Лимити барқ кай афсона мешавад ё ваъдаҳои амалинашавандаву кишвари ғарқ дар торикиву сармо
Дар паи боридани барфи на он қадар зиёд, кишвар дар торикиву сармо фуру рафт ва ҳолати бади шабакаҳои барқи кишвар барои ҳамагон ошкор гардид. Ҷон бохтани чандин инсони бегуноҳ далели возеҳи ин гуфтаҳост. Шабаҳи лимити барқ муддатҳо бар сари мардуми мо сангинӣ мекард, аммо чунин паёмадҳои ваҳшатнокеро камтар касе пешбинӣ мекард.
Дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар барқ доимӣ буд. Ҳатто баъди хориҷ шудан аз шабакаи барқи Осиёи Марказӣ то чанд муддат аҳолӣ бо барқ таъмин буд. Бо гузашти замон зерсохтҳои боқимонда аз даврони Шуравӣ фарсуда шуда, қурбони бесаводии масъулин ва фасоди саросарӣ дар ин соҳа шуданд.
Бо вуҷуди сохтмонсозиҳои беравия дар саросари кишвар, хатҳои интиқоли барқ муттакӣ бар ҳамон сохтори замони Шуравӣ буд.
Дар замони истиқлолият то ҳол ба хотири фасоде, ки дар рагу пайванди Барқи Тоҷик реша давондааст, ҳукумат натавонист як системаи дуруст дар ин ниҳод ба вуҷуд оварад. Ҳатто натавонист пулчинакҳои инсониро ба ҳисобкунакҳои электрониву компютерӣ иваз кунад, ки ҳам боиси шаффофият ва ҳам кам шудани фасод мегардид. Зеро ин ҳолат ба нафъи фард, гурӯҳ ё ниҳоде аст, ки қисми зиёди барқи ба ҳадар рафта ба хотири фарсудагӣ ва бесарусомонӣ дар ин ширкатро низ ба гардани мардум бор кунанд ва ҳам роҳи фиреб ва ғорати мардум барояшон фароҳам бошад.
Барои мисол ба хотири сохтмони неругоҳи Роғун ба мардум чиқадар саҳмия фурухта буданд? Чиқадар пули дигар аз созмонҳову кишварҳо дарёфт карданд? Солона мардум барои барқ чиқадар маблағ месупоранд? Маблағи фуруши барқ ба кишварҳои ҳамсоя чиқадар аст? Чанд дар сади барқро корхонаҳои бузург масраф мекунанд ва чанд дар сади дигараш ба аҳолӣ тақсим карда мешавад? Кадоме аз корхонаҳо чиқадар аз Барқи Тоҷик қарздор ҳастанд? Саволҳое ҳастанд, ки бо электронӣ кардани ин соҳа барои мардум комилан равшан мешуд, ки ба нафъи гурӯҳе намебуд.
Ба гуфтаи яке аз дустонам, ки дар ширкати Барқи Тоҷик муҳандис аст, фасоду бесарусомонӣ дар ширкат боис шуда Бонки Осиёии Рушд ва чанд созмони дигар барои сармоягузориҳои баъдӣ шарт бигзоранд, ки роҳбари ширкат бояд бо машварати онҳо таъйин шавад. Аммо чигунае, ки мебинем омадани мутахассисони хориҷӣ низ мушкилро ҳал накард. Зеро фазои носолим ва фосиди ин ниҳод бар онҳо низ бетаъсир намондааст. Дар ҳоле, ки агар онҳо дар кишвари дигаре чунин масъулият медоштанду ин мушкилот ба вуҷуд меомад, ҳоло ҳадди ақал дар назди хабарнигорон ҳозир мешуданду вазъро шарҳ медоданд. Аммо хориҷиҳо низ мисли масъулини таҳҷоӣ ҳозир нестанд ба мардуми мо эҳтиром бигзоранд ва ё худро дар назди мардум масъул бидонанд.
Вақте бо як мутахассиси баландпояи ин соҳа аз яке аз кишварҳои ҳамсоя суҳбат мекардам ба нуктаи ҷолибе ишора кард. Ӯ ба ман гуфт ба зудӣ Тоҷикистон ҳамин ҷойгоҳи заифашро низ дар бозори энержии минтақа аз даст хоҳад дод. Зеро кишварҳои ҳамсоя сармоягузориҳои ҳангуфте дар ин самт кардаанд ва ба зудӣ дигар ҷои Тоҷикистонро танг хоҳанд кард. Барои ҳамин мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, то он замон ҳарчӣ метавонанд бештар ба хориҷ барқ бифурушанд.
Ба навиштаи расонаҳо Узбекистони ҳамсоя бо имзои созишнома бо Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои сохти неругоҳҳои бодӣ ба маблағи 7,5 миллиард долар қарордод бастааст ва ширкати AKWA Power — и Арабистони Саудӣ иҷрокунандаи ин тарҳ хоҳад буд. Узбекистон дар назар дорад 25% неруи барқи кишварашро то соли 2030 аз ин ҳисоб таъмин кунад. Қазоқистон низ бо ин ду кишвар қарордодҳои калон имзо кардааст ва барнома дорад, ки то соли 2030 битавонад 15% неруи барқашро аз ҳисоби неругоҳҳои бодӣ таъмин кунад.
Дар муқобил Тоҷикистон беш аз 15 сол аст, ки барои Роғун аз ҳар созмону кишвар ва ҳатто мардуми оддӣ пул гирифтааст, аммо то ҳол на сохтмони Роғун ба итмом расидаву на мардум бо барқ таъмин гардидааст. Ба назар мерасад ин мушкил ба ин зудиҳо ҳал шуданӣ нест. Ҳамагон медонанд, ки рушди иқтисодии ҳар кишваре вобастагии мустақим ба тавлиди нерӯ дорад.
Лимити барқ дар кишвар на танҳо бесарусомонӣ дар шабакаи Барқи Тоҷик, балки сатҳи рушди иқтисодии кишварро низ ба намоиш гузошт. Зеро ҳамагон медонанд, ки бидуни тақсим ва таъмини дурусти энержӣ дар кишвар, рушди бо субот ва пешрафт имкон надорад. Пас ин ҳодиса хатти бутлоне бар рӯи иддаоҳои масъулин дар бораи пешрафтҳои иқтисодии кишвар низ буд. Ҳоло фикр кунед, ки барномаҳои иқтисодии ҳамсоякишварҳои мо дар кадом самт пеш мераванду дар кишвари мо бо ин шароит суръати рушд чигуна хоҳад буд ва зерсохтҳои кишвари мо барои рушди иқтисодӣ то чӣ ҳад омода ҳастанд?
Эмомали Раҳмон дар соли 2009 ба мардум қавл дода буд, ки баъди 2 сол лимити барқ ба афсона табдил меёбад. Аммо пас аз гузашти 15 сол ин сухани Раҳмон ба латифа табдил шуд, аммо ҳеҷ не ки лимити барқ ҳадди ақал коҳиш ёбад. Мардум ҳам вақте мебинанд беш аз 10 сол ба онҳо ваъдаи дурӯғ дода мешаваду ҳеҷ умеде ба ояндаи беҳтар намебинанд, ба фикри муҳоҷират мешаванд. Аммо аксарияти мардум, ки наметавонанд муҳоҷир шаванд. Дер ё зуд мардум аз ин вазъият хаста мешаванд ва аз масъулин талаб хоҳанд кард, ки онҳоро бо барқ, ҷои кор ва имконоти аввалияи иҷтимоӣ таъмин кунанд. Бо ин ҳисоб неруи барқ яке аз василаҳои суботи куллии кишвар ҳам ба шумор меравад ва дар торикӣ нигоҳ доштани мардум метавонад оғози бесуботӣ дар кишвар бошад.
Бобоҷон Қаюмзод
Average Rating