
Тоҷиктелеком, вазъи бади алоқаи мобилӣ ва таҳдиди Бег Сабур
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти сифати алоқаи мобилӣ дар кишвар гуё диққати ҷиддӣ дода, зарурати қабули чораҳои шадид нисбати операторони мобилиро таъкид кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти алоқа гузориш дода навиштааст, ки дар ҷаласаи муштараке, ки бо иштироки Вазорати корҳои дохилӣ ва ширкати «Шаҳри Ҳушманд» баргузор гардид, роҳбари хадамот Бег Сабур изҳор дошт, ки шумораи шикоятҳои шаҳрвандон аз сифати пасти алоқа рӯ ба афзоиш дорад.
Ба гуфтаи Бег Сабур, новобаста аз татбиқи технологияҳои муосир, операторон то ҳол натавонистанд пӯшиши устуворро таъмин намоянд. Дар ҷараёни санҷишҳо, ки дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд, маълум гардид, ки сифати алоқа ҳатто дар пойтахт ба стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ нест. Дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва дурдаст бошад, вазъият боз ҳам нигаронкунанда аст.
Болоравии шумораи шикоятҳо аз мушкилоти низомӣ дар идоракунии инфрасохтори алоқаи мобилӣ шаҳодат медиҳад. Камбуди пӯшиши мавҷи алоқаи мобилӣ метавонад бо сабабҳои гуногун, аз қабили сармоягузории нокифоя ба шабакаҳо, релефи мураккаби Тоҷикистон ва номуътадилии таъмини барқ алоқаманд бошад. Ин омилҳо қобилияти операторонро дар таъмини алоқаи устувор, бахусус дар фасли зимистон, зери суол мегузоранд. Бо вуҷуди ин, новобаста аз мушкилоти мавсимӣ Хадамоти алоқа аз операторон иҷрои пурраи ӯҳдадориҳояшонро талаб мекунад.
Бег Сабур гуфтааст, барои беҳтар намудани назорат, хадамот нақша дорад, ки бо ҷалби Вазорати корҳои дохилӣ санҷишҳои муштараки пойгоҳҳои алоқа баргузор кунад. Дар таҳдиди вазири алоқа чораҳои эҳтимолии интизомӣ, аз ҷумла ҷаримаҳо, боз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳатто бозхонди литсензияҳо номбар шудаанд.
Бояд гуфт, аз як тараф, чунин тадбирҳо барои баланд бардоштани масъулияти операторон пешбинӣ шудаанд, аммо аз тарафи дигар, онҳо метавонанд барои ширкатҳо, бахусус онҳое, ки захираҳои маҳдуд доранд, мушкилоти иловагӣ эҷод кунанд.
Ҳамчунин, операторон вазифадор шудаанд, ки ҷараёни навсозии инфрасохторро суръат бахшанд ва минтақаҳои пӯшиши мавҷи алоқаро васеъ намоянд. Ин қадами муҳим сармоягузориҳои зиёдеро талаб мекунад, ки барои ширкатҳо, бахусус дар шароити ноустувории иқтисодӣ ва арзиши баланди таҷҳизоти технологӣ, як мушкили ҷиддӣ хоҳад буд. Аммо беҳбуди алоқа шарти муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуникатсионӣ барои сокинон аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Ин равиши риёкоронаи Бег Сабур нишон медиҳад, ки гуё давлат кӯшиш мекунад назоратро дар бахши алоқаи мобилӣ пурзӯр намояд ва механизмҳои танзими қатъитарро роҳандозӣ кунад. Аммо, магар Бег Сабур инро намедонад, ки самаранокии ин чораҳо аз омодагии операторон ба ҳамкориҳои созанда ва қобилияти худи Хадамоти алоқа ва ҳукумат барои дастгирии инфрасохторӣ ва ҳалли мушкилоти молиявӣ вобаста хоҳад буд.
Бознигарии нақши «Тоҷиктелеком» ва таъсири он ба рушди соҳа
Ширкати «Тоҷиктелеком», ки таҳти назорати Хадамоти алоқа қарор дорад, дар соҳаи телекоммуникатсияи кишвар нақши асосӣ мебозад ва воридоти интернетро дар монополияи худ нигоҳ медорад. Ин монополия ба мушкилоти ҷиддие дар бозори алоқа сабаб шудааст. Пеш аз ҳама, он дастрасии мардумро ба хизматрасониҳои босифат ва арзон маҳдуд мекунад. Сониян, чунин монополия рақобатро маҳдуд намуда, ба рушди технологияҳо ва ҷалби сармояҳои нав монеа эҷод мекунад.
Гарчанде дар Тоҷикистон баъзе технологияҳои нав ба монанди 4G ҷорӣ шудаанд, сифати алоқа ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дорад. Маълумоти манбаъҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон яке аз охирин ҷойҳоро дар ҷаҳон аз рӯи суръати интернет ва сифати алоқаи мобилӣ ишғол мекунад. Арзиши баланди хизматрасониҳо ва пӯшиши маҳдуд боиси норизоияти муштариён, бахусус дар минтақаҳои дурдаст мешавад, ки дар онҳо дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет хеле душвор аст.
Иқтисоддонҳо таъкид мекунанд, ки идомаи сиёсати монополия ба иқтисоди миллӣ зарар мерасонад. Монополия шумораи андозсупорандагонро коҳиш дода, буҷаи давлатро зиёнкор мегардонад. Ворид намудани рақобат ба бозор метавонад ба паст шудани нархҳо, беҳтаршавии сифати хизматрасонӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат намояд, ки беш аз пеш аз интернет вобаста аст.
Нокомии Бег Сабур ва набудани дурнамо дар соҳаи алоқа
Бо вуҷуди изҳороти Бег Сабур дар бораи тадбирҳои шадид ва талаботи сахт нисбат ба операторони мобилӣ, фаъолияти Хадамоти алоқа дар зери роҳбарии ӯ на танҳо пешрафт накардааст, балки баъзе мушкилоти бунёдиро низ амиқтар кардааст. Ногуфта намонад, ки пеш аз ба ин симат расидани Бег Сабур сифати алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз беҳтаринҳо буд. Ҳоло бошад сифати алоқа дар саросари кишвар, на фақат дар минтақаҳои дурдаст, балки бо иқрори худи Бег Сабур ҳатто дар пойтахт паст аст ва ин далели равшани корношоямии худи Бег Сабур мебошад. Дар шаҳрҳое чун Душанбе, ки бояд намунаи пешрафти технологӣ бошанд, шикоятҳои зиёд аз сифати пасти алоқа нишон медиҳанд, ки стратегияҳои ҳукумат на танҳо кофӣ нестанд, балки аз бунёд нодуруст мебошанд.
Вазъият дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва дурдаст боз ҳам ташвишовартар аст. Набуди шароит барои сармоягузории муассир ба инфрасохтор, аз ҷумла дар шабакаҳои алоқа ва интернет, нишон медиҳад, ки роҳбарият ба ин мушкилот таваҷҷуҳи лозима надорад. Гузашта аз ин, монополияи ширкатҳои давлатӣ, бахусус «Тоҷиктелеком», таҳти роҳбарии Хадамоти алоқа, нишон медиҳад, ки манфиатҳои истеъмолкунандагони оддӣ барои манфиати идораҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи наздик ба роҳбарияти он қурбон мешаванд.
Мушкили таъмини барқ дар пойгоҳҳои алоқа, бахусус дар зимистон, ба таври возеҳ бозгӯи нокифоягии идоракунӣ ва беэътиноии роҳбарияти Хадамоти алоқа ва болотар аз ӯ бемасъулиятии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳо, Бег Сабур натавонистааст стратегияи навсозӣ ва рақобатпазириро дар сатҳи зарурӣ татбиқ кунад ва Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама корношоямии Бег Сабурро нодида мегирад. Ҳамин аст, ки набудани ташаббусҳои инноватсионӣ ва беамалӣ дар рафъи мушкилоти мавҷуда аз камбудиҳои аслии роҳбарият шаҳодат медиҳад.
Ислоҳоти сохтории Хадамоти алоқа, аз ҷумла баррасии фаъолияти роҳбарияти кунунӣ, ба таври фаврӣ зарур мебошад. Фаъолияти кунунии идора ба ҷои ҳалли мушкилот ва мусоидат ба рушди соҳа, бештар барои нигоҳ доштани манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳида равона шудааст, ки ин барои ҷомеаи Тоҷикистон ногузир таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Барои беҳбуд бахшидани вазъ, мавқеи монополияи «Тоҷиктелеком» бояд бознигарӣ шавад. Илова бар ин, барои ҳалли мушкилоти инфрасохторӣ, аз ҷумла норасоии барқ дар пойгоҳҳои алоқа, чораҳои мушаххас бояд андешида шаванд. Ин тадбирҳо, аз ҷумла дар фасли зимистон, ки мушкилоти таъминот боз ҳам ҷиддитар мешаванд, муҳим мебошанд.
Average Rating