
Ҳифзи пиряхҳо ё кисағавскунии режим?
Тули чанд соли охир, ки воҳимаҳои ташаббуси Тоҷикистон дар масоили муҳити зист ва захираҳои обиро пайгирӣ мекунам, назарам нисбати ин ташаббус ҳамеша манфӣ ва дар сатҳи “политический блеф” тамом мешавад. Ҳатто дар ин бора назарҳое мақоламонанд ҳам навиштаам. Чун дар ин солҳои охир шароити иқлимиии кишварҳои аврупоиро дида хеле ҳавасам меояд.
Аммо, сафарҳои гуногуни вобаста ба захираҳои обии роҳбарияти Тоҷикистон ба Аврупову Амрико шаҳодат аз он медиҳад, ки то ҳадде ҳукумати Тоҷикистон тавонистааст ба ин сароби худ ҷомеаи байналмилалиро бовар кунонад. Ҳоло дар ин шабу рӯзҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба маҳзи ҳамин мавзуъ ба Фаронса сафар кардааст ва тибқи расонаҳои таблиғотии режим, пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст ва ҳамин тавр барномаҳои иқлимӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон хуб пазируфта шудаанд. Чаро?
— Ба назари банда, офаридани идеяи ҳифзи захираҳои об, як идеяи муваффақ ва дар ҳамин шабу рӯзҳо, ки тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии обӣ (WHO/UNICEF, UN Water), имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 2,2 миллиард нафар, яъне тақрибан 27% аҳолии сайёра, аз дастрасии доимӣ ба оби тозаи ошомиданӣ маҳруманд, саривақтӣ ва серхаридор аст.
Барои ҳамин, Тоҷикистон дар солҳои охир талош мекунад, ки дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамчун пешоҳанги мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои об, бахусус пиряхҳо, муаррифӣ гардад. Тоҷикистон, ки беш аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказиро дар қаламрави худ дорад ва зиёда аз 75 фоизи оби минтақа аз он маншаъ мегирад, дорои имкониятҳои воқеии табиӣ барои бозии нақши калидӣ дар сиёсати об ва иқлими минтақа мебошад. Тағйирёбии иқлим тайи даҳсолаҳои охир боиси аз байн рафтани даҳҳо дарсади пиряхҳои Помир ва Тян-Шон шудааст ва ин раванд ба ҳаёти садҳо миллион сокини минтақа таҳдид мекунад.
Бо дарки ин вазъ, Тоҷикистон дар майдонҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла дар конфронсҳои СММ ва ЮНЕСКО, масъалаи ҳифзи пиряхҳоро матраҳ карда, пешниҳод намудааст, ки маркази ҳамоҳангсози минтақавии пиряхшиносӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Ин пешниҳод, ки аз ҷониби як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, WMO ва Бонки Осиёии Рушд истиқбол ёфт, метавонад кишвари кӯҳистониро ба як нуқтаи таъсиргузор дар сиёсати экологӣ ва илмии минтақа табдил диҳад. Ба ҳайси мисол, дар соли 2025 Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) пазируфта шуд, ки як навъ эътирофи мақоми он дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар расонаҳо хабар доданд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар донорҳо лоиҳаҳое амалӣ мекунад, ки ҳадафашон беҳтар кардани системаи пешгӯии обу ҳаво ва офатҳои табиӣ, зиёд кардани дастрасӣ ба маълумоти иқлимӣ ва баланд бардоштани тавоноии ниҳодҳои миллӣ мебошад. Бино ба маълумоти расонаишуда, гуё баъзе аз ин лоиҳаҳо аллакай натиҷаҳои намоён доранд, ба мисли беҳтар шудани дақиқии пешгӯии иқлим ва ташкили шабакаи нави мониторингӣ.
Тоҷикистон ҳамчунин дар ташаббуси байналмилалии эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 нақши асосӣ бозид ва ин тасмим аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул шуд.
Кош, бо вуҷуди чунин ташаббусҳо Тоҷикистон на бо ном, балки воқеан як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебуду дар ин ташаббусҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои тахассусии мустақили кишвар ширкат медоштанд. Аммо режим ҳама ин ташаббусро мехоҳад ба танҳоӣ, бидуни ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар шакли пушида ва нимамахфӣ пиёда кунад.
Барои ҳамин, паҳлуи дигари суханрониҳои баландпоя, эъломияҳои расмӣ ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, то ҳол амалҳои мушаххас ва натиҷадода, ки иқтидори воқеии кишварро дар соҳаи муҳофизати пиряхҳо нишон диҳанд, зиёд мушоҳида намешаванд. Маркази ваъдашудаи пиряхшиносӣ танҳо дар ҳоли “хабари хуш” аст ва ҷузъиёти молиявӣ, кадрӣ ва фазои ҳамкории байналмилалӣ дар он равшан нест. Шаклгирии сиёсати устувори экологӣ на танҳо ба вохӯриҳои сатҳи олӣ, балки ба таъсиси механизмҳои пойдор, барномаҳои амалӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандӣ ниёз дорад.
Чунин ташаббусҳои байналмилалӣ аз ҷониби режими Тоҷикистон на бар пояи масъулияти экологӣ, балки бо ангезаи сиёсати ҳарис ба барномаҳои серхаридори сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешаванд. Тоҷикистон ҳамчун як низоми бастаи сиёсӣ дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ пайваста ба маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандӣ, набуди шаффофият ва фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ танқид мешавад. Дар чунин шароит, истифодаи мавзӯи иқлим барои баланд бардоштани имиҷи давлат, чуноне, ки дар навиштаҳои пештараам дар ин бора гуфтаам, метавонад бештар ба таблиғот монанд бошад, на ба стратегияи устувор ва воқеӣ.
Ҳамзамон, кишвар бо мушкилоти захираҳои молиявӣ ва кадрӣ рӯ ба рӯст. Татбиқи лоиҳаҳои технологӣ, таҷҳизонидани марказҳои илмӣ, омӯзиши мутахассисон ва идомаи мониторинги доимии иқлим захираҳои калони молиявӣ ва дастгирии пайвастаи донориро тақозо мекунад. То замоне, ки Тоҷикистон ин камбудиҳоро бартараф накунад, нақши он дар сиёсати иқлимӣ бештар рамзӣ боқӣ мемонад, на амалан таъсиргузор. Яъне, то саршавии кор маблағи ҳангуфт лозим аст ва барои ба даст овардани маблағи ҳангуфт, ин тарҳи серхаридор дар арсаи байналмилалӣ шояд муваффақ ҳам шавад. Аммо, гумон намекунам, ки баъди “ок” гирифтан ва ба даст овардани маблағ режим иродаи идомаи кори асосиро дошта бошад. Чун ингуна ибтикорҳо борҳо таҷриба шудаанд ва ҳатто кумакҳои башардустонаи кишварҳо, ки ҳаққи ятиму ясиру беваю бечора аст, баъди расидан ба Тоҷикистон моли шахсии оилаи раисҷумҳур шудааст.
Бо дарназардошти ин ҳама, метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар мавқеи нодир қарор дорад. Аз як ҷониб имкониятҳои табиӣ ва ҷуғрофӣ онро ба маркази эҳтимолии ҳамоҳангии иқлимӣ табдил додаанд, аз ҷониби дигар набуди механизмҳои муассири идоракунӣ, таъмини молӣ ва шаффофият имкон намедиҳанд, ки ин кишвар нақши худро ба таври устувор бозӣ кунад. Бовар дорам, агар ин фосила бартараф гардад ва ташаббусҳо ба амал табдил ёбанд, Тоҷикистон метавонад дар ҳақиқат ба як қувваи воқеии минтақа дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва об мубаддал гардад. Аммо, бо ҳамин режими имрӯзӣ ин кор шуданӣ нест. Чаро?
— Гарчанде ташаббусҳои сатҳи баланд пайваста садо медиҳанд, механизмҳои амалӣ, ҳисоботдиҳӣ, маблағгузории шаффоф ва ҷалби ниҳодҳои мустақили миллӣ ва байналмилалӣ ҳатто дар сатҳи фундаменталӣ рушд накардаанд.
Сабаби асосии ин камбудиҳо бештар ба табиати сиёсии режими ҳокими Тоҷикистон вобаста аст. Аз соли 1992 ба ин сӯ, низоми сиёсӣ шакли мутамарказ ва шахспарастӣ гирифтааст. Ҳокимияти иҷроия аз ҷониби як шахс ва гурӯҳи наздик ба ӯ назорат мешавад, интихоботҳо шаффоф нестанд, парлумон иборат аз шахсони гумоштааст ва низоми додгоҳӣ фаъолияти ғайриконститутсионӣ дорад ва ба ҳукумати иҷроия вобаста аст. Ин ҳама сабаб мешавад, ки ниҳодҳои алоҳида натавонанд сиёсати мустақил ва таъсирбахш дар самти иқлим, экология ва идоракунии захираҳои табииро ба роҳ монанд. Озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма, ки шарти асосии назорати ҷамъиятӣ бар сиёсатҳои давлатӣ мебошанд, ба таври доимӣ саркӯб мешаванд.
Маҳз ҳамин муҳити сиёсии бастаи авторитарӣ ба таври бевосита ва сохторӣ садди роҳи татбиқи воқеии ташаббусҳои иқлимӣ мегардад. Таҳқиқотҳои сершумор нишон медиҳанд, ки дар давлатҳои демократӣ сатҳи шаффофият, ҳисоботдиҳӣ, самаранокии идоракунии захираҳои табиӣ ва иштироки ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои муҳитзистӣ ба таври назаррас баландтар аст. Демократия муҳити заруриро барои рушди инноватсия, фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳқиқоти илмии мустақил ва ҷалби сармояи байналмилалӣ ба вуҷуд меорад. Ба фарқ аз он, дар низомҳои авторитарӣ бештар бар ташаббусҳои таблиғотӣ ва намоишӣ такя мешавад.
Агар Тоҷикистон воқеан мехоҳад ба як маркази минтақавии иқлимӣ табдил ёбад ва на танҳо бо сухан, балки бо амал нақши худ дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обиро нишон диҳад, зарурати ислоҳоти амиқи сиёсӣ ба миён меояд. Пеш аз ҳама, маҳдуд кардани салоҳиятҳои президент ва барқарорсозии ҳокимияти мустақили судӣ бояд мадди назар бошад. Ислоҳоти қонунгузорӣ, ки интихоботи озоду рақобатиро таъмин кунад, дар баробари дастрасӣ ба иттилоот, озодии расонаҳо ва озодии иттиҳод, метавонанд муҳити заруриро барои шаклгирии сиёсати устувори иқлимӣ фароҳам созанд. Ҳамчунин зарур аст, ки дар сатҳи идоракунии давлатӣ механизмҳои масъулиятпазирӣ, ҳисоботдиҳӣ ва назорати парлумонӣ ва шаҳрвандӣ ба роҳ монда шаванд.
Дар самти амалисозии ташаббусҳои иқлимӣ, давлат бояд на танҳо ташаббусро пешбарӣ кунад, балки иҷрои онро ба ниҳодҳои мустақили илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ вогузор намояд. Бунёди маркази пиряхшиносӣ дар Душанбе бояд бо иштироки олимони дохилӣ ва хориҷӣ, шарикони байналмилалӣ, бо маблағгузории шаффоф ва нақшаи стратегӣ амалӣ гардад. Бе муҳити демократӣ ва боз, ки дар он донишмандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд озодона назар диҳанд ва пешниҳод кунанд, чунин марказҳо ба сатҳи муассисаҳои намоишӣ боқӣ хоҳанд монд.
Модели гузариши Тоҷикистон ба ҳукумати мардумӣ ва шароити демократӣ на танҳо омили муҳим барои ҳалли масъалаҳои дохилии сиёсӣ ва иҷтимоӣ, балки шарти зарурии муваффақияти сиёсати иқлимӣ ва мудирияти захираҳои табиӣ мебошад. Чунин гузариш имкон медиҳад, ки кишвар ба як шарики боэътимоди байналмилалӣ табдил ёфта, на танҳо бо сухан, балки бо амал собит намояд, ки метавонад масъулияти глобалиро бар дӯш бигирад. Танҳо дар сурати гузариш аз низоми худкома ба як низоми шаффоф, ҷавобгар нисбати оқибати ташаббус, Тоҷикистон метавонад нақши таърихии худро дар ҳифзи захираҳои обӣ, пиряхҳои кӯҳӣ ва муҳити зисти ҷаҳонӣ адо кунад. Ба ҷузъ ин, танҳо исрофи маблағ, фиреби назар ва кисағавстар ва пурқудраттар кардани як диктатор асту тамом.
Шавкати Муҳаммад
Average Rating