Шартномаи нави содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон
Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Афғонистон шартномаеро барои интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025 имзо карданд. Ба гуфтаи ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS), ин санадро 24 ноябр дар Туркия директори генералии DABS Абдул Борӣ Умар ва директори генералии ширкати давлатии «Барқи тоҷик» Муҳаммадумар Асозода ба имзо расониданд. Дар ин бора дафтари матбуотии DABS иттилоъ додааст, аммо дар хабар ҷузъиёти ҳаҷм, арзиши интиқоли барқ ва дигар шароити созишнома ошкор нашудааст. Ин ношаффофӣ саволҳоеро ба миён меорад: оё ҷонибҳо барои шаффофияти молӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ба ҷомеа ва ҳукуматҳои худ ҷавобгар мебошанд ё хайр?
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз дар соли 2008 миёни ду кишвар созишномаи асосӣ оид ба интиқоли нерӯи барқ то соли 2028 ба имзо расида буд. Бар пояи он, ҳар сол тарафҳо бо протоколи иловагӣ ҳаҷм ва нархи содироти нерӯи барқро барои соли оянда тасдиқ мекунанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар даҳ моҳи аввали соли 2024 Тоҷикистон нерӯи барқи худро ба хориҷ ба маблағи зиёда аз 102,4 миллион доллар содир кардааст, Ҳиссаи асосии ин содирот (зиёда аз 80%) ба Афғонистон ва боқимонда ба Узбакистон рост меояд.
Бо вуҷуди аҳамияти стратегии ин ҳамкорӣ, нигарониҳо дар бораи шаффофият ва адолати иҷтимоӣ боқӣ мемонанд. Коршиносон мегуянд Тоҷикистон, ки худаш дар фасли сармо бо мушкилоти таъминоти нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад, бояд нисбат ба таъмини манфиатҳои шаҳрвандонаш ва бехатарии энергетикӣ аҳамияти ҷиддӣ дошта бошад. Ба ҷои афзоиши содироти барқ, беҳтар аст, ки захираҳои мавҷуда барои таъмини барқ дар дохили кишвар, хусусан дар минтақаҳои дурдаст ва деҳоти Тоҷикистон равона карда шаванд. Ин созишнома, гарчанде барои рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвар муҳим аст, бояд дар доираи манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар баррасӣ ва таҳлил гардад. Ҳамчунин, талаботи афзоянда ба шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад, то ки чунин ҳамкориҳо на танҳо фоидаи молиявӣ, балки пешрафт ва некӯаҳволии мардумро таъмин намоянд.
Average Rating