
Пешниҳоди Трамп ва табартақсими Украина
Хабаргузории «Reuters» дар бораи пешниҳоди нақшаи нави сулҳи Доналд Трамп барои хатми ҷанги Русия ва Украина санаи 25 апрели соли 2025 хабар нашр кард. Тибқи ин иттилоъ, Стив Уиткофф, фиристодаи Доналд Трамп, Президенти ИМА дар Париж ба кишварҳои калидии аврупоӣ пешниҳоди расмӣ додааст, ки бар асоси он Украина бояд Қрим ва чор минтақаи ишғолшуда — Луганск, Донетск, Херсон ва Запорожяро қабул кунад, ки минбаъд ҳамчун замини Русия эътироф мешавад. Ба иваз, Украина назорати вилояти Харков ва нерӯгоҳи атомии Запорожяро бозпас мегирад, кафолатҳои амниятӣ дарёфт мекунад ва барои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо иҷозат мегирад. Ҳамзамон, таҳримҳои зидди Русия тадриҷан лағв мегарданд ва узвияти Украина дар НАТО маҳдуд мешавад.
Ин пешниҳод мувозинати мураккаби геополитикиро ифода мекунад ва аз рӯйи муҳтавояш ИМА мехоҳад як созишеро рӯи даст бигирад, ки эҳтимолан аз нигоҳи Иёлоти Муттаҳида хатми ҳарчӣ зудтари низоъ ва коҳиши хароҷоти иқтисодиву низомии Ғарбро таъмин кунад. Бо вуҷуди ин, аз дидгоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои эҳтироми ҳудудии кишварҳо, чунин созиш метавонад намунаи бисёр хатарнок эҷод кунад ва улгӯи тасдиқи тағйири марзҳо бо роҳи зӯр, ки метавонад дар системаи ҷаҳонӣ қонунияти истифодаи зӯрро тақвият диҳад бошад ва барои дигар мавридҳои фишори низомӣ шароит фароҳам созад.
Барои Украина, ки дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои қабулшуда аз соли 1991 то имрӯз соҳибихтиёрии худро дар тамоми марзи эътирофшудаи байнулмилалӣ дифоъ мекунад, қабули чунин шартнома маънои шикасти стратегиро дорад. Ғайр аз ин, маҳдуд намудани узвияти он дар НАТО як нуқтаи заъф хоҳад буд, зеро барои Украина беш аз ҳама иттиҳодияҳои амниятӣ ва истиқлолияти комили сиёсӣ ва ҳарбӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Пайвастани танҳо ба Иттиҳоди Аврупо, бидуни пуштибонии амниятии НАТО, ба таври кофӣ кафолати амниятии муҳкам фароҳам намеорад.
Аз ҷониби дигар, Русия бо ин нақша фоидаи калон ба даст меорад. Агар чунин пешниҳоди Трамп амалӣ гардад, Маскав на танҳо сарзаминҳои ишғолшударо қонунӣ мекунад, балки бе идомаи таҳримҳои фишоровар низ монеаҳои пешрафти иқтисоди худро бартараф мекунад. Ин гуна натиҷа метавонад Русияро ташвиқ кунад, ки дар сиёсати хориҷии худ боз ҳам фаъолтар ва таҳдидкунанда баромад кунад, зеро дар амал таъйид мегирад, ки фишор ва зӯрро ба натиҷаҳои дилхоҳ табдил додан мумкин аст.
Дар масъалаи Ғарб, махсусан Аврупо, қабули чунин нақша метавонад ихтилофи ҷиддӣ барангезад. Кишварҳои аврупоӣ, ки бештар аз ҳама аз ҷанг ва бӯҳронҳои муҳоҷиратӣ зарар мебинанд, шояд ба сулҳ розӣ бошанд, аммо қишри сиёсие, ки ба арзишҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ эътимод доранд, шояд мухолиф бошанд. Як қисми элитаи сиёсӣ дар Аврупо ва ИМА метавонад ин тарҳро ҳамчун қадами хатарнок барои низоми байналмилалӣ арзёбӣ кунад.
Аз дидгоҳи стратегӣ, пешниҳоди Трамп бештар ба манфиати кӯтоҳмуддати сиёсӣ ва иқтисодӣ шабоҳат дорад, на ба тартиб додани асоси устувор ва муътамади сулҳ дар минтақа. Дар амал ин «сулҳ» метавонад оташеро зери хокистар нигоҳ дорад, ки дар фурсатҳои дигар ба низоъҳои нав табдил ёбад.
Бо ин далел метавон гуфт, ки ин пешниҳод на як ҳаллу фасли аслии низоъ, балки як созишномаи байни фишорҳои воқеӣ ва манофеи сиёсист. Он аз як сӯ хатми зудтари ҷангро ифода мекунад, вале аз сӯи дигар, заминаҳои хатари амиқи тағйири принсипҳои асосии муносибатҳои байналмилалиро фароҳам месозад. Қабули он метавонад ба устувории низоми ҷаҳонии пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ расонад.
Украина, бо эҳтимоли хеле баланд, чунин пешниҳодро рад хоҳад кард. Аз нигоҳи Киев, ин нақша талаб мекунад, ки онҳо на танҳо қаламравҳои худро аз даст диҳанд, балки бо эътирофи расмии тағйири марзҳо ба таҳқири истиқлолияти миллӣ ва арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ ризоият диҳанд. Қабули чунин шартҳо ба маънои сиёсӣ барои ҳар як ҳукумати воқеан мустақил, хусусан барои президенти кунунӣ ё ҳатто ҳар раҳбари оянда, таҳдиди аз даст додани легитимият ва пуштибонии мардумиро дар пай хоҳад дошт. Ҷомеаи украинӣ, ки солҳои ахир таҳти шиори ҳимояи истиқлол ва тамомияти арзӣ муттаҳид шудааст, чунин созишро ҳамчун хиёнат қабул хоҳад кард. Ин шояд ба эътирозҳои дохилӣ, бесуботии сиёсӣ ва ҳатто радикалшавии бахшҳои алоҳидаи ҷомеа бианҷомад.
Аммо аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ, ба назари ман вокуниш дутарафа хоҳад буд. Кишварҳои аврупоие, ки бештар майли сиёсати амалгароёна (реалполитик) доранд ва хастагии ҷангро эҳсос мекунанд, шояд ин ташаббусро ҳамчун як имконияти ором кардани авзоъ баррасӣ кунанд. Онҳо аз шиддат гирифтани муҳоҷират, фишори энергетикӣ ва хароҷоти зиёд ба Украина нигаронанд ва метавонанд барои расидан ба созише, ки ҷангро қатъ мекунад, омода бошанд. Аммо кишварҳои Шарқи Аврупо, аз ҷумла Полша, кишварҳои Назди Балтик ва Чехия, ки дар хатти аввали таҳдиди эҳтимолӣ аз Русия қарор доранд ва аз таҷрибаи таърихии таҳдидҳои русӣ бештар огоҳанд, шадидан мухолифи чунин созиш хоҳанд буд. Баъид нест, ки онҳо ин амалро ҳамчун таслими Ғарб ба Русия ва заиф кардани системаи амнияти аврупоӣ арзёбӣ кунанд.
Русия, дар сурати қабул шудани чунин нақша, онро як пирӯзии бузург хоҳад донист ва бо истифодаи васеи таблиғотӣ онро ҳамчун далели қудрат ва дурустии стратегияи худ ба ҷаҳониён нишон хоҳад дод. Кремл онро ҳамчун намунаи заъфи Ғарб ва қудрати худ муаррифӣ хоҳад кард. Ин натиҷа шояд Русияро ташвиқ кунад, ки дар дигар минтақаҳо низ сиёсати таҳоҷумӣ ва фишориро идома диҳад, зеро он ба натиҷа расидани стратегияи «зӯр ва таҳдид» -ро дар амал тасдиқ хоҳад кард.
Пеш аз ҳама, агар тағйири марзҳо ва шикастани тамомияти арзии Украина бо роҳи музокирот ва эътирофи расмӣ пазируфта шавад, қонуни асосии муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар принсипи эҳтироми ҳудудҳои мавҷуда ва манъи таҳдид ё истифодаи зӯр асос ёфтааст (махсусан дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид), дар амал зери суол меравад. Ба ин васила, дигар кишварҳо — хоҳ нерӯманд, хоҳ миёна — метавонанд дарк кунанд, ки тағйири сарҳадҳо бо зӯр, агар бо гузашти вақт қонунӣ гардад, як гузинаи амалии сиёсӣ мебошад. Ин метавонад оташи талошҳои сепаратистӣ ва фишорҳои таҷовузгарона дар минтақаҳои дигарро дар ҷаҳон барангезад.
Илова бар ин, сохтори амниятии Аврупо ва ҷаҳонӣ, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва махсусан баъд аз Ҷанги Сард бар асоси ҳамоҳангии ИМА, НАТО ва дигар иттиҳодияҳо бунёд ёфта буд, эҳтимол заиф шавад. Агар Украина иҷборан аз узвият дар НАТО маҳрум гардад ва маҷбур шавад барои амнияти худ танҳо ба кафолатҳои сиёсӣ ва созишномавӣ такя кунад, ин ба дигар кишварҳои минтақа — аз ҷумла Гурҷистон, Молдова ва ҳатто кишварҳои Шарқи Аврупо — паёми возеҳ мерасонад, ки пуштибонии Ғарб на ҳамеша устувор аст ва метавон қурбонии «созишҳои бузург» гардид. Натиҷаи ин метавонад ба худмустаҳкамкунӣ аз ҷиҳати низомӣ (милитаризатсия) бурда расонад ва сабаби аз ҳамдигар хафашавӣ дар фазои амниятии Аврупо шавад.
Дар миқёси ҷаҳонӣ, обрӯи Иёлоти Муттаҳида, ҳамчун кафили тартибот ва ҳуқуқи байнулмилалӣ, зарбаи сахт мебинад. Барои ИМА, ки асоси нуфузи ҷаҳониаш ба эътибори қудрати мултимодалӣ ва пуштибонии арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ такя мекунад, тасмими чунин «муомила» як ақибнишинии стратегӣ хоҳад буд. Аз ин қудратҳое чун Чин, ки даъвоҳои заминӣ дар минтақаи Осиё дорад ва ё Кореяи Шимолӣ, ки сиёсати фишор ва таҳдидро дар муносибатҳои худ ҷой додааст, истифода хоҳанд бурд.
Ба назари банда, нафаре, ки дар ин солҳои гирудор, ҳам дар Русия ва ҳам дар Украина зистаам, барои як сулҳи устувор ва пойдор миёни Русия ва Украина, на танҳо қатъи муваққатии ҷанг, балки барқарорсозии мураттаби тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ ва заминаҳои мустаҳками амниятӣ бояд дар назар гирифта шавад.
Аввалан, барқарорсозии тамомияти арзии Украина бояд асоси ҳар гуна созиш бошад. Ин маънои онро дорад, ки Қрим ва ҳамаи минтақаҳои ишғолшуда бояд расман ба Украина баргардонда шаванд. Чунин талабот метавонад сахт ва ҳатто ғайриамалӣ ба назар расад, вале агар принсипи ҳуқуқи байнулмилалӣ нигоҳ дошта нашавад, ҳама гуна созиш танҳо таъхири низоъ хоҳад буд, на ҳалли он. Барои баргардонидани ин минтақаҳо метавон аз механизмҳои марҳилавии таҳти назорати байналмилалӣ — ба мисли референдумҳои озод зери назорати СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил баъди барқарории шароити одилона ва ҳузури нерӯҳои сулҳпарвар — истифода бурд.
Тасаввуроти ман аз сулҳ дар Украина ин аст, ки бояд барои Украина кафолатҳои амниятии мушаххас ва ҳатмии байналмилалӣ таъсис дода шаванд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва амалӣ устувор бошанд. Ин кафолатҳо наметавонанд танҳо ба санадҳои сиёсӣ ё изҳорот маҳдуд шаванд, балки бояд дар созишномаҳои серҷонибае, ки бо иштироки кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба мисли СММ, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо таҳия шудаанд, таҳким ёбанд. Кафолатҳо бояд бандҳои возеҳ дар бораи ҷавобгарии ҳар гуна таҷовуз дар оянда, аз ҷумла вокуниши фаврӣ ва мушаххаси низомӣ ва иқтисодиро дар бар гиранд.
Масъалаи таҳримҳо, хуб мебуд хеле эҳтиёткорона ва марҳилавӣ ҳал шавад. Бартарафсозии таҳримҳо бояд на ҳамчун мукофот барои ишғолгарии Русия, балки ҳамчун як раванди вобаста ба иҷрои комили шартҳои сулҳ сурат бигирад.
Як чизи дигар, масъалаи муносибати Украина бо НАТО бояд ба ихтиёри худи Украина ва мутобиқ ба принсипи истиқлолияти кишварҳо гузошта шавад. Ҳеч созише набояд кишвари мустақилро маҷбур созад, ки роҳи сиёсати хориҷии худро маҳдуд кунад. Баръакс, бояд ба Украина иҷоза дода шавад, ки ояндаи амниятии худро озодона ва бар асоси манфиатҳои миллӣ таъин кунад.
Ҳамчунин, барои бозсозии иқтисодӣ ва иҷтимоии Украина ва минтақаҳои осебдида бояд барномаи фарогири Marshall Plan-и навин таҳия гардад, ки ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар қудратҳои иқтисодӣ дар он иштирок дошта бошанд. Ин на танҳо ба Украина кӯмак мекунад, балки заминаҳои сулҳи устуворро тавассути рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меорад.
Феълан, дар зоҳир ташаббусҳои Трамп ба табартақсими сайёра байни абарқудратҳо менамояд. Бинобар ин хуб мешуд, як раванд ё платформаи васеи байнулмилалӣ таъсис дода шавад, ки на танҳо Русия ва Украинаро, балки Аврупо, ИМА, Чин ва дигар бозигарони асосии ҷаҳониро дар бар гирад. Яке аз сабабҳои идомаи низоъ ин аст, ки он қисми рақобатҳои бузурги геополитикӣ шудааст. Танҳо тавассути як созишномаи фарохи байнулмилалӣ метавон тавозуни манфиатҳоро нигоҳ дошт ва сулҳи пойдор сохт.
Шояд соддалавҳона бошад, аммо ба ҳар ҳол назари банда ин аст, ки сулҳи воқеӣ ва устувор дар Украина танҳо замоне имконпазир мешавад, ки он бар пояи эҳтироми ҳуқуқи байнулмилалӣ, ҳифзи истиқлолият ва озодии интихоби сиёсати хориҷии кишвар ва бо кафолатҳои воқеӣ ва амалии амниятӣ таҳия гардад. Сулҳе, ки бар манфиатҳои кӯтоҳмуддати геополитикӣ ва табартақсим асос ёбад, дар оянда на танҳо ин ҷангро дубора зинда хоҳад кард, балки системаи тамоми ҷаҳонро ба фазаи хатарноки нави беқонуниятӣ мебарад.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating