Аҳамияти муроҷиати зидди Э. Раҳмон ба Суди байналмилалии ҷиноии ГААГА 

Фиристед

Муроҷиати расмии зидди президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Суди байналмилалии ҷиноии Гаага (International Criminal Court, ICC) дар таърихи 11 апрели соли 2025 аз ҷониби се созмон: Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони Freedom for Eurasia ва Бунёди байналмилалии ихтиёриёни Украина (FUVI) бо дастгирии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ба қайд гирифта шуд. Ин иқдом на танҳо як вокуниши сиёсӣ аст, балки як рӯйдоди бесобиқаи ҳуқуқии байналмилалист, ки метавонад барои таҳкими меъёрҳои адолати ҷаҳонӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва поён додан ба беҷазоӣ дар сатҳи раҳбарияти олӣ, таъсири бевосита дошта бошад.

Ин муроҷиат бо ҳуҷҷатҳои мустанад, шаҳодати зиёда аз 60 мавриди ҷиноятҳои эҳтимолии зидди башарӣ, аз ҷумла шиканҷа, таҷовуз, қатли бидуни мурофиа, нопадидшавии иҷборӣ ва ихроҷи маҷбурии фаъолони сиёсӣ дастгирӣ мешавад. Ҳодисаҳои ба ин монанд дар таърих кам набуданд ва ҳар як аз онҳо замина барои ташаккули таҷрибаи ҳуқуқи байналмилалӣ шудааст.

Бо ин  вуҷуд, ин иқдом ба вокунишҳои манфӣ нишондиҳанда метавонад рӯ ба рӯ шавад, ки баъзе аз нишонаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чашм мерасанд. 

Мутаассифона, набояд нодида гирифт, ки ҷойгоҳе, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мисли СММ ва ниҳодҳои байналмилалӣ мисли Суди байналмилалии ҷиноии ГААГА пештар доштанд, ҳоло надоранд.

Дар чанд солҳои охир, даҳҳо қарорҳои СММ ва чандин қарорҳои Суди байналмилалии ҷиноии ГААГА нодида гирифта шудаанд ва ё татбиқ нашудаанд. 

Ҳоло мебинем, ҳамин ҳолатҳо таъсири манфии худро расонидаанд ва умед ба Созмон ва ниҳодҳои байналмилалӣ қариб, ки намондааст. Ин аст, ки ҷомеа муроҷиат ба ин созмону ниҳодҳоро як амали беҳуда мепиндорад.

Решаи ин ҳолати беаҳамият нишондиҳӣ боз ҳам метавонад аз ҷониби режими айбдоршаванда об хурад. 

 Таърих борҳо нишон додааст, ки вақте режимҳо дар хатар қарор мегиранд, боз ҳам кӯшиш мекунанд, инро як чизи беаҳамият нишон диҳанд ва ё саркӯби дохилиро афзоиш диҳанд. Режими Тоҷикистон низ наметавонад бидуни вокуниш ба ин қазия ором биистад. 

Аввал кӯшиш мекунад ғайри мустақим бо роҳҳои дигар, шояд тавассути гумоштагон, тавассути “Фермаи ҷавоб” инро камаҳамият ва як амали беҳуда ва иҷронашаванда нишон диҳад. Аммо, агар ин иқдом  дар арсаи байналмилалӣ пазируфта ва матраҳ шуд, режим тавассути донишҷӯён, зиёиёни дарборӣ, устодону муаллимон вокунишҳое ба миён меорад. Хешовандони фаъолони сиёсиро боздошту фишор меорад, то хомӯш шудани сару садо ҳатто шояд дастрасӣ ба интернетро ҳам мебандад ва ба таблиғоти давлатӣ алайҳи ин иқдом шиддат мебахшад.

Ҳамчунин ҳукумати феълӣ метавонад бо истифода аз ин муроҷиат ҳамчун «ҳамлаи хориҷӣ ба истиқлолияти миллӣ» таблиғоти густурда оғоз кунад. Онҳо метавонанд ин амалро ба хориҷиён ва мухолифини «хоин» нисбат диҳанд, то таваҷҷуҳи мардумро аз мӯҳтавои асосии шикоят дур кунанд.

Банда ба ин назарам, ки вуҷуди ҳатто ҳамингуна вокунишҳои манфӣ низ ба манфиати кор ва зарурӣ ҳастанд. Баъзе аз қишрҳои ҷомеа ва ё ҳатто баъзе созмонҳои сиёсӣ шояд кори дуруст ҳам мекунанд, ки ба ин иқдом манфӣ вокуниш мекунанд.  Коршиносон ин аҳволро таҳлил хоҳанд кард ва ҷуброни ингуна вокунишҳои манфинигарӣ нисбати фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ низ ин хоҳад буд, ки онҳо барои дубора ба даст овардани боварии ҷомеа рафтори худро тағйир диҳанд ва гомҳои ҷиддитар ниҳанд.

Як мушкили дигар, ки бояд дарк кард, раванди тафтишот ва баррасии парванда дар ICC хеле тулонӣ ва пурпечутоб аст. Баъзе парвандаҳо солҳо бе ҳукм боқӣ мемонанд. Ғайр аз ин, бе фишори дипломатӣ ва ҳимояти сиёсӣ, додгоҳ метавонад таҳти таъсири омилҳои геополитикӣ қарор гирад, ки баъзе аз нишонаҳояшро дар боло зикр кардам.

Ин аст, ки муроҷиат ба Суди байналмилалии ҷиноии ГААГА як кори саҳлу сода нест. Ба ҷуз машаққату меҳнатҳои чандинсолаи омодакунии ҳуҷҷату далелҳо боз ин иқдом ба вокунишҳои бевоситаву бавосита рӯ ба рӯ мешавад ва ҳатто метавонад худи ICC зери таъсири ингуна вокунишҳо монад. 

Аммо, бо омӯхтани тамоми паҳлӯҳои ин иқдом бояд гуфт, ки аз аҳамият холӣ нест ва ҳатто умед аст, ки ҳатман самар медиҳад. Барои як ҳизби сиёсӣ дар фаолияти хориҷ аз кишвараш шояд ин беҳтарин дастовард бошад. Чун назирашро то ҳол ягон аҳзоби сиёсӣ дар таърих нишон надодаст. Дуруст аст, ҳукуматҳо ин иқдомро кардаанд. Аммо, барои як ҳизби сиёсӣ дар ғурбат, бидуни пуштибонии сиёсӣ як дастоварди беназир аст.

Бо боварии комил метавон гуфт, муроҷиат ба ICC як намунаи умедбахшест барои миллате, ки солҳост зери фишори як низоми худкома қарор дорад. Мардумон ва хешовандони қурбониёни шиканҷа ва саркӯб, ки солҳо мунтазири адолат буданд, акнун шонси он доранд, ки садои онҳо дар сатҳи байналмилалӣ шунида шавад.

Тоҷикистон дар соли 1999 Статути Румро имзо карда, ба узвияти Суди байналмилалии ҷиноӣ пайваст. Аз ин рӯ, бар тибқи муқаррароти ин созишнома, давлат муваззаф аст, ки ба ҷиноятҳои вазнин расидагӣ намояд. Дар ҳолате ки худи давлат наметавонад ё намехоҳад тафтишоти мустақил ва одилона анҷом диҳад, Суди Гаага ҳақ дорад ворид шавад. Парвандаҳои зидди раҳбарони Сербия (Слободан Милошевич), Либерия (Чарлз Тейлор) ва Судон (Умар ал-Башир) нишон доданд, ки раҳбарони олӣ низ дар зери юрисдиксияи ICC қарор мегиранд.

Як паёмади муҳими ин муроҷиат он аст, ки Тоҷикистон ба маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ табдил меёбад. Муроҷиат ба ICC метавонад таваҷҷуҳи расонаҳо, дипломатҳо ва порлумонҳои аврупоиро ба ин масъала ҷалб кунад ва барои мардуми кишвар дастгирии байналмилалиро бештар кунад.

Муроҷиат ба ICC танҳо як амали сиёсӣ нест, балки як раванди муҳими таърихнигорӣ низ мебошад. Таҷрибаи Руанда дар ин замина намунаи аъло мебошад. Додгоҳи Руанда собит кард, ки ҳатто пас аз фоҷеа ва хунрезӣ низ адолат метавонад барқарор шавад. Ҳамчунин парвандаҳои Милошевич ва Тейлор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд, ки раҳбарони давлатҳо низ метавонанд ба ҷавобгарии байналмилалӣ кашида шаванд.

Ҳамин тавр,  бо вуҷуди он ки якчанд чолишҳои ҷиддӣ дар пешанд, муроҷиати зидди Эмомалӣ Раҳмон ба Суди байналмилалии ҷиноии Гаага як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва стратегӣ аст, ки метавонад ба ташаккули фарҳанги ҷавобгарии сиёсӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мусоидат кунад. Ин муроҷиат метавонад барои мардуми кишвар умеди нав орад ва паёме қатъӣ бошад, ки худкомагӣ ва беҷазоӣ абадӣ нестанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон бояд ин равандро бо тамоми қувва дастгирӣ кунанд, то он ба як намунаи нодири татбиқи адолати байналмилалӣ табдил ёбад. Таърих нишон хоҳад дод, ки ин иқдом оғози як марҳилаи нав дар мубориза бо худкомагӣ ва поягузории давлатдории ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аст.

Ногуфта намонад, ки ин “сюрпрайз” ба режим охирин нест. То онҷо, ки хабар дорам, “сюрпрайз”-ҳо бо навбат, бе сару садо дар роҳанд ва онҳо тақвиятбахши ин иқдоми расонаишуда ҳастанд. Бинобар, аз ҳама дустон, ҳамватанон, чӣ мухолиф ва чӣ мувофиқ, касоне, ки мехоҳед як дигаргуние дар Тоҷикистон ба миён ояд, хоҳиш дорам бо лутфу марҳамати хеш якбор ба чаҳор тарафи “тоқӣ”-и худ назар андозед ва биандешед. Касоне, ки мехоҳед дар Тоҷикистон беҳбудие шавад, ин иқдомҳо агар заррае таъсир дорад, агар кумак кардан намехоҳед, бо лутфу марҳамати хеш лутфан пешпо ҳам надоред. Ин ба иҷрои стратегияи Шумо низ заррае бошад ҳам кумак хоҳад кард. 

Шавкати Муҳаммад


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *