
Боздошти корманди ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ ва порагирӣ
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Ба иттилои расмӣ, Наимов Д.М., ки дар ин сохтор фаъолият дошт, бо иттиҳоми қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ мавриди тафтиши ҷиноятӣ қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, Наимов ба таври қасдона ва дар мувофиқа бо чанд ҳамдасти дигар, аз наздикони ду боздоштшуда, маблағи 305 ҳазор сомонӣ талаб карда ва дастрас намудааст. Тафтишот мегӯяд, ин маблағ бо таҳдиди боз кардани парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир ситонида шудааст. Дар ҳолате, ки ба гуфтаи мақомоти зидди фасод, ҳеҷ далели санҷишӣ ё асос барои чунин айбдоркунӣ мавҷуд набудааст.
Манбаъ афзуда, ки нисбати Наимов ва ҳамдастонаш бо моддаҳои марбут ба қаллобӣ дар ҳаҷми калон ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ҳоло парванда барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст. Аммо номи шахсони дигаре, ки дар ин қазия иштирок доштаанд, то ҳол расман эълон нашудааст.
Фасод дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон солҳост аз ҷумлаи масъалаҳои доғ боқӣ мемонад. Созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ борҳо ба зарурати ислоҳоти амиқ дар сохторҳои амниятӣ ва таъмини шаффофият таъкид кардаанд.
Салом дустон