Ҷазираи нав баъд аз хуруҷи вулқон дар Ҷопон
Дар Ҷопон ҷазираи наве пайдо шудааст, хабар медиҳад The Guardian.
Ҷазирае, ки майдони иборат аз 100 метрро дорад, дар наздикии ҷазираи Ивотои Ҷопон пайдо шудааст. Ивото низ дар пайи вулқон пайдо шуда ва ҳамасола наздики 1 метр афзоиш меёбад.
Ниҳодҳои пажуҳишии Ҷопон мегӯянд, эҳтимоли афзоиш ёфтан ва ё комилан маҳв шудани ҷазираи нав вуҷуд дорад.
Ҷопон на танҳо соҳиби ҷазираҳои нав мешавад, балки ҷазираҳоеро ҳам аз даст медиҳад. Соли 2018 ошкор шуд, ки ҷазираи Эсанбэ Ханакита Кодзима зери об мондааст.
Бино ба маълумоти охирин, ки моҳи феврали соли 2023 нашр шуд, Ҷопон аз 14 ҳазор ҷазира иборат аст.
Хонданиҳо
Ёдбуди шуҳадо ва қурбониёни ҲНИТ дар Варшава
Рӯзи 25.12.2024 дар шаҳри Варшава маҳфили ёдбуди шаҳидон ва қурбониёни Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) баргузор гардид. Чорабинӣ бо тиловати...
ПМТ роҳбари нави «Гурӯҳи 24»-ро табрик гуфт
Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) зимни як паём роҳбари тозаинтихоби Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24"-ро табрик гуфт. Зимни ин паём интихоб шудани...
Шартномаи нави содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон
Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Афғонистон шартномаеро барои интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 имзо карданд. Ба гуфтаи...
Толибон: 20 ҳазор тонна нафти хом ба маблағи беш аз $10млн фурӯхта шуд
Вазорати истихроҷи маъдан ва нафти Толибон (Имороти Исломии Афғонистон - давлати ба расмият шинохтанашуда дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо) 20...
Average Rating