
CASA-1000, афсонаи барқ ва биҳишти тахайюлии Эмомалӣ Раҳмон
Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia-South Asia Electricity Transmission and Trade Project) яке аз ташаббусҳои бузурги энергетикӣ ва ҳамгироии иқтисодии минтақа ба шумор меравад. Ҳадафи он интиқоли барқи изофии обии Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, бахусус Афғонистон ва Покистон мебошад. Дар оғоз, лоиҳа ҳамчун воситаи мустаҳкамсозии ҳамкориҳои минтақавӣ ва коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои энержии кимиёвӣ муаррифӣ шуда буд. Аммо дар тӯли чанд соли охир, CASA-1000 бо монеаҳои ҷиддии сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва геополитикӣ рӯбарӯ гардид, ки ояндаи онро зери шубҳа қарор додааст.
Вазъи ҷорӣ ва мӯҳтавои лоиҳа
CASA-1000 сар аз соли 2016 амалан оғоз гардид ва ҳадаф дошт, ки то соли 2023 комилан ба истифода дода шавад. Хатти интиқоли барқи наздик ба 1300 километрии он мебоист 1300 МВт барқро аз НБО-ҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон интиқол диҳад. Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ИМА, Британияи Кабир ва дигар донорҳо маблағгузорони асосии онанд.
То имрӯз, қисми зиёди корҳои техникӣ дар Тоҷикистон ва қисман дар Қирғизистон анҷом ёфтааст. Аммо бахши афғонистонии лоиҳа пас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 муттавақиф шуд. Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузориро муваққатан боздошта, дар соли 2024 бо истифода аз сохтори «ҳалқаи муҳофизатӣ» (ring-fenced structure) эълон кард, ки маблағҳоро мустақиман ба пудратчиён мерасонад ва аз дахолати ҳукумати Толибон дар Афғонистон пешгирӣ хоҳад шуд.
Вазъияти Покистон, шарики асосии лоиҳа
Покистон, ки аз аввали лоиҳа харидори асосии барқ арзёбӣ мешуд, имрӯз бо буҳрони шадиди иқтисодӣ ва энергетикӣ рӯбарӯст. Ҳукумати нав дар моҳи апрели 2025 тасмим гирифт, ки барои сабук кардани фишори иқтисодӣ бар мардум, нархи барқи дохилиро коҳиш диҳад. Ин иқдом метавонад ба мавқеи музокиротии Покистон дар чаҳорчӯби CASA-1000 таъсир расонад, зеро он эҳтимолан талаб хоҳад кард, ки барқи воридотӣ низ бо нархи арзон дастрас бошад.
Илова бар ин, вобастагии Покистон аз нерӯгоҳҳои сохти Чин, ки дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» амал мекунанд, қарзи дохилии энергетикиро афзун намуда, вобастагии сиёсии энергетикиро ба Чин зиёд кардааст. Ин масъала метавонад Покистонро водор созад, ки алтернативаҳои дигарро бо шартҳои беҳтар ҷустуҷӯ кунад. Дар ин бора поёнтар хоҳем гуфт.
Хатарҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ
CASA-1000 дар яке аз минтақаҳои ноороми ҷаҳон амалӣ мешавад. Афғонистон, бо вуҷуди ҳама нақшаҳои техникӣ, кишвари дорои хатарҳои баланд боқӣ мемонад. Тағйироти сиёсӣ ва ноамниҳо метавонанд амнияти инфрасохтор ва коргаронро таҳдид кунанд.
Аз сӯи дигар, рақобати геополитикӣ миёни Чин, ИМА, Русия ва Ҳиндустон дар минтақа ба лоиҳа таъсири ҷиддӣ мерасонад. Масалан, Чин метавонад CASA-1000-ро ҳамчун таҳдид ба нуфузи энергетикии худ дар Покистон талаққӣ кунад. Чун кишвари Чин дар дохили Покистон дорои чанд нерӯгоҳҳои ҳастаӣ ба мисли CHASNUPP ва KANUPP мебошад. Бар замми ин сиёсатҳои иқтисодии нави Покистон ва имкони баррасии имконоти дигар, аз ҷумла воридоти LNG ё ҳалли буҳрон тавассути густариши НБО дар дохили кишвар, CASA-1000-ро ба як имкони нисбатан заиф табдил медиҳанд.
Тоҷикистон аз тарҳи CASA-1000 чӣ интизорӣ дораду ба чӣ рӯ ба рӯст?
Тоҷикистон ба CASA-1000 ҳамчун як василаи муҳими содироти барқи обии худ ва даромади устувори давлатӣ менигарист. Тибқи арзёбиҳо, кишвар метавонад дар сурати амалӣ шудани лоиҳа, то 150-200 миллион доллари ИМА даромади солона ба даст оварад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳиссаи масрафи маблағ ба ин тарҳ аз ҷониби Тоҷикистон 209 миллион доллар аст ва ин масрафи кардаашро Тоҷикистон баъди амали шудани тарҳ метавонад, ҳатто аз даромади як солааш пушонад.
Бо вуҷуди ин, таъхирҳо ва норавшаниҳо дар сатҳи минтақавӣ, шубҳаҳоро дар мавриди фоидаовар будани лоиҳа зиёд кардаанд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки агар CASA-1000 муваққатан ё комилан лағв шавад, Тоҷикистон имкони бозёбии маблағҳои сарфшударо нахоҳад дошт ва ба таври ҷиддӣ ба буҷаи кишвар таъсир мерасонад. Риски Тоҷикистон аз ин лоиҳа бо ин тамом намешавад. Айни ҳол Покисистон, харидори асосии барқи Тоҷикистон тибқи ин лоиҳа шартҳои иловагии худро мехоҳад ба ин тарҳ ворид кунад, ки дар сурати ворид шудани шартҳои Покистон ба ин тарҳ, барқи Тоҷикистон қариб, ки ба Покистон маҷонӣ ё ройгон интиқол мебад.
Биёед, содалавҳӣ яксӯ монем ва дар фазои орзуҳо афсонабофиро ҳам канор гузорем ва ба ин тарҳ воқеъбинона назар андозем, ки асли масъала чист? Лоиҳаи CASA-1000, ки ҳадафи аслии он интиқоли барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли гармо, аз моҳи май то сентябр ба Афғонистон ва Покистон мебошад, вориди марҳилаи нави баррасӣ гардидааст. Тавре расонаҳои Покистон, аз ҷумла The News International (2024) иттилоъ медиҳанд, ҳукумати Покистон тарҳи ҷадидеро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки бар асоси он барқи изофии кишвар дар фасли зимистон тавассути шабакаи CASA-1000 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фурӯхта мешавад. Яъне Покистон барқро гирифта, дар ивазаш пул не, барқ доданист. Яъне ҳамин симчубҳое, ки дар фасли гармо ба Покистон барқ мебаранд, дар фасли сармо барқро ба оқибаш бармегардонанд. Аз як ҷониб ин хеле хуб аст. Чун Тоҷикистон, ки дар фасли сармо аз норасоии барқ ранҷ мекашад, ба барқ таъмин мешавад. Аммо то имрӯз CASA-1000 ҳамчун шабакаи яктарафа ба самти ҷануб тарҳрезӣ шуда буд, ки интиқоли барқро танҳо аз шимол ба ҷануб – аз Осиёи Марказӣ ба Покистон ва Афғонистон таъмин мекард. Аммо ташаббуси нав нишон медиҳад, ки Покистон ба баррасии ҷорӣ кардани модели дуҷонибаи интиқол гузаштааст.
Акнун саволи матраҳ ин аст, ки агар ин талаби Покистон дар натиҷаи таъмини заруриётҳои фаннӣ амалӣ шуданӣ бошад, чаро Тоҷикистони дар давоми 30 сол ба Торикистон табдилёфта, пеш аз саршавии сохтмони ин тарҳ дар ин бора наандешид?
Покистон, ки талаботи асосии барқро дар фасли тобистон эҳсос мекунад, ба хотири рафъи ин камбудӣ шарики тарҳи CASA-1000 шудааст. Магар ҳангоми имзои ин тарҳ раисҷумҳури Тоҷикистон масту гаранги хоб буд, ки ба ёдаш фасли сармои зимистони бебарқӣ дар Тоҷикистон наомад?
Ё ҳушу ёд фақат дар даромади солона 200 миллиондолларӣ буду халос? Мардум аз бебарқӣ мурда раванд ҳам пешвояшон бояд кисағавстар шавад? Ё шояд ҳама умед ба НБО “Роғун” аст? Сохтмони НБО “Роғун” соли 2032 ба итмом мерасад ва муҳлати ба об пур шудани обанбори Роғун ба тадриҷ 17 соли дигар гуфта мешавад. То 25 соли дигар Тоҷикистон дар сармоҳои зимистон бояд Торикистон бошад?
Бубинед, Покистон чӣ пешбинӣ кардааст. Интиқоли нерӯи барқи изофӣ дар фасли сармо ба Осиёи Марказӣ метавонад даромади иловагӣ барои Покистон фароҳам оварад ва кӯмак кунад, ки иқтисоди азим бо қарзи баланди энергетикӣ худро каме сабук кунад. Тавассути таҳкими ҳамгироии энергетикӣ, Покистон мехоҳад нақши худро ҳамчун як бозигари калидӣ дар шабакаҳои минтақавии нерӯи барқ таҳким бахшад. Чунин гардиши интиқол метавонад истифодаи доимии ин шабакаи гаронбаҳоро таъмин кунад ва дастрасии энергетикиро дар ҳамаи фаслҳо барои кишварҳои иштирокдор мутавозин намояд. Аммо чӣ метавонад ба ин монеа шавад?
Тавре дар боло гуфтем, шабакаи CASA-1000 ба таври инфрасохторӣ барои интиқоли якҷониба тарҳрезӣ шудааст. Барои фароҳам сохтани интиқоли барқ аз Покистон ба шимол, зарурати тағйироти техникӣ ва сармоягузории иловагӣ пеш меояд.
Ҳамчунин Афғонистон, ки нуқтаи транзитии асосӣ миёни Покистон ва Осиёи Марказӣ мебошад, ҳанӯз бо хатари ноамниҳои сиёсӣ ва низомӣ рӯбарӯ аст.
Чизи дигар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамеша ба содироти нерӯи барқи худ мутамаркиз будаанд. Имрӯз, бозгашт ба нақши харидор дар фасли зимистон шояд ба тавозуни энергетикии дохилии онҳо таъсир расонад.
Ба ҳар ҳол, тавре дар The Express Tribune зикр шудааст, эҳтимол меравад Покистон дар пайи ин ташаббус шартҳои асосии CASA-1000-ро бознигарӣ намояд, то сохтор ва равиши лоиҳа барои интиқоли барқ дар ҳарду самт мусоид гардад.
Хулоса, ин ташаббус нишон медиҳад, ки CASA-1000 метавонад аз як лоиҳаи маҳдуди мавсимӣ ба як шабакаи аслии ҳамгироии энергетикӣ табдил ёбад. Аммо он ҳамзамон ризоияти сиёсии ҳамаи кишварҳои иштирокдор, сармоягузории нав ва таъмини амниятро тақозо мекунад. Бо назардошти равандҳои муосир ва бознигарии стратегияи энергетикии минтақавӣ, чунин тағйирот метавонад CASA-1000-ро аз як лоиҳаи муҳими ҳамкорӣ ба як платформаи муассири тиҷорати дуҷонибаи барқ табдил диҳад. Фақат барои ин, атрофиёни “пешво” ӯро бояд ягон ҳафта отрезвитель ё худ ҳушёрхона баранд, то аз ҳамон олами афсонавияш биёяд Тоҷикистони ба торикистон табдилёфта. Ҳаргоҳ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони бебарқу ақиммондаву ба фасод ғутидаро биҳишти рӯи замин меномад, ва он ҳам дар ин асри суръат ва технология, гоҳе суханрониҳояшро дар бораи пешрафту тараққиёти кишвари бебарқ мешунавӣ, фикр мекунӣ, ҳамин шахс дар як олами дигар ё сайёраи дигаре, дар як кишвари афсонавии ҳамноми Тоҷикистон аст.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating