
Ёдбуди шуҳадо ва қурбониёни ҲНИТ дар Варшава
Рӯзи 25.12.2024 дар шаҳри Варшава маҳфили ёдбуди шаҳидон ва қурбониёни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) баргузор гардид. Чорабинӣ бо тиловати ояҳои Қуръони Карим оғоз шуда, фазои рӯҳонии ин маҳфилро тақвият бахшид.
Тибқи гузориши хабарнигори Паём ТВ, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, барандаи маҳфил Абдусатор Бобоев дар бораи чанде аз шаҳидони ҳаракат суханронӣ намуда, таърихи зиндагии онҳо ва саҳми беназири онон дар дифоъ аз арзишҳои милливу динӣ ва сиёсиро ба иштирокдорон муаррифӣ кард.
Дар идомаи маҳфил, узви Раёсати Олии ҲНИТ, Муҳаммадсаид Ризоӣ дар мавриди ҷойгоҳи шаҳидон дар ҷомеаҳои муосир ва фарҳанги шаҳодат суханронӣ намуда, ин фарҳангро як арзиши фарозамонӣ ва ирсӣ барои тамоми замонҳо арзёбӣ намуд.
Дар рафти маҳфил як филми кӯтоҳ низ бахшида ба ёдбуди шаҳидон намоиш дода шуд, ки хотироти иштирокдоронро аз қаҳрамониҳои шаҳидон боз ҳам тоза кард.
Ҳамчунин дар ин маҳфил, Саидалӣ Ашуров, намояндаи «Гурӯҳи 24» иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронии худ ӯ пешниҳод кард, ки бояд хотираи шаҳидон ва қурбониёни миллат дар роҳи озодӣ ва адолат ҷамъоварӣ шуда, ҳамчун як китоби таърихӣ нашр шавад.
Ҳини суханронии худ, Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ чанде аз ҳаёти муборизони шаҳидшуда қисса кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар суханронии худ таъкид намуд, ки ёдоварӣ аз шаҳидон на танҳо арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фардӣ, балки эҳтиром ба таърихи миллат, ҳизб ва миллат аст. Ӯ пешниҳод кард, ки дар оянда ёдбуди умумии ҳамаи шаҳидони миллат баргузор гардад ва хотираи онҳое, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум ҷон супоридаанд, бо шукӯҳ таҷлил шавад.
Навори маҳфил ба зудӣ тавассути шабакаи ютубии Паём ТВ нашр хоҳад шуд.
Average Rating