ҲАҚИҚАТИ РӮИ ОБ ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ФАСОД
САРФИ ВАҚТ:5 дақиқа, 50 сония
Дар нишасти хабарии ахир, рӯзи 24 ноябр, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ), Камчибек Тошиев, изҳор намуд, ки дар чор соли гузашта, аз соли 2020 то 2024, ба давлат маблағи қобили мулоҳиза — то 125 миллиард доллар баргардонида шудааст.
Ин рақам ҳарчанд шубҳанок ва ба дур аз воқеъият метобад, нишон медиҳад, ки чораҳои андешидашуда дар самти муқовимат бо коррупсия самарабахш буда, дар таърихи Қирғизистон чунин пешравии назаррас кам будааст.
Тошиев қайд кард, ки қаблан шахсони муттаҳам бо ҷиноятҳои коррупсионӣ аксаран бо пардохти ҷарима аз ҷазои воқеӣ раҳо меёфтанд. Ин имкон медод, ки бисёре аз онҳо бо маблағҳои дуздидашуда дар озодӣ боқӣ монанд ва ҳатто фаъолияти худро идома диҳанд. Бо вуҷуди ин, пас аз қабули қонунҳои нав, ҷазоҳои сахттар, аз ҷумла ҳукми зиндон, барои шахсони гунаҳкор ҷорӣ карда шуданд.
Ин иқдом нишон медиҳад, ки ҳукумати Қирғизистон дарк намудааст, ки танҳо ҷарима наметавонад воситаи муассири мубориза бо фасод бошад. Пурзӯр кардани чораҳо бо баргардонидани маблағҳои дуздидашуда, на танҳо воситаи одилона барои ҷазо додани гунаҳкорон аст, балки метавонад ҳамчун омили пешгирикунанда барои шахсони дигар низ хидмат кунад.
Бо назардошти он ки дар чаҳор соли гузашта чунин миқдори калон маблағ баргардонида шудааст, ояндаи Қирғизистон метавонад умедбахш бошад.
Ҳоло бо илҳом аз ин хабар мехоҳам як назаре ба пешрафти иқтисодии Тоҷикистон ва муборизаи коррупсионӣ дар муқоиса ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон дошта бошем.
Иқтисодиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон, гарчанде, ки ба як фазои минтақавӣ тааллуқ доранд, фарқиятҳои ҷиддии сохторӣ, идоракунӣ ва самаранокиро нишон медиҳанд. Дар соли 2024 буҷети ҳар ду кишвар низ нишондодҳои равшани ин фарқиятҳост.
Қиёси ҳаҷми умумии буҷет
Тоҷикистон бо буҷети 44,1 миллиард сомонӣ (тақрибан 4 миллиард доллар) аз Қирғизистон қафо мемонад, дар ҳоле ки буҷети Қирғизистон ба 7,9 миллиард доллар расидааст. Ин фарқият аз ҳаҷми андозҳо, назорати иқтисоди ғайрирасмӣ ва самаранокии идоракунӣ сарчашма мегирад.
Бояд инро ҳам гуфт, ки дар соли 2024 аҳолии Тоҷикистон 10 миллиону 331 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад. Аҳолии Қирғизистон бошад 7 миллиону 37 ҳазору 590 нафарро ташкил медиҳад.
Буҷети солонаи Тоҷикистон бо ҳисоби сарикасӣ тақрибан ба ҳар як нафар 387 долларӣ рост меояд.
Бучети солонаи Қирғизистон бо ҳисоби сарикасӣ тақрибан ба ҳар як нафар 1122 долларӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда бар онаст, ки буҷети сарикасии Қирғизистон тақрибан 3 баробари буҷети сарикасии Тоҷикистон аст.
Системаи андозбандии Тоҷикистон аксаран соҳибкоронро ба «иқтисоди соя» тела медиҳад, дар ҳоле ки Қирғизистон ислоҳоти андозро амалӣ карда, ҷамъоварии даромадҳоро афзудааст.
Иқтисоди Тоҷикистон аз ҷиҳати диверсификатсия заиф аст, дар ҳоле ки Қирғизистон тавонистааст ба бахшҳои нави истеҳсолӣ сармоягузорӣ ҷалб кунад.
Қирғизистон соли 2024 бо профитсити буҷетии 10 миллиарду 912 миллиону 359 ҳазору 600 сом, (тақрибан 126,18 миллион доллари ИМА) фаъолият мекунад, дар ҳоле ки Тоҷикистон бо дефитсити 1,1 миллиард сомонӣ (тақрибан 96 миллион доллар) рӯбарӯ шудааст.
Соҳибкорию сармоягузорӣ
Дар Қирғизистон, шароит барои соҳибкорӣ (меҳнати озод, андозҳои сабук, барномаи дастгирии соҳибкорони хурд) шароити мусоидтар дорад. Тоҷикистон бошад, аксар вақт аз бюрократияи шадид ва коррупсия ранҷ мекашад.
Ҳамин далел бас аст, ки Тоҷикистон дар раддабандии «Индекси муҳити соҳибкорӣ» (Ease of Doing Business), ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ чен карда мешавад, дар муқоиса бо Қирғизистон ҷойи пасттарро ишғол мекунад.
Бар асоси охирин нишондиҳандаҳои «Индекси шароити соҳибкорӣ» (Doing Business) барои соли 2020, Тоҷикистон дар ҷойи 106-ум ва Қирғизистон дар ҷойи 80-ум қарор доранд. Ин раддабандӣ кишварҳоро аз рӯи сатҳи осонии таъсиси бизнес ва идораи он арзёбӣ мекунад. Ҳисоботҳо омилҳои гуногунро, аз ҷумла гирифтани иҷозатҳо, дастрасӣ ба қарзҳо, низоми андозбандӣ ва ҳимояи сармоягузорон ба назар мегиранд.
Дар ҳамин ҳол сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ дар Тоҷикистон асосан ба соҳаҳои маҳдуд (энергетика) маҳдуданд, ки ин ҳарчанд умедро ба оянда меафзояд, вале таҳаввули иқтисодиро бозмедорад.
Ранг бину ҳол пурс
Менеҷменти номуназзами қарзҳои давлатии Тоҷикистон боиси афзоиши вобастагии молиявӣ шудааст. Қарзи берунии Тоҷикистон қариб 35% ММД-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки Қирғизистон тавонистааст сатҳи қарзро паст нигоҳ дорад.
Қирғизистон 60%-и буҷеташро барои рушди иҷтимоӣ ихтисос додааст, дар ҳоле ки ин рақам дар Тоҷикистон ҳамагӣ 43%-ро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон маоши кормандони маориф ва тандурустӣ аз ҳисоби таваррум ва афзоиши нархҳо ниҳоят паст боқӣ мемонад.
Набудани сармоягузорӣ ба илму технология Тоҷикистонро дар ин соҳаҳо заиф нигоҳ доштааст.
Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз пули муҳоҷирони корӣ вобаста аст (тақрибан 30% ММД), дар ҳоле ки Қирғизистон ба диверсификатсияи иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар медиҳад.
Вобастагӣ аз муҳоҷирон, ба ҷои рушди истеҳсолот, иқтисоди Тоҷикистонро ба хатарҳои беруна (муҳити сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Русия) осебпазир мекунад.
Қирғизистон, баръакс, бо такя ба захираҳои дохилӣ, тавонист ҷараёни муҳоҷиратро кам кунад.
Қирғизистон бо истифода аз сохторҳои мустақили зиддикоррупсионӣ ва иродаи сиёсӣ тавонист маблағҳои азхудшудаи ғайриқонунӣ, ки аз ҷониби мансабдорон истифода мешуданд, ба давлат баргардонад. Ин иқдом на танҳо ба беҳбудии буҷет, балки ба баланд шудани эътимоди мардум ба давлат низ мусоидат кард.
Дар Тоҷикистон, коррупсия ҳанӯз як мушкили амиқ аст. Ҳарчанд мақомоти тоҷик гоҳ-гоҳ аз «мубориза бо коррупсия» хабар медиҳанд, натиҷаҳо ба назар намерасанд. Сохторҳои зиддикоррупсионӣ пойбанд ва даст пеши бари наҳангҳои калон ҳастанд ва наметавонанд мустақилона фаъолият кунанд, ки ин боиси бенатиҷа будани чораҳо мегардад. Яъне дар Тоҷикистон набудани иродаи сиёсӣ барои муборизаи воқеӣ бо коррупсия мушоҳида мешавад. Ҳолатҳои баргардонидани маблағҳои ғайримақсаднок азхудшуда ба буҷет қариб вуҷуд надоранд. Системаи коррупсионӣ на танҳо буҷет, балки рушди иқтисоди кишварро низ заиф кардааст. Бюрократия ва фасод монеаи асосии рушди соҳибкорӣ мебошанд. Сармоягузорон ба сабаби ношаффоф будани қонунгузорӣ ва фишори мақомоти давлатӣ дилгармии худро аз даст додаанд. Ҳамчунин иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҷои он ки беш аз пеш диверсификатсия шавад ҳарчи бештар ба бахши муҳоҷират вобаста мешавад.
Чи бояд кард?
Таҷрибаи Қирғизистон дар мубориза бо коррупсия ва истифодаи самараноки маблағҳо намунаи омӯзанда барои Тоҷикистон мебошад. Агар Тоҷикистон иродаи сиёсӣ ва стратегияи муассир дар ин самт нишон диҳад, метавонад аз вобастагии шадид ба муҳоҷират раҳо шавад ва иқтисодиёти худро тақвият бахшад. Аммо бе ислоҳоти ҷиддӣ ва муборизаи воқеӣ бо коррупсия, мушкилоти иқтисодии кишвар танҳо амиқтар хоҳанд шуд.
Яке аз сабабҳои асосии шиканҷа ва таъқиби муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия шояд ин ҳам бошад, ки бо вуҷуди сохтаю бофта будани арқом, оморҳо вазъияти иқтисодии Тоҷикистонро ниҳоят заъиф нишон медиҳанд.
Бо дефитсити 96 миллиондоллара қабул кардани буҷети солона аз он дарак медиҳад, ки боз ҳам Тоҷикистон маҷбур аст рӯй ба вобастаги бештар орад ва фишорҳои хориҷӣ алайҳи кишвар бештар шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Қирғизистон бар замми ин ки буҷети солонаашро бидуни дефитсит қабул мекунад, профитсити бо ҳаҷми 126 миллиондоллара дорад ва бар замми ин ба ҳамагон эълон медорад, ки ин кишвар ба захираи буҷавияш бо саркуб кардани дуздону фасодкорон 125 миллиард доллар ворид кардааст, ки агар 16 соли минбаъд дар Қирғизистон гиёҳе ҳам наруйид, захираи буҷавияш басандагӣ мекунад, ки ба фишори хориҷӣ ва ба дефитсит ру ба ру нашавад. Ин ҳолат ҳар фишороварандаро ба истиҳолаву мулоҳиза дуҷор мекунад ва вақти бо ин кишвар чизеро баррасӣ кардан на бо забони фишор балки бо эхтироми ҷониб гуфтугӯ мекунад.
Акнун, инро бояд таъкид кард, ки наҳангҳои тоҷикӣ даҳҳо баробари наҳангҳои қирғизӣ шояд кисағавстаранд. Чун хеле солҳои тулонӣ ҷон гирифтаанд. Агар ниҳоди зиддикоррупсионии Тоҷикистон воқеан кор кунад, тафтиш аз кисаи Эмомалӣ Раҳмон то ба охирин мансабдор бояд ҷиддӣ оғоз шавад. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон на 125 миллиард, балки аз худи як оилаи Эмомалӣ Раҳмон бештар аз инро метавон ба буҷа баргардонид.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating