
РОНДАНИ АФҒОНҲО АЗ ТОҶИКИСТОН ВА “ВИЖДОН”-И РЕЖИМ
Мақомоти Тоҷикистон ба гурезаҳои Афғонистон мӯҳлат доданд, то дар зарфи 15 рӯз кишварро тарк кунанд. Дар сатҳи аввал, ин иқдом ба равандҳое дохил мешавад, ки имрӯз қариб дар тамоми минтақа дида мешаванд. Ҳам Эрон ва ҳам Покистон дар моҳҳои охир ҳазорон гурезаи афғонистониро маҷбур ба баргашт ба ватанашон карданд, то «бори вазнин»-ро аз дӯши иқтисодиёт ва амнияти дохилӣ сабуктар намоянд.
Аммо дар мавриди Тоҷикистон, масъала як каме фарқ мекунад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир сиёсати амниятгароиро шадидтар намуда, бо ҳар гуна гурӯҳҳо ва шахсони эҳтимолан «хатарзо» бидуни ҳеҷ таҳаммуле бархӯрд мекунад. Дар шароити хоси Тоҷикистон, як давлате, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ таҳти назорати устувори сиёсӣ қарор дорад ва ниҳодҳои амниятӣ нақши калидӣ мебозанд, ҳар навъ ҷамъшавии зиёди гурезаҳои хориҷӣ, махсусан аз кишвари ноором чун Афғонистон, метавонад ҳамчун хатари пинҳонӣ ба суботи дохилӣ қабул шавад. Чизи дигар ин ки Тоҷикистон аллакай таҷриба дорад, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҳатто онҳое, ки иҷозати иқомат доранд, бо шубҳа ва сахтгирӣ муносибат кунад. Тоҷикистон бо баҳонаи ин ки дар минтақа таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷараёнҳои мазҳабии наздик ба Толибон вуҷуд доранд, бо баҳонаи «канорагирӣ аз хатар» мехоҳад амнияти худро таъмин кунад. Илова бар ин бо ин рафтораш Тоҷикистонро наметавон гуфт, ки ҳамоҳанг бо сиёсати рондани муҳоҷирони афғон аз Покистону Эрон аст.
Агар аз ҳоли ҳозир Тоҷикистон ин иқдомро накунад, эҳтимол тамоми гурезаҳои рондашуда аз Покистону Эрон ба марзи Тоҷикистон биёянд то вориди Тоҷикистон шаванд. Ин аст, ки ин муҳлатдиҳӣ ва рондани афғонҳо аз Тоҷикистонро як намуд сиёсати пешгирикунанда аз рехтани сели муҳоҷирони афғон ба Тоҷикистон метавон унвон кард.
Агар ин иқдоми мақомоти Тоҷикистонро аз ҷиҳати иқтисодӣ баҳо диҳем, Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои маҳдуди иқтисодӣ аст ва таҳти вазни муҳоҷират (новобаста аз шакли иҷозати буду бош) бештар осебпазир мешавад. Инчунин, афзоиши шумори гурезаҳои корҷӯ метавонад боиси афзоиши рақобат дар бозори кор шавад, ки барои ҳукумат дар шароити болоравии нархҳо ва бекорӣ як омили хавфзо мебошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки наздик ба 50% шаҳрвандони қобили кори худи Тоҷикистон дар берун аз кишвар кор меҷӯянд. Аммо, агар ба ин иқдоми Тоҷикистон эҳтимоли ҳамоҳангӣ бо Ирон ва Покистон дода шавад, боз ҳам ин нишон медиҳад, ки кишвар мехоҳад худро аз маркази ҷамъшавии бузурги гурезаҳои афғонистонӣ канор гирад. Ғайр аз ин, Душанбе бо нишон додани «сатҳи пасти таҳаммул» нисбат ба гурезаҳои эҳтимолан хавфнок, ишора мекунад, ки омода нест худро ба гузаргоҳи минтақавӣ ва ё транзити гурезагон табдил диҳад. Чун аксари гурезагон, ки аз Афғонистон вориди Тоҷикистон мешаванд ба сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандат шахсият ва ё дарёфт накардани раводиди кишварҳои дигар, дар Тоҷикистон мемонанд ва ба дӯши як кишвари бе ин ҳам ҳолаш табоҳ бор мешаванд.
Ин сиёсати “аввал хеш, баъд дарвеш” аз як ҷиҳат хуб аст, вале » хеш» ҳамон режим асту халос ва ба миллат ҳеҷ рабте надорад. Аммо, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дар чандин созишномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гурезаҳо ва муҳоҷират имзо кардааст, чунин амалҳои зиддибашарӣ ва ихроҷҳо ҳатто нисбат ба шахсоне, ки иҷозати иқомат доранд, ба эътибори ҳуқуқии кишвар латма мезанад. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар эҳтимол онро ҳамчун нақзи Конвенсияи Женева оид ба гурезагон баҳогузорӣ кунанд.
Аммо, тавре таҷриба нишон додааст, режими кунунии Тоҷикистон на он қадар парвои чунин фишорҳоро дорад ва барояш бақои режими кунунӣ бо ниқоби “манфиатҳои амнияти миллӣ” муҳимтар мебошад. Дар ин ҷода режим аз ҳеҷ бадномие ҳарос надорад.
Дар маҷмӯъ, сиёсате, ки имрӯз ҳукумати Тоҷикистон пеш гирифтааст, бештар ба амният ва ҳифзи бақои режим хидмат мекунад ва ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар бахши муҳоҷират ва ҳуқуқи башар барои режим аҳамияти камтар дорад ва шояд ҳеҷ аҳамияте ҳам надошта бошад. Бинобар, ин дар ин қазия сару садои ҳеҷ як созмони дифоъи ҳуқуқи башар, ҳеҷ як ҳарфҳои ба нанговаранда, ёдовар шудан аз ҳаққи ҳамсоягиву ҳамзабонӣ ва ҳамдинӣ мижаи режимро таҳ намехуронад ва виждонашро ҳам азоб намедиҳад. Ин иқдом баркашидашуда аст.
Average Rating