
Нафс ва истиқлол. Муайянкунандаи холӣ
Муайянкуннадаи холӣ наметавонад ба донишу таҷриба, фикр, маъниҳои нав, сиёсат ва зиндагии сифатан хубе барои мардум имкони будан диҳад. Ин аст, ки ҳар гуна “фантасмагорияи намоишӣ” (spectacular phantasmagoria) – ро аз онҳо метавон интизор шуд.Фантасмагория ин бофтани пардаи пиндор аст аз чизхои хаёлӣ, масалан порчаеро аз хоб мегиранд, порчаеро аз хотира, порчаеро аз орзу ва ғайра то воқеияти аслиро пӯшонида бошанд. Яъне худи “зиёӣ” ба бозичаи нафси дигарон табдил ёфтааст.
Муайянкунандаи холӣ
Он гунае, ки Деррида мегӯяд ҳар ки дар сиёсат пурқудрат аст “ҳамеша дар мавқеи муайянкунанда (signifier) аст”. Мутассифона, дар фазои сиёсии Тоҷикистон имрӯз ҳолате ҳукумрон аст, ки зиёӣ ки аслан муайянкунандаи маъниҳо ва рамзҳост мавқеи худро ба муайянкунандаҳои холӣ супурдааст ва вазъи офаридаи ин муаянкуннадаҳои холӣ маълумаст, ки чи гуна аст. Имрӯз зиёии тоҷик рӯҳафтода ва дар тарс аст ва аз ин рӯҳафтодагӣ ҳатто дорад худро наҷот додан наметавонад. Дар бораи прогресс ё тараққиёт ва инкишоф зиёд ҳарф мезананад, ки он ҷуз ёди хуше аз “рӯзҳои хуби Шӯравӣ” нест, ки аз он рӯзгор ба гуфтаи зебои шайх Аттор “Он қадаҳ бишкасту он соқӣ намонд, Аз ҷамолаш заррае боқӣ намонд”. Худ ин “зиёӣ” -ро танҳо вассофи корнамоиҳои Шӯравии собиқ тарбият карда буданд ва аз ин болотар наметавонист фикр кардан ва донишу таҷриба доштан. Ин аст, ки имрӯз ҳам дар вуҷуди зиёии тоҷик карахтӣ, тамаллуқкорӣ, шахспарастӣ ва пешвопарастии (вождизми) замони шӯравӣ ҳанӯз ҳам дар кор аст. Гузашта аз ин ва бадтар аз ин, ҳанӯз ҳам зарфиятҳои сиёсӣ — музофотӣ, ки дар Шӯравии собиқ ташкил ёфта буданд, имкони ба вуҷуд омадани сиёсат ва фарҳанги миллиро надода истодаанд. Бо вуҷуди он ки як муҳити фарҳанги равонӣ, як муҳити табии зист доранд, мардуми маҳалу музофотҳои дигар, аз тарафи зарфияти сиёсӣ музофотии дар сари мансаб буда, дар фазои давлатии Тоҷикистон роҳ дода намешаванд, ки ин падида воқеан будани инкишоф, прогресс ва ояндаи Тоҷикистонро зери суол мебарад.
…Табиист, ки дар ҷомеаи карахт ва беҳаракати имрӯз ин маризиҳои зикршуда, ки дар муҳити худанд, бо суръате баландтар месабзанд, зеро ҳомилони ин маризиҳо барои мавқеи худро нигоҳ доштан ҳама гуна буту бутчаҳои дар шӯъбаҳо, ниҳодҳо ва вазоратҳо ба “раиси ҳамешагӣ” табдилёфтаро ҳамчун “ноҷии” худ парастиш мекунанд. Дар ин ниҳоду вазоратҳо роҳбари воқеан худкифо ва зарфияти миллӣ доштаро ёфтан мушкил аст. Ин ҷо бояд қайд кард, ки гумшудаи мардуми тоҷик на он рӯзҳои хуши шӯравианд, ки дигарон ташкил карда буданд ва дигар барнамегарданд, балки он механизм ё технологияи гумшудаест, ки бо он тоҷик имрӯз ва дар оянда рӯзҳои хушро барои худ ва фарзандони худ метавонист ташкил кардан. Баъди шикасти давлати Шӯравӣ ҳар халқ, ки гапшунавтар, яъне бе роҳбарони воқеии миллӣ буд, “давраи истиқлол” барояш вазнинтар омад. Озодиро таҳаммул кардан натавонистанд, зеро солҳо боз мардуми озод набуданд. Бале, мансабҳоро гирифтан як чиз аст вале ҷаҳони шикастаи мардумро, аз нав сохта тавонистан кори дигар аст. Насли сиёсатмадори миллӣ ташаккул наёфта буд ва имрӯз ҳам ташаккул наёфтааст ва буржуазияи каммағз, ки ба мансаб расида ва худро сиёсатмадор медонад аслан дар зиннаи нафси аммора мондаанд, ки кушиши шогирдони хуби Макиоввелӣ (1469 –1527) буданро доранд. Дар таърихи сиёсии Ғарб то паҳншавии таълимоти Макиовеллӣ шоҳону сиёсатмадорони Аврупоӣ ҳар гуна зулму ситам, ғадр, кизб, хушунат ва террор, ки мекарданд, худро муҷрим ҳис мекарданд, вале баъдан, баъди паҳншавии макиовелизм, байни шоҳзодаҳо ва инчунин сиёсатмадорони давраи нав аз ҷурм ва амалҳои беадолатонаи худ шарм накардан ба ҳукми анъана даромад. …
Акнун баргардем ба баҳси худ, ки он дар бораи зиёии рӯҳафтодаи тоҷик буд ва чи гунае, ки зикр кардем дар Шӯравии собиқ ин зиёӣ натавонист ҳастӣ ва воқеияти худро рӯ ба рӯ шудан ва мустақилияти фикриро касб кардан. Ба хусус дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вазъи зиёӣ ва муҳити фарҳангии ӯ хароб буд. Албатта на ҳама халқиятҳои ин минтақа собиқаи шинохт ва тарбияти субъекти (шахсият) худро доштанд ва наметавон дигар қавму халқиятҳои Осиёи Марказиро бо тоҷикон муқоиса кард. Чи гунае, ки дар аввали ин гуфтугӯ зикр кардем ниҳоди рӯҳонӣ маънавие ки тоҷикон инкишоф дода буданд ва он имкони будани ҳама гуна таҷрибаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва иҷтимоӣ – сиёсиро метавонист додан дар қавму қабилаҳои кӯчии минтақа садсолаҳо баъд шакл гирифт ва ё ҳанӯз шакл нагирифтааст. Ин падида дар давраи Сомoниён аз худ ба пуррагӣ дарак дода буд. Ин ҳамин давра буд, ки дар маҳдудаи назарияи нафс роҳҳо ё технологияҳои сохтмон ва иртиқои шахсияти инсон ё чи гунае, ки дар улуми иҷтимоӣ субъективият (subjectivity) мегӯянд, равишҳои бунёдии маориф ва маънавиёт ва инчунин муносибатҳои иҷтимоӣ — сиёсии инсонро дар бар гиранда, шакл гирифта буданд. Мутассифона, сиёсати зидди сиёсати сулолаҳои туркӣ — муғулӣ имкони тантанаи ин назарияи воқеан инсонсоз ва ҷомеасозро аз байн бурда буданд. Аслан нашинохтани сиёсат дар фарҳанги ин минтақа ба ҳамин сиёсати зидди сиёсат вобаста аст, ки хону амиру бекҳои минтақа сиёсати фазосозиро танҳо дар тассаруф ва ғорати якдигар ва халқу кишварҳои ҳамсоя ва “зиёд кардани шумораи занҳои худ дар ҳарамсарой” медонистанд. Ин рӯзгоре буд, ки бунёди шинохт (cognitive foundation) хароб ва ҳудудҳои эпистемологӣ маҳдуд гашта буд ва системаи дурусти дониш, ҳақиқат, нуфуз, қудрат ва сиёсат дар ҷомеа дигар амал намекард. Хонандагони муҳтарам, бояд дар хотир дошта бошанд, ки дар ҳама давру замон ҳамин мафҳум ва маъниҳо калидӣ ва заруранд, ҳарчанд, ки ин маъниҳо ва мафҳумҳо дар ҳар давру замона аз якдигар фарқ мекунанд. …
Ин таркиби маънавии ҳаёт аст ва устод Шакурӣ “ҳаёт амри маънавист” гуфта, ҳаминро дар назар дошт. Дигар ин ки агар давлату миллате вуҷуд дорад, ба мустаҳкамии ҳамин таркиби маънавӣ – равонӣ дар инсонҳо ва ҷомеа, ба будани системаи дониш ва ҳақиқат, нуфуз ва қудрат вобастагӣ дорад. Чи гуна система, ки дар ҷомеа ҳукмрон набошад, он бояд бо қонун ва ҳақиқате машрӯъ таъмин бошад. Ҳар ки нуфуз ва қудрат дорад вобаста ба дониш ва таҷрибаи худ дорад ва ин чизе нест, ки аз касе ба тӯҳфа мегирифта бошанд. Масъалаи солорӣ дар ин фарҳанг ва ҳама фарҳангҳо ба ҳамин мушкилоти худогоҳӣ, шинохти ҳақиқат, соҳиб шудан ба нуфуз ва қудрат ва тавонистан фазое барои худ ва барои дигарон ташкил кардан вобаста аст. Имрӯз “зиёӣ — сиёсатмадороне”, ки мехоҳанд танҳо як маҳал ё музофот давлат ва миллат сохта бошад, ва ё аз як маҳал ё як музофот давлат ва миллат сохта бошанд, хуб донанд, ки сахт хоманд ва бемадор. Мавлоно мегуфт, ки:
Лофи ишқи ӯ мазан дар ҳар нафас,
К-ӯ нағунҷад дар ҷуволи ҳеҷ кас.
То ҷое “давлат” ва “миллат” ҳам ба ҳамин категория дохил мешаванд ва моли касе нестанд ва наметавонанд бошанд. Ин аст, ки солор, солор аст ва ихтироъ намешавад ва солорӣ аз падар ба писар мерос дода намешавад чунон, ки давлат ва миллат ҳам, ки дар кисаи касе, маҳале ва музофоте намеғунҷанд, ба касе, ба маҳалле, ва ба музофоте ба мерос дода намешаванд. Ин музофот, маҳал ва касон ҳастанд, ки дар маҳдудаи миллат меғунҷанд ва “миллат” ба миллат таълуқ дорад ва нашояд онро аз ин парокандатар кард. Ин маъниии одиро сиёсатмадорони тоҷик бояст дарк кунанд, набошад “миллату давлат бозӣ”- и онҳо дур давом намекунад. Ин аст ки намояндагони дигари миллатро ба муҳоҷират ва ба зиндон нафиристода, фазои воқеии миллат ва давлатсозиро имрӯз оғоз бояст кард.
…Имрӯз барои ҷомеаи огоҳ, донишбунёд ва фикркунанда доштан бунёди шинохти замонавии ҷомеа бояст, ки мустаҳкам бошад ва ҳудудҳои эпистемологии ҷаҳонӣ вуҷуд дошта бошанд. Вале метавон гуфт, ки он бунёди шинохти замонавӣ, ки боиси субот ва гуногунандешӣ дар ҷомеа мегардад, ҳатто байни зиёӣ — сиёсатмадорони тоҷик заиф аст ва инчунин ҳудудҳои эпистемологии онҳо сахт маҳдуданд. Ин яке аз сабабҳои калидист, ки дар Тоҷикистон имкони пурқуват шудани сиёсати зидди сиёсатро, заиф будани ҷомеаи шаҳрвандиро ва набудани фазои воқеан сиёсиро бештар мекунад. …
Хулосаи гуфтугӯ ин аст, ки зиёӣ худ ба муаянкунадаи холӣ (empty signifier) табдил ёфтааст ва наметавонад ҳастӣ ва воқеияти худро рӯ ба рӯ шудан. Муаянкуннадаи холӣ наметавонад ба донишу таҷриба, фикр, маъниҳои нав, сиёсат ва зиндагии сифатан хубе барои мардум имкони будан диҳад. Ин аст, ки ҳар гуна “фантасмагорияи намоишӣ” (spectacular phantasmagoria) – ро аз онҳо метавон интизор шуд. Чи гунае, ки хонандагони муҳтарам медонанд, фантасмагория ин бофтани пардаи пиндор аст аз чизхои хаёлӣ, масалан порчаеро аз хоб мегиранд, порчаеро аз хотира, порчаеро аз орзу ва ғайра то воқеияти аслиро пӯшонида бошанд. Яъне худи “зиёӣ” ба бозичаи нафси дигарон табдил ёфтааст. Ин падида боз ҳам донистани назарияи нафсро, ки дар ин фарҳанг инкишоф дода шуда буд тақозо дорад. Имрӯз шояд мардуми дигар аз назарияи нафс, ки дар фарҳанги мо инкишоф дода шудааст огоҳӣ надоранд, вале он чиро, ки мо аз гуфтаҳои Қуръон ва ишораҳои Мавлоно дар бораи нафси ҳайвонӣ ва зарари он медонем, масалан дар тамаддуни Ғарбӣ аз Ҳоббс то Деррида ҳамин маъниро бо ҳарфҳои дигар қисса кардаанд. Дигар ин ки ҳар қавм, ки назария, таҷриба ва дониши таркиберо, рӯйдоде ва ё технологияеро дар ҷомеа ва фарҳанги худ дошта бошад, онро дар тамаддуни дигарон ба хубӣ дарк кардан ва истифода кардан метавонад. Гуфтаниам, ки тоҷик воқеан мағз ва рӯҳи тармимдидае дошт ва дорад, ки метавонад ҳамагуна дониш ва таҷрибаи навро аз худ кардан ва истифода намудан. Албатта, агар роҳбарии дурусте дошта бошад, ки шароити мувофиқро ташкил карда тавонад. …Бо вуҷуди ин гуфтан мумкин аст, ки сифати васф кардан ва тамаллуқ дар табиати қисмате аз тоҷикон ҳанӯз дар давраи сулолаҳои туркӣ — муғулӣ реша партофтааст. Гуфти Мавлоно “Одат, ки қадим шуд табиат гардад.” Ин маризие нест, ки танҳо дар Шӯравии собиқ шакл гирифта бошад, ҳоло он ки мардуми шӯравӣ воқеан ҳақ доштанд дастовардҳои худро тавсиф карда бошанд, зеро дар ҳамин давра тоҷики огоҳ чи будани қудратро ҳис карда буд. Мутассифона, чи гунае, ки дар боло гуфтем, қудрат дар дигар марказ реша дошт ва худи тоҷик баъди аз байн рафтани маркази қудрат аз ин сарчашма ҷудо гардид. …
Давом дорад…
…Аввалаш дар нашрҳои гузашта
Меҳмоншо Шарифзода
Ҷомеашинос, файласуф
Average Rating