмҳоро низ ба уҳда дошт.
Моҳи августи соли 1991 дар конфронси муассисон ба ҳайси раиси нахустини ҲДТ интихоб гардид. Аксари аъзои аввалияи ин ҳизб зиёиён, устодони донишгоҳ ва фаъолони ҳаракатҳои сиёсӣ, аз ҷумла «Растохез» ва «Рӯбарӯ» буданд.
Бо оғози ҷанги дохилӣ дар соли 1992, ҲДТ ба унвони яке аз ҷонибҳои даргир шинохта шуд. Шодмон Юсуф роҳбарии нирӯҳои ҷонибдори Ҳукумати муросои миллиро дар чаҳорчӯби “Ситоди Наҷоти Ватан” ба дӯш дошт. Аммо бо пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аксари раҳбарону фаъолони ҲДТ ба муҳоҷират рафтанд.
Соли 1994 Шодмон Юсуф дар сафи Кумитаи ҳамоҳангсозии ҲДТ талош кард ҳизбро дубора сабтином кунад ва боз раиси ҳизб интихоб шуд. Бо ин ҳол, ихтилофи назар дар дохили ҳизб бар сари равиши муборизаи сиёсӣ боис шуд, ки ҲДТ ба ду ҷиноҳ — «Ҷиноҳи Теҳрон» ва «Ҷиноҳи Алмаато» — тақсим гардад.
Ҷиноҳи Алмаато, ки муборизаи мусаллаҳонаро интихоб карда буд, дар музокироти сулҳ ширкат намуд ва баъзе аъзояш вориди ҳукумати созишии баъд аз сулҳ шуданд. Ҷиноҳи Теҳрон, ки қабл аз анҷоми музокирот бо давлат муомила карда буд, дар тақсими қудрат саҳм нагирифт. Ин раванд Шодмон Юсуфро аз мухолифони оппозитсия ҷудо карда, ӯро ба як танқидгари равшани исломгароён табдил дод.
Дар солҳои ахир, фаъолияти сиёсӣ ва ҷамъиятии ӯ камранг шуда, асосан ба таҳқиқоти илмӣ машғул буд ва аз иртибот бо расонаҳо худдорӣ мекард.
Ҳизби демократ, ки Шодмон Юсуф аввалин раҳбари он буд, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фишорҳои дохилӣ ба чанд ҷиноҳ тақсим шуд. Соли 2006, пас аз боздошти раиси он Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлия Масъуд Собировро раҳбари ҳизб шинохт, ки ин боиси ихтилофҳои нав дар дохили ҲДТ шуд. Минбаъд раҳбарии ҳизбро Саидҷаъфар Усмонзода ба ӯҳда гирифт ва дар ду даъват вакили Маҷлиси намояндагон буд.
Дар моҳи майи соли 2024, анҷумани ҳизб Усмонзодаро барканор ва Шаҳбози Аброрро раис интихоб намуд. Усмонзода анҷуманро ғайриқонунӣ донист, вале худаш моҳи июни соли 2023 боздошт ва моҳи феврали 2025 бо иттиҳоми «табаддулоти давлатӣ» ва «хиёнат ба давлат» ба 27 сол зиндон маҳкум шуд.
Бо даргузашти худ Шодмон Юсуф, яке аз чеҳраҳои муҳими оғози фаъолиятҳои ҳизбии демократӣ дар Тоҷикистон ва як шоҳиди марҳалаҳои ҳассоси таърихи муосири кишвар ногуфтаҳояшро бо худ бурд.
Average Rating