Толибон: 20 ҳазор тонна нафти хом ба маблағи беш аз $10млн фурӯхта шуд

САРФИ ВАҚТ:1 дақиқа, 45 сония

Вазорати истихроҷи маъдан ва нафти Толибон (Имороти Исломии Афғонистон — давлати ба расмият шинохтанашуда дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо) 20 ҳазор тонна нафти хоми минтақаи Ангути ҳавзаи Амударёро дар музоядаи озод ба маблағи беш аз 10,54 миллион доллар фурӯхт.

Дар ин музояда намояндагони 10 ширкат иштирок доштанд ва ширкати Kaiser Baba Limited бо нархи баландтарин баранда дониста шуд.

Бино ба хабари агентии хабаррасони “Бохтар”, дар як нишасти хабарие, ки ба ин муносибат дар Кобул баргузор шуд, иҷрокунандаи вазифаи вазири маъдан ва нафт,  Шаҳобуддин Диловар дар бораи раванди музояда маълумот дод ва гуфт, ки Qaiser Baba Limited барандаи тендери 20 ҳазор тонна нафти хоми ҳавзаи нафти Амударё ба маблағи 10 миллиону 549 ҳазору 440 доллар буда, қарордод бо ӯ баста шуд.

Шаҳобуддин Диловар ҳамчунин дар бораи бархе аз тарҳҳои дигари газу нафт маълумот дод ва гуфт, ки қарор аст 11 блоки кони нафти Ҳирот, ки масоҳати 23 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирад, дар соли ҷорӣ аз худ карда шавад. Инчунин кони нефти Қатвоз майдони 40 000 километри мураббаъро дар бар мегирад ва музофотҳои Пактико, Пактиё, Хуст, Қандаҳор ва Зобулро дар бар мегирад. Шартномаҳои иктишофӣ ва истихроҷ бояд ба имзо расонида шаванд, ки садҳо миллион доллар сармоягузорӣ мехоҳад ва барои шаҳрвандони зиёд имкон пайдо мешавад, ки бо кор таъмин гарданд.

Ҳамчунин, намояндаи ширкати ғолиб, Гулзода Катвазӣ гуфта, ки ин 20 ҳазор тонна нафт дар дохили кишвар коркард ва дар бозорҳои дохилӣ масраф мешавад.

Қобили зикр аст, ки Афғонистон панҷ кони нафтӣ дорад. Вазорати маъдан ва нафт бори аввал аз кони нафти Ому ба маблағи ҳудуди 82 миллион доллари амрикоӣ 150 ҳазор тонна нафти хомро истеҳсол ва ба сармоягузорони дохилӣ фурӯхтааст. 

Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон  дар саҳифаи X-и худ эълом кард, ки Вазорати маъдан ва нафт дар даҳ рӯзи ахир ба сармоягузорони дохилӣ 130 ҳазор тонна нафти хоми Омуро фурӯхта, ки беш аз 71,6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфти Забеҳуллоҳ Муҷоҳид санаи  9-уми июн 2024 вазорат боз 20 ҳазор тонна нафти хомро ба музояда гузоштааст.

Гуфта мешавад, ин нахустин бор аст, ки Афғонистон дар тӯли ду ҳафта 150 ҳазор тонна нафти хом фурӯхтааст.

 

Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *