
ҲНИТ ҳаракати динӣ-сиёсӣ
Муаллиф: Устод Муҳаммадсаид Ризоӣ
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Бигӯ: «Амал кунед, Худову паёмбараш аз мӯъминон амалҳои шуморо мебинанд ва шумо ба назди Худованди донои ниҳону ошкоро бозгардонида мешавед ва Ӯ аз амалҳоятон огоҳатон хоҳад кард..». (Тавба: 105)
Ҳар гуна ҳаракати сиёсӣ; динӣ-дунявӣ (секулорӣ) дорои ҳадаф ва васила ва ба истилоҳ стратегия, ва тактика мебошанд. Ҳаракатҳои секулорӣ-дунявӣ аз мактабҳои моддӣ маншаъ мегиранд, ҳаракатҳои динӣ махсусан Ислом аз таълимоти Илоҳӣ маншаъ меёбад. Мактаби паёмбарони Худованди Алиму Ҳаким ва доно ба ҷузъу кулли ҳастӣ ва башарӣ.
Бар хилофи мактабҳои дунявӣ (секулорӣ, лебералӣ-демократӣ) арзишҳои маънавӣ дар мактабҳои анбиёи Илоҳӣ, асл ва меҳвари асосӣ мебошанд. Дар мактабҳои динӣ, масоили модди ва дунявӣ ҳамчун васила истифода мешаванд, на ҳадаф. Шиъори мактаби динӣ: “Ҳадаф пок ва Худоист, васила низ бояд пок бошад..”
Бинобар ин дар мактабҳои моддии дунявӣ (секулорӣ) бар ин назаранд, ки “ҳадаф василаро танзмин месозад”, дар мактаб ё таълимоти динӣ, истифодаи василаҳои ғайри шаръӣ ҳаром ва қатъиян манъ мебошад, ҳеҷ гуна ҳадаф василаи ҳаромро ҳалол ва ҷоиз намегардонад.
Дар он чи Худои Ту бароят ато кардааст, ҷаҳони охиратро биҷӯй ва насибу ҳиссаи худ аз дунёятро фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда, некӣ кун ва дар замин аз паи фасод машав, ки ҳамоно Худо фасодкунандагонро дӯст намедорад!» (Қасас: 77)
Мактабҳои моддии ҳокими динёи имруза, яъне мактаби лебералӣ-демократӣ бо мантиқи ғалат гуё дар ҷаҳон арзишҳои ба ном волои демократиро ҳоким месозад, ибораҳои дуруғини «хуқуқи башар» «демократия, озодӣ» ва ғайраро ҳадаф не, шиъор қарор дода ва бо ин баҳона ба худ иҷоза додааст, ки милионҳо инсони бегуноҳро дар шарқу ғарб ва ҷанубу шимоли кураи замин қатлу ғорат намояд. Намунаи ахири ин ҷиноятҳо қатлу куштор, сухтану алонгор ва аз байн бурдани фаластиниҳо ва сарзаминашон дар Ғазза мебошад, ки то ҳол, ин шабу рӯзҳо давом ёфтаситодааст. Ин аст як намунаи мактабҳои дунявии мунҳариф ва гирифтори ифроту тафрит..
Мактаб ва таълимоти Илоҳӣ аз ибтидо ва ҳамвора як ҳадаф дошт ва он роҳнамоии башар ба зиндагии пок дар қолаби ибодат ва итоати Худои ягона, холиқи тавонои ҳастӣ..
Аммо дар давоми таърих пайравони Паёғамбарон баъди сари онҳо дар дин ва мактаби Пайғомбарони Илоҳӣ ифрот ё тафритро пеш гирифтанд, ки таҳрифи дин, ҷудоии дин аз дунё, дунёбезорӣ намунаи ошкори ин буд. Ҳар чи гуфта мешуд ва ҳар чи карда мешуд аз номи дин ва аз номи Худо буд..
Наҳзати исломии тоҷикистон ҷузъи мактаби пайғомбарони илоҳӣ
Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар даҳҳаи ҳафтоди асри гузашта, асри ХХ арзи вуҷуд карда дар пайрави аз мактаби динӣ ва пайғомбарони Илоҳӣ, кору фаъолияти худро, то имрӯз давом додааст.
Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ибтидо бо як танзими барномаи дарсӣ-таълимӣ, ваҳдати толибилмони динӣ дар назди уламо, мулоҳо ва домуллоҳоро эҷод карда, иртибот бо кулли донишҷуёни мактабҳо ва донишгоҳҳои расмӣ, донишмандони соҳаҳои гӯногун ва қишри ватандӯст (майҳандӯст, зиёӣ) ро барномарезӣ ва амалӣ намуд.
Бо истифода аз ин барнома дар барномаҳои дарсӣ фанҳои нави худшиносии миллӣ, миллату ватандорӣ, истиқлолият ва баробарҳуқуқиву баробарзистӣ бо дигар қишрҳои ҷомиъа дар қаламрави Иттиҳоди Шуравиро ҷой кард. Бо истифода аз туйҳо, маросимҳои мардумӣ, динӣ ин мафҳумҳо умумӣ ва ба мардум расонида шуда, омузонида мешуд..
Наҳзат дар масири тайкардаи худ гирифториҳои зиёдро таҷриба ва ҳал намуд:
1. Ибтидо мушкилоти муллоҳои наву куҳна, иттиҳом ба ваҳҳобӣ будан. Аз ин ба гунае раҳо ва ваҳдати байни уламои диниро фароҳам оварда буд, ки масъалаи
перестройка, тағйир дар қонуни асосии Иттиҳоди Шуравӣ, бекор кардани банди 6 сарқунун ва иҷозаи бисёрҳизбӣ ба миён омад;
2. Наҳзат, Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шуравиро таъсис дод ва фаъолияти сиёсии худро расмӣ бар асоси сарқонуни асосӣ ба роҳ монд.
Албатта, таври маълум ин озодӣ дар ҳама Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ яксон набуд, аз ин ру ба ҷуз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирумонҳои зиёде дар дигар Ҷумҳуриҳо дар ин марҳила рубару шуд;
3. Марҳилаи аз ҳампошии Иттҳоди Шуравӣ ва бадаст овардани истиқлолияти Ҷумҳуриҳо, ки барои Наҳзат яке аз ормонҳои асосӣ ба ҳисоб мерафт, барои Наҳзат дур давом наёфт.
Ба хотири Ҳизби Наҳзати Исломиро аз саҳмдоштан дар тақдири минбаъдаи Тоҷикистон барканор сохтан, давлатмардони моил ба Русия аз меросбарони Ҳизби комунистӣ ва даъвогарони барқарории Иттиҳоди Шуравӣ (барқарории ҳукумати конситутсионӣ) бедории мардумиро ба низоъ кашонида, ҷанги дохилиро дар кишвар таҳмил карданд, дар ҳоле аз ин гуна бедории мардум дар Ҷумҳуриҳои Болтиқ истиқбол мекарданд..
Дар ин ҷанги дохилӣ дар канори дигар неруҳои озодихоҳ аз ҳамаи онҳо карда Наҳзат товони ҷони ва молии зиёд дод. Маҷбур шуд ба кишвари ҳамсоя, Авғонистони ҷангзада, ҳамроҳ бо аъзо ва тарафдорин худ паноҳ барад. Панҷ (5) сол мубориза ва гуфтушунидҳои пайдарпай, ки ба созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти Миллӣ, ки амнияти саросариро ба кишвар боз овард, даст ёфт.
Сулҳи тоҷикон як кори сода набуда, балкӣ як падидаи муҳими таърихӣ пас аз истиқлоли Тоҷикистон буд, ки аҳамияти бузурги байналмилаллӣ дорад ва Наҳзати Исломии Тоҷикистон асосгузори он мебошад;
4. Аз байн рафтани ду роҳбари калидии Наҳзат; муъассиси Наҳзат, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва роҳбари маънивии Ҳизб, устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода бо марги мармуз ва дар айни ҳол аз як беморӣ, ақабаи дигари ниҳоят бузург ва мушкили сангин дар ин марҳила барои Наҳзат мебошад.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ин мудати ниҳоят душвор барояш тавонист бо интихоб шудани доктор Муҳйиддин Кабирӣ, ҷойнишини муносиб ва халафи арзанда аз роҳбарони фақиди худ, курсиҳои намояндагии худ дар Порлумонро ҳифз ва ҷойгоҳашро дар миёни мардум, минтақа ва арсаи байналхалқӣ ҳамчун як ҳизби дорои характери динӣ, муътадил боло барад.
Интихоботи порлумонии 2010 ва ба даст овардани бештари оро гувоҳи он мебошад;
5. Пас аз ин марҳали сангитар, барномаи бузургтар ва хатарнок барои канор задани ҲНИТ дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳукумтӣ оғоз шуд. Бо фармони махфӣ ва махсуси Раиси Ҷумҳур Эмомали Раҳмонов ба Вазорати Дохила ва Кумита Амнияти Давлатӣ, Прократураи Гениралӣ, Кумитаи дин ва риси Шурои уламои дин (риси Маркзи Исломӣ) дар як нишасти пинҳонӣ қарори махсуси протоколи (3220) ба хотири бо роҳҳои ғайри қонунӣ ва дар айни ҳол муттаҳам ба ҷинояткор будан содир карда шуд.
Ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми ҳукуматҳои маҳалӣ, руҳониёни дарборӣ намояндагони Шурои Уламо дар масоҷид ва маҳлҳо бо мардум вохуриҳо баргузор намуда, таблиғоти зидди Наҳзатро оғоз карданд. Ин вохуриҳо сабт ва тавасути тешвизион ва родиои Давлатӣ пахш карда мешуд.
Қароргоҳи марказии ҲНИТ баста, ва бо дасисаи сохтаи аз қабл тарҳрезишуда, бо баҳонаи шуриши муъовини Вазири Мудофиъа, Генирал Абдуҳалим Назарзода (ҳоҷи Ҳалим) барои табаддулоти давлатӣ, ки афроди зиёди баландрутбаи низомӣ, собиқ Наҳзатӣ (Опозисиюн) дастгир, худи Абдуҳалим Назарзода ва 10 тан аз афсарони буланрутбаи бо таҷрибаи низомӣ кушта шуда, қарори манъи фаъолияти ҲНИТ аз дарафи Прократураи Гениралӣ содир шуд.
Фармони боздошти аъзоёни ҲНИТ, аз ҷумла ду муъовин; Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадали Ҳайит, афроди зиёде аз аъзои Раёсати Олии Ҳизб ва раисони бахшҳо аз минтақаҳо боздошт содир, ду муъовин Ҳизб ба ҳабси абад ва боқӣ ба муҳлатҳои тулонӣ, боло аз бисту бисту ҳаштсолӣ зиндонӣ шуданд.
Ин ҳамон ақаба ва ноҳамвориҳое бар сари роҳ буданд, ки ҲНИТ таҷриба ва аз сар гузаронид.
Бояд бидонем Наҳзати Исломии Тоҷикистон то ҳол дастболост, зеро вуҷуд дорад, бо риъояи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқии худ, ки аз таълимоти Илоҳӣ маншаъ меёбад дар мактаби паёмбарони Худованди Алиму Ҳаким ва доно ба ҷузъу кулли ҳастӣ ва башарӣ, барои радди иттиҳомҳои ба он нисбат дода ва бегуноҳии аъзоёни худ саъю талош дорад..
ШАҲОДАТ
Дар робита ба шаҳодат ман дар як нишасте, соли сипаришуда, соли 2024 дар Варшаваи Лаҳистон, ки ба хотири ёдбуди шуҳадо баргузор шуда буд, гуфта будам ва ҳоло таъкид мекунам, ки шаҳид шудан дар роҳи мақсади бузург болотарин орзуи як шарафмард аст.
Шаҳодат ва шаҳид шудан васила барои расидан ба ҳадаф нест, балкӣ худи шаҳодат ҳадаф аст.
«Шаҳодати дар роҳи Худо олитарин оризуи мост..”
Ҳадаф бузург аст, ки барояш одамҳо худро қурбон мекунанд, шаҳодат, ки як ҳадафи олӣ аст. Инсон барои Худо, Ватан ва ҳар чизе барояш муқаддас аст аз ҳадафи олии худ барои он, барои расидан ба он ва хидмати он кор мегиранд.
Наҳзати Исломии Тоҷикистон арзиши онро дошт, ки шахсиятҳои соҳиби ҳадафи олӣ, Худопараст ва ватандуст аз ҳадафи олии худ, шаҳодат дар роҳи он кор гирифтанд, ба шаҳодат расиданд, яъне шоҳиданд бо шаҳодати худ, ки роҳ, мақсад ва масъулияте дар пеш доштанд ва бар уҳдаашон аст олист, арзиши қурбон шуданро дорад.
«Бигу! Кадомин чиз барои шаҳодат овардан бузургтар аст?! Бигу Фллоҳ, ҳамоно (Ӯ) шоҳид байни ман ва шумост..”
(Анъом: 19)
ҲИҶРАТ
Дӯстони азиз дар бораи ҳиҷрат инро бояд бидонем, ки ҳиҷрат фирор, гурехтан ва паноҳ бурдан ба ҷои амне нест. Ҳиҷрат суннат аст, Пайғомбарамон (а.с) асҳоби киром (ризвонуллоҳӣ алаҳим аҷмаъин) ҳиҷрат кардаанд. Ҳиҷрат борҳо барои уммати муслима такрор ёфтааст..
Ҳиҷрат маъноҳои зиёдеро дар бар мегирад. Инҷо ҳиҷрат ҷамъ кардани неру, қударт ва идомаи роҳи худ барои мақсад аст. Бинобар он ҳиҷрат аз худ роҳу услубу қоидаҳое дорад. Ва онҳо дар ҳиҷратҳои Расули Худо (с) дида мешавнд.
Пайғомбари мо як гуруҳро дар садри Ислом ба Ҳабаша муҳоҷир кард ва фиристонд. Худ ба Тоиф рафт, ба қабилаҳои мухталиф сафар кард, дар ниҳоят ба Ясриб, ки пас аз омадани Ӯ номи Мадинаи мунаввараҳро ба худ гирифт, ҳиҷрат кард. Ин ҳама ба хотири ҷалби ҷонибдорон ва гирд овардани неру барои адои масъулияти рисолати Илоҳӣ, ҳидояти мардум ва раҳои онҳо аз залолату гумроҳӣ аст.
Дар ҳиҷрати Пайғамбарамон (а.с) мо ин чизҳоро мебинем:
• Ихтиёри макони муносиб;
• Баровардани афроди тобеъи худ;
• Бинои масҷид –хонаи Худо- Марказияти воҳид барои мусулмонон;
• Бунёди ақида, ки Паёмбар (с) онро аз масҷид эҳё мекунад;
• Эҷоди бародарӣ байни муҳоҷирон ва ансориҳо, эҷоди ухуввату бародарӣ дар канори имон;
• Ҳамбастагии наве, ки асоси он имону ақида аст;
• Бастани як силсила паймонҳо бо сарони қавми Яҳуд ва намояндагони дигар адёне, ки дар атрофи Мадина қарор доранд;
Ҳамаи инҳо ва ҳоло барои мо чиҳое ҳастанд, ки аз шароит ва барномаҳои пешрафта, ки онҳоро лозим дорем, то гирд биёрем ва неруманд шавем барои расидан ба ҳадаф.
Инҷо муносиб аст иқдоми ахири Ниҳзат дар гирд овардан асноди зарурии ҷиноятҳои кардаи Э. Роҳмонов ва командааш дар қударат ва тақдими онҳо ба Додгоҳи Байналмиллалии Ҷиноӣ дар Гаага, ҳамогонро, раис, аъзоу ҷонибдорон ва ҳамватонони азизамонро бори дигар табрик мекунам, ёдовар мешавам. Хелло иқдоми бузург ва ҷоӣ аст барои руи кор овардани ҷиноятҳои Раҳмонов ва ҳукуматдорони хоин ба Ватану Миллат.
Мардуму миллати мо аз ин пас медонад, ки Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ не, пешво не, наҷотбахши Давлвту Миллати тоҷик не, балкӣ як ҷинояткор, барҳамзанандаи сулҳу ваҳдат ва хоини ба Давлату Миллат аст.
Умед мекунем аз ин ба баъд ин гуна фаъолиятҳо фаровон мешавнд, ки моро ба расидан мақсади олӣ ва баргаштан ба Ватан мерасонанд.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳу..
Муҳаммадсаид Ризоӣ
Average Rating