Нафс ва истиқлол: Зиёии рӯҳафтода, буржуазияи камақл ва прогресс
…ҳанӯз ҳам аслан онҳое, ки худро нухбагони ин мардум меҳисобанд аз дӯхтаи дигарон, аз сохтаи дигарон ва пухтаи дигарон истифода мебаранд. “Фарҳангсолорон” дар фарҳанги дигарон зист доранд вале фарҳанг ва ҳолати худро дарк накардаанд. Мақсад аз ин ҳарфҳо, фаромуш кардани атола, қурутоб ва атласу чакан нест, балки мақсад ташкили шароит ва фазоест, ки фард фарди Тоҷикистон барои худ ва дигарон имкони фазосозӣ дошта бошанд. Мақсад ин маъниро дарк кардан зарур аст, ки фарҳанг фақат аз музей, китобхона ва театрҳо иборат нест, балки он механизми созандаест, ки аз ишқу дард, ақл ва имон шакл гирифта ва дар вуҷуди инсонҳо дар кор аст ва ба фарҳанг ва умуман ба зиндагӣ имкони будан медиҳад. Ин механизмест, ки ба мардум имкони ҷустуҷӯ, кашфиёт, ихтироъ, халлоқият ва гуфтани ҳарфи навро дар ҳаёт медиҳад. Чи гунае, ки дар боло зикр кардем, фарҳанг агар ҳарфи нав, нафаси нав надошта бошад ва фикр, ҷаҳонбинӣ ва умуман сифати ҳаёти мардумро дигар кардан натавонад ҳастии ягон миллат нест, балки танҳо осорхонаи миллат аст.
Зиёии рӯҳафтода, буржуазияи камақл ва прогресс
Акнун аз ин қабилаи зиёӣ, ки бунёди мустақили созандагӣ ва халлоқияти худро инкор мекунад ва ба фикр ва идеологияи таҳмилӣ бештар имон дорад, чи гуна метавон мардонагии ақлиро, ки Кант мехоҳад ва бунёди рушангароист, талаб кард. Имрӯз бадбахтӣ на ин аст, ки фасод ба ситема табдил ёфта ё нафси бетарбият ҳукмрон аст, балки дар ин аст, ки бунёди маънавӣ ва фикрии ҷомеа хароб аст ва бадбахтона зиёии рӯҳафтода худро ва дигаронро ба буҳрони вуҷудӣ бештар гирифтор карда истодааст. Ин мардум ҳатто барои оромии рӯҳии худ ҷавоб пайдо карда наметавонанд. Зиёданд мардуме, ки худ таҷрибаи рӯ ба рӯ шудани воқеият ва ҳастии худро надоранд ва андешаҳо ва идеологияҳои гуногун оворааашон карда. Он чи устоди зиндаёд Шакурии Бухороӣ дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта гуфта буд, ки нависандагони тоҷик биниши фалсафӣ ва худшиносӣ надоранд, воқеан баъди пош хӯрдани имперотурии Шӯравӣ аз худ дарак дод. Маълум шуд, ки на танҳо нависандагони мо ва иддае аз шоирони мо аз биниши фалсафӣ ва шинохти ҳастӣ дуранд, балки умуман дар ҷомеаи тоҷикон чунин мавҷуди фикркунанда, ки ҳастӣ ва воқеияти худро таҷриба карда бошад ва ба фикри нав имкони буданро дода бошад, қариб ки нест. Зиёд намояндагони қишри сеюм, ки худро зиёӣ ҳисоб мекунанд ба системаи фасод пайвастаанд ва имон доранд, ки низоми дурусти ашё ҳамин аст, ки онҳо доранд ва он дигаргун наметавонад шудан. Гурӯҳе, ҳануз дар ёди рӯзҳои хуби шӯравӣ зист доранд ва дар ин ақидаанд, ки давлату ҳукумат бояд шахсияти онҳоро сохта бошад, чунонки дар давраи Шӯравӣ буд. Ин маъниҳоро ба осонӣ аз мусоҳибаҳои нависанда, шоир ва файласуфони тоҷик, ки дар солҳои охир додаанд, метавон дарк кард. Аслан қавми шахсиятсоз ҳамин нависанда ва соҳибфикрони тоҷиканд, ки машруъият, нуфуз ва қудрати ҳар гуна давлат ба ҳақиқати бар дониш ва таҷруба устувори ҳамин соҳибфикрон вобаста аст. Вале, аз рӯи гуфта ва амалашон онҳо дар он сатҳанд, ки ҳукумат бояд шахсияти онҳоро сохта бошад. Аҷиб аст, ки акнун ки киро месохта бошад. Яқин аст ки дар офаридан ва шаклгирии вазъ ва ҳолати имрӯзаи якдигар, “боло” ё давлат ва қишри зиёии имрӯз нақш доранд ва ин чиз ҳам яқин аст, ки ҳар ду аз уфуқи андешаи равшан ва таҷрубаи солими фазосозӣ дур афтодаанд. Омехтаи ин ҳар ду қишр ё гурӯҳҳои дар ғорати мардуми худ муттаҳидшуда, падидаест, ки дар сиёсатшиносии имрӯз аз он ‘буржуазияи камақл’ (petty bourgeoisie, Agamben) ном мебаранд, ки арзишҳои созанда барои ин падида ё гурӯҳ дигар маъние надоранд. …
Ин аст, ки фарҳанги аҷибе шакл гирифтааст, ки на ба арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои суннатии мо ва на ба арзишҳо ва ормонҳои нав ё мудерни мо наздикӣ надорад. Дар ин фарҳанги нав, бо арзишҳои худ, чи суннатӣ ва чи мудерн, зиндагӣ надоранд, балки арзишҳо танҳо чун ниқобанд, ки барои худнамоӣ истифода мекунанд ва дар асл ин ҳамаро дар як нуқта, дар “зистан” хулоса кардаанд. Барои “зистан” ва ё чи хел ки дар ин фарҳанг ном мегӯянд “зиндагии худро ёфтан” дар ин фарҳанг пояҳои ҷомеаи солим, ки болои шоистасолорӣ ва саллоҳият меистанд, хароб шудаанд. Ва хиёнат ба қонуни мамлакат, зери по кардани он ва фурӯхтани он нуқтаи охирини зуҳури ин фарҳанг аст. Бо ин ҳама савдогарӣ чунон мепӯшанд, мегарданд ва мегӯянд, ки гӯё авлиё, аллома, ашрофи фарҳангӣ ва мардони созанда ҳамин қавманд. Куҷоянд нависанда ва файласуфони тоҷик то ин қаҳрамонҳои давр ва шароите, ки онҳоро шакл дода шинохта ва тафсир кардан тавонанд. Боре ин буржуазияи камақл, ҳаёти ҳазорҳо тоҷик ва тоҷикистонии дар фазои хушунат, ҷангзада ва рӯ ба раҳми худо партофта шударо ҳис мекарда бошанд, ки аз бесалоҳиятӣ ва беқобилиятӣ ва хиёнати ин қавм дар чи ҳоланд? Албатта не, ин қавм, ки аз номи “тоҷик”, “давлат”, “миллат”, “истиқлол” ва дигар арзишҳо лоф мезананд, вале танҳо саргарми кору бори шахсӣ, оилавӣ ва авлодии худанд, дар лаби соҳил аз рег қаср сохтани худро ҳанӯз нафаҳмидаанд. Ин ҳолатест, ки Мавлоно зикр карда буд,
Аз барф тавон кӯза баровард валек,
Кайфар барад он кас ба гаҳи пур кардан…
Дар ин ҷомеа, ки чунин фарҳанг шакл гирифта, зиёданд мардуме, ки дар нуқтаҳои калидии ҷомеаанд чун роҳи худсозиро, ки аз худогоҳӣ — шинохти ҳақиқат (илм, дониш) — қудрат ва фазосозӣ иборат аст нагузаштаанд ботинан холӣ ва харобанд ва наметавонанд инсонҳои фарҳангӣ будан. Будани виҷдон ва шуур ҳам ба будани ин роҳи худсозӣ вобаста аст. Инсони воқеан фарҳангиро дар ин ҷомеа “аҳмақу девона” меҳисобанд. Ҳарчанд ин падидаро Достоевский дар румони “Идиот” тасвире олӣ кардааст, вале фикр мекунам воқеияти Тоҷикистон хусусиятҳои худро дорад ва ба таҳлили дигар ниёз дорад. Арзишҳои суннатии тарс аз худо ва шарм аз мардум дигар кор намекунанд. Он сатҳи ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ва фарҳангӣ- ахлоқӣ, ки ба дониш, таҷриба ва ҳақиқате машруъ такя мекард дигар вуҷуд надорад ва касе худро дар баробари ҳақиқате ҷавобгар намедонанд. Ба сиёсатмадорӣ расидани буржуазияи камақл мушкилиест, ки ба нобудии фарҳанг ва сиёсат меорад ва ин мушкилӣ реша дар харобии бунёди маънавӣ ва фикрии ҷомеа дорад. Асли мушкилӣ ин аст, ки зиёӣ мавқеи муаянкунандаи худро ба онҳое дода, ки дар сиёсат тасмимгиранда, вале воқеан муаянкунандаи холианд. Яъне шабакаи рамзии ба вуҷуд омада маънии фарҳанг ва ҷомеаи мавҷударо додан наметавонад ва худ саддест дар роҳи шаклгирии маъниҳои нав ва дигаргунӣ дар сатҳи фарҳанг ва ҷомеа. …
Воқеан, мафҳуми “боло” реша дорад дар қаринаи Шӯравии Тоҷикистон, ки он вақтҳо “сверху решили” ё истилоҳҳои дигарро истифода мекарданд ва тоҷикон, ки садсолаҳо боз аз давлатдорӣ дур буданд дар муддати кӯтоҳе “боло” ё ҳукумат ва ҳукуматдоронро ба як мавҷуди трансенденталӣ ё “фаросӯи …” табдил доданд, ки имрӯз воқеан дар боло будагонро дигар намешиносанд ва сахт дар тарсу ҳарос ҳам ҳастанд. Ин тарс бе сабаб нест, зеро дар боло будагон ҳам ҳанӯз худшинос нестанд. Зеро худшиносӣ дар сатҳи давлат ва ҳукумат аз худшиносии, масалан, як донишҷӯи факултаи торих фарқ дорад. Худшиносӣ дар сатҳи давлат ва ҳукумат ин танҳо китоб навиштан нест, балки амалан дар сатҳи миллат ва давлат ин шинохтро исбот кардан аст. Имрӯз зиёд мардум дар ин фикранд, ки устод Бобоҷон Ғафуров бояст, ки на танҳо “Тоҷикон”- ро менавишт, балки дар ҳамон вақтҳо интегратсияи воқеии миллати Тоҷикро ҳам ба анҷом мерасонид. Албатта, ин кори танҳо як шахс, ҳатто қаҳрамони миллат ҳам наметавонист будан ва он чи гузашт ба як таҳқиқи мустақил ниёз дорад. Вале имрӯз бояд, ки ин тарҳи худшиносӣ амалан иҷро мешуд ва шавад ва бо ҳарфҳои дигар аз ин тарҳ ҳамчун сиёсати фазосозӣ ёд мекунанд ва ин сиёсатро Арендт ҳамчун сиёсати ҷаҳонсозӣ ёд мекунад ва Агамбен сиёсати пӯшонидани ҳаёти лучи мардум бо ягон тарзи ҳаёти беҳтар.
Мутассифона, “боло” танҳо имкони тамаллуқҷӯӣ ва доштани ностолҷӣ ё ёди хуше аз рӯзҳои хуби шӯравиро ба мардум ва аз ҷумла ба зиёиҳои ин кишвар додааст. Нависанда Саттор Турсун дар яке аз мусоҳибаҳои худ дар бораи ин тарс зикр мекунад, ки гуё дар боло будагон баъзан ташаббус барои ҳамкори нишон медиҳанд вале дар поён будагон ҳаракат надоранд ва дар ин фикранд, ки агар фикре пешниҳод кунем шояд боло написандад ва ин одат аз он аст, ки хуни ғуломӣ дорем. Ҳамин хуни ғуломист, ки чунин “боло” шакл гирифта ва чунин буржуазияи камақл дорем, ки фазоро аз ҷой ва қудратро аз қувва фарқ кардан наметавонанд. …
Ин ҳолат таъсири фарҳанги дигарон аст ва ин қавм ҳанӯз воқеият ва ҳастии худро рӯ ба рӯ нашудаанд. Ҳанӯз таркибҳои зери таъсири фарҳанги истеъморӣ ба вуҷудомада имкони доштани таҷрибаи асли худсозиро ба ин мардум надода истодаанд. Доштани таҷрибаи аслии худсозӣ ва ё технологияи худӣ -ҳақиқат — қудрат ва фазосозӣ маънии баргашт ба ягон фалсафа, таълимот ва ё идеологияи гузаштаро надорад. Балки ин маънии дар он сатҳе будан аст, ки дар пои худ истодан тавонӣ ва имкони истиқлоли воқеиро дошта бошӣ. Бубинед, ҳанӯз ҳам аслан онҳое, ки худро нухбагони ин мардум меҳисобанд аз дӯхтаи дигарон, аз сохтаи дигарон ва пухтаи дигарон истифода мебаранд. “Фарҳангсолорон” дар фарҳанги дигарон зист доранд вале фарҳанг ва ҳолати худро дарк накардаанд. Мақсад аз ин ҳарфҳо, фаромуш кардани атола, қурутоб ва атласу чакан нест, балки мақсад ташкили шароит ва фазоест, ки фард фарди Тоҷикистон барои худ ва дигарон имкони фазосозӣ дошта бошанд. Мақсад ин маъниро дарк кардан зарур аст, ки фарҳанг фақат аз музей, китобхона ва театрҳо иборат нест, балки он механизми созандаест, ки аз ишқу дард, ақл ва имон шакл гирифта ва дар вуҷуди инсонҳо дар кор аст ва ба фарҳанг ва умуман ба зиндагӣ имкони будан медиҳад. Ин механизмест, ки ба мардум имкони ҷустуҷӯ, кашфиёт, ихтироъ, халлоқият ва гуфтани ҳарфи навро дар ҳаёт медиҳад. Чи гунае, ки дар боло зикр кардем, фарҳанг агар ҳарфи нав, нафаси нав надошта бошад ва фикр, ҷаҳонбинӣ ва умуман сифати ҳаёти мардумро дигар кардан натавонад ҳастии ягон миллат нест, балки танҳо осорхонаи миллат аст. Вале агар нухбагон ё тасмимгирандагони ин мардум ба истилоҳи мутаффакирони имрӯза “муаянкунандаҳои холӣ” (empty signifier) бошанд ва натавонанд дар таркибҳои забон, фарҳанг ва ҷомеа дигаргунӣ ё имкон барои будани маъниҳои нав ба вуҷуд овардан, наметавон дар бораи ҳастии воқеии ин миллат ҳарфе зад. Аслан аз дӯхтан то сохтану пухтанро дар сатҳи ҷаҳони имрӯз тавонистан зарур аст, ки барои ин бунёди шинохт, корбурд ва истеҳсоли дониш, илму технология, бунёди иқтисод ва саноат ва доштани шарофати инсонии мардум зарур аст. Чун шароит бошад, чаро ин мардум, ки аз онҳо фарҳангсолор гуфта лоф мезанем натавонанд ба ин нуқта расидан ва дар баробари дигарон ҳарфи худро гуфтан. …
Average Rating