Сохтмони корхонаи хиштпазӣ дар Кӯлоб: «Ҳалворо ҳаким хурад, калтакро ятим»

Фиристед

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони як корхонаи нави истеҳсоли хишт бо иштироки сармояи чинӣ оғоз шудааст.

Тавре хабаргузории Avesta бо истинод аз расонаҳои давлатӣ иттилоъ медиҳад, мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони гурӯҳи соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин гуфтаанд, ки корхона ба истеҳсоли хишти пухта машғул хоҳад шуд ва метавонад талаботи ширкатҳои сохтмонӣ дар минтақаи Кӯлобро қонеъ созад.

Тафсилоти молиявии лоиҳа, ҳаҷми сармоягузорӣ ва шартҳои созишнома миёни ҷонибҳо то ҳол дар расонаҳо ошкор нашудааст. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иқтисоддонҳо таъкид мекунанд, ки чунин лоиҳаҳо бояд бо шаффофият ва бо назардошти манфиати дуҷониба амалӣ шаванд, зеро дар гузашта чандин ҳамкориҳои шабеҳи сармоягузорӣ ба иҷрои нопурраи ӯҳдадориҳо ва мушкилоти муҳити зист оварда буданд.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, ҳадаф аз сохтмони ин корхона таъмин намудани бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз маҳсулоти воридотӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки дар сурати фаъол гардидани корхона, чандин ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки лоиҳа аз чӣ гуна арзёбии таъсири экологӣ гузаштааст ва то куҷо манфиатҳои аҳолии маҳаллӣ дар он ба ҳисоб гирифта шудаанд. Аз ҷиҳати экологӣ, истеҳсоли хишт яке аз фаъолиятҳои баландифлоскунанда ба шумор меравад. Дар сурати ҷойгир будани корхона дар наздикии маҳаллаҳои зист, таъсири ҳаво ва муҳити ифлос метавонад хеле хатарнок гардад.

Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, Конвенсияи Орҳус, ки Тоҷикистон онро соли 2001 тасдиқ кардааст, талаб мекунад, ки қабл аз оғози чунин лоиҳаҳо арзёбии таъсири муҳити зист (Environmental Impact Assessment – EIA) ба таври шаффоф анҷом дода шавад ва аҳолии маҳаллӣ дар раванди қабули қарор иштирок кунад (Article 6–7, Aarhus Convention). То имрӯз дар бораи гузаронидани чунин арзёбӣ дар робита ба ин корхона ҳеҷ иттилои расмие нашр нашудааст, ки ин метавонад нақзи ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар бошад.

Дар канори масъалаҳои муҳити зист, паёмадҳои иҷтимоии лоиҳа низ қобили таваҷҷуҳанд. Дар Тоҷикистон ин аввалин корхонаи истеҳсолии ифлоскунандаи экология нест. Ҳатто кор то ҷойе расида, ки ба хотири партовҳои корхонаҳои истеҳсолии семент ва шабакаҳои барқу гармидиҳӣ шаҳри Душанбе — Пойтахти Тоҷикистон яке аз ифлостарин шаҳр дар ҷаҳон аз ҷиҳати экологӣ дониста шавад.

Илова бар ин мисли мақоли халқӣ “Ҳалворо Ҳаким хурад, калтакро ятим”, дар бисёре аз ҳамкориҳои қаблии Тоҷикистон бо сармоягузорони чинӣ, аз ҷумла дар соҳаи сохтмон ва истихроҷи маъдан, шаҳрвандони Тоҷикистон на фақат насибашон аз ин корхонаҳо танҳо нафаскашии ҳавои ифлос ва хароб шудани хонаву боғу чарогоҳашон шуда, балки ҳатто ба ҷойи кор таъмин нашудаанд ва коргарони маҳаллӣ нақши ночиз доштаанд.

Пойгоҳи International Crisis Group дар гузориши худ Central Asia’s Silk Road Rivalries қайд мекунад, ки ҷойҳои ваъдашудаи корӣ аксаран ба шаҳрвандони маҳаллӣ намерасанд, дар сурате ки кормандони чинӣ бо маоши бештар ворид мешаванд. Ин боиси афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва норозигии ҷамъиятӣ мегардад.

Яке аз намунаҳои намоёни таҷрибаи мушкилзои ҳамкориҳои саноатии Тоҷикистон бо Чин корхонаи коркарди сурмаи «Пакт Инвест» дар ноҳияи Айнӣ мебошад. Ин корхона, ки бо сармояи ширкати чинӣ фаъолият мекунад, тайи солҳои охир бо интиқодҳои ҷиддӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва созмонҳои ҳифзи муҳити зист рӯ ба рӯ шудааст. Бино ба таҳқиқоти журналистии Радиои Озодӣ, сокинони деҳаи Зарнисор дар наздикии корхонаи кони тиллои “Зарафшон” борҳо шикоят кардаанд, ки дуди заҳролуд ва партовҳои саноатӣ на танҳо ба ҳаво, балки ба обҳои рӯдхонаҳо низ таъсири манфӣ расондаанд. Дар пайи боришот, заминҳои зироатӣ бо лой ва ифлосиҳои саноатӣ пӯшида шуда, нобуд гаштаанд.

Илова бар ин, сокинон таъкид мекунанд, ки аксарияти кормандони корхона шаҳрвандони Чин мебошанд ва мардуми маҳаллӣ на танҳо аз ҷойҳои корӣ маҳрум мондаанд, балки аз таъсири манфии корхона низ азият мекашанд. Як сокини деҳаи наздик дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфта буд: «Корро чинӣ мекунад, аммо нафаси мо мегирад». Ҳамчунин, шуморе аз фаъолони маҳаллӣ иддао доштанд, ки расонаҳои давлатӣ ин мушкилотро сарфи назар мекунанд ва мақомот ба ҷойи ҳалли масъала, шикояткунандагонро таҳдид ва бозпурсӣ менамоянд.

Як мақоми баландпояи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки идораи асосӣ дар ин соҳа мебошад, ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба ин сохтори давлатӣ амр шудааст, ки аз мушкилоти зистмуҳитиву беҳдоштие, ки ба корхонаи “Зарафшон” рабт мегирад, чашм пӯшанд.

Шояд саволе ба миён ояд, ки фазоифлоскунии корхонаҳои истихроҷи маъдан ба корхонаи истеҳсоли хишт чӣ рабт доранд?

Гарчанде фаъолияти корхонаҳои истихроҷи маъдан ва истеҳсоли хишт аз ҷиҳати технологӣ фарқ доранд, ҳарду дар категорияи саноати ифлоскунанда (polluting industries) қариб, ки саҳми баробар доранд. Истеҳсоли хишт — хусусан хишти пухта — раванди энергетикии баланд буда, аксаран бо истифода аз ангишт, газ ё ҳезум барои сӯхтан амалӣ мешавад. Чуноне, ки зикраш рафт, маҳз ҳамин раванд боиси партови газҳои гулхонаӣ, зарраҳои шиновар (PM2.5 ва PM10) ва оксидҳои сулфур ва нитроген мешавад — моддаҳое, ки ба саломатии инсон ва муҳити зист хатар доранд.

Таҳқиқоти Муассисаи байналмилалии муҳити зист (UNEP) ва Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки дар кишварҳое чун Ҳиндустон, Непал ва Бангладеш, корхонаҳои хишт яке аз манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳаво мебошанд. Ин ҳолат метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки регулятсияи муҳити зист суст ва назорат кам аст, низ дуруст бошад.

Ғайр аз ин, барои истеҳсоли хишт миқдори зиёди хоки гил истифода мешавад, ки агар бесистем ва беэҳтиёт истихроҷ шавад, метавонад боиси нобудшавии заминҳои зироатӣ ва тағйири манзараи табиӣ гардад — воқеаест, ки дар минтақаҳои дигар сабт шудааст.

Яъне, гарчанде ки истеҳсоли хишт маъдан намекашад, он бо роҳҳои дигар метавонад таъсири манфии муҳити зистӣ дошта бошад. Ва ба монанди таҷрибаҳои қаблии корхонаҳои чинӣ дар соҳаҳои дигар, агар назорати мардумӣнабошад, мардум аз пайомади он огоҳ набошанд, мақомот бепарво мешаванд ва масъулияти иҷтимоӣ иҷро намегардад.

Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити набудани назорати мустақил ва муҳити ҳуқуқбунёд, ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ширкатҳои хориҷӣ метавонад ба манфиати сокинон хизмат накунад, балки таъсири манфии муҳитӣ ва иҷтимоӣ ба бор оварад. Аз ин рӯ, ҳар гуна лоиҳаи нави сармоягузорӣ бояд дар партави таҷрибаи гузашта ва бо таъмини усулҳои шаффофият, масъулият ва иштироки шаҳрвандон баррасӣ шавад.

Аз дидгоҳи сиёсӣ, чунин лоиҳаҳо дар муҳити яккаҳокимиятии Тоҷикистон, ки дар он тамоми тасмимҳои муҳими иқтисодӣ ва стратегӣ бе иштироки ниҳодҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гирифта мешаванд, метавонанд, дастдарозии бештари режим бар захираҳои иқтисодӣ ва маҳдудсозии ҳамкории ҷомеа бо равандҳои сиёсиро аз будаш бадтар кунад. Таҳлилгарон бар онанд, ки «гузариши иқтисодӣ бе сиёсати огоҳона нопурра ва хатарнок аст» (Freedom House, Nations in Transit Report, 2023).

Бунёди чунин корхонаҳо бидуни муҳокима ва эъломияи ошкоро метавонад ба поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон ва афзоиши вобастагии иқтисодӣ аз кишварҳои хориҷӣ, ба хусус Чин, мусоидат намояд.

Сохтмони корхонаи хиштпазӣ дар Кӯлоб дар зоҳир як амали сутуданӣ ва намои пешрафту рӯ ба тараққӣ овардан аст.

Шояд, ин фикр ҳам ба сари хонанда ояд, ки чаро ман ибтикори сохтмони як корхонаро истиқбол накарда, бештар ба ҷанбаҳои манфии он таъкид мекунам?

Табиист, ки ҷанбаҳои мусбати онро бо рӯйпӯш кардани ҷанбаҳои манфии он мақомот шабурӯз зикр мекунанд. Ҳаёҳуй мебардоранд, ки як корхонаи бузурги истеҳсолӣ сохта мешавад ва кишвар ба хишт ва шаҳрвандон ба ҷойи кор таъмин мешаванд.

Аммо, назари банда ин аст, ки ин иқдом танҳо дар сурати риояи қатъии талаботи ҳуқуқӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини шаффофият метавонад ҳамчун иқдоми мусбат арзёбӣ гардад. Вагарна, он метавонад як намунаи дигари истифодабарии манобеи маҳаллӣ ба нафъи гурӯҳҳои маҳдуд бошад ва сабаби беэътиноӣ ба манфиатҳои умумии ҷомеа гардад. Ин масъаларо наметавон танҳо аз зовияи иқтисодӣ дид. Он бояд ҳамчун масъалаи сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон арзёбӣ гардад, ки муносибати масъулин ба он муайянкунандаи ояндаи рушди минтақа хоҳад буд.

Шавкати Муҳаммад


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *