
Омбудсмени «обсофкунак» ва фоҷеаи худкушии зан бо чаҳор фарзандаш
Фоҷеае, ки дар ноҳияи Фархор рух дод ва модари 27-сола, Мадина Ҳалимова чаҳор фарзанди хурдсоли худро дар шаби 29 ба 30 июни соли 2025 бо худ ба рӯди Сурхоб партофт, агар дар ҳар кишвари дигар рух медод, шояд сару садоҳоеро ба миён меовард ва мақомот ва ҷомеаро хиҷолатзада мекард. Аммо, мебинем, ки мақомот боз ҳам бештар дар ғами сафед кардани худ ҳастанд, на ҳамдардӣ бо мардум доранд, на дар ҷустуҷӯи омилҳо ва сабабҳои аслӣ ҳастанд. Ҳатто Омбудсмен кушиш дорад ҳама айбу гуноҳро ба души қурбонӣ бор кунаду «аз об тар нашуда барояд.»
Пас аз ин ҳодисаи мудҳиш, Омбудсмени Тоҷикистон, Умед Бобозода бо як изҳорот дар торнамои расмии Омбудсмен навишт, ки аз ҳодисаи рухдода сахт «нигарон» аст ва ҳалокати кӯдаконро «руйдоди ташвишовар» номид. Ӯ гуфт, ки «бояд чораҳои фаврӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон андешида шаванд.» Аҷабооо!
Бубинед, дар изҳороти расмӣ Омбудсмен дар бораи шароити иқтисодӣ, вазъи иҷтимоӣ, набудани шуғл, фишорҳои рӯҳӣ, камбудиҳои дастрасӣ ба кумакҳои равонӣ ё ҳатто беадолатиҳои идорӣ комилан гап намезанад.
Ба ҷои ин, ӯ таъкид мекунад, ки «таҷрибаи омӯхташуда нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолатҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон аз тарафи худи волидайн ё хешовандони наздик, ҳамонҳое, ки кӯдакон ба онҳо эътимод доранд ва дӯсташон медоранд, поймол мегардад.» Ҳамин тавр, гӯё фоҷиа танҳо масъалаи масъулияти волидон бошад ва давлат, мақомоти иҷтимоӣ, хадамоти равонӣ ва низоми кӯмакҳои иҷтимоие, ки бояд чунин қазияҳоро пешгирӣ кунанд, дар Тоҷикистон вуҷуд надоранд ва ё ҳаммаи масъулашон мурдаанду гурро хабар нест.
Дар суханрониаш Умед Бобозода, ҷомеа, мақомоти давлатӣ ва падару модаронро ба «фаъолияти бештар дар самти ташкили муҳити амну мусоид барои насли наврас» даъват кард. Ҳамзамон таъкид намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ байни аҳолӣ зиёд карда шаванд, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ боло бурда шавад ва механизми назорати ҷамъиятӣ барои риояи ҳуқуқи кӯдак таъсис ёбад. Аммо ба ин суол хуб мебуд Омбудсмен ҷавоб медод, ки модаре то ин ҳоли даҳшат мерасад, меҳри модарияш аз ҳавлу ваҳшати равонияш чунон бухор шуда меравад, ки маҷбур мешавад бо чаҳор кӯдакаш худро ба об андозад, чигуна дар кадом шароит ба ин ҳол расид? Чӣ чиз ӯро водор кард, то ин ҳад «бехуд» шавад ва ҳам ба ҷони худ ва ҳам ба ҷони ҷигарбандонаш қасд кунад? Мисли ин ҳодисаҳо чанд ҳастанд, ки расонаӣ нашудаанд ва мижаи Омбудсменро таҳ нахурондаанд?
Чаро ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон барномаҳои ҳақиқии кумаки равонӣ ва иҷтимоӣ барои оилаҳои дар ҳолати шадиди стрессбуда вуҷуд надорад? Чаро мақомоти маҳаллӣ ва кумитаҳои занон танҳо овора ба эзору руймоланд. Барои русарии занон метавонанд ҳама корро яксу монда, «облава» ташкил кунанд, дар ба дари мардум гашта, дар бораи эзору русарии мардум метавонанд «лексия» хонанд, аммо, дар ин масъала бошад, бо ҷаласаҳо ва нигарониҳои хушку холӣ рисолаташонро тамомшуда медонанд? Чаро ин саволро Омбудсмен ба миён намегузорад?
Мебинем, ки ин мавқеи Омбудсмен беш аз он ки дар бари шаҳрвандон бошад, ба ҳимоят аз низом ва сафед кардани бемасъулиятии давлат монанд аст. Вай ба ҷойи дар назди мақомоти иҷроия пурсиш гузоштан, ки чаро хидматрасониҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва ҳифзи кӯдак дар сатҳи зарурӣ кор намекунанд, тамоми айбро ба гардани оилаҳо бор мекунад. Ин хилофи рисолати аслии Омбудсмен аст. Зеро Омбудсмен бояд пеш аз ҳама пуштибони ҳуқуқҳои шаҳрвандон бошад ва аз ниҳодҳои давлатӣ талаб кунад, ки масъулиятҳояшонро иҷро намоянд, на ин ки танҳо ба «нигаронӣ» ва «даъват ба тарбия» иктифо кунад.
Агар мақоми Омбудсмен воқеан мустақил мебуд ва рисолати ҳуқуқбунёдии худро ҷиддӣ мегирифт, бояд бо даъвати таҳқиқоти мустақил, нашри омори воқеӣ дар бораи худкушиҳо ва марги кӯдакон, ҳамчунин пешниҳоди тағйирот дар қонунгузорӣ ва буҷаи иҷтимоӣ баромад мекард. Аммо дар Тоҷикистон ин ниҳод бештар ба як навъ бахши таблиғотӣ табдил ёфтааст, ки вазифаи асосиаш сафед кардани сохторҳои давлатӣ аст. Маҳз ҳамин гуна мавқеъгирӣ боиси он мешавад, ки фоҷиаҳои монанди Фархор боз ҳам такрор шаванд, бе он ки касе масъулияти воқеӣ ба дӯш гирад.
Average Rating