Ду сутуни тавозун барои як ҳаракати сиёсӣ: Махфият ва иттилоърасонӣ 

Фиристед

Дар ҳар фазои сиёсие, ки ҳукумат бар асоси тарс, зӯрӣ ва саркӯб амал мекунад, барои як ҳаракати сиёсии мухолиф, ки ҳадафи он тағйири воқеӣ ва судманд аст, риояи мутавозини ду пояи бунёдӣ — махфияти сирри мубориза ва иттилоърасонӣ — аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ин ду унсур, агар бо ҳушмандӣ ва тадбир истифода шаванд, метавонанд самти ҳаракатро ба сӯи пирӯзӣ роҳнамоӣ кунанд.

Махфиятм сирри мубориза ва барномаҳои амалӣ на танҳо воситаи муҳофизат ва амнияти шахсӣ ва гурӯҳӣ аст, балки шарти ҳатмии тафаккури озод ва қабули тасмим дар шароити фишор мебошад. Ҳамзамон, иттилоърасонӣ аз фаъолияту барномаҳо, дар зоҳир, метавонад танҳо расондани маълумот ва хабарҳо аз фаъолият бошад, аммо дар асл — ин абзори бедорсозии шуур, ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ва тақвияти эътимоди ҷамъиятӣ ба ҳаракат мебошад. Муваффақияти ҳар гуна талоши сиёсӣ, аз тавозуни дуруст ва муътадил миёни ин ду асл вобаста аст.

Дар марҳилаҳои иқдом, вақте ҳаракат қасди анҷоми амали муҳим ва таъсиргузорро дорад, доираи иттилоъдошта аз нақшаҳои амалӣ бояд қатъиян маҳдуд бошад. Аз стратегия мешавад, фаъолону ҷонибдорон ва ҷомеаро огоҳ сохт, аммо чигунагии амалисозии стратегия сирҳои мувафақияти худро дорад, ки аҳли сир бояд онро риоя кунанд. Маълумоти сирри муваффақияти амал бояд танҳо дар миёни ашхоси комилан боэътимод гардиш кунад, то ки роҳбарият имкони қабули тасмим дар муҳити ором, бо хиради комил ва бидуни шубҳа дошта бошад. Агар чунин иттилоъ ба дасти душман ё ниҳодҳои амниятии режим биафтад, он метавонад бо тамоми иқтидори назоратӣ ва механизми саркӯб фаъол шуда, иқдомро пеш аз шурӯъ нобуд созад.

Ҳукуматҳои худкома, ба мисли режими феълии Тоҷикистон, бо истифода аз шабакаҳои густурдаи ҷосусӣ ва назоратӣ, пайваста дар пайи фош кардани нақшаҳои мухолифинанд. Онҳо паёмҳоро таҳлил мекунанд, шабакаҳоро зери назар доранд ва ба ҳар ишорае аз ҳаракат, вокуниши фаврӣ нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳар маълумоти бармаҳал, ҳар ифодаи ният, ҳатто ишораи ғайримустақим метавонад сабаби хунсо шудани тамоми иқдом шавад.

Ғайр аз ин, бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷ, зери таҳдид ва хатар қарор доранд. Бинобар ин, танҳо замоне ки иқдом амалӣ мешавад ва ё ба марҳилае мерасад, ки имкони боздоштанаш дигар вуҷуд надорад, метавон натиҷаро расонаӣ кард.

Як равиши мувафақ ва натиҷадеҳ ҳаст ва он ҳам бошад, “кори зиёд, гуфтори кам” аст, ки на танҳо тактикаи сиёсӣ, балки фалсафаи амал дар шароити саркӯбгароёна аст. Рақиб бояд ҳамеша дар торикӣ монад, надонад ки кадом иқдом кай, аз куҷо ва бо чӣ шева анҷом мешавад. Дар муборизаи сиёсӣ, на ҳар чиз бояд гуфта шавад. Зеро баъзе пирӯзиҳо, танҳо пас аз воқеъ шудан, арзиш ва асари воқеии худро нишон медиҳанд.

Махфият ва ҳифзи тадбир на танҳо усули муосири сиёсатмадорӣ аст, балки реша дар таълимоти исломӣ низ дорад. Қуръон ва зиндагии анбиё борҳо моро ба тадбир, тафаккур, ва пинҳон доштани нияти нек ҳидоят мекунанд.

Пайғамбари ислом, Муҳаммад (с), ҳангоми ҳиҷрати таърихӣ аз Макка ба Мадина, тамоми нақшаро бо эҳтиёт ва танҳо як-ду нафарро дар ҷараён гузошт. Маҳз ҳамин махфият буд, ки бо вуҷуди ҷустуҷӯи шадиди Қурайш, уро ба Мадина расонд ва он ҷо оғози давлати исломӣ шуд. Ҳамчунин, ҳазрати Мусо (а) баъд аз ҳодисаи куштори як мисрӣ, бо эҳтиёту хомӯшӣ ва дур аз чашми мардум, шаҳрро тарк мекунад.

Ин қиссаҳои қуръонӣ на танҳо таъриханд, балки раҳнамо барои сиёсатмадорони масъул ва боэътиқоданд. Онҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто паёмбарон, дар баробари золимон, бо тадбир ва махфият амал мекарданд.

Пас, вақте як ҳаракати сиёсии муътақид ва ҳадафдор дар муқобили низоми худкома қарор мегирад, риояи махфият ва мувозинати иттилоърасонӣ — на танҳо оқилона, балки мутобиқ ба суннат, ҳикмат ва аҳкоми исломӣ мебошад. Чун ислом ҳамеша ба ҳифзи ҷони инсон, амонати иттилоъ ва натиҷаи нек дар амал аҳамияти аввалин медиҳад.

Илҳомҷон Ёқубов


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *