
Гуфтумонҳои таҳаввулхоҳонаи ҲНИТ: Аз исломи суннатӣ то навандешии динӣ
Муқаддима
Таҳаввулоти фикриву идеологӣ дар миёни ҷараёнҳои исломгаро, ба вижа дар Осиёи марказӣ, ҳамвора мавриди тавваҷуҳи пажӯҳишгарони улуми сиёсӣ, мутолиъоти исломӣ ва ҷомеъашиносӣ қарор гирифтааст. ҲНИТ ба унвони танҳо ҳизби исломии расмӣ дар минтақа, дар ин пажуҳишҳо ҷойгоҳи вижае пайдо кардааст. Минтақаи ОМ ба хотири бофти иҷтимоӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва идеологӣ ва мавқеияти ҳассоси геополитикиаш ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи пажуҳишгарон ва доираҳои таҳлилии минтақаӣ ва байналмилалӣ буда ва то ҳол ҳаст.
Пажӯҳишгароне монанди Olivier Roy ва Adeeb Khalid, зуҳӯри исломи сиёсӣ дар Осиёи марказиро дар бистари гузор аз идеологияи Шуравӣ ва ҷустуҷӯи ҳувияти динӣ — фарҳангӣ таҳлил кардаанд . Онҳо муътақиданд, ки дар набуди ниҳодҳои динии қавӣ, аҳзоб ва гурӯҳҳои исломӣ бо истифода аз гуфтмони адолат, ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги динӣ, тавонистаанд ҷойгоҳи иҷтимоии худро дар ҷомеа тақвият кунанд.
Аз сӯии дигар Hélèneи Thibault ( 2018 ) дар китоби Transforming Tajikistan: ба чолишҳои пасоҷанги дохилӣ ва раванди секулоризосиюни давлат ишора карда, нишон медиҳад, ки чигуна давлати Тоҷикистон бо маҳори фаъолиятҳои сиёсии динӣ, ба самти истибдоди нарми дунявӣ ҳаракат кардааст. Дар ин раванд, наҳзати исломӣ ҳамвора маҷбур ба татбиқ бо фишорҳои ҳукӯмативу байналмилалӣ будааст. Як қисми таҳаввулоти фикрӣ дар наҳзати исломӣ маҳз дар ҳамин даврон ва зери таъсири фишорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ сурат гирифтанд.
Бархе муҳаққиқони тоҷик, сайри тадриҷии нарм шудани гуфтмони наҳзатро стратегияи татбиқӣ барои бақо тафсир кардаанд. Як теъдоди дигар бошад, ин дигаргуниро таҳаввули воқеӣ дар фаҳми демократияи исломӣ медонанд. Аммо худи ҳизб дар ин замина то ҳол мавқеи расмиашро мушаххас ва сареҳ баён накардааст.
Албатта бархе суҳбатҳое, ки дар суханрониҳо ё мусоҳибаҳо аз суи раҳбарони ҳизб садо додааст, ҳамчун аксуламалҳо бардошт мешаванд на ҳамчун воқеият. Зеро муҳаққиқон онҳоро ба унвони адабиёти фикрии ҳизб ба назар намегиранд, балки ҳамчун аксуламал ба ҳодисаҳо ва руйдодҳои мушаххас ба онҳо нигоҳ мекунанд.
Таҳаввули гуфтамони ҲНИТ дар давраҳои мухталиф
1 . Давраи нахуст: Гуфтмони исломгароии суннатӣ (1973 — 1989)
Дар нахустин марҳала аз фаъолиятҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон , гуфтмони мусаллати он дар чорчӯби исломгароии суннатӣ қобили баррасӣ аст. Ин гуфтумон умдатан таҳти таъсири омӯзаҳои классикии фиқҳӣ, ҷунбишҳои исломии қарни бистум ва таҷрибаи саркӯбҳои динӣ дар даврони Шуравӣ буд. Дар ин марҳала, наҳзати исломӣ бештар аз он ки ҳизби сиёсӣ бошад, як ҳаракати исломӣ ба шумор мерафт, ки ҳадафаш бозгардондани дин ба арсаи умумӣ, эҳёи ҳувияти исломӣ ва адолатхоҳӣ аз манзари шариъат буд.
Мафҳумҳои калидии гуфтумони исломгароии суннатӣ чунин ба назар мерасанд:
1 . Шариъат ба унвони низоми ҷойгузин
Яке аз мафоҳими калидӣ дар гуфтмони аввалияи ҳизб, шариъат буд. Шариъат на сирфан маҷмӯъае аз қавонини динӣ, балки назми арзишии ҷомеъ талаққӣ мешуд, ки метавонист ҷойгузини низоми ҳуқуқиву сиёсии мавҷуд шавад. Дар баёнияҳову нашриёти ибтидоии ҳизб, борҳо бар лузуми татбиқи аҳкоми исломӣ дар ҷомеъаву раҳоӣ аз қавонини секулорӣ таъкид шуда буд. Дар ин гуфтмон, шариъат на танҳо зомини адолат, балки абзори мубориза бо фасод, зулм ва инҳирофоти ахлоқӣ муаррифӣ мешуд.(«Независимая газета»и Русия 18-09-1991 мусоҳибаи Игор Ротару бо устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, таҳти унвони «Мо тибқи қонунҳои Ислом зиндагӣ хоҳем кард»). (Дар пайраҳаи нур. С. Ҳамад)
2 . Ваҳдати уммати исломӣ
Мафҳуми ваҳдати уммат низ ҷойгоҳи барҷастае дар андешаи аввалияи Наҳзати исломии Тоҷикистон дошт. Ин руйкард аз як су вокуниш ба марзбандиҳои миллигароёнаи пасошӯравӣ буд ва аз сӯи дигар, таҳти таъсири гуфтмони Ихвонулмуслимин, Ҷамоати Исломии Покистон, ҷиҳоди Афғонистон ва дигар ҷараёнҳои исломӣ шакл гирифта буд . Наҳзати исломӣ бар ин бовар буд, ки мусалмонони тоҷик бахше аз пайкараи уммати ҷаҳонии ислом ҳастанд ва бояд ҳамбастагии диниро бар тафовутҳои қавмиву забонӣ бартар бидонанд. Ин идея, абзори машрӯъсозии иттиҳод бо дигар неруҳои исломии минтақа ва заминасози идеяи ташкили хилофати исломӣ низ буд. Тадриси китобҳои Маъолиму фиттариқ, тафсири Фи Зилолил Қуръони Саид Қутб, Мабодиул исломи Абулаъло Мавдудӣ дар ҳалқаҳои дарсии наҳзати исломӣ худ баёнгари ин иддао мебошад. (Дар пайраҳаи нур. С. Ҳамад) ( Identity and Power—The Discursive Transformation of the Former Islamic Revival Party of Tajikistan Dastan Aleef)
3 . Ҷиҳод дар мафҳуми ормонӣ ва ғайри низомии он
Дар ин давра, ҷиҳод яке аз вожаҳои пуркорбурд дар адабиёти ҳизб буд . Бо ин ҳол, бояд тавваҷуҳ дошт ки ҷиҳод дар гуфтмони аввалияи наҳзати исломӣ сирфан ба маънои ҷанги мусаллаҳона набуд, балки дар мафҳуми васеътар, ба унвони муборизаи ҳамаҷониба барои таҳаққуқи ормонҳои исломӣ матраҳ мешуд. Ин мубориза метавонист шомили даъват, ислоҳи фардӣ, хурофотситезӣ, муқобила бо зулми сиёсӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонон бошад. Барои мисол ёд дорам, ки дар он рӯзҳо ҳатто ширкат дар як туй ё ҷашнеро, ки дар он амри маъруф мебуд ҷиҳод мегуфтанд. Ё агар касе бо як нафар дар бораи хурофот ҳам баҳс мекард, мегуфтанд ҷиҳод кардем, ё фалонӣ ҷиҳод кард, ки ин маънои муборизаи мусаллаҳонаро надошт.
Давраи дуввум : гуфтумони инқилобӣ ва ҷиҳодӣ ( 1990-1997 )
Давраи дуввуми фаъолияти наҳзати исломӣ, ҳамзамон бо фурӯпошии Шуравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон рост омад. Дар ин даврон, гуфтмони наҳзат ба шиддат исломмеҳвар, идеологӣ ва инқилобӣ буд. Инро мо дар суханрониҳои оташини раҳбарон ва масъулини ҲНИТ дар майдонҳо ва дар шиорҳо, баёнияҳо ва гуфтугӯҳо мушоҳида мекунем. Аз ҷумла дар суханрониҳо ва шиорҳои майдони шаҳидон ин руҳия комилан намоён буд.
Дар ин марҳила таҳаввулоти сиёсӣ дар минтақа ва вазъияти пурталотуми фикриву идеологии дохиливу хориҷӣ гуфтумони наҳзатро ба самти як гуфтумони инқилобӣ савқ дод. Яъне, гуфтумони наҳзат аз доираи таълиму тарбият ва хурофотситезӣ ба як гуфтумони инқилобӣ дар арсаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил шуд.
Дар ин давра мафҳуми ҷиҳод дар гуфтумони наҳзат бозтаъриф шуд ва аз ин ба баъд ҷиҳод муборизаи низомиро низ дар бар мегирифт. Ҷиҳод аз як мафҳуми дифоъӣ ба як мафҳуми таҳоҷумӣ таҳаввул пайдо кард.
Ин бозтаърифи иҷбории ҷиҳод дар даврони ҷанги дохилӣ ба хотири мусалмон будани аксарияти мардум дар майдон ба нафъи ҲНИТ тамом шуда бошад ҳам, аз тарафи дигар дар зеҳни як қисми дигар ба хусус қишри секулори ҷомеа, бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҲНИТ тасвири як ҳаракати ҷиҳодии ифротиро шакл дод. Ба қавли баъзе нависандагон дар ин даврон дар дохили назҳат андешаҳои ифротӣ рушд пайдо кард ва баъзе аз пайравони он ба ҳамин хотир ба гурӯҳи Чеченҳо ва Алқоида ҳамроҳ шуданд. Табиист, ки ин афкор дар баданаи ҳизб ҳам бетаъсир набуд ва дар дохили ҲНИТ ҳам чунин афкор вуҷуд дошт. ( Identity and Power—The Discursive Transformation of the Former Islamic Revival Party of Tajikistan Dastan Aleef)
Давраи севвум : Гуфтумони навандешонаи динӣ, ҳамоҳангӣ байни арзишҳои динӣ, миллӣ ва умумибашарӣ (1997 — 2010)
Пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 1997, наҳзати исломӣ вориди марҳалаи ҷадиде шуд. Ин даврон бо мушорикати сиёсии расмии ҳизб дар сохтори давлат, аз ҷумла тасаддии мансабҳои давлатӣ, ҳамроҳ буд.
Дар ин марҳала, гуфтмони ҳизб ба тадриҷ тағйир ёфт: мафоҳими пешин ҳамчун “ҷиҳод” ва “ҳукумати исломӣ” камрангтар шуданду ҷои худро ба адолати иҷтимоӣ, ҷомеаи исломӣ, ислоҳоти маданиву каромати инсонӣ доданд. Вожаҳое чун “демократияи исломӣ” ё “мардумсолорӣ ҳамроҳ бо арзишҳои милливу динӣ” вориди адабиёти ҳизб шуданд. (суханронии раиси ҲНИТ дар анҷумани пеш аз интихоботии соли 2010).
Дар гуфтумони ҳизб мафҳуми уммат ҷояшро бо мафҳуми миллат дар шакли мусбати он иваз кард. Миллатсозӣ ҷузъи аслии барномаҳои наҳзат қарор гирифт. Ҷавоби устод Нурӣ ба баҳси аввал тоҷикам ё мусалмон далели ин гуфта аст.
Дар ҳамаи ин се давра нақши раҳбарии раисони ҳизб калидӣ будааст. Таҳаввули гуфтумонҳои ҳизбро то ҳудуди зиёде муртабит ба таҳаввули андешаи раҳбаронаш бояд донист.
Ба хусус пас аз имзои созишномаи сулҳ устод Нурӣ ба рамзи ваҳдат ва ҳамзистӣ дар ҷомеа табдил ёфт ва устод Ҳимматзода аз нигоҳи назариявӣ ва фикрӣ мавзӯъҳои демократияи исломӣ, қонунмеҳварӣ ва навандешии диниро вориди гуфтумони ҳизб кард. Дар воқеъ ин ду нафар ба таври аҷибе ҳамдигарро такмил мекарданд. Устод Ҳимматзода аз нигоҳи назарӣ андешаҳоеро матраҳ мекард ва устод Нурӣ бо нуфузи харизматикие, ки дошт онро дар баданаи ҳизб амалан ворид менамуд.
Баъди даргузашти устод Нурӣ ва раҳбарии устод Кабирӣ ин раванд мисли гузашта пайгирӣ шуд. Ҷанбаҳои инсонгароёна ва арзишмеҳварӣ дар дохили ҳизб тақвият ёфт. Ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналистон, сиёсатмадорон ва пажуҳишгарон ба таври васеъ роҳандозӣ карда шуд. Мерос ва андешаи устод Нурӣ ва устод Ҳимматзода дар миёни ҳамаи наслҳо ва қишрҳои ҷомеа ҷорӣ шуд ва маҳдуд ба қишри динӣ боқӣ намонд.
Ваҷҳаи байналмилалии ҳизб ҳам беҳбуд ёфт ва наҳзат ҳамчун як неруи сулҳофар ва миллатсоз муаррифӣ гардид.
Давраи чаҳорум: бозгашт ба гуфтмони идеулужик ва тақобул бо қудрат (2010 — 2015)
Аз соли 2010 ба баъд , бо маҳдӯдиятҳои физояндаи ҳукумат алайҳи фаъолиятҳои диниву мазҳабӣ, ҳизби наҳзати исломӣ низ дар мавзеи дифоӣ қарор гирифт. Ин фишорҳо боис шуд, ки гуфтмони ҳизб, дубора ба самти ҳуввиятитар шудан ва бозхонии мафоҳими муқовимат ва фидокории исломӣ майл пайдо кунад.
ҲНИТ мехост аз таҷрибаи бархе ҳизбу ҳаракатҳо барои мутақоид кардани аъзо ва ҷонибдоронаш дар заминаи демократияи исломӣ ва ҳамзистии ислом ва секулоризм истифода кунад. Ба ҳамин хотир дар анҷумани худ дар соли 2013 намояндагонеро аз Ихвонулмуслимини Миср, Ҳизби ПАС дар Малайзия ва ҷунбишҳои исломгарои минтақа даъват намуд, ки боиси тардиди баъзе доираҳо дар миёнаравии он гардид.
Вожаҳои “Сабр, истиқомат, устуворӣ, субот” ва ғайра дар ин марҳила вориди гуфтумони ҳизб шуданд. Дар воқеъ аксарияти аъзои ҲНИТ, ки фикр мекарданд ҳукумат онҳоро фиреб додааст, аз нигоҳи равонӣ ва эътиқодӣ дар вазъияти ногувор қарор гирифта буданд. Барои ором сохтани онҳо ҲНИТ бори дигар ба исломгароии классикӣ руй овард. Аммо пажуҳишгарони байналмилалӣ ин баргаштро як навъ замина барои баргашт ба даврони ҷиҳод ва муборизаи мусаллаҳона таъбир кардаанд. ( Identity and Power—The Discursive Transformation of the Former Islamic Revival Party of Tajikistan Dastan Aleef)
ҲНИТ ҳассосияти вазъиятро хуб дарк мекард ва ба ҳамин хотир талош кард ба ҳама фишорҳои ҳукумат аз роҳи қонунӣ ҷавоб гӯяд. Ба ҳамин хотир борҳо ба додгоҳ шикоят бурд, ба додситони кулл, вазорати адлия ва Судҳо муроҷиат кард ва ба Президенту СММ ҳам нома навишт, аммо натиҷае ба даст наомад ва танҳо як чиз равшантар мешуд, ки ин “барра” бояд хурда шавад. Билохира, соли 2015 ҳизб терористӣ эълон ва баста шуд. Раҳбарони ҳизб зиндонӣ ва як қисми аъзо ва ҷониборонаш ба кишварҳои дигар паноҳанда шуданд.
Давраи панҷум: Ҳиҷрат ва фазои нави таҷдиди ҳуввият ва гуфтумон (2015 — 2025)
Муҳоҷират танҳо ҷобаҷошавии физикӣ нест, балки фазое барои бозсозии ҳувияти сиёсӣ ва фикрӣ мебошад. Ҳиҷрат барои ҲНИТ, пас аз 2015 чанд мафҳуми асосии гуфтумонӣ ба вуҷуд овард, ки ҳар кадом ниёз ба баррасии амиқ доранд.
- Гуфтумони мазлумият, ҳуқуқи башар ва адолат
Дар ҳиҷрат ин мафҳумҳо барои ҲНИТ ва аъзои он аз ҷойгоҳи болое бархурдор буданд. Аз аввалин рӯзҳои ҳиҷрат наҳзат дар баробари бозсозии худ, ба фикри ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ афтод. Мазлумияти ҲНИТ ба гуши ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ аз поин то боло аз исломӣ то дунявӣ расонида шуд.
Аз ҷумла бо талоши ҲНИТ моҳи январи соли 2016 ду вакили мудофеъ аз Туркия ва як нафар аз Русия ба Тоҷикистон барои шиносоӣ бо вазъияти зиндониёни ҲНИТ фиристода шуданд. Баъди боздошти онҳо дар Душанбе ва дахолати болотарин мақомоти кишвари Туркия қазияи наҳзат дар Туркия ва расонаҳо ба таври васеъ паҳн гардид. Пас аз баргашт, ин вакилон парвандаи зиндониёни моро дар шакли маҷалла дар ҳудуди 80 саҳифа ба забонҳои туркӣ, арабӣ, англисӣ ва форсӣ нашр карданд, ки он заминаи нашри маҷаллаҳои баъдӣ ва ҳамчунин таҳияи парвандаҳо барои созмонҳои дигар гардид.
Чандин тазоҳурот ва гирдиҳамоӣ дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои мухталиф дар маҳкумияти иқдоми ҳукумат роҳандозӣ шуд.
Бо талоши наҳзат ва бархе созмонҳои дигар парвандаи зиндониёни сиёсӣ ба кумитаи ҳуқуқи башари СММ фиристода шуд ва ин кумита озодии бе қайду шарти аъзои ҲНИТро талаб намуд.
Бо тавсияҳо ва номаҳои ҲНИТ пеши роҳи истирдод ва зиндонӣ шудани чандин нафар гирифта шуд.
Билохира, имсол бо талоши ҲНИТ ва ду созмони дигар парвандаи Раҳмон ба додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ супорида шуд.
Ҳамаи ин талошҳо дар чорчубаи мафҳумҳои “Мазлумият, Адолат ва Ҳуқуқи башар” сурат гирифт. Аммо ин раванд таъсири чандоне ба вазъияти ҲНИТ ва зиндониёни он надошт.
Эътимод ва таваққуъи зиёди ҲНИТ аз созмонҳо ва таъсири ками онҳо бар вазъияти кишвари мо, боис шуд, ки ин мафҳумҳо низ дар гуфтумони ҳизб камрангтар шаванд ва майл ба гуфтумонҳои дигар дар дохили ҲНИТ падидор гарданд.
- Гуфтумони ислоҳотхоҳонаи классикӣ
Бетаъсир будани фаъолиятҳои ҳуқуқибашарӣ дар муддати 10 сол боис шуд, ки дар гуфтумони Ҳизб андешаи баргашт ба асли муборизаи мусаллаҳона ва фарҳанги ҷиҳоду шаҳодат дубора буруз пайдо кунад. Мафҳумҳое, ки дар шароити феълии наҳзат пардохтан ба он кори соддаву роҳате нахоҳад буд. Дар шароити минтақаи мо шояд ин танҳо гуфтумони коромад ба назар расад, ки эҳсос мешавад имрӯз як гурӯҳи зиёде дар дохили ҲНИТ ба он тамоюл пайдо кардаанд. Ин рӯҳия дар байни мардуми ғайринаҳзатӣ низ густариш пайдо кардааст.
Гурӯҳи дигаре, низ дар дохили ҲНИТ ҳастанд, ки ҳассосияти вазъиятро дар минтақа ва ҷаҳон хуб дарк мекунанд ва ба ин бовар ҳастанд, ки баргашт ба қафо дар ин шабу рӯз на танҳо роҳи чора нест, балки бар зарари мубориза ва арзишҳои демократӣ дар минтақа хоҳад буд. Ба бовари онҳо ҳар навъ мубориза дар оянда бояд бо дарназар гирифтани арзишҳои инсонӣ ва демократӣ сурат гирад.
Аммо дар шароите, ки ҷаҳон ба самти бархурд меравад ва арзишҳо дар ҳоли фурупошист, мардумро ба чунин муборизае даъват кардан шояд навъе масхара ҳам ба назар биёяд.
Бинобар ин, бо вуҷуди доштани таҷрибаи беш аз 50 сола, ҲНИТ дар як ҳолати душвор қарор дорад. Аз як тараф таваққуъи мардум ва аъзову ҷонибдоронаш ба он фишор меоварад, аз тарафи дигар зери заррабини кишварҳои мизбон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Дасташ аз минтақа кутоҳ аст ва имкониятҳояш низ маҳуд. ҲНИТ чӣ гуфтумонеро интихоб хоҳад кард ва дар миёни анъана ва ислоҳ, исломгароӣ, демократия, ҳуқуқи башар ва арзишҳои инсонӣ чигуна тавозун ва ҳамоҳангиро барқарор хоҳад кард.
Ба иборати дигар дар рӯзгори фурупошии ҷаҳонии арзишҳо ва бартарӣ ёфтани ҳуши маснуӣ бар ҳуши инсонӣ, саршох шудани ғулҳои ҷаҳонӣ ба хотири ҳирсу тамаъҳо ва густариши ҷабҳаи диктаторҳо оё боз ҳам ҲНИТ метавонад “Фалакро сақф бишкофад ва тарҳе нав дарандозад?
- Мусоҳиба бо нависандаи китоби “даврони гузариш дар Тоҷикистон: давлатсолӣ ва ислом дар Осиёи миёнаи пасошуравӣ” https://voicesoncentralasia.org/transforming-post-soviet-tajikistan-an-interview-with-helene-thibault/
- Дар пайраҳаи Нур — Султони Ҳамад
- Ҳуввият ва Қудрат: Таҳаввули андешаи сиёсии ҲНИТ — Достон Элиф https://link.springer.com/chapter/10.1007/978-3-030-77489-9_9
- Осиёи марказии ҷадид: ташаккули миллатҳо: Уливиер Руй The New Central Asia: The Creation of Nations
- Islam after Communism: Religion and Politics in Central Asia — Adeeb Kholid
- ( Identity and Power—The Discursive Transformation of the Former Islamic Revival Party of Tajikistan Dastan Aleef)
Average Rating