Номус ва сиёсат
Сарсухан: Гуфтугӯ ё таҷовуз
Раванди шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ, алорағми хоҳиши бозингарони фаъоли ин раванд, аз давлатҳое, ки воқеан соҳибистиқлоланд доштани ниҳодҳои нави сиёсӣ, назарияҳои нави сиёсӣ ва забони сиёсии худро тақозо дорад. Ин кор, аз як сӯ имкон ва шароити муқовиматро ба таҷовузҳои худӣ ва ғайр таъмин мекунад ва аз сӯи дигар барои шаклгирии фазои созандаи сиёсӣ дар дохил шароит ба вуҷуд меорад. Албатта дар бозиҳои сиёсии дунёи имрӯз давлатҳои майда зери таъсири давлатҳои пурқудрат хоҳанд монд, вале доштани назарияҳо ва забони сиёсии худӣ то ҷое имкони доштани истиқлоли фикриро дар баробари ҳуҷумҳои фикрӣ ва назарияҳои хориҷӣ нигоҳ метавонад дошт. Аслан истиқлол аз истиқлоли фикрӣ оғоз мешавад. Имрӯз, ҳамчун қарз ва тӯҳфа гирифтани маъниҳо ва назарияҳо барои мо одат шудааст ба ғайр аз он ки дигарон солҳои зиёд маҳсули фикрии худро болои мо бор кардаанд. Албатта мардуми мо дар қаламраве зист доранд, ки худ нуқтаи бархурд, гузариш, аз ҳам гусехтан, ба ҳам омадан ва реша партофтани фарҳангҳо, динҳо ва таълимотҳои гуногун аст. Ва дар ин маврид мардуми мо ҳамчун мардуме соҳиби роҳҳои шинохт ва фарҳангофар аз гуфтугуҳои фарҳангӣ огоҳ буданд ва онро аз таҷовузи фарҳанги –сиёсӣ фарқ мекарданд. Вале гуфтугӯҳои мураккаби имрӯз худ таҷовузро дар вуҷуд доранд, ки аз тарафи муқобил на танҳо дониш балки қудрат мехоҳанд то тавонанд онҳоро дарк кунанд. Ва ин таҷовузи сиёсӣ ва фарҳангӣ буд, ки мардум одат кардаанд маъниҳои созандаи худро аз тарс коҳиш диҳанд ва ҳатто фаромуш кунанд. Ба гуфти устод Шакурӣ ‘истиқлоли фарҳангии мо заиф шуд’. Одат ки қадим шуд табиат гардад... Ин одатро бояд шинохт ва шикаст. Ба хусус имрӯз, ки аз истиқлол ҳарф мезанем ин маризии таърихӣ, яъне ғуломии маънавиро, бо истилоҳи Чехов бояд ‘қатра- қатра аз вуҷуди худ берун кард’ ва худро дар мавқеи қудрат нигаҳ дошт то бо мардуми дунё ҳамчун субъект бо субъект тавонем ҳарф задан на ин ки объекти ҳадафҳои сиёсии дигарон бошем. Яке аз назарияҳои калидӣ, ки дар сохтани фазои сиёсӣ ва шаклгирии забони сиёсии давлатии Тоҷик нақши воқеӣ доштанд ин назария “номус” ҳаст, ки ҳанӯз ҳам то ҷое маънии худро дар воқеияти равонӣ ва дунёи фарҳангии мардум нигоҳ доштааст, ҳарчанд ки маънии онро дар давраҳои истеъморӣ сахт коҳиш додаанд.
Аслан Тоҷикон пеш аз Шуравии собиқ ва инчунин пеш аз инқилоби Фаронса дар системаҳои ҷаҳонӣ ё ба низомҳои ҷаҳонии дигар ҳам зиндагӣ доштанд. Солҳо боз ба ин одат карда будем, ки таърихи дигаронро таърихи худ медонистем ва ҳамчунин боварӣ доштем ки рушноиро ва маърифатро ҳам танҳо дигарон ба мо овардаанд…
Бале, ин дунё пеш аз Инқилоби Фаронса ҳам вуҷуд дошт. Албатта, он чи гузаштаи пуршукӯҳи худро ба ёд меорем мақсад на баргашт ба қафост, балки ишорат бар ин аст, ки ин қавм воқеан дар ин минтақа фарҳангсолор буданд ва ҳамеша мустақилияти фикрии худро таъмин мекарданд. Ин ҳамон маънист, ки Ибни Сино дар Ҳикмати Машриқия ишорат карда буд, ки илмҳо танҳо моли Юнониён нестанд ва решаҳои дигар ҳам доранд. То омадани Муғулҳо дар ин минтақа номус (қонун, шариат) бунёди истиқлол буд ва ба давлату халқиятҳо дар системаи байналхалқӣ машруъияти сиёсӣ мебахшид. Номус маъние буд, ки бо ҳикмати Форобӣ, Ибни Сино, Тусӣ ва дигарон пояи сиёсат гашта ва дар ҷомеа ҳукумронии қонун болои он устувор буд. Инчунин, номус худ яке аз бунёдҳои сохтмони субъект (шахсият) дар ин фарҳанг шинохта шуда буд. Воқеан Тоҷикон мардуме буданд, ки технологияи худӣ-ҳақиқат- қудрат ва фазосозӣ дар ҳама давраҳои бархурдҳо ва гуфтугӯҳои тамаддуни дар вуҷуди онҳо дар кор буд ва метавонистанд фазои солими ҳамзистиро бо дигарон барқарор кунанд, вале турктозиҳои давомдор баъди ҳуҷуми муғулҳо воқеан ин мардумро хаста карданд, хусусан вақте аз қудрат ва тасмимгирӣ муддати садсолаҳо дур карда шуданд. Дар ин минтақа чун як қабилаи аз дашти қипчоқ расида тарбият мешуд боз қабилаҳои фарҳангнадидаи дигар мерасиданд ва ин раванд садсолаҳо давом кард. Ва бояд гуфт, ки бештари намояндагони сулолаҳои муғули- туркӣ нисбат ба шариати Исломӣ бештар ба қонунҳои (Яссои) Чингизӣ содиқ буданд. Баъди турктозиҳо ва инчунин давраҳои истеъмор дар ин минтақа, ки боиси шикастҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ гардид, маънии номус дар сатҳҳои болотар аз байн бурда шуд. Ин маънӣ, ки дар сатҳу ҳудудҳои дохилӣ ва байналхалқӣ ҷавҳари воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсии ин мардум буд ва дар ҳама сатҳҳо соҳиби номус гуфтание дошт, акнун то ба сатҳи хонаводагӣ фароварда шуда ва танҳо дар баробари таҷовузи хонаводагӣ қарор гирифт. Бисёриҳо ҳатто дар ин сатҳ ҳам бо таҷовуз муқовимат кардан наметавонанд. Инки имрӯз дар луғатномаҳои нави дунё ва википедияҳо маънии номусро танҳо ба маънии ‘таҷовузҳои хонаводагӣ’ коҳиш додаанд худ инъикоси ҳамин воқеият аст. Вале таҳлили сарчашмаҳо ва таҳқиқи дунёи равонӣ ва фарҳангии мардуми мо аз дигар чиз қисса мекунад.
Бубинед, ки дар муътабартарин луғатномаҳои форсӣ, ки то омадани истеъморгарон навишта шудаанд, аввал маънии номусро исмат ва иффат донистаанд ва пас тадбир ва сиёсат. Масалан дар Ғиёс- ул- луғот ба таври амиқ ва равшан маънии номусро ба маънии боло шарҳ додаанд. Метавон гуфт, ки ин ‘исмат ва иффат’ на танҳо исмат ва иффати як инсон ва як хонавода, балки исмат ва иффати як миллат ва як давлат аст, ки ҳаққу ҳуқуқи онҳо дар қонуни мамлакат ва инчунин қонунҳои баёналхалқӣ таҷассум ёфтааст. Гузашта аз ин, ин исмат ва иффати қонунест, ки дар мамлакат ҳукумрон аст ва он муқаддас аст ва аз ҳудудҳои муайянкардаи он таҷовуз кардан ва ё бо қонуни мамлакат бозӣ кардан нуқтаи аслии хиёнат ва ибтидои ба ҳам рехтани давлатдории ҳар як халқу миллат аст. Шинохт ва ҳисси қонун ва ҳаққу ҳуқуқи худ ва дигарон дар давоми садсолаҳо дар мардуми мо ба як ҳисси равонӣ ва фарҳангии муқадас табдил ёфта буд, ки онро номус мегуфтанд. Беҳуда имрӯз Тоҷикон, ба хусус дар Бадахшон, намегӯянд ҳама чиз қурбони ҷон бошад, ҷон қурбони номус аст.
Метавон гуфт, ки маънии ‘ҷомеаи шаҳрвандӣ’ ҳам аслан аз Ғарб наёмадааст, балки бо будани ин маънӣ ҳанӯз аз давраи Форобӣ ва Ибни Сино боз байни ин мардум шинохти чунин муносибат, ё бо ҳарфи Сино (Ҳикмати Машриқия) ва Тусӣ (Ахлоқи Носирӣ) “мушорикат, роиҷ буд ва номус ё ба қавли Сино “қонуни шаръӣ” яке аз бунёдҳои асосии он буд. Мардум имрӯз маънии ниҳоии номус, яъне муқовимат дар баробари таҷовузро дар хонадонҳои худ ҳанӯз фаромуш накардаанд, вале муқовиматро дар баробари таҷовуз дар сатҳҳои берунтар аз ҳудудҳои хонаводагӣ, яъне дар баробари таҷовузи қонун, таҷовузи як ҷомеа, таҷовузи як давлат дар сатҳи байналхалқӣ, гуё ки аз ёд бурдаанд. Чи хел, ки дар аввали ин гуфтугӯ қайд кардем, вазъи имрӯзаи мо ва дунё чунон аст, ки аз мардуми мо шинохтан ва аз нав мустаҳкам кардани назарияи номус ва ҳисси номусро дар ҳама сатҳҳо, аз хонавода то сатҳи байналхалқӣ тақозо дорад. Бозгашт ба қаламрави номус ин на танҳо муқовимат дар баробари таҷовузи беруна ҳаст, балки ин пеш аз ҳама муқовимат бо таҷовузҳои дохилист, ки воқеан ба мустаҳкам кардани қудрат ва истиқлоли воқеии давлат метавонад расонд. Имрӯз онҳое, ки манфиати шахсии худро болотар аз ҳукумронии қонун, манфиати миллат ва давлат медонанд, онҳое ки амнияти шахсии худро аз амнияти миллат ва давлат фарқ накардаанд ва дар беамниятии ҷомеа, бенизомии ҷомеа ва беномусӣ барои худ “амният” месозанд, аз вуҷуди номус дар ҳаросанд. Номус маъниест, ки академик- идеологҳои мо дар баробари қудрат ва истиқлол аз он дигар ёд намекунанд, чиро ки қудрат ва истиқлоли воқеиро таҷриба накардаанд ва аз будани он метарсанд…
Идома дорад…
Меҳмоншо Шарифзода
Файласуф ва ҷомеашинос
Average Rating