ДИНУ СИЁСАТ, ҶОМЕАИ МУДЕРН ВА МО
САРФИ ВАҚТ:17 дақиқа, 0 сония
Пеш аз оғози навиштани ин матлаб бояд бигуям, ки ҳар куҷое, “МО” гуфтаам, ин ба ҳама Тоҷикистониён ва ба ҳамаи ҳамватанон дахл надорад. “Мо”, яъне ин мо қишре аз мухолифин, мо наҳзатиён ё дар умум мо ҷонибдорони ПМТ.
МО ДАР ЧИ ҲОЛЕМ?
Дар илми тиб як соҳа бо номи осебшиносӣ вуҷуд дорад, ки пеш аз муолиҷа ҷараёнҳои дард ва касалӣ дар организми зинда ва ҳолатҳои онро меомӯзад.
Мо дар бисёр маврид пеш аз ҳоламон чи ҳаст гуфта савол гузоштан, дар ҳол ба саволи чи бояд карду чигуна ину он мушкилиро бартараф кард, ҷавоб меҷуем. Яъне худамон касалем, беморем, дар чи ҳолем фарқ надорад. Дар кадом ҳоле набошем, мехоҳем мушкил ҳал кунем.
Мо як табиби бемореро мемонем, ки ба дарди худ даво надорем, аммо аз паи давои дарди дигарон ҳастем. Ё худ мисли нафаре ҳастем, ки даъвои табибӣ дорад, аммо донишу фаҳмиши табибӣ надорад. Медонем, ки ингуна табиб ба ҷомеа хеле хатарнок аст.
Мо даъвои ислоҳи ҷомеа дорем, даъвои ислоҳоту тағйир дар сиёсат дорем, аммо хеле кам дида мешавад, ки ба миён савол гузошта бошем, ки ин фақат режим аст, ки ба ислоҳот ниёз дораду мо фариштагонем ё мо худамон низ бояд тағйир ёбем ва имрузамон аз дирузамон фарқ кунад ва бояд ҳамқадами замони худ бошем.
Номи мавзӯъро ҳарчанд дину сиёсат, ҷомеаи мудерн ва мо гузоштам, аммо ба назари ман барои дарки аксарияти мо аз ҷомеаи модерн як каме барвақт аст. Ҳамчунин ба назар мерасад, мо ба ҷомеаи модерн мисле, ки як нафар ба офтоби тобистон менигарад, менигарем, аммо ба офтоб бо чашми кушода нигаристан муҳол аст. Барои ҳамин суҳбати имрӯзаи ман метавонад, як суҳбати муқадимавии ин мавзуъ бошад.
Ҳоло биёед як ба ҳоли худ назар кунем. Мо ки ҳастем ва дар чи ҳол қарор дорем?
Аз руи даъво мо мехоҳем дар Тоҷикистон як ҷомеи демократӣ созем. Аз руи оинномаи ҲНИТ мо дар Тоҷикистон ҷомеаи исломиро дар давлати демократӣ дидан мехоҳем.
Аммо ҳоламонро бинед. Агар дар қадим худи мусалмонон исломро ба дигарон мешиносониданд, ҳоло бошад, исломшиносии ғарб ва теологҳои ғайримусалмон барои шинохти ҳаёт ва тарзу усули зиндагии мусалмонон ва бархурд бо онҳо ҳазорҳо рисола навиштаанд ва дар бисёр ҳолатҳо ҷомешиносони мо бештар ба назари онҳо аҳамият медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол мо як эътилофи сиёсии воҳима ҳастем, аммо як брошураи роҳнамо дар ин 8 соли муҳоҷират барои ҷонибдорони худ нанавиштаем. Чи дар бораи равишу усули зиндагӣ дар муҳоҷират ва чи дар бораи иттиҳоду ҳамбастагӣ. Аммо, доду вой мекунем, ки мо парокандаем ва ҳама аз мо дур шуда истодааст.
Илова бар ин мо дар банди фатвои уламое, ки чанд садсолаҳо пеш аз мо зистаанд мондаем. Мо кайҳост дар диншиносӣ тақлидкор ҳастем ва корҳои илмӣ дар соҳаи сиёсатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар шинохти дину ҷомеа хеле кам суръат гирифтааст. Дар рақобат бо аҳли илми ҷаҳон гуфтан мумкин аст, мо на рақобатгар ва ё пайрав, балки аксари мо ҳатто ба қатори мутолеагарони адабиётҳои илмӣ дар шинохти дин ва ҷомеа ворид намешавем. Ин барои касоне, ки мехоҳанд дар ватан аз руи оинномаи худ як ҷомеаи исломӣ созанд нанг аст.
Дар аксари ҳолат пешсафон ва сиёсатмадору ҷомеашиносони имрӯзи мо аз руи терминҳои исломшиносони ғарбӣ ва мусташриқон истифода мекунанд ва мо адабиёти илмие дар ин соҳа бо ба инобат гирифтани замону макон қариб, ки надорем. Ин аст, ки вақти суҳбати сиёсатмадорон ва ҷомеашиносони мо, ҳангоми истифодаи терминҳои ноошно мулоҳизаҳо ба миён меояд.
ЧАРО МО КУНД ПЕШ МЕРАВЕМ?
Бубинед, агар барои мо ислом дин ва Қуръон асоси назариявии дини ислом аст ва дар он қариб тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ ва ҷомеа, сиёсат, муносибатҳои ҳуқуқӣ, сохтори фарҳангӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтори мардум инъикос ёфтааст.
Ана ҳамин Қуръон буд, мардумеро, ки дар сарзаминҳои руму форс ҳатто бо онҳо ру ба ру шуданро ор медонистанд, мутамаддинтарин халқи олам ва ин сарзаминҳои бузургро тобеи онон кард. Чун талаби асосии ислом, ки омузишу парвариш буд, бартарият ба аҳли илм ва мутаъаллим дода мешуд. Он замон байни мусалмонон бешумор шахсонеро зикр кардан мумкин аст, ки аз ҷумлаи рошидин ва роҳнамоён буданд. Яъне адабиёт ва теорияҳо барои амал баҳри ҷомеаи замони худашон меофариданд.
Агар мо ҳоло пешрафти кунд дорем, ин бармегардад пеш аз ҳама ба кундии нафарони донишманди мо, ки на фақат кӯшиши эҷоди роҳнамоҳои мутобиқ ба замони ҳозир намекунанд, балки ҳатто аз рафти муносибаташон ва андешаронияшон дониста мешавад, аҳли мутолеа ҳам нестанд. Чун ҳангоми мулоҳизаҳояшон бармеояд, ки инсутар аз адабиётҳои ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносии исломӣ аз 400-500 соли пешро хеле кам мутолеа кардаанд. Куҷо расад ба адабиётҳои илмҳои сиёсатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, мантиқу дақиқ ва технологияи замони муосир.
Бинобар, агар дар мо ақибравӣ мушоҳида мешавад, ба назари ман омили асосии он набудани теорияҳои раҳнамои мутобиқи замони имруз аст. Мо мисли сангҳои куҳсор, ки бо оби селу борон то ба водӣ фаромадан суфта мешаванд, фақат баъди пеш омадани мушкилӣ барои рафъи он даст ба кор мешавем, аммо барои пешгирии мушкилот мадор надорем ва ба ҳама пешомадҳо ба таври вокунишӣ амал мекунем.
ДИНУ СИЁСАТ ВА МО
Чуноне, ки медонем, сиёсатшиносӣ ва ҷомеъашиносии исломӣ ин танҳо донистани Қуръону суннат, таърихи ислом ва адабиёти динӣ нест.
Хусусан дар замони имрӯз ба як сиёсатмадори мусалмон лозим аст, аз улуми ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, диншиносӣ, филология, мантиқу фалсафа, ҳуқуқҳои байналмилалӣ, технологияи муосир ва ғайра ақалан ба таври фундаменталӣ огоҳ бошад ва ақалан ҳангоми шунидани кадом суҳбати илмӣ дар дарки он азоб накашад ва бо дарки ғалат дигаронро ҳам ғам надиҳад.
Диншиносон яъне теологҳо асосан мавқеъҳои догматикиро доранд. Илоҳият ё теология ин таҳқиқи муносибати байни инсон ва Худо буда, муаррифӣ ва тафсири мунтазами таълимоти динӣ мебошад.
Аммо, сиёсатшиносон ва ҷомеашиносон сару корашон омӯзиши сиёсатҳо, таърихи гузашта, таҳлил, шинохти мушкилот ва таҳаввулоти замони худ буда, пешниҳоди теория ва тактикаҳо барои амал аст.
Бинобар, аҳли дин, (дар назар дорам бештар уламои динро) агар бо илми замони муосир худро муҷаҳҳаз накарда бошанд, на ҳамеша аҳли ҷаҳд ва ҷомеашиносонро дарк мекунанд. Фикр мекунам дар ҲНИТ яке аз мушкилиҳои асосии мо ҳам ҳамин буд.
Масалан, барои дарки вижагиҳои маънавӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии ислом, пеш аз ҳама, ошноӣ ба давраи тоисломӣ дар нимҷазираи Араб муҳим аст. Аз ҷумла, омӯзиши ашъори тоисломӣ ҳамчун муҳимтарин сарчашмаи забон, фарҳанг, зиндагӣ, таърихи нимҷазира ва вобаста ба ин донистани забони Қуръон муҳим аст. Бидуни дониши амиқ ва имкони омӯзиши давраи тоисломии таърихи нимҷазираи араб ва ҷуғрофияи он ва сабаби нузул ва макони нузули оятҳо мо наметавонем моҳияти ислом, маъноҳои дар оятҳои Қуръони карим омадаро дарк кунем.
Ҳамин тавр дар ҳаёти имрӯз мо наметавонем бидуни шиносоӣ ва омӯзиш аз таърихи тамаддунҳо, сиёсатҳои ҷаҳонӣ, решаи тактикаҳое, ки алайҳи мо истифода мешавад, пеш равем. Агар мо дар ҳоли карахтии омӯзиш бошем ва чизе барои амалҳои ҳозира ва ояндаи худ пешниҳоди мантиқӣ карда натавонем, мо рӯ ба шикаст ҳастем. Барои донистани ру ба шикаст будани мо ягон ташхиси иловагӣ лозим нест. Ҳамин бас аст, ки донишмандони исломӣ ва сиёсатшиносони мо даст ба кори илмӣ ва таҳлилӣ намезананд ва рузашон танҳо ба тақлидкорӣ аз фатвоҳои куҳна ва пайравӣ ба тактикҳои бегонаву шояд тамоман носозгор ба ҷомеаи мо мегузарад. Ё дар мавқеъи худдифоъӣ руз мегузаронанд. Чун идеяҳои бикр барои пешрафт тавлид намешавад. Худи ҷомеъа бошад, қариб, ки ба тамом аз мутолеаву омузиш мондааст.
Якбор корҳои илмии устод Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро ба ёд орем, ки рисолаҳои навиштаашон барои мо ҳамчун дастури амалӣ чи қадар хидмат кардааст.
Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба чандин саволҳои ҷомеа, ҷавоби илмӣ ва мантиқии худро дода буданд, ки дар натиҷа иддае аз шубҳаҳо нисбати ҲНИТ дар ҷомеа аз байн рафта буд. Беҳуда устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ нагуфта будаанд, ки то мо 100 нафар мисли Ҳимматзода надошта бошем, даъвои ҳукумат накунем.
ФОРМАТИ СИЁСИИ МУВОФИКИ ҶОМЕАИ МО
Бо ба инобат гирифтани ҳама шароитҳои имруза ба мо зарур аст, тарҳи сиёсии уникалии худро дошта бошем, ки дар он ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ ва пеш аз ҳама манфиатҳои сиёсиву фарҳанги миллии худамон вуҷуд дошта бошад. Зеро, на демократияи Аврупо ба дарди мо мехурад, на исломи толибонӣ.
Аммо, барои тарҳи сиёсии уникалӣ мо ба шахсоне ниёз дорем, ки мадори сохтани ин тарҳро дошта бошанд. Аз ҷиҳати ҳуқуқиву сиёсӣ, фарҳангӣ, дину миллатшиносӣ варзида бошанд.
Инҷо мехоҳам ба як чизи муҳим ишора кунам. Ногуфта намонад, ки дар байни мо нафароне мавҷуданд, ки ҳатто таҷрибаи кор дар академияи улуми Тоҷикистон доранд ва дорои таҷрибаи таҳлилу таҳқиқ ва пажуҳиш ҳам мебошанд. Илова бар ин мо дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон академияи исломӣ ҳам доштем, ки ҳоло чанде аз кормандони он дар байни мо ҳастанд.
Ба назари ман дар замони таъсиси ин академия мебоист баробари уламои дин ба ин академия сиёсатшиносону ҷомеашиносони варзида ва иқтисоддонҳо ҷалб мешуданд ва бо ҳамкорӣ на фақат масоили исломӣ, балки сиёсати амалии як ҳизби исломии замони муосирро пешниҳод мекарданд. Агар академияи исломии ҲНИТ кори худро огоҳона ва мувофиқ ба замони худ ба роҳ мемонд, шояд ба аксарияти мушкилоте, ки имрӯз ру ба ру шудаем, дучор намешудем.
Бубинед, дар Аврупо, мо ба таври ҳатмӣ интегратсия мешавем ва ба қавонини кишварҳои аврупоӣ, ки дар аксари ҳолатҳо сахтгиртар аз Тоҷикистон аст, сар фаровардаем.
Ин аст, ки ҷаҳонбинии мухолифони тоҷик ва аъзои ҲНИТ аз даҳсоли пеш ҳоло хеле фарқ мекунад.
Ҳоло ҳам дер нашудааст, бояд ҳарчи зудтар барои сохтани ояндаи Тоҷикистон аҳли фаҳму дарк муттаҳид шаванд ва ба ҷои сангандозиҳои беҳуда алайҳи ҳам ва ҷабҳабозӣ тарҳи уникалие барои ояндаи Тоҷикистон таҳия шавад. Ҳарчанд дар назар ин танҳо як ормон аст, аммо, ба андешаи ман барои амалӣ шуданаш танҳо ирода лозим асту халос.
Ақалан, ҳеҷ не меваи ин амали моро наслҳои ояндаамон мечашанд.
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ МАКТАБҲОИ ИЛМӢ ВА ҲУҚУҚИИ ИБТИДОИ ИСЛОМ ВА ҲОЛАТИ ИМРӮЗИ МО
Инҷо лозим медонам, ба бардошти худам нисбат ба таърихи интишори ислом ва мактабҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқии исломӣ ишорае дошта бошам.
Дар ибтидои ислом чаҳор мактаби бузурги ҳуқуқии исломӣ ба миён омаданд.
Агар ба таърихи ташаккули мазҳабҳои фиқҳӣ дар ислом назар кунем, мебинем, ки як мактаб нисбат ба дигараш нармтар аст ва ё баръакс дар бархӯрди худ ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ нисбат ба дигараш сахтгиртар аст, ҳарчанд заминаи назариявии ҳаммаашон ҳамон Қуръону суннат аст ва сарчашма як аст.
Яъне дар бархурд ба пешомадҳо соҳибони мазҳаб ва уламои ислом ҷавоби худро доштанд. Дар давом пайравони ин мактбаҳо бо қиёс ба Қуръону суннат вобаста ба сиёсати даврони худ ҳарфҳои худро доштанд ва ҳатто дар муқобил ба гуфтаҳои устодон ва пешвоёни мазҳаб фатво содир мекарданд. Яъне озодии назари илмӣ вуҷуд дошт.
Ҳамин буд, ки 10 аср пеш, ҳамагӣ баъди сесад соли пайдоиши Ислом, дар Аврупо кушиш мекарданд, моро омузанд ва аз терминҳои сиёсиву ҷомеашиносии исломӣ истифода кунанд. Тасаввур кунед, 10 аср пештар аврупоиҳо терминҳои илмии исломиро меомухтанд ва дар гуфтугӯҳои илмӣ аз он истифода мешуд.
Дар ибтидои асри 11 аллакай дар Аврупо тақрибан 136 нафар олимони барҷастаи Хонаи хирад, Байтул ҳикма ё худ ҳамон «Академияи Бағдод», ки писари халифа Ҳорун Ар Рашид, Ал Маъмун (АбулАббос Абдуллох ибн Хорун аль-Маъмун) таъсис дода буд, мешинохтанд. Асарҳои 16 нафари онҳо дар пуриқтидортарин марказҳои тарҷумаи Толедои Испания ва Ситсилияи Италия зуд ба лотинӣ тарҷума шуданд ва дар Аврупо маъруфият пайдо карданд.
Гап дар сари он аст, ки ҳамаи олимони он замон сарфи назар аз диндору олими дин будан, дар улуми фанни дақиқ низ пешсафи даврони худ буданд. Сиёсатшиносу ҷомеъашинос буданд ва асарҳои зиёде навиштаанд, ки ба домуллогиву олими дин буданашон рабте надорад.
Аммо ҳоло чӣ? Аксарияти донишмандони исломии мо,(манзурам уламои ватанӣ) на фақат бемактабу беустоду бешогирд шудаанд, балки ҳатто аз мутолеа ва тавсеаи илм дур афтодаанд. Фаротар аз қилаву қола по наниҳодаанд.
Барои ҳамин ҳоло агар баъзе аз ҷомеашиносон гуянд, ки ислом ба ислоҳот ниёз дорад, дуди исломшиносон ё худ домуллоҳои мо ба фалак мебарояду ба “алявма акмалту лакум дийнакум” хондан сар мекунанд. Аммо, ҳадиси “Алуламоу варасатул анбиё” ба ёдашон намерасад.
Ҳарчанд анбиё бародари ҳам буданд ва ҳамаашон дар ҳамон як дин ва аҳли тавҳид буданд, вале рисолати ҳамаи онҳо вобаста ба замони худашон фарқ мекард. Пас, агар уламо мерсобарони паёмбаронанд, рисолаташон инаст, ки худашон ва пайравонашон ҳамқадами замони худ бошанд.
Дар замони мо, ки асри бо суръат пеш рафтани илму техника аст ва дар бисёр ҳолатҳо кор аз души инсон хориҷ ва ба уҳдаи интеллектуали суннӣ гузашта истодааст, ислом ба муқовимате кашида мешавад, ки аз он бо ислоҳоти амиқ ба аз нав дида баромадани тамоми фатвоҳои куҳнаи носозгор ба ҳаёти муосир ниёз дорад ва агар ин нашуд оҳиста-оҳиста аксари талаботи исломӣ моли таърих шуда, танҳо дар маҳдудаи тоату ибодатҳо ва иҷрои фаризаҳо ба мисли намозу руза боқӣ мемонад.
Аз суи дигар мо аксарият ба ин назарем, ки ислом ҳамчун дини оммавӣ дар фарҳанги сиёсии ҷомеаҳои мусулмонӣ бартарӣ дорад, ки қонунияти он бо усулҳои динӣ муайян карда мешавад. Сиёсат дар ислом ғайримухторӣ буда, фазои сиёсӣ нисбат ба доираи дин тафовут надорад. Дар сиёсати исломӣ ба ҳама бархурдҳо кӯшиш мекунанд, аз Қуръону суннат далел дошта бошанд ва берунтар аз нишондод пой наниҳанд.
Ба назари ман ин пиндорро идома додан мусалмононро дар муносибати байналмилалӣ ва ҷомеасозии созгор ба ҳаёти муосир ба бунбаст дучор мекунад. Дар аксари ҳол сиёсатмадорони исломӣ ҳам ба хотири аз даст надодани муттаҳидони худ аз ташаббус худдорӣ мекунанд ва дар аксари ҳол назарҳои замонавии онҳо дар ҳолати вокунишӣ шунида мешавад.
Ҳамин аст, ки ҷомеашиносони ғарбӣ роҳи раҳоӣ аз ин вазъиятро дар таъсиси низоми ҳуқуқи дунявӣ мебинанд то фазои баҳсу баррасӣ бозтар ва озод аз фишори назари динӣ ба миён ояд.
Ин ҳолат ба он сабаб ба миён омадааст, ки ҷомеашиносон ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо худи уламои дин кушодагии роҳ ба иҷтиҳодро нодида мегиранд ё тамоман даст ба иҷтиҳод намезананд.
Бубинед, агар дар сесад соли ибтидои ислом чанд мактаби фиқҳиву назарӣ ба миён омада бошад, ҳоло дар ин асри суръат, мебоист садҳо мактаби иҷтиҳоду ислоҳот алайҳи хурофоту ақибмондагӣ ба миён меомаданд. Чун ин талаботи замон аст.
Барои ҳамин ба назари ман вақти он расидааст, ки дину сиёсат сарҳади худро муайян кунанд. Яъне, ҷасорат ба иҷтиҳоду ислоҳот дар замони мо саркуб мешавад ва зарурат пеш омадааст, ки сарҳади ин саркубӣ то куҷост муайян шавад.
ИБРАТЕ АЗ ҶАСОРАТИ ҶАДИДИЁН ДАР ИСЛОҲОТ
Як ҷунбиши иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фикрӣ, ки дар охири садаи 19 ба вуҷуд омад, на танҳо тавоноии исломро дар ҳамгироӣ ба низомҳои сиёсӣ ва фарҳангии муосир (Ғарб) бомуваффақият собит мекунад, балки инчунин бо ворид кардани ислоҳот ва арзишҳои хоси худ ба таври фаъол онҳоро тағйир медиҳад. Машҳуртарин намояндагони нухбагони зиёии мусалмон, ки барои таҷдиди ислом талош мекарданд, Ҷамолиддини Афғонӣ (1839-1897), муфтии Миср Муҳаммад Абдо (1849-1905); Шоир ва мутафаккир Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938), теологҳои тотор Абу Насри Курсавӣ (1771-1812) ва Шаҳобуддини Марҷонӣ (1818-1889), Аҳмади Дониш, Садри Зиё мебошанд, ки метавонед тавассути интернет ба назарҳои онон шинос шавед.
Баъдтар бо истифода аз теорияву назари онон Ҷадидиён ба миён омаданд ва онҳо таъкид мекарданд, ки таърихи мусулмононро аз нигоҳи танқидӣ омӯхтан лозим аст. Ислом мусулмононро вазифадор мекунад, ки принсипҳои сохти ҷамъиятиро ҷустуҷӯ кунанд, ки барои давраи муайяни таърихӣ бештар мувофиқанд. Ҷадидиён бо баёни он ки мусулмонон аз Қуръон дур шуда, рўҳияи такя ба Қуръону суннатро ба анъанаҳои боқимондаи асрҳои миёна ва хурофот иваз кардаанд, фарҳанги озодандешӣ ва ошкорбаёниро дар мубориза ба ин карахтиҳо ядрои кор медонистанд. Онҳо ҷиҳодро пеш аз ҳама мубориза бо куфр дар дохили худ, таълимро амалҳои воҷиби мусулмони ҳақиқӣ медонистанд, ҳуқуқҳои зану мард дар ҷомеа, таҳаммулпазирӣ нисбат ба давлати дунявӣ ва нисбат ба дигар динҳоро эълон мекарданд.
Ҷадидиён аз лиҳози сиёсӣ ба ақидаҳои конститутсионӣ ва парламентаризми аврупоӣ наздик буданд, ки ақидаҳои онҳо, ба гуфти худашон бояд қабули қарорҳо дастаҷамъона, яъне шуро бошад, ки инро Қуръон ва суннат муқаррар кардааст. (Ва амруҳум Шуро байнаҳум)
Пас, агар мо ҳам мехоҳем, ки бо ҷаҳони муосир ҳамқадам бошем ва тарҳи уникалии давлатдориро ба ҷомеа пешниҳод кунем, бояд ба ин натиҷа расем, ки ба карахтӣ ва шахшудагӣ хотима бахшем. Омузиши таҷрибаи кишварҳое, ки бо ислоҳот ва сиёсатҳои нав худро аз таназзул раҳонидаанд, аз манфиат холӣ нест.
ТАНАЗЗУЛИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ ВА БА МИЁН ОМАДАНИ СИЁСАТҲОИ НАВ
Дар бораи сабабҳои дохилии таназзули тамаддуни мусулмонӣ андешаҳои оштинопазир ва комилан мухолиф бо ҳам вуҷуд доранд. Аз нигоҳи андешаҳои фундмаменталистӣ нокомии кишварҳои исломии муосир аз он сабаб аст, ки онҳо мафҳумҳо ва урфу одат ва формати давлатдории бегонаро пазируфта, аз исломи ҳақиқӣ ҷудо шудаанд.
Модернҳо ва ислоҳотхоҳон, баръакс сабаби ин таназзулро на дар дур шудан аз урфу одатҳои қаблӣ, балки дар нигоҳ доштани онҳо ва бахусус дар ноустуворӣ ва нуфузи рӯҳониёни яктарафбин ё худ фанатизм мебинанд, ки барои пойдории эътиқод ва пойбандии мардум ба қилу қолҳои шаръӣ худро масъул медонанд.
Аммо Модернҳо ё худ Ҷадидиён бошанд диндории ҷомеа ва махсусан исломро на, балки таассубро маҳкум мекунанд.
Ҳоло дар ҷаҳони муосир бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ зарурати чунин ислоҳот дар ислом, бахусус дар шароити рушди иқтисодиро дарк мекунанд. Аз ин мавқеъҳо кишварҳои Туркия, Малайзия, Индонезия, Сингапур ва як камтарак Эрон таҷрибаи нодиреро доранд, ки на танҳо дар як қатор кишварҳои исломӣ балки ҳатто дар Аврупо низ талабгор дорад. (мисол, низоми бонки исломӣ)
Бубинед, Туркия ба ғояҳои нав таваҷҷуҳ дорад ва фаъолона дар ин ҷода қадамҳои устувор мегузорад. Ҳавзаҳои академӣ ташкил намуда, кадрҳо омода месозад, зеро чуноне, ки хабар дорем, Туркия ният дошт ба Иттиҳоди Аврупо шомил шавад ва шарти шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷомеаи мусалмони таҳаммулпазир ва ҳамдигарфаҳмӣ байни он бо давлати дунявӣ мебошад. Ҷадидӣ ё мудерншавӣ роҳи ба даст овардани чунин ҳамдигарфаҳмиро нишон медиҳад. Ба чигунагии ҳамзистӣ бо намояндагони адён ва боварҳои дигар роҳ мекушояд.
Агар чунин нашавад дар замони ҳозир мо худро ба бунбасти бечорагӣ ва инзиво дучор мекунем ё идғом хоҳем шуд.
НИШОНАҲОИ БА ИНЗИВОРАВИИ МО
Бояд ба ин ҳам ишорае кунам, ки ба инзивофиристии мо бо тамоми кушиш ва муваффақона аз ҷониби режими Тоҷикистон идома дорад.
Бар замми ин чуноне, ки имрӯзҳо ислому мусалмононро дидан мехоҳанд, мо худамон нохудогоҳ ба ҳамон су равонаем, гоҳо мехоҳем ба ин ба таври радикалӣ вокуниш нишон диҳем, ки боз ҳам бар зарари худамон тамом мешавад.
Мисол, наҳзатиёнро аз Эрону Туркия ронданд, дар Русия ҲНИТ терористӣ эълон шуд ва ҳоло ҳамин кушиш дар Аврупо шуда истодааст. Зеро назарияҳои илмӣ ва амалии мо ба ҷаҳони муосир номаълум боқӣ монда, фақат дар суханрониву мусоҳибаҳои роҳбарият маҳдуд мондааст. Назарпардозии шахсони қаторӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ аз сиёсати роҳбарият хеле фарқ мекунад.
Тарафи муқобил бошад, даҳҳо сиёсатшиносони коркуфта ва ҳам ҷавонро ҷамъ карда, тамоми ҳушу ёдашро на ба пешрафти кишвар, балки ба нобудии мо равона кардааст. Мунтазам мақолаҳои илмиву таҳлилӣ ва таҳқиқи фаъолияти мо ба таври хостаи режим нашр шуда истодааст ва оҳиста — оҳиста ба ин сиёсатшиносону ҷомеашиносон бовар карда истодаанд. Ин ҳам ногуфта намонад, ки аксарияти сиёсатшиносони ғарб таҳдиди исломи сиёсиро ба ҷомеаи имрӯз камтар аз радикалҳо намедонанд.
Ин аз он дарак медиҳад, ки мо дар ҳоли осебпазирии ҷиддӣ қарор дорем ва дар аксари ҳол чархи гардун бар муроди мо чарх намезанад ва баракс осебпазирии мо бештар мешавад. Мо дар ба даст овардани эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ нисбати худ онқадар муваффақ нестем.
Ин омилҳое, ки зикр шуд, ҳамқадамшавии мо бо ҷаҳони муосирро муҳолтар мегардонад ва бояд роҳҳои раҳоӣ аз ин варта андешида шавад.
ЧИ БОЯД КАРД?
1. Фаъолияти омузиширо фаротар аз фаъолияти сиёсӣ бояд ба роҳ монд. То огоҳона қадам монданҳо зиёд шавад. То шахсони огоҳ ба сари кор оянд.
Хуб мебуд, фаъолияти сиёсӣ дар маҳдудаи изҳороту вокунишҳо ва фаъолиятҳои ҳуқуқӣ ва расонаӣ ба роҳ монда мешуд ва боқимонда ҳама қувваро барои сохтани кадрҳои оянда ва шиносонидани худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ сарф мекардем. Чунки як ду нафаре, ки имруз доранд, ин корро карда истодаанд, намешавад ҷомеаи байналмилалиро ба он мутақоид кард.
2. Диққати ҷиддӣ ба соҳаи омузишу парвариш дар Аврупо ва Русия. Ҷалби бештари ҷавонон ба макотиби олӣ ва ба назорат гирифтани он.
3. Ташкили мактаби сиёсии онлайнии ҳатмӣ ба масъулин ва фаъолони сиёсӣ ва таъмини он ба кадрҳо. Вазифадор кардани тамоми фаъолон ба мутолеаи адабиётҳои сиёсӣ ва исломӣ бо зикри номгуи китобҳо ва ташкили баҳсҳо ва маҳфилҳо дар бораи назарияҳои адабиёти сиёсӣ.
4. Шуъба ё махсус ниҳоди назорати кор бо ҷавонон дар ПМТ ташкил карда шавад ва тамоми ҷавонон ва фарзандони ҷонибдорони ПМТ ва хоҳишмандони дигар дар ин ниҳод мутаҳид шаванд. Дар ҷалбу ташвиқи онҳо ба омузиш ва баланд бардоштани огоҳии сиёсии онҳо семинару вохуриҳо ва машваратҳои инфиродӣ суръат бигирад.
5. Руихати тамоми фарзандони ҷонибдорони ПМТ тартиб дода шуда, табели пешрафти онҳо дар мактаб зери назорат гирифта шавад. Кудаконе, ки дар донишу омузиш ба муваффақият ноил мешаванд, набояд аз назари роҳбарияти ПМТ дур монанд ва ҳеҷ не бо як табрикнома ё мукофот қадрдонӣ карда шавад.
Ҳаминро ҳам илова кунам, ки агар як ҳизб ё ҳаракати сиёсӣ дар фаъолияти худ давлатдориро машқ намекунад ва иддае аз асоси давлатдорӣ ба мисли фарҳангу маорифро ҳам ҷузъи фаъолияти худ намедонад, маҳкум ба нобудӣ аст. Бо ҳамин андеша, ки кори як ҳизби сиёсӣ ин машгул шудан ба корҳои маориф ва фарҳанг нест, ва танҳо маҳдуд ба вокунишу изҳорот ва фаъолиятҳои дипломативу расонаӣ аст, ингуна ҳаракати сиёсӣ аллакай ҷанозаи худашро хондааст. Ҳеҷ касе дар ин ингуна ҳизб ё ҳаракат ҳеҷ хайре намебинад. Ба ҷуз иддаи маҳдуд ҳама кушиш мекунад аз чунин туда дур шавад, чун ингуна тактик холӣ аз маънавиёт ва холӣ аз илму дониш буда, танҳо ба майли сиёсати ҳаминрузаи режим хоҳад буд.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating