Оғози шикасти тарс ва поёни масунияти золим

Фиристед

Вуруди парвандаи Эмомалӣ Раҳмон ба Гаага, ин оғози шикасти тарсу эҳтиёткорӣ ва поёни масуният доштани золим аз ҷавобгарӣ аст.

Дар зиндагии миллатҳо лаҳзаҳое ҳастанд, ки таърихсоз хоҳанд буд. Имрӯз, мо дар лаҳзаҳое қарор дорем, ки номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҷрим ва ҷинояткор дар доираи баррасии ҳуқуқии байналмилалӣ садо медиҳад.

Ин танҳо оғози як парванда нест — ин оғози поёни фазои тарс ва шикастани девори масунияти озод будан аз ҷавобгарӣ барои золимест, ки 30 сол зери ниқоби роҳбари давлат, аммо дар асл мисли сардори як хунта бар миллат ҳукм ронд.

Ворид шудани парвандаи диктатори Тоҷикистон ба муҳокимаи Гаага — натиҷаи муборизаи ҳазорҳо шаҳрванди озодандеш, ҳуқуқшиносони ҷасур, рӯзноманигорони содиқ ва расонаҳоест, ки бо вуҷуди тарсу ваҳшатпарокании режим, бо вуҷуди саркӯбӣ, бо вуҷуди хатар ҳақиқатро зинда нигоҳ доштанд. Имрӯз ҳақиқат ба остонаи адолат наздик шудааст.

Ҳамчун як бародари камтарини шумо, ки ниме аз умраш дар сиёсат сипарӣ шудааст ва дар чандин масъулиятҳои сиёсӣ фаъолият доштааст, аз қаъри таҷрибаи сиёсӣ ва аз ботини дарди миллат гуфтаниям, ки ин рӯйдодро на фақат воқеа, балки бозшавии  фазои нави сиёсии тоҷикон арзёбӣ мекунам. Ин рӯйдод дари имкониятро боз мекунад, ки дар он дигар на тарс, балки масъулият, на сукут, балки амал, на махфияту пинҳоншавӣ, балки бояд ҷасорату аз худгузаштагӣ ва фидокорӣ ҳукмрон шавад.

Ин лаҳза моро ба интихоби таърихӣ рӯбарӯ мекунад: мо бояд имрӯз пеши виҷдону имони худ ба худ ҷавоб ёбем, ки оё бо  бо хомуш истоданҳои худ шарики режими ҷиноятпеша мешавем? 

Оё дар сафи таърих бо талоши адолат ва шаъну шарафу каромати инсонӣ меистем ё ба ҳар ҳоле набошад таги хазонҳо ва пушти пардаҳо пинҳон мемонем?

Садои адолатхоҳӣ, имрӯз аз дохили зиндонҳо, аз гӯшаҳои ғарибӣ, аз даҳони модарони мотамзада ва аз қалбҳои ҳазорҳо фарди бесадо баланд мешавад. Вазифаи мо — табдил додани ин садоҳо ба изҳороти расмӣ ва парвандаҳои ҳуҷҷатнок алайҳи режиим бояд бошад. Мо аз фитрати инсонии худ, ки ҳақталаб, адолатпарвар ва зулмбадбин аст, худро канор нагирем.

Мо бояд:
— ҳар як ҳолати ҷинояти режим,
— бедодгариҳои мақомот,
— шиканҷаву муҳокимаҳои ғайриқонунии қазоӣ,
— маҳрумсозии ҳуқуқӣ дар сатҳи фардиву дастаҷамъиро
бо забони ҳуқуқ  сабт кунем.

Баррасии ин парванда дар Суди Байналмилалии Ҷиноӣ як амали рамзӣ нест — он оғози канда шудани доираи табуҳоест, ки солҳо моро аз ҳуқуқи сухан, эътироз, интихоб ва ҳаёти шоиста маҳрум мекард. Гаага имрӯз номи Раҳмонро ҳамчун айбдоршаванда ба ҷинояткорӣ сабт кард. Ин паёмест ба тамоми режимҳои истибдодӣ, ки замони ҷавобгӯӣ, ҳатто дер бошад ҳам, ногузир фаро мерасад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчун мардуми як кишвари узви ҷомеаи байналмилалӣ, набояд дар канори як роҳбари мавриди таҳқиқи ҷинояткорӣ қароргирифта бошанд.  

Ба зиёиён ва фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтаниям, ки дигар сукут  дар баробари ҷиноятҳо аз номи давлат, на бетарафӣ ё нишонаи дур будан аз сиёсат аст, балки ҳамдастӣ аст.

Имрӯз на барои тарс вақт аст, на барои рақобати шахсию зидди ҳам тохтанҳо, на барои пиёдасозии амбитсияҳои инфиродӣ. Имрӯз лаҳзаест барои баҳамоӣ, иттиҳод ва бедории миллӣ.

Мо ҳақ надорем, ки фурсатро аз даст диҳем.
Мо ҳақ надорем, ки ҳақиқатро пушти парда пинҳон шудан ва эҳтиёткорӣ нигоҳ дорем.
Мо ҳақ надорем, ки рӯ ба қафо гардем, вақте роҳи ҳақ ба сӯи пеш боз шудааст.

Имрӯз оғози поёни тарс аст.
Имрӯз рӯзи оғози ҷавобгарист.
Имрӯз — рӯзи миллати мост.

Эй миллати сарбаланд, эй фарзандони бедори ин хок,

Вақти он фаро расидааст, ки аз сукут ба сухан бигузарем, аз интизор ба иқдом равем ва аз танҳову бечора кардани муборизон даст кашем ва сутуни дили онҳо, пайванди ҷони онон ва дастгиру такягоҳашон бошем. Вақти он аст, ки ҳар шахси бедордил, ҳар қалами ҳақталаб ва ҳар забони ростин ба як нерӯи умумимиллии мубориза табдил ёбад.

Ин мубориза танҳо масъулияти як гурӯҳ нест. Ин вазифаи таърихии як миллат аст. Мо наметавонем бозистем, вақте ки дарҳои адолат, ҳатто агар дер ва машаққатталаб аст, вале ба кушода шудан шуруъ мекунад. Мо бояд собит кунем, ки миллати тоҷик дигар хомӯш нахоҳад монд. Мо ҳам сазовори сарбаландиву саодатем. Мо ҳам дар қатори дигар миллатҳо ҳаққи ҳамчун инсони бокаромат зиндагӣ карданро дорем.

Эй миллати ранҷдида! Биёед ба ҳам пайваст шавем.
Овозҳоро ба як овози адолат муттаҳид созем.
Ҳақиқатро ҳуҷҷат гардонедм.
Ҷиноятро фош кунем.
Муқовиматро ба мактаб, ба расона, ба ҷомеа табдил диҳем.

Мо танҳо дар як сурат пирӯз мешавем: вақте, ки дигар ҳар яке аз мо, ба ҷойи интизорӣ, ҳиссаи худро барои озодсозии миллат аз зулму истибдод мегузорад.

Биёед аз таърих нагурезем — таърихро биофарем.
Ояндаи Тоҷикистон дар дасти мост.

Шавкати Муҳаммад


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *