
“Лайк” ва шонахоликунии Эмомалӣ Раҳмон
Парлумони Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрели соли 2025 лоиҳаи ислоҳ ба Кодекси ҷиноиро қабул кард, ки тибқи он, ҷавобгарии ҷиноӣ барои гузоштани “лайк” ва навиштани шарҳ зери маводи гуё «ифротӣ» лағв карда мешавад. Ислоҳот ба моддаҳои 179³ ва 307¹-и Кодекси ҷиноӣ дахл дошта, ҳоло барои иҷро шудан, бояд аз тарафи Маҷлиси миллӣ тасдиқ ва аз ҷониби президент имзо гардад.
Тибқи гузориши Радиои Озодӣ, ин тағйирот барои онҳое дахл хоҳад дошт, ки танҳо барои изҳори назар ё ишораи маънавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
👉 Манбаъ: Радиои Озодӣ, 29.04.2025
Моддаҳои 179³ ва 307¹ солҳои охир ҳамчун яке аз василаҳои қонунии фишор ба озодии баён истифода мешуданд. Садҳо нафар, аз ҷумла ҷавонони донишҷӯ, муҳоҷирон ва фаъолон, танҳо барои “лайк” гузоштан ё навиштани як ҷумла дар шарҳи видеоҳо ба муҳоким ва ҳатто ба солиёни зиёд ба зиндон кашида шуданд.
Амалия нишон дод, ки қонунгузорӣ беш аз он ки боиси ҳифзи амният шавад, як силоҳи сиёсӣ барои хомӯш кардани ақидаҳои мухолиф буд.
Аз нигоҳи ҳуқуқи инсон ва меъёрҳои байналмилалӣ, ин иқдом метавонад як қадами мусбат арзёбӣ шавад. Аммо то он даме ки:
-
парвандаҳои қаблан баррасишуда бознигарӣ нашаванд,
-
маҳкумшудагон озод нашаванд,
-
ва ҷуброни маънавии зарар дода нашавад,
ин “ислоҳот” танҳо як иқдоми сиёсӣ бо ангезаи таблиғотӣ мемонад.
Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев ба Радиои Озодӣ гуфтааст:
“Агар шахсе танҳо барои гузоштани лайк ё шарҳ маҳкум шудааст, бо ислоҳи қонун ӯ метавонад пурра ё қисман аз ҷазо озод шавад.”
Аммо дар амал, кадом ниҳод ва чӣ гуна ин раванди озодсозиро таъмин мекунад? Суоли кушода боқӣ мемонад.
Тасмими лағви ҷазо барои «лайк» аз ҷониби Парлумони кишвар нишонгари онаст, ки ин қонун иштибоҳӣ будааст ва умри дарозе ҳам надид. Ҳамагӣ баъди ҳафт сол маҷбур шуданд, ин қонунро бознигарӣ кунанд.
Беҳтарин ислоҳот ҳам беадолатиро бартараф намекунад, агар он танҳо рӯйпӯш кардани фишор бошад. Қарори ахири парлумони Тоҷикистон дар бораи лағви ҷавобгарии ҷиноӣ барои гузоштани «лайк» ё шарҳ зери маводи «ифротӣ», аз нигоҳи ҳуқуқӣ метавонад як қадами сабуксозанда бошад, вале дар асл масъалаи амиқтареро бармало мекунад, ки ин ҳам бошад, набудани адолати судӣ ва сӯистифодаи қонунҳо барои фишори сиёсӣ аст.
Солҳо боз моддаҳои 179³ ва 307¹ Кодекси ҷиноӣ барои маҳдуд кардани озодии баён дар шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешуданд. Садҳо нафар — аксаран ҷавонон ва муҳоҷирон — танҳо барои ибрози фикр, як «лайк» ё шарҳи кӯтоҳ, боздошт ва маҳкум мешуданд. Ин моддаҳо аз ҷиҳати ҳуқуқи инсон бо стандартҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, мухолиф буданд. Танқиди доимии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch, Amnesty International, Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва гузоришҳои давраии UPR борҳо талаб мекарданд, ки Тоҷикистон истифодаи нодурусти қонунҳои зиддиифротиро қатъ кунад. Ҳамин заминаи фишори байналмилалиро метавон омиле донист, ки ҳукуматро ба қабули тағйироти ҷузъӣ водор кард. Аммо, бо вуҷуди ин баъзеҳо онро ҳамчун “сиёсати хирадмандонаи пешво” муаррифӣ мекунанд. Чун Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронияш аз ин ки садҳо нафар танҳо ба хотири «лайк» пушти панҷараи зиндон шудаанд, танқид кард ва изҳори таассуф намуд.
Бояд гуфт, танқиди Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин заллаи гандидаи худаш, бештар монанд ба «шонахоликунӣ» аст. Зеро на танҳо имзои ӯ дар поёни қонун аст, балки заминаи сиёсӣ, сиёсати амниятӣ ва муҳити тарсу фишор низ зери раҳбарии худи ӯ шакл гирифтааст. Ин ҳолат ба таври воқеӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон на қонун аз ҷониби ҷомеа ва коршиносон таҳия мешавад, балки аз боло — бе муҳокима ва бидуни арзёбии оқибатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии он ба сари мардум бор мешавад.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, имзои президент ба ҳар як санади қонунӣ маънои онро дорад, ки ӯ масъулияти сиёсӣ ва ҳуқуқии онро ба дӯш мегирад. Вақте, баъдан ӯ худи ҳамон қонунро танқид мекунад, ин на танҳо шубҳаи сиёсӣ ба миён меорад, балки нишонаи равшани беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи шаҳрвандон ва поягузории механизми бемасъулиятӣ дар сатҳи роҳбари як кишвар аст. Ба ибораи дигар, президент ҳамчун имзокунандаи қонун масъули оқибатҳои он мебошад, вале вақте аз оқибатҳои қонун изҳори “бехабарӣ” мекунад, ин камоли аз масъулиятгурезӣ ва шонахоликунӣ ҳасту халос.
Дар шароите, ки тамоми шохаҳои ҳокимият зери як нафари воҳид қарор доранд, чунин «танқид»-и қонун беш аз ҳама монанди як бозии дугона менамояд. Тақвияти тасаввури мардум, ки “Ҷаноб раҳмдил аст” ва аз тарафи дигар, рӯйпӯш кардани фишори ҷомеаи байналмилалӣ бо нишон додани “сиёсати хирадмандона” камоли мардумфиребӣ аст.
Ин сиёсати зиддунақиз ва хатарнок боиси шикастани тақдири садҳо ҷавон гардид. Ягон ниҳод масъулият нагирифт. Ягон додрас ҷавобгар нашуд. Ҳеҷ мақоме ба мардум нагуфт, ки хато кардаем ва омодаем онҳоро ҷуброн кунем. Танҳо дар вақте, ки фишори байналмилалӣ зиёд мешавад, қонун тағйир меёбад ва раҳбари давлат изҳори «таассуф» мекунад — бе пушаймонӣ, бе масъулият ва бе адолат.
Ин гуна муносибат ба қонунгузорӣ ва бар дӯш нагирифтани масъулияти сиёсӣ наметавонад нишонаи хирадмандӣ бошад. Хирад дар он аст, ки қабл аз имзо кардани қонун, паёмадҳои он ба ҷомеа ва ҳуқуқи инсон амиқан арзёбӣ шаванд ва агар иштибоҳ сурат гирад, онро бо роҳи расмӣ, ошкоро ва бо ҷуброни зарар ислоҳ кунанд. Дар акси ҳол, қонун танҳо воситаи идора бо роҳи зулм мемонад, на кафолати адолат.
Бинобар ин, то он даме ки додгоҳҳо мустақил нестанд, мақомоти интизомӣ бидуни назорат амал мекунанд ва муҳити сиёсӣ таҳаммулгаро нест, тағйири як қонун наметавонад озодии баёнро дар амал таъмин кунад. Агар мақомот ҳақиқатан хоста бошанд, ки ин қадам рамзи ислоҳот бошад, онҳо бояд на танҳо қонунро тағйир диҳанд, балки масъулияти сиёсӣ ва ахлоқии ҳамаи ҳукмҳои ноодилона ва таъқибҳои ғайриқонунӣ дар солҳои гузаштаро бар дӯш гиранд.
Адолат танҳо замоне барқарор мешавад, ки қонунҳои нодуруст на танҳо лағв шаванд, балки таъсири манфии онҳо ба ҳаёти одамон эътироф, ислоҳ ва ҷуброн шавад. Озодӣ ҳаққи табиии инсон аст. Агар озодии баён то имрӯз бо моддаҳои ҷиноӣ маҳдуд мешуд, пас фардо он бояд бо қонуният ва кафолати воқеӣ ҳимоя карда шавад — на бо тағйироте, ки бештар ба иқдоми таблиғотии ҳукумат монанд аст.
Ин ислоҳот агарчи муҳим аст, набояд ба чашми ҷомеа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошад. Тоҷикистон танҳо вақте қадами воқеӣ ба сӯи демократия мегузорад, ки на танҳо «лайк» ва шарҳнависӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, балки фикр ва ақидаи озод дар амал арзиш дошта бошад.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating