Вақте режим бо мардуми худаш сулҳ надорад…

Фиристед

Пойгоҳи таблиғотии режими Тоҷикистон АМИТ «Ховар»  зери унвони “Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот саъю талош менамояд” матлабе нашр карда, навиштааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо ҳадафи расидан ба сулҳу суботи пойдор пеш мебарад. Дар ин матлаб иқтибосҳо аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба Парлумони ҷумҳурӣ оварда шуда, кӯшиш мешавад, ки талошҳои сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистонро барои ҳифзи субот, пешгирии низоъҳо, густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор равонашуда нишон дода шавад. Дар мақола гуфта мешавад, ки ин раванди “сулҳҷуёна”, “мутобиқ ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ гардида, ҷузъи муҳими сиёсати давлати Тоҷикистонро ташкил медиҳад.”

Мехоҳам чанд гуфтание, ки роҷеъ ба ин матлаб дорам, ба шумо хонандаи азиз «дарди дил» кунам.

Биёед, пеш аз ҳама аз худи сарлавҳа сар кунем. Қолабшикании “Ховар” дар сарлавҳанависӣ нест андар Ҷаҳон аст. Як банди пурра, барои матлабҳои Ховар метавонанд як сарлавҳа бошанд. Ин як баҳси дигар аст. Ҳоло бингарем ба сарлавҳа.

Сарлавҳаи «Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот саъю талош менамояд» намунаи возеҳи суханбофист ва таблиғоти хушки давлатест, ки мехоҳад бо истифода аз вожаҳои зебо ва мураккаб, воқеиятро аз назарҳо пинҳон дорад.

Истифодаи вожаи «ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ» як изҳори ормонист, ки воқеияти сиёсати хориҷии Тоҷикистонро пинҳон мекунад. Ба калону хурд, пиру барно ва ҳатто хасу хошоки кишвар маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир борҳо мавриди интиқоди сахти созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст — аз фишор ба мухолифони сиёсӣ ва журналистон то поймол кардани ҳуқуқи инсон ва интихоботи ғайридемократӣ. Чунин мавқеъ на ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, балки дуршавӣ аз арзишҳои умумибашарист. Давлате, ки дар рӯйхати поймолкунандагони озодиҳо қарор дорад, наметавонад даъвои “ҳамбастагӣ” бо ҷаҳони демократиро кунад — ҳамбастагӣ танҳо бо имзои созишномаҳо ва дайду-дайду сафар карданҳо нест, балки бо иҷрои тааҳҳудҳои ҳуқуқии байналмилалист.

«Ҳадафҳои созанда» яъне чӣ? Ҳадафҳои кӣ? Барои кӣ созанда? Барои элитаи ҳоким, ки манфиатҳои шахсӣ ва гуруҳии худро бо баҳонаи субот ҳимоя мекунанд, ё барои ҷомеае, ки таҳти фишор, беадолатӣ ва тарс зиндагӣ мекунад? Бидуни муайян кардани меъёр ва натиҷа, чунин ибора танҳо «шаблонест» барои пинҳон кардани набуди ислоҳот ва норасоиҳои сиёсати давлат.

Вожаи болохонадори дилбазан «пойдории сулҳу субот» дар сарлавҳа ҳамчун арзиш муаррифӣ шудааст, вале дар амал қабри ин “сулҳ” кайҳо чукида, ҷойи онро сукут, ваҳшат ва тарси маҷбурии ҷомеа гирифтааст. Субот — вақте маъно дорад, ки бар асоси адолат, қонун ва озодӣ бунёд шавад. Аммо, вақте суботи зоҳирӣ натоиҷи тарсу фишор ва саркӯб аст, ин дигар субот нест, балки меваи террори давлатӣ ва хомӯшии иҷборист. Тоҷикистон дар солҳои охир на субот, балки ҳокимияти мутлақи як гурӯҳи хосро дар ҳоли саркӯбии миллат таҷриба мекунад, ки ба ҷои гуфтугӯ ва ҳамгироӣ, рӯҳияи “бо мо ё бар зидди мо”-ро тақвият мебахшад.

Мақолаи нашршуда дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар», ки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамчун намунаи сулҳҷӯӣ ва ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсиф мекунад, намунаи возеҳи таблиғоти расмиест, ки кӯшиш мекунад як тасвири орӣ аз воқеият ва сирфан рамзии сиёсати давлатро пешкаши ҷомеаи дохилӣ ва хориҷӣ кунад. Аммо як назар ба воқеияти амалии сиёсӣ дар дохил ва хориҷ кофӣ аст, дониста шавад, ки ин тасвир бештар сояест пушти девори сиёсати худкома ва пурихтилоф.

Сухан аз сулҳҷӯӣ дар сиёсати хориҷӣ дар ҳолест, ки худи ҳамин давлат бо шаҳрвандони худ дар ҳолати доимии низоъ ва набард қарор дорад. Давлат, ки худро пушти шиорҳои субот ва амният пинҳон мекунад, дар асл бо ҷомеа, махсусан бо ҳар нафаре, ки дигарандеш аст ё фаъолиятҳои мустақилона дорад, мисли бо душман муносибат мекунад. Озодии баён, озодии виҷдон, озодии гирдиҳамоӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсонӣ ба таври систематикӣ ва барномарезишуда маҳдуд гардидаанд. Садҳо нафар танҳо барои фикр ё фаъолияти сиёсӣ зиндонӣ шудаанд. Зиндониёни сиёсӣ, фаъолони динӣ, рӯзноманигорон ва блогерон таҳти шиканҷа қарор гирифта, ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Ҳатто шаҳрвандони берун аз кишвар аз дасти ин режим дар амон нестанд ва ба василаи ниҳодҳои махсус таъқибу тарсонда мешаванд. Ҳамаи ин нишондиҳандаи равшани он аст, ки давлат ҳатто бо мардуми худаш сулҳ надорад. Пас, чӣ гуна чунин режим метавонад дар арсаи хориҷӣ даъвои сулҳҷӯӣ кунад?

Инчунин, режими феълӣ сулҳи таърихие, ки дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада буд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун намунаи муваффақи оштии миллӣ мешинохт, шикаст. Ба ҷои он ки шохаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ, дар сохторҳои давлатӣ ва зиндагии сиёсии кишвар ҷойгоҳи устувор дошта бошанд, давлат онҳоро сарбагурез кард, нест намуд ва таъқиб кард. Низоме, ки баъди соли 1997 бояд бар асоси қонун, ҳамдигарэътирофӣ ва гуногунандешӣ рушд мекард, тадриҷан ба як ҳукумати ягонаи шахспарастӣ табдил ёфт. Ба ҷои сулҳи миллӣ, фазои тарсу террор ва даҳшатафканӣ ҳукмфармо гашт.

Саркӯби сулҳи дохилӣ яке аз фоҷиаҳои таърихи муосири Тоҷикистон аст, ки ҷаҳониён шоҳиди он шуданд. Сулҳе, ки соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба даст омад, бояд заминаи эҷоди ҷомеаи бисёрсадо, гуногунандеш ва ба озодиҳо эҳтиромгузор мешуд.

Аммо ин сулҳ на танҳо иҷро нашуд, балки аз ҷониби режими ҳоким тадриҷан ва мақсаднок саркӯб гардид. Бо гузашти чанд сол, қариб ҳамаи кадрҳои намояндаи Иттиҳоди неруҳои оппозицияи тоҷик (ИНОТ) барканор ва баъдан аксаран боздошт, фирорӣ ё ҳатто қатл шуданд.

Режим сулҳро як василаи муваққатӣ барои қудратёбӣ дид, на як усули давомдори ҳамзистии сиёсӣ. Пас аз таҳкими қудрат, режим тамоми муқаррароти созишномаро ё нодида гирифт, ё бо “ислоҳоти қонун” ва «легитимӣ» кардани худкомагӣ бекор кард.

Сулҳро набояд танҳо бо қатъ шудани ҷанг арзёбӣ кард — сулҳ маънои эътирофи дигарандешон, ҳуқуқи ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ва кафолати бехатарии ҳар шаҳрванди дорои ақидаи мухталифро дорад. Вақте ки ин ҳама барҳам хӯрд, моҳияти сулҳ шикаста шуд.

То имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷиконро танҳо ҳамчун як нуқтаи таърихӣ ёд мекунад, вале дар амал тамоми нишонаҳои ҳамзистии сулҳомезро маҳв сохтааст.

Ҳар замон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки мардум шукронаи сулҳу суббот кунанд. Аммо кадом сулҳ ва кадом суботе, ки зуд-зуд ба ҳар дигарандеш аз ҷанги шаҳрвандӣ ёдоварӣ мешавад ва пурсида мешавад, ки «боз ҷанг мехоҳӣ?» Суоли матраҳ инаст, ки агар як дигарандеш ибрози андеша кард, ҷангро бо ӯ кӣ мекунад?

— Ҳамин режим?

— Ҳамин аст сиёсати сулҳҷӯёна?

Ин сиёсати сулҳҷуёна не, балки саркӯби сулҳи дохилӣ аст ва ин саркӯб дар шуури ҷамъиятӣ эҳсоси беэътимодӣ, хомӯшӣ ва тарсро решадор кардааст.

Саркӯби сулҳи дохилӣ — саркӯби умеди миллат ба ваҳдат ва адолати пас аз ҷанг аст. То замоне, ки давлат ин ҳақиқатро эътироф намекунад ва иқдом ба барқарории рӯҳияи созиши миллиро намегирад, наметавон аз сулҳу субот ва аз ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ сухан гуфт. Сулҳи ҳақиқӣ фақат бо таъмини адолат, эътирофи мухолифандешон ва эҳтироми қонун имконпазир аст — на бо зӯр ва на бо таблиғ.

Аз тарафи дигар, давлат дар сатҳи байналмилалӣ низ амалҳоеро анҷом медиҳад, ки бо моҳияти сулҳҷӯӣ ҳамхонӣ надоранд. Яке аз намунаҳои равшан — иҷозаи фаъолияти расмии дафтари намояндагии Муқовимати миллии Афғонистон дар Душанбе аст. Ин мухолифони ҳукумати Толибон, ки дар дохили худи Афғонистон ҳузури сиёсӣ ва ҳарбӣ доранд, бо пуштибонии ғайримустақим дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар шароите, ки аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо режими кунунии Кобул сиёсати эҳтиёткорона пеш гирифтаанд, ин иқдом метавонад сабаби муноқиша ё ҷанги иттилоотӣ ва сиёсӣ миёни ду кишвари ҳамсоя гардад, ки баъзе намунаҳояш аллакай ба сарзанӣ шурӯъ кардаанд, ки баҳси мо ин нест.

Ҳатто дар сатҳи назариявӣ, ҳузури гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ дар кишваре ки бо ҳамсояи худ марзи тӯлонӣ ва равобити ҳассос дорад, таҳдид ба суботи минтақавӣ аст, на «сиёсати сулҳҷӯёна».

Ба ин замима бояд муомилаи давлат бо замини худи кишварро низ илова кард. Мувофиқи хабарҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, давлати Тоҷикистон бидуни баргузории музокироти шаффоф бо ҷомеа ва бидуни шарҳи возеҳ, қисме аз қаламрави шимолии кишварро ба Қирғизистон вогузор кард. Ҷониби Қирғиз эълон кард, ки заминро 50 бар 50 тақсим кардаанд. Аммо дар асл Қирғизистон дар хоки Тоҷикистон як ваҷаб ҳам замин надошт. Ин тақсими 50 бар 50 ҳам аз ҷониби Тоҷикистон шарҳ дода нашуд. Ин амали давлат, ки дар фазои пӯшида ва бе шарҳ ба мардум сурат гирифт, на сулҳ, балки заъф дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тамомияти арзии давлатро нишон медиҳад. Ҳар кишваре, ки ҳаққи худро наметавонад ҳифз кунад, баръакс муросояш дар минбаъд ба даъвои нав табдил меёбад.

Муҳимтар аз ҳама, ҷомеаи байналмилалӣ — аз созмонҳои ҳуқуқи инсон то кишварҳои демократӣ — борҳо аз давлати Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба саркӯбҳои сиёсӣ хотима диҳад, маҳбусони сиёсиро озод кунад ва ба онҳо ҷуброни маънавӣ диҳад. Иттиҳоди Аврупо, СММ, ИМА ва бисёр давлатҳои дигар тавассути баёнияҳо, қарорҳо ва фишорҳои дипломатӣ хостори ислоҳот ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шудаанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин муроҷиатҳоро ё ба пуррагӣ сарфи назар мекунад ё бо шеваи радкунандаи зиддиятомез ба онҳо ҷавоб медиҳад. Аз ҷумла, ба ҷойи барқарор кардани рақобати сиёсии солим бо мухолифони сиёсӣ, онҳоро террорист меномад, аз рӯйхати Интерпол ва таъқибҳои расмӣ истифода мекунад ва ҳамлаҳои расонаӣ ташкил медиҳад.

Оё чунин низоме, ки бо мардумаш сулҳ надорад, бо ҷомеаи байналмилалӣ муносибати масъулона надорад ва дар сиёсати хориҷӣ иқдомҳои хатарбор анҷом медиҳад, метавонад худро намояндаи сулҳҷӯӣ ва суботи минтақа муаррифӣ кунад? Сулҳ фақат бо забони дипломатӣ нест — он дар амал, дар муносибати давлат бо шаҳрванд, дар барқарории адолат, дар эҳтироми ҳуқуқҳо ва дар шаффофияти ҳокимият зоҳир мешавад. То замоне, ки ҳукумат танҳо дар сатҳи расмӣ аз сулҳ сухан мегӯяд, вале дар амал бар зидди он амал мекунад, ин рафтор бозгӯи онаст, ки режим ба ин наздикиҳо ҳатто дар бораи сулҳи дохилӣ андешидан ҳам намехоҳад. Куҷо расад ба сулҳи сатҳи ҷаҳонӣ? Вагарна, ҳукумат ба ингуна матлабҳои “худсафедкун” ниёз ҳам намедошт.

 

Шавкати Муҳаммад

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *