Сафари раисҷумҳури Эрон ба Душанбе чӣ паём дорад?
Дирӯз, 8-уми ноябр, баъди мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе раисони ҷумҳур ва мақомоти баландпояи ду кишвар як баёнияи муштарак ва 18 санад ва ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд. Аз ҷумла дар ин рӯз ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид ба имзо расид.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар маросими имзои асноди нави ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон, Иброҳими Раисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон баёнияи муштарак дар бораи тавсеаи равобити истротежӣ ва дарозмуддати дуҷонибаро имзо карданд.
Ҳамчунин мақомоти баландпояи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар 18 санад ва ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд.
Ёддошти тафоҳуми “Харитаи роҳ” барои ҳамкориҳои дарозмуддати тиҷоративу иқтисодӣ солҳои 2023-2030, лағви раводид, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамлунақл ва транзит, мудирияти рухдодҳои фавқулода, ташкили минтақаи озоди иқтисодии муштарак, фарҳанг ва ҳунар, таҳсилоти олӣ, пажӯҳиши фанноварӣ ва навоварӣ, хадамоти почта, ҳамкориҳои варзишӣ ва бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Язд ва Хуҷанд аз ҷумлаи аснод ва ёддоштҳои ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон буд, ки мақомоти ду кишвар имзо карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъди анҷоми маросими имзои аснод дар нишасти матбуотии муштарак бо Иброҳим Раисӣ раисҷумҳури Эрон гуфт, ки ҷиҳати расидан ба аҳдофи ҷавобгӯ ба манфиатҳои ду кишвар, фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ шарти муҳим аст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими минбаъдаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо ва ба воқеъиятҳои имрӯза мутобиқ кардани он амри зарурӣ аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти муҳтавои музокирот ва мувофиқаҳои ҳосилшуда таъкид кард, ки натиҷаҳои ин сафари раисиҷумҳури Эрон ба раванди рушди муносибатҳои ду кишвари дӯст такони тозаи амалӣ хоҳад бахшид.
Дар баробари ин Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар ин нишасти хабарии муштарак бо ишора ба тасмимоте, ки дар ҷараёни сафари қаблиаш ба Душанбе гирифта шуда буд, гуфт, ки равобити ду ҷониб дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ хуб рушд кардааст.
Раисӣ дар идома афзуд, дар музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки дар айни замон дар роҳи рушди равобити ду кишвар ҳеч монеае вуҷуд надорад. Раисҷумҳури Эрон дар ин замина таъкид кард, ки бо назардошти зарфиятҳои мавҷуд равобити тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ҳатман метавонад аз ин мизон бештар бошад.
Ба гуфтаи коршиносон, миёни асноди имзошуда миёни Эрон ва Тоҷикистон дар рӯзи 8-уми ноябр ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи лағви раводид ҷиҳати таҳким ва тақвияти равобити Душанбе ва Теҳрон аҳамияти хоса дорад.
Бояд гуфт, ки раисони ду ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ барои нахустин бор дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаъи Умумии СММ дар Ню-Йорк дар моҳи сентябр масъалаи сода кардани низоми раводид миёни ду кишварро матраҳ карда буданд.
Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистону Эрон парвозҳои доимӣ ба роҳ монда шудааст, аммо танҳо дорандагони шиносномаҳои хидматӣ ва дипломатӣ метавонанд ба кишварҳои якдигар бидуни раводид сафар кунанд.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки тавофуқи Эрон ва Тоҷикистон барои лағви раводид хеле хабари хушҳолкунанда буда, дарвоқеъ ниёзи мардумони ду кишвар аст. Вай дар ин замина афзуд:
“Имзои санади лағви раводид натанҳо барои рафтуомади тоҷирону бозаргонон ва сайёҳон аҳамият дорад, балки дар кул заминаро барои рушд ва пешрафти муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратиро ҳам бештар фароҳам хоҳад кард, ки бешак аз ин фурсат ҳатман истифодаҳои муносиб анҷом хоҳад шуд”.
Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, ин сафари Иброҳим Раисӣ ба Душанбе барои минтақаи Осиёи Марказӣ ин паёмро дорад, ки Тоҷикистон ва Эрон бо тавофуқоте, ки анҷом доданд, хоҳони ҳамгироии минтақаӣ, таҳқими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи доғи ҷаҳон ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Эрон асри дирӯз дар анҷумани соҳибкорони ду кишвар дар Кохи “Истиқлол”-и Душанбе ширкат ва суханронӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳори итминон кард, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва тиҷорат мусоидати муассир хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, таҳкиму тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Эрон аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат маҳсуб мешавад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома бо натиҷагирӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон изҳори бовар кард, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду давлат то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар Душанбе боз кард.
Аз замони барқарории равобити сиёсӣ миёни ду кишвар раисони ҷумҳурии исломии Эрон 14 бор ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон 18 бор аз кишварҳои якдигар боздид кардаанд. Аз ҷумла моҳи сентябри соли 2021 Иброҳим Раисӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аввалин сафари хориҷии худро ба Тоҷикистон анҷом дод.
То кунун миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, дифоъӣ ва фарҳангӣ беш аз 200 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энержии об, ҳамлунақл, роҳсозӣ, нақбсозӣ, тиҷорат, аз ҷумла иҷрои тарҳи нерӯгоҳи барқобии «Сангтуда-2»-ро метавон яке аз намунаҳои назарраси ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи энержӣ ва робитаҳои иқтисодии ду кишвар унвон кард.
Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар 9 моҳи соли равон ба 175,2 милён долар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 милён долар ё 11,4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон Эрон дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 3,4 дарсад баробар шуда, ин кишвар дар мақоми 7-ум қарор гирифт. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Эрон ба маблағи 63 милён долар молу коло содирот гардида, аз ин кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи 112,2 милён долар мол ворид шудааст.
Манбаъ: halva.tj
Average Rating