Маҳалгароиву ҷудоихоҳӣ меваи ноадолатӣ ва фишору ваҳшатафкании режим

САРФИ ВАҚТ:3 дақиқа, 40 сония
Маҳалгароӣ (регионализм) шаклҳои гуногуни худшиносии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсии ҷамоатҳои ҳудудӣ буда, дар ақидаҳо, эҳсосот, амалҳо, ниятҳо зоҳир мешаванд, ки ба ҳифзи ҳувияти минтақа ё баланд бардоштани мақоми он дар низоми давлатҳои миллӣ нигаронида шудаанд.
Фарқи маҳалгароӣ аз сепаратизм ин аст, ки дар маҳалгароӣ максади ҷудо кардан ва ташкил кардани давлати мустақил вуҷуд надорад. Балки, бартариҷӯие пиёда мешавад.
Ҳатто ин метавонад дар натиҷаи комплекси худкамбинии аҳолии як маҳал ё минтақа нисбати маҳалу минтақаҳои дигар ба вуҷуд ояд.
Аммо ниҳояти регионализм метавонад сепаратизм бошад. Чун решаи сепаратизм дар ҳамин регионализм аст.
Сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) назария, сиёсат ва амалҳо бо хоҳиши ҷудо шудан мебошад. Ин як навъи хоси ҷунбишҳо ё равияҳои сиёсӣ аст, ки ба ҷудоии як қисми қаламрав аз давлат даъват мекунад ва боиси он мегардад. Ҳаракатҳои сепаратистӣ одатан дар пасманзари нооромиҳои шаҳрвандӣ ва идораи нодуруст ва ноодилонаи давлат ба амал меоянд ва ин ба ҷудо шудани қаламрав ва аз даст додани он ва соҳибихтиёрии он минтақа бурда мерасонад.
Андешаҳои сепаратистӣ бештар бо мақсади худдифоъӣ ҳам метавонад шакл гирад.
Чанде аз ҳолатҳои ба вуҷудорандаи сепаратизмро инҷо гуфта мегузарем.
1. Агар ба аҳолии як минтақа ҳукумати марказӣ фишори бештар дошта бошад ва ба минтақаи дигар ғамхории бештар, метавонад ҳамин сиёсат сепаратизм ё ҷудоихоҳиро ба миён оварад.
2. Ага як минтақа дар тараққиёт пешсаф буда, дар истеҳсолот ва иқтисодиёт ба худкифоӣ зураш расад, аммо ба хотири дотатсияи минтақаи дигар некуаҳволии ин минтақа суст шавад.
3. Бартариҷӯии як минтақа нисбати минтақаи дигар метавонад андешаҳои сепаратистиро бедор кунад. Яъне маҳалгароӣ метавонад андешаҳои ҷӯдоихоҳӣ ба вуҷуд орад.
4. Озод ва мустақил набудани ВАО
Боз чандин омилҳои дигаре вуҷуд дорад, ки ҳарчанд дар аввал ҳамчун қавмгароиву маҳалбозӣ зуҳур мекунанд, аммо ниҳояташ метавонад ҷудоихоҳиву парокандашавӣ бошад.
Мисол, фишори бераҳмона ва қатлу куштори ҳукумати марказии Тоҷикистон алайҳи мардуми ВМКБ метавонад андешаҳои сепаратистӣ дар ин минтақа ба вуҷуд орад ва агар ин пешгирӣ нашавад, бо як раъйпурсӣ аз 141 ҳазору 400 км мураббаъ метавонад 64100 км мураббаъ, яъне зиёда аз 45% масоҳати Тоҷикистон аз идораи ҳукумати марказӣ берун шавад ва мустақилияти худро эълон кунад. Нуфузи аҳолии ВМКБ ҳамагӣ наздик ба 250 ҳазор аст. Яъне ҳамагӣ 2,5% аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Яъне пешгирӣ нашудани омилҳои маҳалгароӣ ва ҷудоихоҳӣ метавонад ба он бурда расонад, ки 2,5% аҳолӣ соҳиби 45% замини Тоҷикистон бо ҳама боигариву сарватҳои табии ин минтақа шаванд.
Ё худ минтақаи Суғд. Дар ҳолати фишору зулми зиёд алайҳи аҳолии ин минтақа сараввал метавонад падидаи маҳалгароӣ зуҳур кунад, ки аллакай нишонаҳояш ба миён омадааст ва дар оянда андешаҳои ҷудоихоҳӣ ва сепаратизм шояд ба вуҷуд ояд.
Як вилояти Суғд тақрибан 45% иқтисодиёти Тоҷикистонро таъмин мекунад. Дар миқёси Тоҷикистон вилояти Суғд аз ҷиҳати иқтисод дар ҷои аввал меистад. Бо зуҳури сепаратизм хатари аз даст додани таъминкунандаи 45% иқтисодиёти Тоҷикистон ба миён меояд.
Ногуфта намонад, аксари технократҳо ва босаводтаринҳо аз ҳамин ду минтақа — Бадахшон ва Суғд ҳастанд. Яъне, сатҳи донишу забондонӣ дар ин ду минтақа аз минтақаҳои дигар болотар аст.
РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИН ПАДИДАҲО
Аз фишори бештари ҳукумати марказӣ болои ин ду минтақа бармеояд, хатари регоинализм ва сепаратизмро мақомот мехоҳанд бо роҳи тарс додану фишор пешгирӣ кунанд.
Ба ёд оред лашкаркашии мақомоти қудратӣ ва низомӣ ба Бадахшон ва қатли наздик ба 200 нафар бадахшониҳо.
Аммо худи ҳамин амали ваҳшатафканонаи мақомот метавонад аввал маҳалгароӣ баъд ҷудоихоҳиро ба миён оварад. Бинобар, фишор ва қатлу куштор ба ҳеҷ ваҷҳ ин пешгирии ҷудоихоҳӣ ва ё саркашии аҳолии як минтақа аз итоати ҳукумати марказӣ буда наметавонад.
Баракс, дар кишварҳои мутамаддин бо таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва матбуоти озод набзи ҷомеаро месанҷанд ва аз ҳамагуна зуҳуроти номатлуб пешгирӣ мекунанд.
Дар ҳолати фишору тарс нигоҳ доштани аҳолӣ ва озод набудани матбуот ба он бурда мерасонад, ки аксари хостаҳои мардум ва ҳамагуна зуҳуроти номатлуб пинҳонӣ ба миён оянд ва дар назорат мақомот ба мушкилиҳо дучор шаванд. Дар ин ҳолат метавонад маҳалгароӣ бештар зуҳур кунад ва ба миён омадани ҷудоихоҳиро боз ҳам тезонад.
Бинобар, ба назари банда сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон бо роҳи фишору тарс додан, аз байн бурдани расонаҳои озоду мустақил ва нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ хавфи бузург дорад. Агар дар аввал ин сиёсат пинҳонкориву тундгароӣ ва маҳалгароиро тавлид мекунад, ниҳояташ парокандагии Тоҷикистон аст.
Гуфтаниҳо хеле зиёданд. Аммо ин гуфтаҳо метавонад ҳамчун ишора ба дар сари роҳ будани чоҳ бошад.
Умедворам, дар Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки донистаи ман побуси дониши онҳост ва ин ҳамаро хубтару беҳтар аз ман медонанд ва роҳҳои бо таври осоиштаву гуманистӣ ва қонунӣ пешгирӣ кардани ин хатарҳоро ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунанд.
Вагарна, ҳосили тирамоҳ аз омади баҳор маълум аст.
Шавкати Муҳаммад
Happy
Happy
0 %
Sad
Sad
0 %
Excited
Excited
0 %
Sleepy
Sleepy
0 %
Angry
Angry
0 %
Surprise
Surprise
0 %

Average Rating

5 Star
0%
4 Star
0%
3 Star
0%
2 Star
0%
1 Star
0%

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *