Шоҳнаими Карим: «Говсуд» бо услуби Эмомалӣ Раҳмон
Дар Конфронси байналмилалии САҲА оид ба демократия ва арзишҳои инсонӣ, Шоҳнаими Карим (Мирзорахим Кузов) намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо суханҳои танқидӣ дар бораи вазъи низоми судии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Шоҳнаими Карим дар оғози суханаш ёдовар шуд, ки пас аз ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалиёти махсуси Русия дар соли 1992, мардум суди Тоҷикистонро ба таври масхараомез “говсуд” номиданд. Ба гуфтаи ӯ, ин истилоҳ рамзи итоат ва беихтиёрии суди кишвар дар назди ҳокимият мебошад.
Кузов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон қарори суд на ба асоси далелу баҳс, балки бо супориши ҳукумат қабул мешавад. Ӯ гуфт:
“Суди Тоҷикистон ҷойи баҳсу музокира нест. Ин суд на аз дигар шохаҳои ҳокимият, балки аз ҷомеа ва шаҳрвандон мустақил аст.”
Ба гуфтаи ӯ, мурофиаҳои муҳими судӣ дар Тоҷикистон аксаран пӯшида, бе шоҳидон, бе намояндагони расонаҳо ва ҳатто бе ҳузури хешовандони айбдоршавандагон мегузаранд. Ҷойи баргузории чунин мурофиаҳо, ба гуфтаи ӯ, одатан дар маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) мебошад.
Шоҳнаими Карим мисол овард, ки баъд аз зиндонишавии вакили дифоъ, Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми сохта ва ҳукми 28-солаи ӯ, ҳамчунин пас аз марги шубҳаноки адвокат Файзинисо Воҳидова, тамоми адвокатҳо дар Тоҷикистон зери фишори шадид қарор гирифтанд ва аз озодии сухан маҳрум шуданд.
Ӯ гуфт:
“Имрӯз дар Тоҷикистон адвокатҳо ба қатори низоми Раҳмон дароварда шудаанд ва дигар ҷуръати сухан гуфтан надоранд.”
Дар поёни баромадаш Шоҳнаими Карим таъкид намуд, ки ҷомеаи байналмилалӣ, бахусус кишварҳои узви САҲА ва созмонҳои ҳуқуқи башар, ҳам зиндониён ва ҳам ҳифзи ҳуқуқи худи адвокатҳо ва рӯзноманигорони тоҷикро низ ба уҳда гиранд. Ӯ ҳамчунин даъват кард, ки фаъолияти ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорони тоҷик дар муҳоҷират, бахусус дар Аврупо, мавриди дастгирӣ қарор гирад.

Average Rating