Номус ва сиёсат. Байни Суқрот ва Чингизхон
Байни Суқрот ва Чингизхон мондан ин аст, ки мехоҳанд аз тамаддуни исломии тоҷикон унсури аслӣ ва созанда, унсури муайянкунандаи тамаддун, яъне унсури исломиашро нодида гиранд….
…Бисту панҷ сол бо арзишҳо чи кардаем? Ё ҷои арзишҳо танҳо латтаҳои дар чӯб кашидаи кӯчаҳои шаҳранд? Ё мо ин арзишҳоро надорем ва ё мавзӯро дигар бояд кард?! Хусусан вақте, ки роҳҳои худсозии дуруст, фикри мустақили таҳлилӣ дар ҷомеа вуҷуд надорад ва мавҷи касодӣ ва фасод қишри номусии ҷомеаро ба ноқили дигарон табдил дода ва қариб, ки аз байн бурдааст. Ин аст, ки аз вазъияти байни Суқрот, ки фикре пуё дошт ва савол медоду дар ҷустуҷу буд ва Чингизхон, ки ба дигарон муҳтоҷ буд то сиёсати ӯро дар сарзаминҳои забткардааш пеш бубаранд, баромадан даркор. Оқибати дар ин мавқеъ будан танҳо параноя (девонагии сиёсӣ), вазъи шизодӣ (ҷудоии ақл аз эҳсос) ва хушунат ҳаст…
Байни Суқрот ва Чингизхон
Албатта гуфтугӯҳо, равандҳо, падида ва воқеаҳои дунёи имрӯз ва бахусус мусалмононро, ки на танҳо решаи маҳаллӣ балки реша дар тарҳҳои фарҳангӣ, идеологи — сиёсии Ғарб ва Амрико доранд, бояд дуруст шинохт то сиёсатмадорон ба ҷои гуфтугӯ ба давоми таҷовузи дигарон болои мардуми худ табдил наёбанд.
Ин аслан масъалаи номус ва таърихи номус аст ва дар ташкили низоми ҷаҳонӣ, ки нақши ҳалкунанда мебозад ва тасмим мегирад. Ин қисса ва шинохти назарияи номус дар қаринаи (контексти) тоҷикон якдигарро пурра мекунанд.
Филип Боббит (Philip Bobbitt) муаллифи китоби ‘Сипари Ахилес: Ҷанг, сулҳ ва самти таърих’, дуруст қайд мекунад, ки ҷанги дурудароз, ки дар ибтидои соли 1914 оғоз шуд ва бо шикасти Шӯравӣ дар соли 1990 ба охир расид, ин ғалабаи назарияҳои “машруъияти”- и Ғарб буд. Ҷанге буд байни Фашизм, Коммунизм ва Парламентаризми Ғарб, ки ҳар як дар бораи машруъияти қонунҳои асосии худ, яъне номуси худ, ҳарф мезаданд ва ҳар кадом ваъда медоданд, ки зиндагии беҳтар ва осудатарро барои мардум метавонанд таъмин кунанд. Фикр мекунам, рӯҳи дунёи имрӯзро дуруст бояд шинохт, ки бозингарони наве ки арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои худро шиор мекунанд, боз дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва қонунҳои нави истифодаи қувваҳои ҳарбии худ дар нуқтаҳои гуногуни дунёанд.
Бале, Тоҷикистон давлати дунявист ва унсурҳои дунявият ва демократия дар вуҷуди ин фарҳанг аз қадим боз вуҷуд доранд ва аз ақл истифода бояд бурд то шинохт, ки зиёд мушкилоти ҷаҳони имрӯз худ дар тарҳҳое реша доранд, ки “тараққихоҳони” тоҷик ба онҳо такя карданиянд. Фикр мекунам аз ин чорчубаҳои эпистемологӣ, идеологӣ ва сиёсии маҳдуд берун бояд шуд ва бо мардуми худ ҷанги сардро ба охир расонд.
Ин ҷо як роҳ ҳаст таърихро бояд дарк кард, ки чист, ҳукумронии қонун (номус) –ро мустаҳкам кард ва стратегияи давлатии худро вобаста ба шароит муайян намуд. Мутассифона, сиёсатмадорон ва тасмимгирандагони мо, ки дар ҳошияи номус (қонун, низом) ва сиёсатҳои аслии ҷаҳони имрӯзанд, байни Суқрот ва Чингизхон мондаанд … Имрӯз ‘зиёии’ тоҷик вақте савол мегузорад, “Бухоро маркази тоҷикон буд ва ё маркази Ислому дин буд?” худ нишонаи нуқтаи охирини буҳрони фарҳангӣ ва равонии чунин зиёист, ки бунёди аслии фикри фалсафӣ ва сиёсии тоҷикро дидан наметавонанд, ки дар ҳамин давра шакл гирифта буд ва ба ду асли шинохт, ба ақл ва ба имон такя мекард. Ин фикри сиёсӣ дар либоси забони тоҷикӣ то инқилоби Октябр ҳукумрон буд, ҳарчанд, ки тоҷикон худ бевосита дар қудрат набуданд. Чи хел ки дар боло овардем дар ҳамин давраи Сомониён “тафаккури номусӣ”- и халқи тоҷик шакл гирифт, ки дар баробари фикри исломӣ ва фикри маҳаллии Ориёӣ, яке аз пояҳояш ҳамин фикри Юнонӣ буд. Аслан ғарбиён аз он фахр доранд, ки имрӯз бунёди тамаддуни Ғарбӣ болои арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои юнонӣ, яҳудӣ ва инчунин ҳуқуқи румӣ меистад.
Ба фикри файласуф Лео Страусс ‘мағзи таърихи ақлонии Ғарб, таърихи руҳонии Ғарб болои ҳамин фикрҳои аз ҳам фарқкунандаи тавротӣ ва фалсафӣ меистад, ки ҳаёти хуб чигуна аст. Ҳамин баҳс ё гуфтугӯи таърихӣ ба фикри Лео Страусс боиси пешравии Ғарб гардидааст.
Мутассифона имрӯз зиёии тоҷик яке аз унсурҳои аслии созандаи тамаддуни тоҷик ва ба хусус яке аз унсурҳои шаклгирии “тафаккури номусӣ”- и тоҷик фикри қуръониро мехоҳанд инкор кунанд ва ё нодида гиранд. Воқеан ин таъсири идеологияи болшевикист, ки имрӯз қисмате аз мардуми бо ном зиёӣ зарфияти таҳаммули фикри дигаронро надоранд.
Аҷиб ‘бунёдгароянд’, аз як сӯ бо номи мутафакирони мусалмони тоҷик фахр мекунанд ва аз фикру шеъри онҳо истифода мекунанд, аз дигар сӯ, фарҳанги тарбият кардаи он бузургонро инкор карданӣ мешаванд. Воқеан шинохти ин гуна бунёдгароӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон на камтар манфиатнок аз шинохти бунёдгароии исломист.
Ё ‘миллатчӣ -сотсиалистони’ мо мегӯянд, ин Шӯравӣ буд, ки имкони ҷашни рӯзи Рӯдакиро дод. Бале ‘инқилоби’ болшевикӣ барои тоҷикон имкони шинохт ва ҷашни Рӯдакиро дод, вале Рӯдакӣ, ки парвардаи болшевикон набуд. Рӯдакӣ зодаи фарҳанге буд, ки ақл ва имон бо ҳам созиш карда буданд. Мақсад на ҷанг бо таърихи гузашта аст, балки мақсад шинохти он фазои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангиeст, ки Рӯдакӣ ва садҳо нафари дигарро ба таърих ва фарҳанги ҷаҳонӣ дохил кард. Мақсад шинохтани технология ё ба истилоҳи Пури Сино синоатӣ, худӣ-ҳақиқат-қудрат ва фазосозист, ки метавонад тоҷикро боз ба таърих дохил кунад ва зиндагии ӯро ба ҳаракат табдил диҳад. Ин аст, ки чун баҳс болои номус ва сиёсат аст, замони шаклгирии тафаккури номусиро дар замони Сомониён бояст хубтар ва беҳтар омухт. Дар ҳамин замон ҳисси қонун ва инчунин системаи сиёсии давлат ва сиёсат ҳамчун назария ва амалия шакл гирифт.
Мутассифона, ‘зиёӣ’-и тоҷик, ки аз давраи Шӯравӣ боз таърихи афкори тоҷиконро дуруст намешинохт ва оғози сиёсатро ва фикри фалсафии бунёди сиёсатро ба воситаи болшевикон аз решаҳои ғарбӣ мешинохтанд. Аслан қисмати зиёди онҳое, ки шабу рӯз ба фарҳанги Исломии мардуми тоҷик баҳо медиҳанд ба таърихи фикрии тоҷикон аз рӯи китобҳои адабиёти тоҷик, ки барои хонандагони мактабҳои миёна навишта шудаанд баҳо медиҳанд. Шинохти дурусти ин давр, ки ба ҳарфи устоди зиндаёд Шакурии Бухороӣ реша дар “ҳалқаҳои меҳварӣ”-и қайдкардаи файласуфи маъруф Карл Ясперс дорад, худ имрӯз дарси хубе барои шинохти таърих, ҳукмронии қонун ва стратегияи давлат мебошад. …
Бубинед, баҳсҳои атрофи фарҳанги Исломӣ дар Тоҷикистон аслан давоми баҳсҳои сиёсии ҷаҳони имрӯзанд, ки зери тарҳи “бархурди тамаддунҳо” атрофи дин сар задаанд. Ин баҳсҳо барои сиёсатмадорони дар сари қудратбудаи мо як баҳонае буданд ва ҳастанд барои мухолифони сиёсии худро зери таъсир ва идора гирифтан ва инчунин ташкили пардаи пиндор барои пӯшонидани бесалоҳиятӣ ва бефаъолиятии худ. Ин баҳсҳо яке аз баҳсҳои аслӣ дар шаклгирии низоми нави ҷаҳонианд. Дар ин баҳс чиро Ислом ва мусулмонон ба мавзӯи асосӣ табдил ёфтаанд, ҳоло онки Чин ва ҳомилони “тамаддуни Чинӣ” барои сиёсатҳои Ғарб бештар хатар доранд. Аз як сӯ, чиро ки мусалмонон дар заминҳое пурсарват зиндагӣ доранд бо роҳбароне худкома ва ҷомеаҳои суннатӣ ва заиф ва аз сӯи дигар ҳарчанд, ки Фукуямо ва ҳамфикронаш дар ин фикранд, ки Ислом бо идеологияи ҳамарофарогирандаи либеролизм муқобилат кардан наметавонад, имрӯз тамаддуни исломӣ қобили истеҳсоли арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои нав метавонад будан. Вале чунон, ки шоҳидем дар натиҷаи даргириҳои сиёсии ибтидои садсолаи нав, бахусус баъди воқеаи 9/11 соли 2001 дар Нюйорк, дар мағзи мардуми омм аз Ислом як “фарҳанги дигар”, “фарҳанги хушунат” тарошиданд. Ва дар ин кор аз ҷосус- шарқшиносе мисли Бернард Левис сар карда то Поп Бенедикти XVI ва кардинолҳои ӯ фаъол буданд.
Поп Бенедикт дар Сентябри 2006 дар донишгоҳи Регенсбурги Олмон дар нутқи худ, дар бораи ақли Суқротӣ ҳарф зад, ки онро бояд пос дошт ва дуруст истифода кард. Дар ҳамин маврид, бо нодида гирифтани решаҳои тамаддуни исломӣ ва ё Ислом ҳамчун дин ва инчунин бо дар назар нагирифтани заминаҳои таърихии рӯйдодҳо ва ба хусус рӯйдодҳои охири асри 20 ва аввали асри 21, Поп аз Ислом ҳамчун дини ҷиҳод ёд кард, бехабар аз он ки худ давлатҳои бо ном демократӣ барои машъруият бахшидан ба даргириҳое ки дар мамлакатҳои мусалмонӣ ташкил мекунанд аз назарияи ‘ҷиҳод’ истифода мекунанд.
Аз дигар тараф агар масеҳият ба хусус калисои католикӣ ақлро ҳамчун унсури шинохт ва созанда баъди рӯшангароӣ (Enlightenment) ва инқилоби Фаронса маҷбур қабул карда бошад, мусалмонон дар давраи ‘тафаккури номусӣ’ онро ба таври таҳлилӣ-танқидӣ қабул ва истифода карда буданд. Рӯшангароӣ дар ин минтақа барвақттар оғоз шуда буд. Аслан ҳарфҳои поп ҳеҷ ҷои тааҷуб надоранд, чиро, ки масеҳият аз рузгоре, ки Макс Вебер гуфта буд, “ҳар ки арзишҳои дунёи навро қабул надорад марҳамат дарҳои калисо кушодаанд”, ва пеш аз он ҳам дигар дар ҷомеаи Аврупо овоз надоштанд, вале дар бозиҳои сиёсии бархурди тамаддунҳо ба бозингарони асосӣ табдил ёфтаанд.
Яъне, сиёсат имрӯз чунин аст, ки дарҳои калисо кушода шудаанд, вале барои паҳн кардани масеҳият дар мамлакатҳои ҷангзада ва ё буҳронӣ. Масалан он чунон, ки дар мамлакатҳои пасошӯравии Осиёи Миёна масеҳиён ба воситаи ташкилотҳои гуногун дини худро паҳн мекунанд (Pelkmans 2005, Julie McBrien ва M. Pelkmans 2008).
Бале, ин ҳолати масеҳиён ва калисои католикист, ки боз бори дигар мехоҳанд ба ҷомеа баргарданд, вале чиро дар қаринаи Тоҷикистон арзишҳои созандаи фарҳанги худро нодида гирифт ва ё бо онҳо ҷанг эълон кард.
Байни Суқрот ва Чингизхон мондан ин аст, ки мехоҳанд аз тамаддуни исломии тоҷикон унсури аслӣ ва созанда, унсури муайянкунандаи тамаддун, яъне унсури исломиашро нодида гиранд….
Дар ин гуфтугӯҳо ҳастанд мардуме, ки пайғомбари Ислом (с) -ро бо Суқрот ва инчунин дар ин минтақа бо Чингизхон муқоиса мекунанд, ки чи овардаанд (Saunders 1965; Khazanov 1993). Ҷавоби ин саволро ба хонандагони муҳтарам ҳавола мекунем, вале ончи ба баҳси мо дахл дорад ин аст, ки мардуми ин минтақа баъди омадани арабҳо ҳам имкони гуфтугӯи фарҳангиро пайдо карданд ва тавонистанд давлати худро ташкил кунанд. Бубинед, воқеан ҳуҷуми арабҳо ба таърихи гузаштаи ин мардум хотима бахшид ва онҳо таърихи нави худро оғоз карданд, фарҳанги тоза ва давлатро тавонистанд бунёд кунанд, ки забони порсӣ оинаи ин ҳама таҳаввулот буд.
Муғулҳо чун тӯфон ҳамаро дар роҳи худ нест карданд, вале худ дар ин фарҳанги тоҷикии Осиёи Марказӣ ҳал гаштанд ва забону фарҳанги тоҷикӣ то омадани аврупоиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ҳинд забони сиёсат, илм ва адаб буд. Яъне тамаддуни исломӣ ба тоҷикон имкон дод, ки дар домани ҳақиқати умумитар технологияи худӣ –ҳақиқат- қудрат ва фазосозиро истифода кунанд.
Воқеан он чи дар ин баҳс муҳим аст, ин аст ки мардуми ин минтақа ва ин муҳит, дар фарқият аз қабилаҳои кӯчии аз Арабистон ва аз дашти Қипчоқ расида, дар фарҳанги худ бунёди шинохт (cognitive foundation) доштанд ва давлат сохтан метавонистанд. Албатта гуфтугӯи тоҷикон ва мардуми кӯчӣ дар Осиёи Марказӣ бо гуфтугӯи Ҳайдеггер дар бораи қабилаҳои сомӣ, ки дар лектсияҳои солҳои 1933- 34 дар нисбати яҳудиҳо қайд карда буд, монандӣ ва фарқ дорад. Ҳайдеггер гуфта буд, ки ‘қабилаҳои сомӣ (яҳудиён) аз қобилияти фазосозии мардуми Германӣ огоҳӣ надоранд ва ин чизро нахоҳанд фаҳмид’ ва ӯро бо анти-семитизм гунҳагор карда буданд. Тоҷикон воқеан исбот карданд, ки қобилияти фазосозӣ доранд ва аз чи будани се фазои муҳим барои будан, ки Ҳайдеггер қайд кардааст, аз муҳит (табиат), таърих ва давлат огоҳӣ доранд.
Ташаккули тафаккури номусӣ, ки ҳосили инкишофи фикрӣ (илм, санъат, фалсафа, ирфон, дин), сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва дунёи равонии ягона буд, худ нишонаи он буд, ки тоҷикон баъди арабҳо тавонистанд ҷаҳони худро барқарор кунанд.
Шеъри Рӯдакӣ;
“Имруз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ онҷост”,
Ин худ маъние аз ҷалолу шукуҳи ин эҳё буд. Агар ҳуҷумҳои пай дар пайи қабилаҳои дашти қипчоқ намебуд ин мардум бо ин ҳаракати рӯшангарии оғозшуда худро ва дигаронро ба ҷое мерасониданд.
.. Нашинохтан ва нодида гирифтани тафаккури номусӣ дар давраи Сомониён ва унсурҳои таркибии ин тафаккур боиси нашинохтан ва надоштани рӯҳ ва ҳисси миллии ҳуқуқ ва сиёсат мегардад. Аслан ‘миллатчӣ-сотсиалистони’ заифи мо, ки ҳанӯз худро нашинохтаанд бо инки ҳар чи Исломист арзишҳо, назарияҳо ва ҳиссиётҳои таърихӣ ва созандаи мардумро зери фишор қарор додаанд. Наметавонанд дарк кардан, ки сабаби шикасти Сомониён ва дур будани тоҷикон аз қудрат дар ин минтақа аслан на тамаддуни Исломӣ, балки рӯи кор омадани сулолаҳои туркии Осиёи Марказӣ ва шикасти тафаккури номусӣ дар ин минтақа буд. Ва ин рӯйдод худ ба як таҳқиқоти алоҳида ва амиқ ниёз дорад.
Вале ин ҷо нуқтаи аслии баҳс воқеияти имрӯз аст, ки боз ҳам зарурияти будани унсурҳои ‘тафаккури номусӣ’-ро тақозо дорад, ки он аз ҳукумронии қонун, низоми дуруст, доштани моликият ҳалол (машруъ) ва сиёсати ба қонуни машруъ такякунанда иборат аст. Мақсад бозгашти шариат нест, ҳарчанд, ки бо гуфти устоди фозил, профессор Фозил Тоҳиров, ‘баъди инқилоби Октябр нисбат ба системаи ҳуқуқи исломӣ хунукназарии зиёд шуда ва ҳар чи арзиш дошт партофта шуда буд, ки хуб мешуд ин система воқеъбинона таҳқиқ шавад, чиро ки дар он қоидаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳое ҳастанд, ки барои пешрафти ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хидмат карда метавонанд.’ Масъалаи бозгашти шариат нест, чиро ки давлат дунявист ва қонуни асосии Тоҷикистон шояд беҳтарин қонуни инсонист, балки масъалаи муққадас донистани ин қонун ва амалӣ кардани ин қонун дар зиндагист.
Яъне, имрӯз мушкили шинохти назарияи номус ва истифодаи он дар сохтмони инсон, ҷомеа ва давлат аст. Гузашта аз ин арзишҳои шариатӣ (номусӣ) дар таркиби фарҳанг ва воқеияти равонии тоҷикон решаи мустаҳкам доранд ва онро на бунёдгарои дунявӣ ва на динӣ дигар кардан наметавонанд.
… Дар ҳамин вақт, ки миллатчӣ — сотсиалистон ва идеологҳои мо воқеияти номусии тоҷиконро инкор мекунанд, намояндагони фалсафа ва фикри сиёсии Ғарб ба суннати фалсафии Карл Шмитт, Лео Страусс ва Ҳанна Арендт, ки назарияҳои сиёсии классикиро ҳамчун нушдору дар баробари равишҳои зидди сиёсии имрӯз истифода карданианд. Имрӯз Ернесто Лаклау (Ernesto Laclau), Ҷиорҷио Агамбен (Giorgio Agamben), Клауде Лефорт (Claude Lefort), Ҷон Лук Нанси (Jean –Luc Nancy) ва дигарон фикрҳои сиёсии худро дар домани метафизика (фалсафа) ва дин инкишоф медиҳанд. Аслан маълум аст, ки дунё низоми нав мехоҳад ва дунёи ғарб худ ба як ҳастишиносии нави сиёсӣ ниёз дорад. Файласуфи машҳури имрӯз Ҳабермас, то ҷое ба ин раванд ҳамoҳанг нест ва бар ин фикр аст, ки фалсафа дигар наметавонад бунёди сиёсат шудан ва аз назарияи ба истилоҳи худаш, “мулло- фашистӣ”-и Шмитт ҳам дастгирӣ намекунад. Ба фикри Ҳабермас имрӯз системаҳои сиёсӣ метавонанд мавзӯи таҳқиқи улуми иҷтимоӣ бошанд на фалсафа. Шояд ин мавқеъгирии Ҳабермас ҳушдорест ба тақдири Ҳайдеггер ва муносибати ӯ бо давлати фашистии Ҳитлер, ки бо боварии бисёр муҳаққиқон Ҳайдеггер дар ташаккулёбии давлати Олмон амалишавии фалсафаи дар Ҳасти ва Замон (1929) баён кардаи худро медидааст ва кӯшиши ба фашизм машруъият бахшидан доштааст. Бо вуҷуди ин Ҳабермас имрӯз дар мавқее ҳаст, ки аз тарҳи рӯшангароии Ғарб ҳамчун тарҳи нокомил тавсиф мекунад ва мегӯяд, ‘сабабҳое ҳастанд ки ба суннати Рушангароӣ шубҳа мебояд кард ки оё дигар метавонад ангезаи лозимӣ ва ҳаракати иҷтимоиро таъмин кунад. Ва ин шубҳа, мегӯяд Ҳабермас маро ба ин маънӣ меорад, ки пурсам оё мо метавонем ба назарияи сиёсат маънии ақлонӣ диҳем.’
Ин ҷост, ки Ҳабермас ба давраҳое ки ‘тафаккури номусӣ’ шакл гирифта ва назарияи сиёсат ҳам маҳсули ҳамин давраҳост таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
… Нуқтаи муҳим дар гуфтугӯ атрофи тафаккури номусӣ ин аст, ки дар ҳар давра,е ки ҳақиқате ҳукумрон мешуд нуфуз ва қудрат ба табиати ин ҳақиқат такя мекард, зеро ин ҳақиқат дар ҳама сатҳҳои ҷомеа ҳукумрон буд ва таҷрибаҳои шахсӣ, сиёсати амалӣ ва табиати қонун ҳам ба ин ҳақиқат мувофиқ буд. Ин аст ки дар давраи Сомониён чун ҳақиқати аслӣ, ки таҷрибаи худсозӣ, нуфуз ва қудрат ба он такя мекард, исломӣ буд ва қонуни фарогири мардум ҳам аслан динӣ- исломӣ буд на фалсафӣ. Ва танқиди фалсафаи сиёсати намояндагони фалсафа аз тарафи мутаффакирони исломӣ, масалан аз тарафи Ибни Халдун, ҳам аз нуқтаи назари эпистемологӣ ва ҳам сиёсати воқеӣ дар ҳамин маънист, ки ба фикри Ибни Халдун назарияи ал сиёса ал мадания — и файласуфон хаёлӣ ва аз воқеият дур аст. (Ibn Khaldun, 1958: [II] 127)
Инчунин, ба фикрам, мушкилоти фалсафаи Ҳайдеггер бо воқеияти сиёсии Олмони солҳои сиюм шояд дар ҳамин аст, фикри фалсафии ӯ бо воқеияти сиёсии давр мувофиқ наомад. … Имрӯз чун Ҳабермас мегӯяд ки системаҳои сиёсӣ бояд мавзӯи асосии улуми иҷтимоӣ бошад дуруст аст ва ин чизест, ки имрӯз дар мо нашинохта ва нафаҳмида истодаанд.
Имрӯз ҳақиқати ситемаи сиёсиро дар Тоҷикстон на мулло-атеист- идеологҳо ва на файласуф –филолог -шарқшиносҳо метавонанд шиносанд ва инчунин наметавонанд таркибҳои системаи сиёсии машруъро барқарор кунанд. Балки ин таркибҳо ва чорчӯбаҳо то ҷое вуҷуд доранд вале шиору ҳарфҳо дигаранд ва амалҳо дигар.
Акнун дигар фикр надорем, балки танҳо шиор-ҳарфҳое пурэҳсос дорем. Ҳар ки ҳарф мезанад ҳатман дар фикри кору бори шахсии худанд, вале дар сатҳи фикри миллӣ, аз ҳадафҳое номуаян ва ирфонӣ дар вазъияти фавқулодда ҳарф мезананд. … Шояд дар ҳеҷ пойтахти мамлакатҳои дунё шумораи шиорҳои зиёде дар бораи ‘ваҳдат’, ‘сулҳ’, ‘истиқлол’, ‘забон’ ва ғайра, ки дар пойтахти хурди мо ҳаст набошад. Ва ин шиорҳо ҳама шаҳру ноҳия ва қишлоқҳо ва чашмҳову фикрҳо ва қалбҳои моро пӯшонидаанд на танҳо пойтахтро.
Бисту панҷ сол бо ин арзишҳо чи кардаем? Ё ҷои ин арзишҳо танҳо латтаҳои дар чӯб кашидаи кӯчаҳои шаҳранд? Ё мо ин арзишҳоро надорем ва ё мавзӯро дигар бояд кард?! Хусусан вақте, ки роҳҳои худсозии дуруст, фикри мустақили таҳлилӣ дар ҷомеа вуҷуд надорад ва мавҷи касодӣ ва фасод қишри номусии ҷомеаро ба ноқили дигарон табдил дода ва қариб, ки аз байн бурдааст. Ин аст, ки аз вазъияти байни Суқрот, ки фикре пуё дошт ва савол медоду дар ҷустуҷу буд, ва Чингизхон, ки ба дигарон муҳтоҷ буд то сиёсати ӯро дар сарзаминҳои забткардааш пеш бубаранд, баромадан даркор. Оқибати дар ин мавқеъ будан танҳо параноя (девонагии сиёсӣ), вазъи шизодӣ (ҷудоии ақл аз эҳсос) ва хушунат ҳаст. …
Идома дорад…
Меҳмоншо Шарифзода
Ҷомеашинос ва файласуф
Average Rating