CASA 1000: Як афсонаи дигари режими Тоҷикистон?

Ба дигарон фиристед

Имрӯз, 15 майи 2025, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки ҳайати ҳукумати Толибон баргузор шуд. Ба иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии намояндагони ширкати миллии барқи он кишвар (DABS) ба пойтахти Тоҷикистон омадааст, то дар муҳокимаи пешрафт ва монеаҳои иҷрои лоиҳа ширкат варзад.

Ин ширкат дар пасманзари корҳои нотамоми сохтмонӣ дар қаламрави Афғонистон ва масъалаи боздошти маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пас аз соли 2021, кӯшиш дорад мавқеи нав ва пешниҳоди эҳтимолии бозбинии шартҳоро баён намояд.

Дар ҷаласаҳо, инчунин намояндагони Қирғизистон, Покистон, Бонки исломии рушд ва дигар шарикони рушд ҳузур доштанд.  Гуфта мешавад, рӯзи 16 май ширкаткунандагон бо зеристгоҳи конвертории CASA-1000 дар Сангтӯда ва нерӯгоҳи Норак шинос хоҳанд шуд.

Лоиҳаи CASA-1000, ки ҳадафаш интиқоли нерӯи изофии барқи обии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон дар фасли гармо аст, аз оғоз ҳамчун яке аз тарҳҳои стратегии минтақавӣ муаррифӣ шуда буд. Бо арзиши тахминан 1,16 миллиард доллар, сохти 1387 километр хати баландшиддати интиқоли барқ ва ду зеристгоҳи конвертории бузург, он на танҳо як тарҳи энергетикӣ, балки як абзори муҳим дар геосиёсати минтақа унвон мешуд. Аммо, бо гузашти чанд сол ва сарфи садҳо миллион доллар, ояндаи ин тарҳ норушан шудааст. Бинобар, мехоҳам чанд ҳарфе дар ин бора дошта бошам.

Ҳарчанд ин тарҳ як тарҳи бузурги иқтисодист, мо дар ин сатрҳои зер бештар ба аҳволи ҳуқуқӣ ва вазъияти сиёсии он ишора мекунем ва дар доираи маълумоте, ки расонаӣ шудаанд ва аз хеле пештар ҷамъоварӣ намудаам, гап мезанем.

Тибқи маълумотҳои расонаишуда, Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ду кишвари содиркунандаи барқ, ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа дар қаламрави худ, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, корҳои асосиро анҷом додааст. Зеристгоҳи конверторӣ дар Сангтӯда, хати интиқоли барқ то марз бо Афғонистон ва дигар инфрасохтори марбут, бо кумаки Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва шарикони дигар сохта шудаанд. Аммо ҳамаи ин заҳматҳо ва маблағгузориҳо дар холигӣ боқӣ мондаанд, зеро қисми асосии шабака — масири Афғонистон — амалан ғайрифаъол аст.

Пас аз сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021, сохтмони шабакаи CASA-1000 дар қаламрави Афғонистон, ки зиёда аз 40 дарсади масири умумиро дар бар мегирад, қатъ гардид. Шарикони асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, дар шароити набуди эътирофи расмии ҳукумати нав ва хатарҳои амниятӣ, дастгирии молии худро боздоштанд. Дар чунин вазъ, раҳбарияти ширкати энергетикии Афғонистон (DABS) ҷиҳати ҷалби боз $100 миллион маблағгузории иловагӣ аз Бонки ҷаҳонӣ, наметавонад мушкилоти аслиро ҳал кунад, зеро масъала на танҳо молиявӣ, балки сиёсӣ ва геостратегист.

Хатарҳои амниятӣ дар Афғонистон, ки роҳи интиқол аз вилоятҳои ноором ва минтақаҳои таҳти нуфузи гурӯҳҳои мусаллаҳ мегузарад, ба худи моҳияти устувории лоиҳа латма мезананд. Таҳдиди таркиши хатҳо, ғорати таҷҳизот ва адами дастрасии доимӣ ба инфрасохтор метавонад ба ноустувории доимӣ ва ҳатто қатъи куллии фаъолияти шабака оварда расонад. Дар чунин ҳолат, сармояи техникӣ ва молии воридшуда наметавонад самараи иқтисодӣ диҳад.

Дар баробари ин, бозори барқи Покистон, ки бояд қабулкунандаи аслии нерӯи барқ бошад, низ пур аз ноустувориҳост. Системаи тақсимоти барқ дар ин кишвар пур аз мушкилоти сохторӣ, қарзҳои ҷамъшуда ва сатҳи пасти пардохтпазирии ширкатҳои давлатӣ ва хусусист. Пайваста таъхир шудани пардохтҳо ва норасоии суботи сиёсӣ ва молиявӣ метавонад боис гардад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон маблағи интиқоли барқи фурӯхташударо сари вақт дарёфт накунанд, ё бо хатари аз даст рафтани манфиатҳои худ рӯбарӯ шаванд.

Дар ин замина, бояд ҷиддан баррасӣ шавад, ки то куҷо Тоҷикистон метавонад аз ин лоиҳа фоидаи воқеӣ ба даст орад. Бо он ки маблағгузориҳои бузург аз сӯи ташкилотҳои байналмилалӣ ҷалб шудаанд, кишвар то ҳол ягон киловатт-соат барқ дар доираи ин тарҳ содир накардааст. Лоиҳае, ки бояд то соли 2020 пурра ба истифода дода мешуд, имрӯз ба як навъ парвандаи бозмонда табдил ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ду харидори барқ — Афғонистон ва Покистон ҳарду ҳам харидорони пур аз мушкилоти иқтисодӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ҳастанд.

Масъалаи Афғонистон поёнтар чанд гуфтанӣ гуфта хоҳад шуд. Ҳоло вазъияти харидори асосии тарҳи CASA 1000 — Покистонро, ки як ишораи кутоҳ ҳам дар боло шуд, чизе, ки аз расонаҳо ва таҳлилҳои навишташуда дар ин бора мутолеа кардаам, дар чанд ҷумла мехоҳам иброз намоям.

Тибқи маълумотҳои расонаишуда, Покистон дар харидории барқ аз кишварҳои дуст аз худ ҳамчун шарики боэътимод дарак надодааст.

Муносибатҳои энержии байни Покистон ва Эрон, ки дар тӯли солҳои зиёд бо ҳамкориҳои барқӣ ва газӣ муаррифӣ мешуданд, имрӯз бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ ва сиёсӣ рӯбарӯ шудаанд. Покистон, ки дар ҳолати буҳрони энержӣ қарор дорад, аз як тараф ба воридоти нерӯи барқ ва газ аз Эрон ниёз дорад, вале аз ҷониби дигар, бо мушкилоти пардохт ва таҳримҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ аст.

Дар ҳоли ҳозир, Покистон нерӯи барқро аз Эрон барои вилоятҳои марзии Балуҷистон ворид мекунад. Бо вуҷуди ин, пардохти маблағҳо ба Эрон тавассути каналҳои ғайрирасмӣ ё шартномаҳои мубодилаи мол анҷом мешавад, ки боиси таъхирҳо ва норозигии ҷониби Эрон гардидааст. Масалан, ширкати эронии Sunir, ки сохтмони хати интиқоли 220 кВ барои Гвадарро анҷом додааст, танҳо 40% аз маблағи шартномавиро дарёфт кардааст ва барои пардохти боқимонда ба нахуствазири Покистон муроҷиат намудааст.

Илова бар ин, тарҳи лӯлаи гази Эрон-Покистон, ки бояд 750 миллион то 1 миллиард фут мукааб газро дар як рӯз ба Покистон интиқол медод, низ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Эрон қисми дар ҷониби худашбудаи лӯларо сохтааст, вале Покистон сохтмони қисми дар уҳдаашбударо ба таъхир андохтааст. Дар натиҷа, Эрон таҳдид кардааст, ки Покистонро ба додгоҳи байналмилалӣ мебарад ва ҷаримаи то 18 миллиард доллар талаб мекунад.

Шояд инҷо гуфта шавад, ки Эрон дар таҳрими байналмилалӣ аст ва шояд дар интиқоли пули энержии фурухтааш ба Покистон мушкилиҳо пеш меоянд.

Дуруст, аммо ин яке аз омилҳост ва он ҳам як омили ҷузъист.

Агар Эрон ба хотири таҳрими байналмилалӣ пули энержияшро аз Покистон ситонида наметавонад ва омил танҳо ин бошад, ба Чин чӣ шудааст?

Ҳамкориҳои энергетикии Покистон ва Чин, ки дар доираи тарҳи «Роҳи иқтисодии Чин – Покистон» (CPEC) амалӣ мешаванд, бо вуҷуди сармоягузориҳои бузург, бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ ва идоракунӣ рӯбарӯ шудаанд.

Покистон дар тӯли солҳои охир барои рафъи буҳрони энергетикӣ ва рушди инфрасохтори барқии худ ба Чин рӯ овард. Дар натиҷа, Чин дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти марбут сармоягузорӣ намуд. Аммо, ин ҳамкориҳо боиси афзоиши қарзи хориҷии Покистон гардиданд. Тибқи маълумоти расонаҳо, қарзи Покистон ба Чин танҳо дар доираи тарҳи CPEC ба 26 миллиард доллар расидааст, ки қисми зиёди қарзи умумии хориҷии ин кишварро ташкил медиҳад.

Яке аз мушкилоти асосӣ дар ин ҳамкориҳо, пардохтнопазирии Покистон мебошад. Ширкатҳои чинии истеҳсолкунандаи нерӯи барқ борҳо аз таъхири пардохтҳо аз ҷониби Покистон шикоят кардаанд. Масалан, ширкати Port Qasim Electric Power Company ҳушдор додааст, ки агар Пркистон қарзи худро пардохт накунад, фаъолияти нерӯгоҳи ангиштсангиашро қатъ хоҳад кард.

Ҳамчунин, Покистон кӯшиш кардааст, ки шартҳои қарзҳои чиниро бозбинӣ кунад. Мақомоти покистонӣ барои бозбинии қарзҳои энергетикӣ ба маблағи зиёда аз 15 миллиард доллар ба Пекин муроҷиат кардаанд, аммо то ҳол ба натиҷаи мусбат нарасидаанд.

Ин вазъият боиси нигаронии муассисаҳои молиявии чинӣ низ гардидааст. Бонки содирот ва воридоти Чин (Exim Bank) эълом доштааст, ки бо сабаби таъхири пардохтҳо аз ҷониби Покистон, додани қарзҳои имтиёзнокро маҳдуд мекунад.

Худ тасаввур кунед, Чин, ки як абарқудрати ҷаҳонӣ аст, натавонистааст пули барқашро аз Покистон ситонад, Тоҷикистон чӣ кор мекунад?

Магар ҳам ба ҷойи барқ аз Покистон картошка биёрем?

Аммо, агар ба як масъалаи ба миёномада дар тарҳи CASA-1000 диққат диҳем, рӯёнидани маблағи истифодаи барқ аз Покистон мушкил бошад ҳам, то ҳадде имконпазир аст ва мешавад, ки ба Покистон барқ дода, боз дар ивазаш барқ гирифт. Ҳатто ин пешниҳод ташаббуси худи Покистон аст. Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва нав ба миёномада — пешниҳоди Покистон ҷиҳати бозбинии шартномаи аслӣ ва ворид кардани механизми мубодилаи мавсимии нерӯи барқ (seasonal electricity swap) мебошад. Тибқи ин пешниҳод, Покистон мехоҳад шарт гузорад, ки дар фасли тобистон, ки талаботи барқ дар ин кишвар ба авҷи худ мерасад, нерӯи изофии барқи обии Тоҷикистон ва Қирғизистонро қабул намуда, дар иваз, дар фасли зимистон, ки Осиёи Марказӣ бо камбуди энержӣ рӯбарӯ мешавад, барқи изофии худро тавассути ҳамон шабакаи CASA-1000 баргардонида содир кунад.

Аммо, ин пешниҳод ҳам чанд “аммо”-ҳо дорад ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ якчанд мушкили ҷиддиро ба миён меорад. Агар Тоҷикистон ба ин розӣ мешавад бояд чанд чизро ба инобат гирад, ки аз ҷиҳати ҳуқуқи шартномавӣ, санадҳои имзошуда дар доираи CASA-1000, ки асосан дар соли 2015 расман қабул гардидаанд, муқаррароти мушаххасро оид ба тарзи интиқол, ҳаҷми нерӯ, мавсим ва тарифи содирот муайян намудаанд. Илова кардани механизми нав, бахусус “мубодилаи мавсимӣ” талаб мекунад, ки на танҳо шартномаҳои хариду фурӯш (PPA), балки шартномаҳои рамзии минтақавӣ, аз ҷумла “Шартномаи ҳамкории CASA-1000” (CPA) бозбинӣ ва аз сари нав мувофиқа шаванд.

Аз нигоҳи иқтисодӣ, то ҷойе, ки сарфаҳм меравам, ин пешниҳоди Покистон метавонад як навъ коҳиши даромадро барои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пай дошта бошад. Нерӯи барқи обии тавлидшуда дар фасли тобистон бояд бо нархи бозорӣ ба Покистон фурӯхта шавад, аммо дар доираи мубодилаи мавсимӣ, хатар вуҷуд дорад, ки барқе, ки дар фасли зимистон баргардонида мешавад, наметавонад ҳамон арзиши молиявиро дошта бошад. Ин нобаробарӣ метавонад боиси ихтилоф ва норизоият гардад, махсусан агар нархгузории бозгашт (return tariffs) ба таври равшан муайян набошад.

Ба хотири ин “аммо”-ҳо, пешниҳодоти Покистон оид ба бозбинии шартнома ва татбиқи механизми мубодилаи мавсимӣ бояд бо эҳтиёткорӣ ва тавассути музокироти ҳамаҷониба, таҳлили хатарҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, нархгузории дуҷониба ва кафолати амнияти инфрасохторӣ баррасӣ шавад. Бе чунин таҳлили амиқ ва мувофиқаи ҳамаҷониба, татбиқи чунин модел метавонад ба ҷойи ҳамгироии энергетикӣ, баръакс, сабаби ихтилоф ва шикасти эътимод миёни кишварҳо гардад.

Акнун чанд ҷумла дар бораи харидори дигари барқ — Афғонистон. Тибқи баъзе маълумотҳо, ҳоло ҳукумати нави Афғонистон ҳам мехоҳад чанд банди шартномаи лоиҳа, ки марбути Афғонистон аст, бозбинӣ шавад. Аммо, ин кадом масъалаҳоро дар бар мегирад, маълум нест.

Як корбари афғонӣ навиштааст, ки бояд фурӯшанда молашро то бозори харидор бубарад.

“Чаро сӯзишворӣ тавассути мошинҳои маводи сухтбар кашонида, то бозори харидор бурда мешаванд, аммо хатти интиқоли барқро, ки фурушандааш Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, бояд худи Афғонистон бисозад? Бигзор барқфурушон молашонро то бозори харидор худашон интиқол диҳанд.” — гуфтааст ин корбари афғонӣ.

Ин гуфтаҳо хеле соддалавҳона буда ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар бораи шартҳои ҳамкории кишварҳо ва ширкатҳо нестанд.

Дар тиҷорати байналмилалӣ, шартҳои интиқол ва масъулиятҳо одатан тавассути шартҳои стандартии Incoterms муайян мешаванд. Масалан, дар шарти «Delivered at Place» (DAP), фурӯшанда масъул аст, ки молро то макони таъиншуда расонад, дар ҳоле ки дар шарти «Free Carrier» (FCA), харидор масъулияти интиқолро пас аз супоридани мол ба интиқолдиҳанда ба уҳда мегирад. Дар мавриди CASA-1000, созишномаҳо нишон медиҳанд, ки Афғонистон масъулияти сохтмон ва нигоҳдории инфрасохтори дохилии худро ба уҳда дорад.

Аз ин рӯ, дар асоси созишномаҳои мавҷуда ва меъёрҳои байналмилалии тиҷорат, Афғонистон наметавонад талаб кунад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон тамоми инфрасохтори интиқоли барқро то дохили қаламрави Афғонистон бунёд кунанд ва танҳо барои нерӯи барқ пардохт намояд. Масъулиятҳо ва ӯҳдадориҳои ҳар як тараф дар созишномаҳо ба таври равшан муайян шудаанд ва ҳар гуна тағйирот ё талаботи нав бояд тавассути музокирот ва созишномаҳои нав баррасӣ шаванд.

Бо вуҷуди ҳама ин, метавон тахмин зад, ки Толибон ҳам беҳуда, танҳо барои тамошои Тоҷикистон наомадаанд, бо шартҳои нав, бо пешниҳодҳои дигари дар шартнома набуда омадаанд. Бовар дорам, пешниҳодҳои нави Толибон ҳам барои Точикистон онқадар хушҳолкунанда нест ва инро вақт муайян мекунад.

Ҳамин тавр тарҳи воҳимаи CASA-1000 мисли мақоли халқӣ “Бача дар сафар” боқӣ мондааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо воҳимаи ин тарҳ бисёр мехоҳад пружаи энержияшро аз будааш бузургтар нишон диҳад, то ҳуши мардумро ҷойи дигар бурда, умедворӣ ба ояндаи бештарро ба миён орад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле, аз худ ингуна бузургнамоӣ мекунад ва дар бораи тарҳи бузурги фурӯши барқ гап мезанад, ки то ҳол натавонистааст ақалан мардуми худашро ба барқ таъмин кунад. Ҳамин тавр аксарияти тарҳҳо ва барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ояндаи мӯҳлати иҷрояш номаълум аст. Танҳо умедвор мекунаду халос. Агар, як каме ба моҳияти чунин тарҳҳо аҳамият диҳӣ, мебинӣ, ки ҳатто дар амалӣ шудани онҳо мисли ҳамин CASA 1000, садҳо муаммое вуҷуд дорад.

Шавкати Муҳаммад


Ба дигарон фиристед

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Назари худро нависед

E-Mail шумо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Қисмҳои ҳатмӣ барои пур кардан бо ин нишона ишора шудаанд *