Ташаббус, фасодкорӣ ва сиёсати иқлимии Эмомалӣ Раҳмон

Ба дигарон фиристед

Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси III байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Бино ба маълумоти дар расонаҳои давлатӣ нашршуда, ин ҳамоиш дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, бо ташаббуси президенти Тоҷикистон ва пуштибонии СММ баргузор гардида, беш аз 1000 намоянда аз кишварҳои гуногунро гирд меорад — аз ҷумла сиёсатмадорон, муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ. Барномаи конфронс мавзӯъҳои муҳими таъсири обшавии пиряхҳо ба захираҳои обӣ, амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳои фаромарзиро дар бар мегирад. Ҳамзамон, як қатор санадҳои калидӣ, аз ҷумла Эъломияи Душанбе ва Фарохони амал қабул хоҳанд шуд. Конфронс бо сафари саҳроии иштирокчиён ба пиряхҳои Тоҷикистон анҷом меёбад.

Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, бо иштироки беш аз ҳазор намоянда аз кишварҳо ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, дар зоҳир як талоши шоистаи дипломатии иқлимӣ ва саҳми Тоҷикистони расмӣ дар мубориза бо обшавии пиряхҳо ба назар мерасад. Аммо, муҳити сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ва воқеиятҳои амалӣ нишон медиҳад, ки дар паси ин ташаббус як қатор масъалаҳои мубрам ва суолбарангез ниҳон аст, ки наметавон онҳоро нодида гирифт. Маҳз ман ҳам ба ҳамин масоил ишора карданиям. Бигзор дар бораи пирях мутахассисони соҳа нависанду гап зананд. Ман ба ин масъала сарфаҳм намеравам. Вале, танҳо дар бораи муҳити зист ва вазъи сиёсиву ҳуқуқии ин масъала мехоҳам ба чанд нуқта ишора кунам.

Тазод байни таблиғот ва воқеиятҳои муҳити зист

Ҳарчанд Президенти Тоҷикистон ҳамчун “ташаббускори глобалии об” муаррифӣ мешавад, воқеият дар дохили кишвар бозгӯи сиёсатҳои бемасъулиятона нисбати муҳити зист аст. Дар Тоҷикистон бисёр минтақаҳои экологӣ, аз ҷумла пиряхҳо, чашмаҳо ва ҷангалҳо бе ҳимояти ҳуқуқӣ ва илмӣ боқӣ мондаанд. Корхонаҳои азими саноатӣ (масалан, коркарди ангишт ва металлҳо), ки аксар ба шахсони наздик ба роҳбарияти кишвар алоқаманданд, бе назорати экологӣ фаъолият мекунанд. Омори мустақил дар бораи талафоти солонаи пиряхҳо ва сатҳи ифлосшавии ҳаво вуҷуд надорад ё пинҳон дошта мешавад. Коркард ва истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон бебаркаш аст ва ҳатто шояд Вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон омори аниқ дар ин бора надорад. Мардуми деҳот, ки 70 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, то ба ҳол бо хару асп  ва ё бо мошинҳои обкашон об мекашонанд. 

Аз ин рӯ, баргузории як конфронси байналмилалӣ бо шиорҳои зебо дар бораи “наҷоти пиряхҳо”, дар ҳолате ки давлат дар амал ба истисмори беш аз ҳад ва беэътиноӣ ба муҳити зист роҳ додааст, метавонад як навъ сиёсати риёкорона ва аз худ «ҳимоятгари иқлим» ҷилва додан бошад.

Истифодаи конфронсҳо барои сафедкунии имиҷи режими худкома

Конфронсҳои байналмилалӣ аз ҷумла ин конфронс, дар кишвари авторитарие ба мисли Тоҷикистон, ба таври возеҳ ба як абзори таблиғотӣ барои легитимкунии ҳукумат дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Ин иқдом на танҳо барои сохтани чеҳраи «созандаи суботи иқлимӣ», балки барои пӯшонидани нақзи ҳуқуқи инсон, бастани фазои сиёсӣ ва таъқиби мухолифон анҷом мегирад.

Дар шароите, ки дар Тоҷикистон садҳо маҳбуси сиёсӣ дар зиндон ҳастанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ фалаҷ шудааст, рӯзноманигорон ба маҳбас андохта мешаванд ва ҳатто муҳаққиқони соҳаҳо таҳти фишор қарор доранд, баргузор кардани конфронси иқлимӣ бо иштироки намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ як навъ раванди сафедкунии режим аст. Тавассути ташкили чунин чорабиниҳо, ҳукумат мехоҳад таассуротеро ба вуҷуд орад, ки гӯё дар кишвар фазои кушода, ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳассосият ба масъалаҳои глобалӣ вуҷуд дорад. Дар асл, ҳамин вақт дар худи Тоҷикистон муҳаққиқони мустақил, экологҳо ва сокинони минтақаҳое, ки бевосита аз обшавии пиряхҳо зарар мебинанд, умуман ба ин чорабиниҳо роҳ дода намешаванд ва овозашон шунида намешавад.

Як мисоли равшан конфронси байналмилалии об дар соли 2022 мебошад, ки он низ дар Душанбе баргузор шуд. Дар айни  ҳамон сол мақомоти амниятӣ фаъолони экологиро таъқиб карданд, якчанд НПО-ҳои ҳуқуқӣ ва муҳитизистиро бастанд ва хабарнигорони мустақил, ки дар бораи мушкилоти муҳити зист матлаб навишта буданд, таҳдид ва таъқиб шуданд. Яъне, дар паси пардаи ҳамоишҳои риёкоронаи байналмилалӣ, як системаи саркӯб ва пинҳонкунии ҳақиқат фаъол аст, ки ҳадафаш на ҳифзи табиат, балки пинҳон доштани беэътиноӣ ба он мебошад.

Касодии сиёсати иқлимии дохилӣ ва адами назорат

Касодии сиёсати иқлимии дохилӣ ва адами назорат дар Тоҷикистон яке аз монеаҳои ҷиддӣ ва сохтории ҳифзи криосфера (қисми замин ё рӯи Замин мебошад, ки аз оби яхбаста, барфҳои садсолаҳо хобида иборат аст), захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Бино ба маълумотҳои расонаишуда, ки пайгирӣ кардам, маълум шуд, ки дар Тоҷикистон на танҳо сиёсати муайяну амалгароёнаи иқлимӣ вуҷуд надорад, балки зербинои назорати илмӣ, шабакаҳои обу ҳавошиносӣ ва дастгоҳҳои ченаки пиряхҳо ба дараҷае фарсудаанд, ки дар амал имкони арзёбии воқеии вазъият вуҷуд надорад.

Дар Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегии миллии мукаммал оид ба сиёсати иқлим, ки дорои механизмҳои иҷро, манбаъҳои маблағгузорӣ ва ченакҳои самаранок бошад, вуҷуд надорад. Гарчанде соли 2014 “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим” қабул шуда буд, он на танҳо кӯҳна ва номутобиқ ба вазъи имрӯза боқӣ мондааст, балки натиҷаҳои назаррасе ҳам ба бор наовардааст. Шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла UNDP ва GEF, борҳо ишора кардаанд, ки бо сабаби набудани базаи маълумотӣ, адами ниҳодҳои мустақил ва маҳдудияти озодии пажӯҳиш назорати иқлим ва тағйироти пиряхҳо ба сатҳи зарурӣ нарасидааст.

Яке аз омилҳои калидии  сиёсати фалаҷи иқлимӣ дар Тоҷикистон — фарсудашавии шабакаи истгоҳҳои обу ҳавошиносӣ ва пиряхшиносӣ мебошад. Ба иттилои худи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон, аз 89 истгоҳи назораткунандаи пиряхҳо, ки дар даврони шӯравӣ фаъол буданд, имрӯз танҳо якчанд истгоҳ боқӣ мондааст, он ҳам бо дастгоҳҳои кӯҳна. Дар соли 2023, созмони UNEP дар як гузориши худ қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз нигоҳи коршоямии назорати иқлимӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад.

Намунаи дигар ин набудани дақиқи маълумот дар бораи коҳиши ҳаҷми пиряхҳо дар Тоҷикистон мебошад. Бархе таҳқиқоти байналмилалӣ (ба мисли тадқиқоти ICIMOD ва NASA) нишон додаанд, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар давоми 30 соли охир беш аз 25–30% об шудаанд, аммо то ҳол худи Тоҷикистон системаи миллии GIS ва модели рақамии пиряхҳо надорад, ки тавонад худаш мустақилона таҳқиқот барад ва санҷиш гузаронад.

Ғайр аз ин, бино ба маълумоти расонаҳои таҳлилӣ, Дар Тоҷикистон илм ва таҳқиқоти мустақил дар ин соҳа маҳдуд ва зери назорати сиёсӣ қарор дорад. Пажӯҳишгоҳҳои вобаста ба Академияи илмҳо бо камбуди маблағ, дастгоҳи кӯҳнашуда ва таъсири сиёсӣ рӯ ба рӯянд. Дар кишвар озодии илм барои муҳаққиқоне, ки мехоҳанд таъсири манфии лоиҳаҳои бузурги гидротехникӣ (масалан, НБО-и Роғун ё НБО-ҳои дарёҳои кӯҳӣ) ба муҳити зистро таҳқиқ кунанд, хеле маҳдуд аст. Дар натиҷа, бисёр пажӯҳишҳо бо ҳадафи сафедкунии сиёсатҳои давлатӣ навишта мешаванд, на бар пояи таҳқиқ ва таҳлили воқеӣ.

Ҳамзамон, сохторҳои давлатӣ, ки масъули идораи захираҳои об ва иқлим мебошанд (масалан, Агентии обу ҳаво ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист) заифу зочакоранд. Онҳо ба таври воқеӣ наметавонанд иттилооти муосир тавлид кунанд ё дар сиёсати ин соҳа нақши калидӣ бозанд. Вақте матлабҳоро дар ин бора мутолиа кардам ба ин хулоса расидам, ки бисёре аз қарорҳо бе машварат бо ин ниҳодҳо, балки аз ҷониби сатҳҳои олии ҳокимият, бидуни асоси илмӣ гирифта мешаванд. Ёбеду гиред.

Табдили ташаббусҳои глобалӣ ба абзори фурӯбарандаи маблағҳо

Табдили ташаббусҳои глобалӣ ба абзори фурӯбарандаи маблағҳо дар шароити ҳокимияти худкома, ба мисли Тоҷикистон, як раванди системавӣ ва ҳадафманд аст. Чунин низомҳо маъмулан аз ташаббусҳои сатҳи баланд, ки дар бораи ҳуқуқи инсон, иқлим, об ва рушди устувор матраҳ мешаванд, ҳамчун восита барои дастрасӣ ба манбаъҳои хориҷии маблағгузорӣ истифода мешаванд, аммо дар амал ин маблағҳо ба манфиати умумӣ хизмат намекунанд.

Масалан, танҳо дар чорчӯби даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028), Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмакҳои техникӣ ва грантҳои байналмилалиро тавассути Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва дигар донорҳо ҷалб кардааст. Аммо, вақте як каме маълумотҳоро пайгирӣ мекунӣ, пай мебарӣ, ки назорати хароҷоти ин маблағҳо шаффоф нест ва аксари лоиҳаҳо ё дар сатҳи омодагӣ боқӣ мемонанд, ё ба хотири “галочка” корҳои сатҳие мешаванду халос.

Борҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон як низоми тақсимоти ниҳоят марказонидашудаи маблағҳои хориҷӣ фаъол аст, ки он ба шахсиятҳо ва нафарони наздик ба Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Механизмҳои мустақили назорат, аудит ва баҳодиҳӣ дар ин равандҳо вуҷуд надоранд ё иҷозат дода намешаванд. Бо вуҷуди он, ки донорҳо дар талаботи мушаххас барои додани кӯмак доранд, ба монанди шаффофият, таъсири иҷтимоӣ, устуворӣ  ва ғайра, дар амал ҳеҷ як аз ин шартҳо пурра иҷро намешавад.

Яке аз роҳҳои асосии ҷалби маблағ ҳамин ташкили конфронсҳо, эъломияҳо ва пешниҳоди ташаббусҳои дар зоҳир амалишаванда ва аз ҷиҳати сиёсӣ “бо харидор” аст. Баргузории Конфронси байналмилалии пиряхҳо намунаи барҷастаи ин раванд аст. Ҳукумат тавассути баргузории чунин чорабиниҳо, ки таваҷҷуҳи васеи ниҳодҳои байналмилалиро ба худ ҷалб мекунанд, худро ҳамчун кишвари пешсафи ғамхори иқлимӣ нишон медиҳад ва ба ҳамин восита имкони дастрасӣ ба грантҳо, қарзҳои нарм ва дигар шаклҳои кумакро фароҳам месозад. “Мошенник”- и калон ба маънои тамом.

Аммо суол ин аст, ки чаро бо вуҷуди ҷалби чунин кӯмакҳои зиёд, вазъи назорати пиряхҳо, обрасонӣ, тоза нигоҳ доштани захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мондааст? Чаро дар ноҳияҳое, ки бевосита таҳти хатари камобӣ қарор доранд, ягон тарҳи қобили мулоҳизаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ нашудааст?

Ҷавоб дар он аст, ки ин ташаббусҳо дар амал бештар ҳамчун василаи ҷалби маблағ барои доираи маҳдуди манфиатдор истифода мешаванд, на ҳамчун платформаи тағйирдиҳандаи сиёсати дохилӣ ва рушди устувор. Бо чунин усул, иқдомҳои глобалӣ аз моҳияти аслиашон, яъне ҳалли мушкилот ҷудо шуда, ба як навъ асбоби “пулёбак” табдил меёбанд, ки на ба назорати пиряхҳо, балки ба пойдории режим хизмат мекунагд.

Набуди ҳамгироӣ бо ҷомеа ва “захват”-и сиёсати иқлимӣ

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, баробарӣ ва ҳамгироии ҷомеа дар сиёсати иқлимӣ, аз ташаккули стратегия то татбиқ шарти зарурии адолати иқлимӣ ва рушди устувор дониста мешавад. Амм, дар Тоҷикистон, баръакс, сиёсати иқлимӣ ба таври пурра марказонидашуда, аз боло ба поён ва бидуни иштироки васеи ҷомеа амалӣ мешавад.

Яке аз мушкилот набудани раванди машварати воқеӣ бо гурӯҳҳои манфиатдор, аз ҷумла деҳқонон, занон, ҷавонон, ҷомеаи илмӣ, ақаллиятҳои маҳаллӣ ва созмонҳои шаҳрвандӣ мебошад. Стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, ки бо номи «машварат бо ҷомеа» ва ё “фаҳмондадиҳӣ” гузаронида мешаванд, маъмулан пас аз қабули қарор сурат мегиранд, на пеш аз он. Ҳамчунин ин машваратҳо бо ҷомеа асосан характери таблиғотӣ доранд ва асли кор дар канор мемонад.  Дар натиҷа, манфиатҳои қишрҳои осебпазир, ки бештар аз ҳама аз таъсири тағйирёбии иқлим зарар мебинанд, ба назар гирифта намешаванд.

Масалан, дар деҳаҳои кӯҳии вилояти Бадахшон, ки аз обшавии пиряхҳо ва коҳиши захираҳои обӣ сахт осеб мебинанд, на як барномаи воқеии мутобиқшавӣ татбиқ шудааст ва на муҳаққиқони мустақил иҷозаи озодона таҳқиқи вазъиятро доранд. Фаъолони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳар гуна талош барои ташкили сӯҳбат дар бораи экологияи маҳал ё истифодаи захираҳо бо гумони «таҳрики мардум» ё «таблиғи ақидаҳои хориҷӣ» пахш мешавад.

Марказонидани сиёсатҳои иқлимӣ маънои онро дорад, ки тамоми салоҳият, аз таҳқиқот то тасмим дар дасти як нафар қарор дорад. Ҳофиз, сароянда, навозанда ва раққосаи ҳамаи ин базмҳои гирудор танҳо як нафар аст  ва он ҳам Эмомалӣ Раҳмон. 

Бубинед, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии обу ҳаво ва Маркази тадқиқоти пиряхҳо ҳарчанд дар зоҳир фаъол ҳастанд, аммо кори онҳо аксаран дар доираи сиёсати тарҳи тасдиқшуда аз боло сурат мегирад ва ин ниҳодҳо ягон ташаббуси мустақил надоранд.

Чизи дигар, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе иштироки озодонаи мардум, дастрасӣ ба иттилооти дақиқ ва имкони таъсир расонидан ба тасмимҳо, ҳеҷ як сиёсати иқлимӣ наметавонад муваффақ шавад. Набудани ҷалби ҷомеа боиси беэътимодӣ, беаҳамиятии мардум ва иҷро нашудани лоиҳаҳо мешавад.

Аммо дар Тоҷикистон мо як сиёсатеро мебинем, ки аз лиҳози формалӣ гуё “устувор” аст, вале дар асл бе реша дар ҷомеа, бе озодии муҳаққиқон, бе садои ҷомеаи деҳот ва бе ҳузури фаъоли ҷомеа амал мекунад. Ин сиёсатҳо на таҳкими устуворӣ, балки такрори хатоҳо ва дурӣ аз адолати иқлимиро ба бор меоранд.

Агар Тоҷикистон мехоҳад воқеан дар ҳалли масъалаҳои иқлим саҳмгузор бошад, аввал сиёсати иқлимро аз як абзори идораи марказӣ ба як майдони мушовира, ҳамкорӣ ва иштироки ҷомеа табдил медод

Баргардем ба асли масъала. Конфронси мазкур метавонад як фурсат бошад, агар дар як фазои воқеан шаффоф, илмӣ ва бе таблиғоти сиёсӣ баргузор мегардид. Аммо, дар шароити Тоҷикистон, он бештар ба як ҳамоиши «декоративӣ» барои таблиғи ҳукумат, сафедкунии чеҳраи сип-сиёҳи он ва ба даст овардани манфиатҳои молиявӣ шабоҳат дорад.

Агар ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳад воқеан ба ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти иқлимӣ мусоидат кунад, на танҳо ба созмон додани конфронсҳо, балки ба ислоҳоти системавӣ дар кишварҳои диктаторӣ ба монанди Тоҷикистон мебоист таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳад. Зеро ҳифзи муҳити зист наметавонад дар фазои худкомагӣ, беадолатӣ ва фишори сиёсӣ рушд ёбад.

Шавкати Муҳаммад

 


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *