
Ҷаннатулоҳи Комил: “Нигоҳе ба ҳиҷрат ва бурду бохти он дар замони муосир”
Дар аввал мехостам дар бораи ҳичрат ва роҳҳои пирузӣ сухбат кунам, ё дар мавзуъи «Ҳиҷрат роҳи пирузӣ аст” ва ё дар мавзуъи «Аҳамияти ҳиҷрат дар ноил гаштан ба пирузӣ». Аммо баъди фикр ва мутолиа вобаста ба фалсафаи ҳиҷрат ва хоссатан ҳиҷрати Паёмбари Худо (с) ва саҳобагони бузургворашон ба Мадинаи мунаввара ва қабл аз он ҳиҷрати иддае аз саҳобаҳо ба Ҳабаша ва инчунин баъд аз омӯзиши шароити ҳиҷрат дар он асрҳо ва муқоисаи он ба асри худамон ба хулосае расидам, ки дар бораи «Нигоҳе ба ҳиҷрат ва бурду бохти он дар замони муосир» суҳбат кунам на дар мавзуъҳои дигар, ки дар боло зикрашон кардам.
Албатта он, чи ки банда инчо қайд ва зикр мекунам вобаста ба фикру назарҳои худи банда аст на баргирифта аз дигарон.
Манзурам аз ҳичрат дар ин мавзӯъ танҳо ҷанбаи сиёсии онро дар бар мегирад, агар ин истилоҳ дуруст бошад. На масоили дигари ҳиҷратро аз қабили ҳукм, фазилат ва навъҳои он.
Албатта банда бар ин назарам, ки ҳичрат ба он андозае, ки дар асрҳои гузашта сабаби пирузӣ ва муваффакияти мухолифон ва мазлумон мешуд, дар асри ҳозира ва зери давлатдории нав он сифату хусусиятҳоро надорад.
Дар он асрҳо дар ҳақиқат ҳам ҳиҷрат ва ё тарк кардани ватан роҳе барои пирузӣ маҳсуб мешуд. Аммо дар асри ҳозир фикр намекунам, ки ҳиҷрат кардан роҳе барои пирузӣ ва ё сарнагун кардани худкомае маҳсуб шавад. Ё лоақал он шансҳоро, ки он замон дошт ҳоло надорад. Балки аз пирузӣ дида бохтхояш шояд бештар бошад. Ва инро метавон дар чанд омил баён кард:
1. Дар он вақт давлатҳо ба ҳолати давлатдории имруза набуданд. Он замон ҳар шахс ва ё ҳар гуруҳ ва қабилае метавонист ба ҷои дигар ҳиҷрат кунад ва он ҷойро марказ ва ё ба макони қудрати худ табдил дода, мубаддал ба нерӯ шавад. Аммо дар ин давр ва зери давлатдории имруза ин амал қариб номумкин аст.
Мисол: Ҳиҷрати Паёмбар ва асҳобаш ба Мадинаи мунаввара.
2. Он асрҳо ҳиҷрати мухолифон ба дигар сарзамин ва минтақаҳои дигар дар ҳақиқат ҳам хатар ба ҳокимони золими минтакаи худ буд ва аз ин хотир аксари сардорони кишварҳо ё қабилаҳо кушиш мекарданд, то роҳи ҳиҷрати мухолифонашонро гиранд, зеро медонистанд, ки ҳиҷрати онҳо сабаби нерӯ гирифтан ва қавӣ гаштанашон мегардад. Аммо дар замони мо баракс аст, худи диктаторҳо талош меварзанд, то мухолифини худро ба ҳиҷрату тарки ватан ташвиқ кунанд, то ба ин васила аз хатари онҳо дар дохили ҳукуматашон халос шаванд.
Мисол: Қиёси ҳиҷрати Саҳобагон ба Ҳабаша ва ҳиҷрати имрӯзаи мо ба Уруппо.
3: Он асрҳо ҳиҷрат беҳтарин роҳ барои қавӣ шудан, мусаллаҳ шудан ва неруи низомӣ ҷамъ кардан буд. Аммо дар замони муосир ва зери сиёсати давлатдории имрӯза анҷом додани ин амалҳо хело мушкил ва ё номумкин мебошад.
Мисол: Ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара.
4: Он асрҳо ҳиҷрат одамонро озод ва вобастаи дигарон намекард. Аммо холо бошад дуруст аст, ки ҳичрат шахсро аз зулми золим наҷот медиҳад, аммо уро дар замини ҳиҷратгоҳаш мукайяд мекунад.
Мисол: Ҳиҷрати мухолифини Эрон, Афғонистон ба Уруппо.
5: Он асрҳо гоҳо ҳиҷрат сабаб мешуд, ки муҳоҷирон дар як сарзамине рафта соҳибу молик ва сарварони он минтақа гарданд. Аммо ҳоло бошад ин аслан ғайри имкон аст.
Мисол: Ҳиҷрати қабилаҳои туркӣ ба Анозул.
6: Масофа. Як омили муҳим дар ҳичрат ин масофа аст. Ҳар қадар масофаи ҳиҷрат наздиктар бошад, ҳамон қадар баргаштан осонтару сареътар мешавад. Ва ҳар қадар масофа дур бошад, мушкилтар мегардад. Он асрҳо ҳиҷрат бештар ба кишварҳои гирду атроф сурат мегирифт ва ин омил барои баргашт хело кумак мекард ва таъсири қавӣ дошт. Ва инро мо метавонем дар ҳиҷрати имрӯза ва қаблии худамон муқоиса кунем.
7. Кишвари пуштибон. Ин ҳам яке аз омилони муҳим дар ҳиҷрат аст. Ва ин як омили муҳим аст ва вобастагӣ ба асрҳои гузаштаву имрӯза надорад. Аммо дар замони феълӣ нисбат ба асрҳои гузашта хело мушкилу душвор аст.
Аммо, ба ҳар ҳол дар вазъияти имрӯза ҳиҷрат моро ба пирузӣ мерасонад ё ҳади ақал маҳвамон намекунад, агар:
а) Фарҳангу ҳуввияти исломӣ, эътиқодӣ ва миллии худро ҳифз кунем:
б) Кишварҳои мизбонро ҳамчун васила барои баргашт ба ватан истифода барем, на ин ки онро кишвари аслии худ қарор дихем;
в) Ангезаи муборизавии худ ва мардумро ҳифз карда тавонем;
г) Худро барои мубориза ба тарҳи дуруст ва замонавӣ омода намоем;
д) Барномаи ҷиддиро барои баргашт тарҳрезӣ намоем;
е) Истифода аз имконоти кишварҳои мизбон барои омода кардани кадру мутахассисон;
ё) Кишвари худро бо он ҳама сахтиву мушкилоташ авалавият қарор дода, мафтуни зиндагӣ дар ин кишварҳо нашавем.
Аммо фаромуш накунем, ки ҳиҷратамон ба ин сарзаминҳо моро ба нестӣ мебарад, агар:
а) Ҳувияти исломӣ, миллӣ ва фарҳангии худро аз даст диҳем;
б) Аз ҳадафу мақсади асосии худ дур шавем ва ба масоили дигар даст занем;
в) Аз ҳиҷрат барои баргашт ва омода кардани худ хуб истифода набарем ва машғули амалҳои хурд шавем;
г) Ин сарзаминҳоро кишвари худ қарор дода, кишвари худро фаромуш кунем;
д) Аз арзишҳои динӣ, миллӣ ва фархангии худ дур шавем;
е) Ангезаи сиёсӣ ва муборизавии худро канор гузорем.
Ҷаннатуллоҳи Комил
Average Rating