Усулҳои ҳуқуқбунёдӣ ва қонунмеҳварӣ
Баъзе масъалаҳои мубрами назарияи муосир ва фалсафаи ҳуқуқ
Моҳияти ғояи давлати ҳуқуқбунёд дар замони муосир дар тадриҷан ташаккул додан ва эътирофи арзишҳои демократӣ, соҳибихтиёрии халқ ҳамчун манбаи ҳокимият, тобеияти давлат ба ҷомеа зоҳир мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд чунин усулҳо (принсипҳо) ва вижагиҳо бидуни шак эътироф шудаанд: таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, мустақилияти судҳо (додгоҳҳо), қонунияти идора, ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон аз вайрон (халалдор) шудани ҳукуқи онҳо аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва ҷуброни зарари расонидашуда ба онҳо аз ҷониби муассисаҳои оммавӣ (давлатӣ).
Асос дар ғояи давлати ҳуқуқбунёд робитаи давлат бо ҳуқуқ аст, ки кафолати эътимоди онро давлат таъмин мекунад ва он дар тобеияти давлат ба ҳуқуқ, ҳимояи шаҳрвандон аз эҳтимолияти зулму ситами беасос ё бедодии худсаронаи давлат ва мақомоти он зоҳир мешавад.
Давлати ҳуқуқбунёд аввал худро бо меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда маҳдуд мекунад, ки ба онҳо бидуни истисно ҳама бояд тобеъ бошад, бахусус, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон. Муҳимтарин усули (принсипи) он волоияти ҳуқуқ аст. Волоияти ҳуқуқ маънои волоияти қонунро дорад, зеро, ки муносибатҳои ҷамъиятии асосии муҳимро маҳз қонунҳо танзим мекунанд. Ба воситаи волоияти қонун дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамаи ниҳодҳои (институтҳои) сиёсӣ заминаҳои олии ҳуқуқӣ, рӯҳи ҳуқуқ татбиқ мешаванд. Ҳамин тариқ, воқеияти ҳақиқӣ ва устувории ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, вазъи боэътимоди ҳуқуқии онҳо ва ҳимояи қонунии онҳо низ таъмин карда мешавад.
Волоияти қонун маънои умумияти онро низ дорад. Яъне соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ на бояд бидуни танзими қонунӣ монад, зеро ки дар акси ҳол ҷойҳои холиро дигар санадҳо метавонанд пур кунанд ва ба ҳамин тартиб қонунҳоро беэътибор карда, боиси паҳншавии (афзоиш) санадҳо шаванд. Албатта дар давлати ҳуқуқбунёд ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд риоя шаванд. Вале хеле муҳим аст, ки ин меъёрҳо ба иродаи манфиатҳои халқ мувофиқ бошанд. Чунин ҳолатро замоне мушоҳида кардан мумкин аст, ки агар ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба қонунҳои дар мақомоти олии қонунгузорӣ ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси олӣ бо риояи тартиби муқарраршуда қабул гардида, мувофиқат кунанд ва бахусус ба қонунҳое, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
Қонунҳо шакли ифодаи иродаи давлатии халқ буда, эътибори ҳуқуқии бештарро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии давлатӣ низ доранд ва асоси ҳамаи низоми ҳуқуқӣ мебошанд. Бинобар ин давлати ҳуқуқбунёд волоияти қонунро эълон ва таъмин карда, дар ҷомеа заминаҳои усулӣ ва арзишҳои сохти конститутсиониро дар қонунҳо муқаррар намуда, шароити мусоидро ҷиҳати татбиқи ғояҳои асосии онҳо ба вуҷуд меорад. Мавриди зикр аст, ки қонун дар ҳаёт пеш аз ҳама, меъёрҳоеро ҷорӣ мекунад, ки онҳо ҳокимияти халқро инъикос мекунанд. Ҳамзамон қонун кафолати демократия низ мебошад. Рисолати қонун инчунин содда кардани воситаҳо ва механизмҳо дар ҳифзи татбиқи принсипҳо (усулҳо), шакл ва институтҳои (ниҳодҳои) демократӣ мебошад.
Эътирофи давлати ҳуқуқбунёд маънои онро дорад, ки ҳамаи шаклҳои фаъолияти давлатӣ дар тобеияти ҳуқуқ ва бахусус, Конститутсия (қонуни асосӣ) бошад, ки таъиноти қаблии он дар ҷомеаи демократӣ маҳдуд кардани ҳокимитяи давлатӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон, кафолати рушд ва худидораи институтҳои (ниҳодҳои) асосии ҷомеаи демократӣ аст. Ҳокимитяи давлатиро ба воситаи ҳуқуқ маҳдуд карда, Конститутсия озодии қишрҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандонро, ки эълон карда буд, нигоҳ медорад. Ҳамин тариқ Конститутсия таъиноти марказии ҳуқуқро татбиқ мекунад ва амаликунандаи ҳадди ҳастии озодӣ мебошад.
Давлати ҳуқуқбунёд давлате аст, ки Қонуни асосии он ҳуқуқро муқаррар карда, ифодакунандаи воқеияти иҷтимоии ин ҷомеа ва давлат мебошад, ки ҳокимияти давлатиро ба воситаи ҳуқуқ маҳдуд карда, баёнкунанда ва таҳкимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ (модарзодӣ) ва дахлнопазирии шаҳрвандон низ мебошад.
Бояд таъкид кард, ки яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва муҳими назария ва таҷрибаи давлатҳои муосири ҳуқуқбунёд ва гуфтан мумкин аст, ки ҳадафи ниҳоии он надодани фурсат ва имконияту шароит ҷиҳати тамаркуз (консентратсия) ва инҳисори (монополия) ҳокимияти оммавӣ ба як шахс, мақомот ё гурӯҳи шахсон (ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайра), пешгирии худсарию зулму ситами ҳокимият дар ба таври ҳаққонӣ (воқеӣ), бо эътидол ва умумӣ риояи талаботи шаклҳои ҳуқуқии муносибатҳои (робитаҳои) дуҷониба (ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дуҷониба) миёни ҳокимияти оммавӣ ва шахс бо кафолати муносиб татбиқи амалии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки Конститутсия муқаррар кардааст, мебошад. Мавриди зикр аст, ки субъекти ҳуқуқӣ ва қобилияти ҳуқуқдории шахс, ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо вижагиҳои ҳуқуқии муносибати онҳо бо ҳокимият натиҷаи маҳсули ирода ва хоҳиши (ихтиёри) ҳокимияти сиёсӣ не, инчунин тӯҳфа ё гузашт кардан ба одамон низ не, балки ҷузъҳои таркибию асосии ба таври объективӣ ташаккули ҳуқуқ дар ҷомеа, ки риояи он барои ҳама ӯҳдадории ҳуқуқӣ ва бахусус, барои ҳокимияти оммавӣ ва намояндагони он аст. Чунин консепсияи (ҳуҷҷати хусусияти барномадошта) махсус ва таркиби (констукрсия) ғайриоддии ташкили ҳокимияти давлатӣ сатҳи хеле баланди рушди ҷомеа, ҳуқуқ ва давлатдорӣ ҳамчун заминаҳои ибтидоӣ барои таҳияи огоҳонаи таҳкими конститутсионӣ ва татбиқи амалии намунаи иҷтимоию таърихии мувофиқ ба давлатдории ҳуқуқбунёдро дар фаҳмиши муосир дар назар дорад. Зимнан ба ғайр аз орзуҳои субъективӣ, будани заминаҳои марбутаи объективии иҷтимоию таърихӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ низ хеле муҳиму зарур аст.
Мушоҳидаҳо ва таҳлилу баррасии таҷрибаи давлатҳое, ки режими сиёсии худкома доранд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки кору фаъолияти дастгоҳи давлатӣ чун қоида бо қонунҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қоидаҳо маҳдуд карда намешаванд, ё бинобар набудани иродаи сиёсӣ кӯшиши тадриҷан инкору риоя ва иҷро накардани санадҳои ҳуқуқии номбаршуда ба назар мерасанд, ки боиси таассуф аст.
Дар шароити шахспарастӣ шабоҳат додани давлат бо шахсияти доҳӣ ва пешвоҳо, ҳуқуқ ва қонун ба режимҳои сиёсии худкома хизмат мекунанд ва на баръакс.
Одатан чун қоида дар режимҳои сиёсии худкома ба ҳадафҳои ҳизбию сиёсӣ ва идеологӣ роҳбарони ҳизбҳои худро тобеъ карда, онҳоро ба мақсад мувофиқ, аз ҷумла сиёсӣ, идеологӣ, инқилобӣ қурбонӣ карда, кирдорҳои худро таъмини манфиатҳои миллию давлатӣ, амниятию синфӣ ва ғайра маънидод мекунанд. Чунин лаҳзаҳоро дар қонун, фармон ё қарори ҳукумат ва ё дигар санадҳои мақомоти давлатӣ инъикос мекунанд, аммо ин кирдори онҳо ҳуқуқи қонунӣ шуда наметавонад. Ҳамаи мақомот, ҳама гуна режимҳои сиёсиро қонунӣ кардан мумкин аст, вале онҳоро ҳуқуқи конунӣ кардан имконият надорад ва дар натиҷа чунин режимҳо заминаҳои иҷтимоӣ ва машруият надоранд.
Дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёди узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи арзишҳои стратегӣ ва санадҳои таъсисии созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, инчунин барқарор намудани робита ва густариши муносибатҳо бо давлатҳои муваффақу муосир низ ҳаст. Зеро иҷро ва риояи ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ ба зиммагирифтаи давлат масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахусус раҳбарияти сиёсиро дар назди давлатҳои алоҳидаи пуриқтидори иқтисодӣ ва созмонҳои молиявию иқтисодӣ бештар карда, боиси тадриҷан мукаммалтар шудани низоми сиёсӣ, беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ ва иқтисодӣ ва бахусус кафолатҳои амниятӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама шаффофтару ҳисоботдиҳанда будани ниҳодҳои давлатӣ низ хоҳад шуд. Дар ин робита бояд зикр намуд, ки принсип ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, инчунин шартномаҳои байналмиллалӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Бинобар ин агар шартномаҳои байналмиллалии Тоҷикистон қоидаҳои дигарро муқаррар карда бошанд, дар қиёс аз он меъёрҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст, қоидаҳои шартномаҳои байналмиллалӣ тадбиқ мешаванд. Яъне дар таносуби шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ва созмонҳои байналмиллалӣ авлавият ба субъектҳои хориҷӣ дода шудааст. Бидуни шак самимият дар муносибат ва иродаи сиёсӣ ҷиҳати риоя ва иҷрои шартномаҳо ва санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ аз ҷониби ниҳодҳои ҳуқуқтатбиқкунанда омили муҳиму зарурӣ, хеле ҷиддӣ ва стратегӣ мебошад.
Дар қаламрави Тоҷикистон ҳамаи санадҳои меъёрии таҳияшаванда набояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо мухолифат кунанд ва маҳз барои ҳамин онҳоро санадҳои зерқонунӣ меноманд. Масалан, санадҳои меъёрии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, инчунин мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоату деҳот ва ғайраҳо санадҳои зерқонунӣ мебошанд. Ҳамаи санадҳои зерқонунӣ бояд дар амал меъёрҳои қонунро мушаххас ва татбиқ кунанд.
Монеаи ҷиддӣ дар раванди ташаккули волоияти қонун хароҷоти идораҳо ва эҷоди меъёрии мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва ҷамоати деҳот низ мешаванд, ки моҳиятан ба қонунҳо мухолифат мекунанд ва дар баъзе мавридҳо шаҳрвандонро аз истифодаи дурусти қонунҳо, ки ба онҳо фурсатҳои мусоидро пешбинӣ кардаанд, маҳрум мекунад. Таҷрибаи таҳриф кардани қонунҳо (вайрон кардани қонунҳо) ва тафсири нодурусту мавриди амал қарор додани онҳо дар ҳар сатҳ натанҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ мумкин нест, балки аз ҳад зараровар аст, зеро ки расмиятпарастию қоғазбозӣ, бемасъулиятӣ инчунин фасодро ба вуҷуд оварда, ба ташаббусҳои манфиатбахши ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад.
Боиси нигаронӣ аст, ки то ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон низоми мукаммали ҳимояи инсон аз зулму беадолатӣ вуҷуд надорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон на ҳама вақт ва дар муҳлати кӯтоҳ метавонанд ҳуқуқҳои халалдоргардидаи худро барқарор карда, манфиатҳои қонуниашонро ҳимоя кунанд. Дар шароити афзоиши ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккил, ғоратгарии оммавӣ, авбошӣ, фасод, порагирӣ, нашъамандӣ ва куштор бо дарназардошти фаъолияти сусти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тартиботи ҳуқуқии устуворро, ки дар асоси татбиқи талабот оид ба қонуният бошад, таъмин кардан имконнопазир аст, яъне давлатро низ ҳуқуқбунёд гуфтан мумкин нест. Ба ғайр аз мушкилиҳои объективӣ боиси таассуф аст, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоати деҳот ба ҳамаи имконияту фурсатҳои дар ихтиёрашон буда ҷиддӣ мутаваҷҷеҳ намешаванд ва тарзу усулҳои ҳуқуқиро ҷиҳати ҳимояи шаҳрвандон ва мусоидат намудан дар ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо истифода намебаранд.
То ҳоли ҳозир мақомоти марбута одат ва дарку эҳсос накардаанд, ки натанҳо шаҳрвандон, балки ҳокимиятро низ ҳуқуқ маҳдуд кардааст.
Ба вазъияти нав ба вуҷуд омада, ки тадриҷан дар Тоҷикистон низ ташаккул меёбад, аксарияти шаҳрвандон одат накардаанд. Онҳо намедонанд, ки чӣ тавр дар шароити мусоир ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба кӣ муроҷиат намоянд. Ӯҳдадории мақомоти гуногуни давлатӣ нисбат ба ҳимояи ҳуқуқии онҳо чӣ гуна аст. Мақомоти давлатӣ ва ҷамоати деҳот ба шаҳрвандон дар моил шудани онҳо ба муҳити иҷтимоии зисташон мусоидат намекунанд. Маҳз барои ҳамин ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон заҳматҳои ниҳоят зиёди давлат ва шаҳрвандонро ҷиҳати рафъи ҳамаи ин камбудиҳо ва душвориҳо тақозо дорад. Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки назарияи ҳуқуқ ва фалсафаи давлати ҳуқуқбунёд ба рушди давлати муосиру муваффақ мусоидат хоҳад кард.
Хулоса, зимни навиштани ин мақола ҳадаф қиёси муфассали меъёрҳои марбутаи Конститутсияи Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ набуд. Муаллиф кӯшиш кард, ки вобаста ба имконият, шароит ва дастрасии манбаҳои илмӣ ва қонунҳои асосии тақрибан 40 давлат бо дарназардошти таҷрибаи сиёсӣ инъикоси давлати ҳуқуқбунёдро дар конститутсияҳо ва воқеиятҳои татбиқи амалии онҳоро таҳлилу баррасӣ карда, ба умумият ва тафовутҳои фарҳангию иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсӣ ва ҷуғрофию ҳуқуқӣ мутаваҷҷеҳ шавад.
Бояд таъкид намуд, ки меъёрҳои марбутаи Конститутсия тадриҷан раҳбарияти сиёсии давлатҳоро водор мекунад, ки:
- Зимни таҳкими заминаҳои истиқлолият ва таъмини кафолати амнияти миллӣ ва муқовимат ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳо зарурати ташаккул ва такмили низомҳои сиёсии демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро воқеан дарку эҳсос намуда, ҷиҳати расидан ба ормонҳои шаҳрвандони огоҳу бедор тадбирҳои мушаххас андешанд;
- Меъёрҳои Конститутсия оид ба давлати ҳуқуқбунёд критерия, индикатор, ошкоркунанда ва муайянкунандаи интихоби восита ва тарзу усулҳои зарурӣ ҷиҳати дар амал бо муваффақият татбиқ кардани арзишҳо дар робита ба ғоя, ҳадаф, вазифа ва стратегияи давлати ҳуқуқбунёд бояд бошад;
- Маҳз меъёрҳо оид ба давлати ҳуқуқбунёд метавонанд асосҳои андеша ва тафаккури интиқодӣ ва шаклҳои гуногуни фаъолиятҳои иҷтимоӣ оид ба ислоҳи муаммою мушкилиҳо ва ангезаю омилу сабабҳо дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ба хусус он субъектҳои ваколатдору босалоҳияте, ки дар робита ба масъалаҳои мавриди назарамон шуғл доранд, бошад;
- Меъёрҳои Конститутсия оид ба давлати ҳуқуқбунёд бидуни шак ҳамчун воситаи ҳавасмандкунӣ ҷиҳати итоаткунандаи қонун будани кирдору пиндори шаҳрвандон ва ба сатҳи сифатан нав расидани фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мусоидат мекунад;
- Оид ба ташаккули тасаввурот дар хусуси то чӣ ҳад тарз ва усули идораи давлат ба меъёрҳои Конститутсия дар бораи давлати ҳуқуқбунёд мувофиқат мекунад, мусоидат хоҳад кард.
Шокирҷон Ҳакимов
Доктори улуми ҳуқуқшиносӣ
Average Rating