ПМТ роҳбари нави «Гурӯҳи 24»-ро табрик гуфт

Фиристед

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) зимни як паём роҳбари тозаинтихоби Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро табрик гуфт. Зимни ин паём  интихоб шудани Дилшод Шарипов ба симати роҳбари ин ҳаракати сиёсиро ПМТ ҳамчун як қадами муҳим дар мубориза алайҳи низоми худкомаи ҳоким дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. 

«Мо умед дорем, ки таҳти роҳбарии ҷаноби Дилшод Шарипов, Ҳаракати сиёсии ‘Гурӯҳи 24’ рисолати шаҳид Умаралӣ Қувватов ва роҳбари зиндонии ин гурӯҳ, Суҳроб Зафарро идома хоҳад дод,» — зикр шудааст дар паём.

Роҳбарияти ПМТ инчунин изҳори омодагӣ кардааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бо «Гурӯҳи 24» баҳри расидан ба ҳадафҳои муштараки миллӣ ва хидмат ба мардуми мазлум густариш диҳад.

Дар охири паём ПМТ ба роҳбарият ва аъзои «Гурӯҳи 24» муваффақият ва пешрафт орзу намуда, боварии худро ба таҳкими ҳамоҳангии нерӯҳои миллӣ барои манфиати миллат ва меҳан изҳор намудааст.

Ин паёми табрикотӣ 2 декабри соли 2024 нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 1 декабри соли 2024, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” интихоботи дохилии худро барои интихоби роҳбари нав баргузор намуд. Бино ба натиҷаҳои эъломшуда, Дилшод Шарипов бо дастгирии 76,6% овозҳо роҳбари нав интихоб гардид. Номзадҳои дигар, Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобир Абдулқаҳҳор, ҳар яке 11,7% овоз ба даст оварданд. Интихоботро ҳизб намунаи раванди мардумсолорӣ номид. Роҳбари нав вазифадор шуд, ки стратегияҳои гурӯҳро барои мубориза бо режими ҳокими Тоҷикистон идома диҳад.

 


Фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *