Б. Қаюмзод: «Дар Тоҷикистон ифротгароӣ ҳамчун амали хуб талқин мешавад» (видео)

САРФИ ВАҚТ:7 дақиқа, 45 сония

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ

Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.
Таърифҳои истилоҳии ифротгароӣ низ бо таваҷҷӯҳ ба масоили мухталиф гуногунанд. Аз ҷумла:
— Дифоъ кардан аз мавқеъ, андеша ва ё ақидаи худ бо истифода аз таҳдиду хушунат ва бидуни далелро ифртгароӣ мегӯянд;
— Бовар доштан ба инки танҳо фикр, андеша, эътиқод ва бовари як шахс, ҳизб, гурӯҳ ё созмон ҳақ аст ва барои пиёда кардани он дар ҷомеа истифода аз ҳар равиш ва василае машруъ ва муҷоз аст, ифротгароӣ гуфта мешавад;
— Дар луғати арабӣ ифротгароӣ (ат-татарруф) ба маънои дар як тарафи тарозу қарор гирифтан ва аз васати он (аз эътидол) дур гардидан шарҳ дода мешавад. Баъдан он ба маънои фосила гирифтан ва дур шудан аз эътидол дар дин, фикр ва ахлоқу рафтор низ ба кор рафтааст.
Таърихчаи ифротгароӣ ва ё экстремизм ба даврони Юнони бостон бармегардад ва аз охирҳои асри 17 дар Англя он ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. То ба имрӯз неруҳои ростгароро дар аксари кишварҳои аврупоӣ ҳамчун неруҳои ифротӣ ва ё радикал ном мебаранд. Аммо мафҳуми ифротгароӣ бештар баъд аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар Амрико дар маҳофили сиёсӣ ва илмии ҷаҳон вирди забонҳо гардида аҳамияти бештар пайдо кард. Ба хусус вақте, ки гурӯҳҳои динӣ мисли Алқоида, Толибон, ДОИШ ва дигарон бо амалкардашон боиси нобасомониҳои зиёде дар ҷаҳони муосир шуданд мафҳуми ифротгароии динӣ ривоҷ пайдо кард. Ба иборати дигар ин гурӯҳҳо бо рафторашон амалан ифротгароии диниро ҳамчун ҷаҳл, ақибмондагӣ ва таассуб дар муқобили илм, пешрафт ва таҳаммулпазирӣ муаррифӣ намуданд.

Ифротгароии динӣ

Ифротгароӣ дар матнҳои исломӣ ҳам ба шаклҳои мухталиф вуҷуд дорад. Манобеъи исломӣ ифротгароиро ҳамчун як падидаи мазмум (номатлуб) муаррифӣ намуда, ба таври ошкоро мусалмононро аз ифрот дар дин барҳазар медорад ва зиёдаравиро ҳамчун як падидаи хатарнок шарҳ медиҳанд. “Мабодо дар дин зиёдаравӣ кунед, зеро касоне пеш аз шумо ҳалок шудаанд ба сабаби зиёдаравӣ дар динашон буда аст”. (Муснади имом Аҳмад, Нисоӣ, Ибни Моҷа).
“Дар дини худ зиёдаравӣ накунед…”(Сураи Нисо, ояти 171)
Аммо фаъолият ва амалкарди гурӯҳҳое мисли ДОИШ, Алқоида, Толибон, Боко Ҳаром ва ғайра вуҷуди ифротгароии диниро ба як воқеияти талх дар ҷомеаҳои исломӣ табдил кардааст. Ин созмонҳои ифротӣ низ тамоми фаъолияти худро мисли аксарияти мусалмонон мубтанӣ бар Қуръону суннат медонанд. Албатта ин ба маънои муқассир будани дин нест, балки ба он маъност, ки бардоштҳо аз дин мутафовитанд ва имрӯз бардоштҳои ифротгароёна аз дин як воқеияти раднопазир аст.
Аз тарафи дигар пайдоиши ифротгароии динӣ бо муҳит низ робитаи бевосита дорад.
Барои мисол муҳити демократӣ ва озод дар Ҳинд ва Малайзияву Индонезия бар амалкард ва бардошти мусалмонони ин кишварҳо аз дин таъсири мустақим доштааст ва онҳоро бештар дар руҳияи эътидол ва таҳаммулпазирӣ бор овардааст. Ба ҳадде, ки бо вуҷуди ҷойгир будани тақрибан ниме аз мусалмонони ҷаҳон дар ин минтақа мо ҳеҷ гурӯҳи ифротии хашин мисли ДОИШ ё Алқоидаву Толибонро дар онҷо пайдо намекунем. Аммо муҳити диктатурӣ ва ноозод дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ баръакси онро нишон медиҳад, ки метавонад мавзӯъи омӯзишҳои дигаре бошад.

Нигоҳе ба торихчаи ифротгароӣ дар Тоҷикистони пас аз имзои созишномаи сулҳ

Агар мо каме ба қафо баргардем ва ба фазои кишварамон баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ диққат кунем, мебинем, ки дар солҳои 2000 то 2010 бо вуҷуди онки силоҳ дар дасти мардум хеле зиёд буд, амалҳои террористӣ ва гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ чандон зиёд набуд. Бо як ҷустуҷӯи содда дар интернет метавон ба ин натиҷа расид, ки дар он замон бештари амалҳои террористӣ аз тарафи ҲИУ ва Ҳизби Таҳрир анҷом мешуд, ки бештари пайравони онҳо узбектаборон буданд.
Аммо пас аз даргузашти Ислом Каримов ва руи кор омадани Шавкат Мирзиёев ва вазидани насими мулоими озодӣ дар ин кишвар, мардум каме ҳам бошад нафаси роҳат кашиданд, фурсати баёни афкору андеша дар онҳо ба вуҷуд омад ва каме ҳам бошад аз нигоҳи равониву эҳсосӣ тахлия шуданд. Андешаҳои интиқодиву афкори эътирозӣ ба ҷои онки ба кинаву нафрат табдил шаванду ба хушунат бианҷоманд, фурсати иброз пайдо карданду тахлия шуданд. Ба ҳамин хотир гароиши узбекҳо ва узбектаборон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва анҷоми амалҳои терористӣ аз ҷониби онҳо коҳиш ёфт.
Дар муқобил дар кишвари мо чун фишорҳо бештар шуданду фазои бастаи амниятӣ боз ҳам шадидтар гардида, эҳсосоти динии мардум бо амалҳои ифротии як идда мақомот ва мансабдор ҷариҳадор карда шуд ва ҳатто ба зиндагии шахсии ҳар як шахс дахолат карданд, аз нигоҳи равонӣ нороҳативу руҳияи эътирозӣ дар мардум бештару бештар гардид, ки заминаи гароиш ба гурӯҳҳои ифротиро низ фароҳам намуд.
Ҳамчунин низоми диктатурии дар ҳоли шаклгирӣ дар Қирғизистон ҳам ба назар мерасад ҷавонони ин кишварро ба ҳамин самт тела дода истодааст. Боздошти як шаҳрванди ин кишвар дар Туркия ва ширкати қирғизҳо дар ҳодисаҳои Маскав ва чанд ҳодисаи дигар ҳам далели ин гуфтаҳост ва бо қавитар шудани диктатура дар ин кишвар эҳтимоли бештар шудани гароишҳои ифротгароёна низ тақвият хоҳад ёфт.
Албатта дар кишвари мо дар ин даврон иттифоқҳои дигаре низ рух додаву равандҳое низ шакл гирифтааст, ки дар мақолаи дигаре ба онҳо хоҳем пардохт.

Ду омили гароиши тоҷикон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Барои решаёбии омилҳои гароиши тоҷикон ба ифротгароӣ бояд тамоми ҷанбаҳои онро дар назар гирифт. Аммо инҷо ман ба ду омили равонии ин падидаи вайронгар тамаркуз мекунам.
1. Талқини ифротгароӣ: талқин як фароянди равоншинохтист, ки дар илми равоншиносӣ бо шеваҳои гуногун мавриди истифода қарор мегирад. Ин фароянд гоҳе огоҳона ва гоҳе нохудогоҳ аз тарафи афрод ё гурӯҳе истифода мешавад. Мутаассифона хоста ё нохоста аз тарафи ҳукумат ҳамин фароянд ба таври васеъ истифода шудааст. Мақомот ифротгароӣ ва тероризмро дар чеҳраи афроде, мисли Сайдумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳаит, Сайфуллозода, Зайд Саид, Далери Эмомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Фаромуз Эргашев, Ҳушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева ва садҳо нафар мухолифи сиёсии дигараш таъриф кардааст. Дар воқеъ бо ин кораш ҳукумат дар зеҳни мардум талқин кардааст, ки гуруҳҳои ифротӣ ва терористӣ чандон хатарнок нестанд ва ҳатто бархеҳо шояд аз пайвастан ба онҳо ифтихор ҳам дошта бошанд. Зеро онҳо дар чеҳраи афроди дар боло зикр шуда мубориз ва озодихоҳро мебинанд на ифротгаро ва терористро. Мақомот ҳам бо ин корашон нохудогоҳ гурӯҳҳои ифротгаро ва терористиро ҳамчун гурӯҳҳои озодихоҳ ва муборизони роҳи озодӣ ва адолат муаррифӣ кардааст. Ба иборати дигар ҳар як шахсе, ки мавқеъи худашро мухолиф бо мавқеъи ҳукумат мебинад ва дар масоиле назари интиқодӣ ба амалкарди мақомот дорад, ба таври нохудогоҳ худашро дар радифи афроди ифротгаро мебинад ва земинаи гароиш ба он гурӯҳҳо дар зеҳнаш шакл мегирад.
Нуктаи дигар инки вақте мақомот ба кишварҳои дуру наздик листи дуру дарози шаҳрвандони худашро ҳамчун ифротгаро мефиристаду онҳоро ҳамчун ифротӣ муаррифӣ мекунад, мақомоти он кишварҳо ҳам ба таври нохудогоҳ дар чеҳраи ҳар як тоҷик ифротгарову терористро мебинанд. Махсусан руйхати дурударозе, ки ба Русия ва ба Туркия ирсол шудааст, паёмадашро мо имрӯз шоҳид ҳастем.
2. Яъс ва ноумедӣ: Бо камоли таассуф бояд гӯфт, ки насли нави тоҷик як насли ноумед ва сархурда аст. Аксарияти ҷавонони мо аз даврони мактабхонӣ ба фикри рафтан ба Русия ва кор кардан ҳастанд. Умед ба ояндаи хуб дар кишвар дар ин насл қариб намондааст. Фурсатҳо танҳо дар ихтиёри як гурӯҳ, имконоти иқтисодии кишвар маҳдуд дар як чанд хонавода ва фазо ба шиддат ноумедкунанда гашта аст. Аз тарафе на дар мактабҳо дарси ҷиддӣ вуҷуд дорад ва на хонандагон шавқи хондан доранд. Мутаассифона аксарияти ҷавонони мо баъди хатми мактаби миёна, на ҳунару маҳорате меомӯзанд ва на саводи кофӣ мегиранд. Ба ҳамин шакл муҳоҷират ба Русия каъбаи омолу орзуҳояшон мегардад. Вақте ба Русия мераванд ва ба осонӣ кор пайдо намекунанду муносибати мақомот ва мардуми ин кишварро мебинанд, кохи орзуҳояшон фуру мерезад. Дучори ноумедиву яъс мешаванд ва як ҳисси нафрат ва интиқом нисбат ба муҳит ва дигарон дар онҳо шакл мегирад. Зери фишори бекорӣ ва таҳқирҳои мақомоти рус аз нигоҳи равонӣ ба ҳам мерезанд. Аксарияти онҳо чун диндор ва аз ҷомеаи суннатӣ ҳастанд, барои пайдо кардани оромиш ва гурез аз мушкилот ба дин паноҳ мебаранд. Дар ҷустуҷӯи омӯзишҳои динӣ бархе аз онҳо ҳатман ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Гурӯҳҳои терористӣ, низ аз ҳисси нафрату интиқоми шакл гирифта дар вуҷуди ин афрод суистифода намуда, онҳоро ба қурбонӣ табдил медиҳанд. Пас яке аз омилҳои аслии ҷазби ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамин яъс ва ноумедист.
Чаро ифротгароҳо дар Тоҷикистон амалиёти терористӣ анҷом намедиҳанд?
Пас аз онки дар чандин кишвари хориҷӣ аз тарафи тоҷикон амалиётҳои харобкорона анҷом шуд, дар бархе кишварҳо фишор болои тоҷикон ба авҷи худ расид. Дар Русия муносибати бади ин мардум бо тоҷикон боз ҳам бадтар гардид. Туркия низоми бидуни раводидро лағв кард. Ҳатто дар кишварҳои демократӣ ҳам аз тоҷикон эҳсоси хатар карданд. Ин раванд дар зеҳни коршиносон саволеро ба вуҷуд овард, ки чаро тоҷикон бо вуҷуди онки бештар аз ҳама ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванду дар дигар кишварҳо даст ба амалҳои терористӣ мезананд, дар муқобил дар дохили кишвари худашон ба чунин амал даст намезананд?
Аз нигоҳи ман барои ин чанд далел вуҷуд дошта метавонад.
— Баракси иддаои мақомот, дар дохили кишвар ягон ташкилоти созмонёфтаи терористӣ вуҷуд надорад, ки ин неруҳоро истихдом намояд ва ба амалҳои терористӣ равона созад.
— Созмонҳои терористӣ Тоҷикистону Русияро ҳамчун пойгоҳи муносиби ҷазби неру намехоҳанд ноором кунанд, то битавонанд ба осонӣ ва роҳат аз ин кишварҳо ҷазби нерӯ намоянд. Баъд аз ҳодисаи Маскав эҳтимол меравад онҳо ба ҷои Русия ҷойгузине барои ҷазби неру пайдо кардаанд.
— Эҳтимол дорад ҳамонгуна, ки дар бархе расонаҳо садо медиҳад, бархе мақомоти кишвар ба хотири ҳифзи қудрат ва имиҷи худашон ба гунае дар ин раванд шарик бошанд ва онро мудирият намоянд.
Бобоҷон Қаюмзод
https://youtu.be/T4AHBYT_KIA
Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *