
Эмомалӣ Раҳмон ва Гаага: Улгӯи сиёсиву ҳуқуқӣ барои Осиёи Миёна
Паёмадҳои боз шудани парвандаи ҷиноятӣ дар Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон
Муаллиф: Фарҳод Одинаев
10 апрели соли 2025 ба як нуқтаи гардишӣ дар таърихи мубориза барои адолат дар Осиёи Марказӣ табдил ёфт: Се созмон — Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Бунёди байналмилалии ихтиёриёни Украина FUVI ва ташаббуси Созмони дифоъи ҳуқуқи башари «Озодии АвруОсиё» — бо дастгирии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ба Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ (СБҶ) алайҳи президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шикояти расмӣ пешниҳод карданд. Дар ин санад дар бораи ҷиноятҳо алайҳи инсоният, ки аз ҷониби режими Раҳмон дар солҳои 2002 то 2024 содир шудаанд, гуфта мешавад. Дар сурате ки СБҶ парвандаро боз кунад, паёмадҳо метавонанд густурда ва дуррас бошанд.
Боз шудани парванда алайҳи Эмомалӣ Раҳмон – улгуи таърихӣ барои тамоми минтақа
Ин иқдом метавонад ба як намунаи бесобиқа барои кишварҳои минтақа табдил ёбад, ки дар онҳо то ҳол низомҳои худкома амал мекунанд. Дар ҳолати оғоз шудани таҳқиқот ва махсусан, дар сурати содир шудани амри боздошт барои Эмомалӣ Раҳмон, метавон чунин паёмадҳоро интизор буд:
-
Режим дар арсаи байналмилалӣ эътибори худро аз даст медиҳад.
-
Сафарҳои Раҳмон ва наздиконаш маҳдуд мешаванд. Сафар ба кишварҳое, ки Созишномаи Римро пазируфтаанд, хатарнок мешавад.
-
Элитаи дохилии ҳукумат метавонад аз Раҳмон фосила гирад. Эҳтимол аст, ки Рустами Эмомалӣ, ки то имрӯз ошкоро талабгори интиқоли қудрат нашудааст, талаботи фаъолтарро дар ин самт пеш гузорад. Шояд барои ҳифзи манофеи худ рақибони дохилиро (аз ҷумла домодҳо ва амакбачаҳоро) канор занад — монанди таҷрибаи Арабистони Саудӣ.
-
Эҳтимоли фаъол шудани қурбониёни таъқиб дар дохили кишвар зиёд мешавад.
-
Ҷалби таваҷҷуҳи расонаҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар. Ин метавонад фишорро ба режим аз дохил ва хориҷ афзоиш диҳад.
-
Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ метавонанд аз режими Раҳмон фосила гиранд ва ӯро ба ислоҳоти дохилӣ, аз ҷумла таҷдиди низоми додгоҳӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон водор созанд.
Аҳамияти ҳуқуқии шикоят
Шикоят мутобиқи моддаи 15-и Созишномаи Римӣ пешниҳод шудааст ва ин ба Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ имкон медиҳад, ки бидуни муроҷиати Шӯрои Амнияти СММ таҳқиқот оғоз намояд. Тоҷикистон аз соли 2002 узви ин Созишнома аст ва ин маънои онро дорад, ки додгоҳ салоҳият дорад ҷиноятҳои дар қаламрави Тоҷикистон ё аз ҷониби шаҳрвандони он содиршударо баррасӣ намояд.
Дар шикоят ҳолатҳои ҳуҷҷатнокшуда оварда шудаанд, аз ҷумла:
рабудан, нопадидшавии иҷборӣ, шиканҷа, таъқиб барои ақидаҳои сиёсӣ ё мазҳабӣ, парвандаҳои сохта, куштор ё кӯшиши куштор, маҳрумсозии ғайриқонунии озодӣ, таҷовуз ба номус ва дигар шаклҳои зӯроварии ҷинсӣ, таъқиб аз рӯи мансубияти сиёсӣ ё мазҳабӣ. Ҳамаи ин ҷиноятҳо дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун ҷиноятҳои ғайри қобили таҳаммул эътироф шудаанд. Шикоят ҳамчунин далелҳо ва шаҳодатҳоеро дар бар мегирад, ки шахсони мансабдорро ба таври мушаххас муайян мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки ҷавобгарӣ аз сатҳи умумӣ ба сатҳи шахсӣ гузарад ва таҳқиқот ба гунаҳкорони аслӣ равона гардад.
Аҳамияти сиёсӣ ва рамзии шикоят
Дар шароите, ки ниҳодҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба бесалоҳиятӣ танқид мешаванд, парванда алайҳи Раҳмон метавонад боварии мардумро ба низоми адолати ҷаҳонӣ барқарор созад. Он нишон медиҳад, ки ҳатто диктаторҳои «хурд» низ метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба дарду ранҷи миллатҳо дар хориҷ аз Аврупо, Шарқи Наздик ва Африқо бетараф нест. Механизмҳои ҳуқуқӣ метавонанд алайҳи онҳое низ истифода шаванд, ки бо роҳи саркӯбу тарс ҳокимиятро дар тӯли солҳои зиёд нигоҳ медоранд.
Ғайр аз ин, боз шудани парванда алайҳи роҳбари як давлат бо низоми худкома метавонад ба кишварҳои пуштибони он — аз ҷумла Русия, Эрон, Чин ва созмонҳои байналмилалии ҳамкор — фишори сиёсӣ ворид кунад.
Пайомадҳои эҳтимолӣ барои минтақа ва ҷомеаи Тоҷикистон
Боз шудани парвандаи ҷиноятӣ дар Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ метавонад сиёсати минтақаро тағйир диҳад. Он метавонад равандҳои демократӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, риояи қонуният ва гузариши сулҳомез ба ҳокимият тавассути интихоботро тақвият диҳад.
Чаро чунин шикоятҳоро ба сохторҳои байналмилалӣ бояд пешниҳод кард?
Дар низомҳои диктаторӣ тамоми шохаҳои ҳокимият — қонунгузор, иҷроия ва додгоҳ — таҳти назорати як гурӯҳ қарор доранд. Аз ин рӯ, сохторҳои байналмилалӣ ягона абзори воқеии адолат боқӣ мемонанд. Онҳо метавонанд қурбониён, шоҳидон, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқро зери ҳимояи байналмилалӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, ин гуна шикоятҳо ҷиноятҳоро ҳуҷҷатгузорӣ мекунанд, ки барои хотираи таърихӣ ва тағйироти оянда аҳамияти бузург доранд. Чунин қадамҳо ба қурбониён дастгирии ахлоқӣ медиҳанд ва нишон медиҳанд, ки дарди онҳо фаромӯш нашудааст. Шикояти байналмилалӣ роҳи осоишта ва қонунии мубориза бо диктатура аст — бе силоҳ, тавассути ҳақталабӣ ва бо таври осоишта.
Чиро метавонанд мухолифин ва мардуми Тоҷикистон ба даст оранд?
Мухолифин тавассути ин раванд эътирофи расмии мавқеи қонунии худ дар сатҳи байналмилалӣ ба даст меоранд. Давлатҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ маҷбур мешаванд мухолифинро ба ҳайси шарики сиёсӣ эътироф кунанд ва дар мубориза бо диктатура кумак расонанд. Ин як механизми нави фишор ба режими Раҳмон шуда, ҳимояи сиёсии фаъолон ва тарафдорони мухолифинро дар хориҷи кишвар таъмин мекунад. Ҳамзамон, вазни сиёсӣ ва эътибори онҳо дар Аврупо ва Ғарб зиёд мегардад.
Мардуми Тоҷикистон чӣ ба даст меоранд?
Онҳо умед ба адолат ва тағйирот, эътирофи дарду ранҷи худ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, эҳтимоли назорат ва дахолати байналмилалӣ дар сурати бад шудани вазъ ба даст меоранд. Шикоят ба СБҶ метавонад оғози марҳилаи нави муқовимат бошад, ки адолат дигар танҳо ба сиёсатҳои дохилӣ вобаста намешавад, балки як масъалаи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 2500 нафар зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ мавҷуданд, ки дар бораи онҳо касе ҳарф намезанад. Аз режими Раҳмон як минтақаи комил — аз ҷумла Бадахшон — ранҷ мебарад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он беэътино аст. Дар ду соли охир дар Бадахшон даҳҳо нафар кушта, садҳо маҳкум ва ҳазорон нафар фирорӣ шуданд. Беш аз сад ҳазор нафар танҳо барои он ки Помирӣ ҳастанд, зери фишори пайваста ва тарс зиндагӣ мекунанд. Ҳамчунин, ақаллияти миллӣ — яғнобиҳо зери таъқиб қарор доранд, ки бояд дар бораи онҳо низ ҷудогона ҳарф зад.
Шикоят ба Гаага алайҳи Эмомалӣ Раҳмон — танҳо як амали ҳуқуқӣ нест. Ин ҳукми ахлоқии режим, нишонаи расидан ба камолоти сиёсӣ аз ҷониби мухолифин ва аломати умед барои миллионҳо шаҳрвандон аст. Суди Байналмилалии Ҷиноятӣ бояд ҷасорат нишон диҳад ва парвандаро баррасӣ намояд. Агар ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳақиқат барои адолат бошад, он бояд ба халқи Тоҷикистон хизмат кунад.
Тоҷикистон як кишвари озод ва ҳуқуқбунёд хоҳад шуд!
Муаллиф: Фарҳод Одинаев
Average Rating